
САИДЗОДА ДАЛЕР МУҲИБУЛЛО
- Вазифа: декани факултет
- Дараҷаи илмӣ: доктори фалсафа PhD
- Суроға: ш. Душанбе, кӯчаи Буни Ҳисорак, бинои 15, ошёнаи 2, утоқи 28
- Телефон: +(992) 987336608
- E-mail: saidzoda.d@mail.ru
Саидзода Далер Муҳибулло 4-ум январи соли 1992 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дунё омадааст. Баъди хатми мактаби миёнаи №30-и ноҳияи номбурда соли 2010 ба факултети фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шуда, донишгоҳро соли 2014 бомуваффақият хатм кардааст. Соли 2015 ба зинаи магистратура дар факултети фалсафаи ДМТ дохил шуда онро соли 2017, аз рӯйи ихтисоси фалсафа хатм намудааст. Соли 2017 ба шуъбаи аспирантураи ДМТ ба ҳайси доктори фалсафа PhD, доктор аз рӯйи ихтисоси 6D020100-фалсафа дар назди кафедраи таърхи фалсафа ва фалсафаи иҷтимоӣ дохил шуда, онро соли 2020 хатм намудааст. Аз соли 2020 дар кафедраи «Таърихи фалсафа ва фалсафаи иҷтимоӣ»-и факултаи фалсафаи ДМТ ба ҳайси ассистенти кафедра кору фаъолият кардааст. Аз моҳи ноябри 2025 декани факултет.
Соли 2021 рисолаи номзадиашро дар мавзуи «Таъсири гурӯҳҳои динӣ-ифротии имуосир ба бехатарии маънавии ҷомеаи тоҷикистонӣ» дар шурои диссертатсионии назди ДМТ аз рӯи ихтисоси 6D020100 – фалсафа ҳимоя намудааст.
Муаллифи 1-монографияи илмӣ ( Таъсири гурӯҳҳои динӣ-ифротии имуосир ба бехатарии маънавии ҷомеаи тоҷикистонӣ ); 1 воситаи таълимӣ (Масъалаҳои фалсафии илмҳои табиатшиносӣ ва техникӣ – дар ҳаммуаллифӣ ), барномаи фанни фалсафаи асримиёнагии Ғарб) ва зиёда аз 27 мақолаҳои илмӣ- омавӣ мебошад.




