ИСТИҚЛОЛИЯТИ ТОҶИКИСТОН ВА НИЗОМИ НАВИ ОЛАМ

622

Дар вақту фазои кунунӣ дар бораи падидаи истиқлол масъалагузориҳо, муҳокимарониҳо, парадигмаҳои гуногун баён мешаванд. Ҳамагон дар бораи истиқлолият мавқеъ доранд ва онро ба тавре изҳор менамоянд. Дар бораи истиқлолияти Тоҷикистон низ чунин сатҳи муносибат пиёда мешавад. Вале як нуқта зарурат ба қайд кардан дорад, ки давлати Тоҷикистон падидаи истиқлолро то кадом сатҳ ва андоза касб кардааст ва Ҷумҳурии Тоҷикистон то кадом андоза мустақил аст. Табиист, ки чунин сатҳи муносибат дар бештари мавридҳо предмети баҳс қарор намегирад. Ин ҷиҳат ба ин маънӣ аст, ки Тоҷикистон дар сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ тасмими сиёсӣ гирифта метавонад ва иродаи элитаи сиёсии олии мамлакат дар ин бахшҳои сиёсат то кадом дараҷа воқеӣ мешаванд. Ин нуқта бисёр муҳим аст. Давлати Тоҷикистон метавонад бидуни дахолати неруҳои сиёсӣ ва давлатҳои дигар иродаи тоҷикистонии давлатдориро дар амал татбиқ кунад. Ба таври дигар сиёсати амалкунанда дар Тоҷикистон иродаи худро татбиқ менамояд ё таҳти фишори неруҳои берунӣ тасмими сиёсӣ мегирад. То кадом андоза кам будани дахолати хориҷӣ дар қабули қарорҳо ва амалкардҳо мақоми истиқлолро боло мебарад ва бештар будани мақоми дахолатҳо дар тасмимҳои сиёсӣ ва тибқи он амал кардан сатҳи истиқлолро коҳиш медиҳад. Ба ин хотир аст, ки дар таърихи таълимоти сиёсии ватанӣ пардохтан ба кореро бидуни мушорикати дигарон истиқлол гӯянд. Баррасӣ дар ин ҷо дар атрофии масъалаи мазкур суръат мегирад.

Дар шароити муосир дар олам кам кишварҳое ҳастанд, ки суверенитет дошта бошанд. Президенти Россия В.В. Путин теъдоди ин кишварҳоро аз шаш-ҳафт кишвар зиёд намедонад. Аммо тибқи назари Жан Боден (Jean Bodin) суверенитет танҳо марбут ба «худо ва қонунҳои табиат» аст. Бо ин мантиқ гуфтан зарур аст, ки суверенитети кишварҳои олам аз сайёраи Замин ва фаротар аз он вобастагӣ дорад.

Воқеан, кишварҳои олам соҳиби суверенитети комил ҳастанд ва аз ягон неруи табиӣ ва фарозаминӣ вобастагӣ надоранд? Воқеан, тамоми равандҳои олам дар таҳти идораи кишварҳои пешбари олам қарор доранд ва имкони идоракунии равандҳои глобалӣ имконпазир аст? Кишварҳои абарқудрати олам бо таҳқим бахшидани амнияти худ ҳолати тамоман дигарро фароҳам оварданд. Ҳолати мазкур тибқи назари З. Бжезинский «неруи нотавонӣ» мебошад. Чунки давлатҳои абарқудрат, хусусан Амрико бо қудрати бузургаш дар назди масъалаҳои хурд оҷиз мондааст. Терроризми байналхалқӣ, силоҳҳои ҳастаӣ, гармшавии иқлим «қудрати мутлақ» – суверенитет доштани кишварҳоро зери суол мебарад. Замоне суверенитети комил вуҷуд надорад, истиқлолият ва суверенитети кишварҳо дар қиёс мавриди андозанамоӣ қарор дода мешавад. Бо ин мантиқ дар олам кишвари новобаста вуҷуд надорад. Муҳимтарин масъалаи суверенитет дар он хулоса мешавад, ки раванди идоракунии олам, башарият ва ҷамоаҳои алоҳида тибқи иродаи кадом неру сурат мегирад. Магар кишварҳои олам, доираҳои таъсиргузори ҷаҳон ва созандагони низоми нави ҷаҳонӣ ба пуррагӣ метавонанд равандҳои ҷаҳониро идора кунанд. Ин амал имкон дорад, то ҳадди муайян амалӣ шавад. Аммо идораи равандҳои сайёравӣ ва ҷаҳонӣ ба неруҳои барандаи олам даст намедиҳад. Бо методологияи ҳукмрон дар илм ташхис кардани масъалаи мазкур мушкил аст. Агар воқеан муҳимтарин масъалаи суверенитет ин падидаи «қудрат» бошад, пас давлатҳои муосир ин қудратро аз куҷо мегиранд? Агар тибқи таълимоти сатанистӣ қудратро аз Лютсифер гиранд, тибқи таълимоти динӣ бешак қудратро аз Худо мегиранд. Жан Боден суверенитетро бо қудрати Худо пайваст менамояд, зеро таълимоти динӣ дар замони мутафаккир ҳукмрон буд.

Дар Европаи асримиёнагӣ хокимияти олӣ нисбати Папаи Рим паҳн гардида, танҳо вай суверенитет дошт. Ҳукуматдорон, ба мисли шоҳ, гертсог, графҳо тобеъ ё вассали Папа буданд. Бо инкишофи раванди секуляришавӣ, худи ҳукуматҳо барои суверенитет дар хориҷ аз ҳудуди худ даъво карда, ахиран зидди империяи Рим ҳам баромаданд. Системаи куҳани муносибатҳои байналхалқӣ, ки субъекти асосии он империяҳо ва Папаи Рим буд, бо тақвияти давлатҳои миллӣ аз миён рафт.

Бо ба вуҷуд омадани давлатҳои миллӣ ва ресекуляришавии арзишҳо суверенитет ҳам, бо муҳтавои сифатан нав мавриди корбурд қарор гирифт. Аз он хотире ки дигар дар Европа дин ҳукмрон набуд ва афзалияти арзишҳои динӣ аз миён рафтанд, секуляризм дар муносибатҳо ҳукмрон гардид. Тарзи муносибат ба суверенитет аз дидгоҳи секуляризм сурат мегирад. Секуляризм суверенитетро танҳо ба давлат ва идоракунандагони он марбут медонад. Тариқи легитимишавии қудрати ҳукуматдорон на ба қонунҳои илоҳӣ, балки бо иродаи халқ ташхис мегардид. Ҳолати мазкур боиси он гардид, ки падидаи суверенитети халқӣ ба вуҷуд ояд. Намояндаи аввали суверенитети халқӣ Томас Гоббс (Thomas Hobbes) маҳсуб мешавад. Вай консепсияи суверенитети мутлақи Ж. Боденро ба ҳолати ниҳоӣ расонида, парадигмаи нави суверенитетро пешниҳод менамояд. Суверенитетро қудрати олӣ ва мутлақе медонад, ки бо ягон қонунҳо ва шартномаҳо маҳдуд намегардад. Тибқи назари Т. Гоббс давлат аз ҳар кадом маҳдудиятҳои субъективӣ ва объективӣ озод буда, касе онро маҳкум карда наметавонад. Танҳо он фарогирандаи қудрати олӣ, мутлақ ва новобаста мебошад, ки ба он бояд тамоми шахсон ва ҷамоаи муташаккил итоат намоянд. Тибқи назари Т. Гоббс аввалан суверенитет аз халқ баромада, маҳз давлат дар симои монарх ҳамчун барандаи қудрати олӣ ва муҳофизи низоми осоишта соҳиби ҳуқуқҳои бисёр мебошад. Дар ҳолати аз тахт маҳрум шудани монарх ва ё фарҷом ёфтани ҳукумати сулолавӣ, суверенитет боз ба ҳолати табиии худ, яъне ба суверенитети афрод бар мегардад.

Суверенитет – ин қудрати мутлақ ва доимии давлат мебошад. Мутлақият бо ягон қонунҳо рабт надошта, қудрат бар шаҳрвандон ва субъектон мебошад. Неруи давлат доимӣ ва мутлақ буда, ин қудрати олӣ ва мустақил дар мамлакат ва бо муносибат бо дигар қудратҳои хориҷӣ мебошад.

Суверенитет тибқи назари Ж. Боден қабл аз ҳама новобастагии давлат аз папаи римӣ, аз калисо, аз императори германӣ, аз табақа, аз дигар давлат мебошад. Суверенитет ҳамчун қудрати олӣ фарогири қабул намудан ва инкори қонунҳо, эълон намудани ҷанг ва бастани сулҳ, таъин намудани шахсони мансабдор, баамалбарории суди олӣ, ҳуқуқи авфнамоӣ, ҳақи сикказанӣ, муқаррарнамоии андоза ва вазн мебошад.

Ж. Боден яке аз мунаққидони «Утопия»-и Томас Мор мебошад. Давлат, ки ба умумияти бойигарӣ асос ёфтааст, тибқи назари Ж. Боден бо қонунҳои худо ва табиат дар таззод мебошад. Моликияти хусусӣ бо қонунҳои табиӣ созгор аст, гарчанде ки қонуни табиат азхудкунии моли дигаронро манъ намудааст. Баробарии боигарӣ барои давлат номумкин мебошад. Сарватмандон ва қашшоқон дар ҳар кишвар ҳаёт ба сар мебаранд ва агар мусовикунонии онҳо сар шавад, шартномаҳо ва қарзҳо бекор шаванд, пас, бояд мунтазири тахрибшавии давлат шуд.

Тибқи мулоҳизаи Ж. Боден давлатҳои ҳукмрон дар Европа ба «монархияҳои қонунӣ» табдил ёфта, халқ тавассути қонунҳои монарх, монарх ба воситаи қонунҳои табиат айбдор мегардад. Монархро зарур аст, то «қонунҳои худо ва табиат»-ро халалдор накунад, чаро сарчашмаи ҳукумати монарх аз қудрати мутлақи худо сарчашма мегирад. Бо ин мантиқ, дар олам кишвари мустақили мутлақ вуҷуд надорад.

Табиист, ки бо меъёри мазкур суверенитет доштани боқимонда кишварҳои олам зери суол меравад. Кишварҳои боқимонда дар таҳти ин кишварҳои соҳиби суверенитет мавҷудияти худро хифз менамоянд. Чунин сатҳи муносибат барои кишварҳое, ки арзиши истиқлолро эҳсос намуданд ва барои неруҳои пешбари ҷомеа воқеан хеле сангин ва вазнин меафтад, зеро ҷойгиронии кишвар дар ин шумораи давлатҳои соҳибсуверенитет вобаста ба иқтидорҳояшон имконнопазир аст. Ҳолати мавҷуда водор менамояд, ки дар бораи масъалаи истиқлолият ва суверенитет бетафовут набошем ва баҳри таҳким ва инкишофи истиқлолият иқдом гирем.

Истиқлолияти сиёсӣ ба давлат рабт дорад. Дигар ниҳоди сиёсие, ки ин хусусиятро касб намояд, дар айни ҳол арзи вуҷуд надорад. Дар робита ба давлат аст, ки дигар ташкилотҳо мустақилияти маълумеро касб мекунанд. Агар давлат барои касби истиқлоли миллат муҳим бошад, пас он бояд чи гуна шакл гирад. Аз ин ҷо, зарур аст, то шаклгирии давлатдории Тоҷикистонро бояд мавриди назар қарор дод, ки он дар раванди таърихӣ чи гуна ин арзишро касб кард. Давлати бидуни нишонаи истиқлолият аслан давлат нест. Вале воҳиди сиёсӣ, қабл аз он ки мақоми давлатро касб кунад, бояд аломатҳои дигарро фаро гирифта бошад. Миллат ва давлат ду падидае мебошанд, ки истиқлолият онҳоро тақвият мебахшад. Миллат замоне ба саодат мерасад, ки истиқлол дошта бошад. Вале истиқлолият бидуни давлат инкишоф намеёбад. Ба ин хотир миллат барои ҳифзи истиқлол, озодӣ ва саодату хушбахтии худ ҳукумат таъсис медиҳад ва агар давлат ноуҳдабаро шуд, онро дигар мекунанд. Миллат, аслан бидуни давлат арзи ҳастӣ надорад ва бо давлат ин мақомро касб мекунад.

Дар бораи истиқлолияти Тоҷикистон сухан ронда, қайд кардан лозим аст, ки истиқлолият бидуни ҳудуд воқеӣ намешавад. Таҷрибаи халқиятҳое, ки натавонистанд ба мустақилият расанд аз надоштани ҳудуд аст. Тамомияти арзӣ барои истиқлолият арзиши муҳим мебошад. Ба ин хотир, ташаккули ҳудудии Тоҷикистон дар касби истиқлол нақши калон доранд. Шаклгирии ҳудудии Тоҷикистони кунунӣ, яъне ҳудуде, ки дар он давлат ба маънии васеъаш ташкил ёфтааст, аз як садсола беш нест. Вале маконе, ки мардуми тоҷик дар тӯли таърих ҳаёт ба сар бурданд, аз ин ҳудуд дида бештар аст. Аз он ҳудуди паҳновар фақат бо ками он тавонистем дар он воҳиди сиёсӣ ташкил диҳем.

Ба чунин шакл омадани Тоҷикистон омилҳои мухталифе муосидат намуданд. Нақши русҳо ва англисҳо дар шаклгирии ҳудуди Тоҷикистон асосӣ ва меҳварӣ маҳсуб мешавад. Новобаста ба он ки аз ҳудудҳои қаблӣ маҳрум гардидем, дар ташаккули ҳудудии Тоҷикистон таъсиси Ҷумҳурии Советии Сотсиалистии Тоҷикистон дар замони Иттифоқи Советӣ муҳим ба шумор меравад. Вале минбаъда Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳодисаҳои дигар мунтазир буданд. Тоҷикистони советӣ дар ҳайяти Иттифоқи Советӣ ба маънии пурраи мафҳум суверенитет надошт. Тоҷикистон ҳамчун субъекти федератсия маҳсуб мешуд ва мувофиқи Конститутсияи Давлати Советӣ дорои як қатор ҳуқуқҳо гардида буд, ки дар амал татбиқ намешуданд. Қабл аз ҳама, санади мазкур ба ҳар ҷумҳурии иттифоқӣ ҳуқуқи мустақилиятро медод, ки имкони татбиқшавиро сиёсати ҳукмрон бекор менамуд. Бо ба вуҷуд омадани даврони буҳронӣ дар Иттифоқи Советӣ ва ба кор оғоз намудани машинаи «бозсозӣ»-и горбачёвӣ масъалаи миллӣ ва истиқлолияти миллӣ ба предмети баҳс табдил ёфта, ба ҷониби амалигардӣ самт мегирифт.

Дар солҳои 80-уми асри ХХ дар сатҳи элитаи амрикоӣ падидаи «низоми нави олам» (New Word Order) дар меҳвари таваҷҷуҳҳо ва сиёсати давлатӣ қарор гирифта буд. Бо бавуҷуд омадани низоми нави олам мебоист, дар олам тартиботи нав ҷорӣ мешуд. Низоми нави олам ба сохтани тартиботи ҷадид дар олам оғоз карда, манзараи нави сиёсиро ба вуҷуд оварданд. Бо иқдоми ҷорӣ намудани ин тартиботи навин дар шароити Иттифоқи Советӣ демократикунониро бо сиёсати «бозсозӣ»-и горбачёвӣ татбиқ намуданд. Сиёсати демократикунонӣ дар олам ва дар шароити Иттифоқи Советӣ ин як бахши татбиқшавии низоми навини олам буд. Аммо асрори сиёсати демократикунониро дарк накарда буданд.

Ғарбишавии муносибатҳо ва арзишҳо маънии онро дорад, ки низоми навини олам бо назардошти стандарти ғарбӣ ба вуҷуд меояд. Низоми нави олам муваффақ шуданд, ки Иттифоқи Советиро ба таназзул расонанд. Пошхӯрӣ ва азбайнравии Иттифоқи Советӣ аз як ҷиҳат фоҷиа бошад, вале барои ба истиқлолрасии Тоҷикистон ин ҳодиса мусоидат кард. Зарур аст, то ин равандро дуруст ташхис намоем.

Иттифоқи Советӣ аз саҳна хориҷ шуд ва ба ҷои он давлатҳои ба ном мустақил ба вуҷуд омаданд. Аз ин ҷо аён мегардад, ки нақши низоми нави олам барои истиқлолрасии Тоҷикистон калон аст. Як нукта ин ҷо воқеан равшан мешавад, ки раванди ба истиқлолият расидани Тоҷикистон ва кишварҳои дигар дар сатҳи сиёсати кабир ҷойгоҳ дошт. Табиист, ки агар Иттифоқи Советӣ пош намехӯрд, Тоҷикистон соҳибистиқлол намегашт. Он натиҷа ва маҳсули амалкардаи низоми нави олам мебошад. Тоҷикистон аз Иттифоқи Советӣ раҳо шуд, ба истиқлолият ҳам расид. Вале истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чорчӯбаи низоми нави олам баррасӣ мешавад. Тоҷикистонро аз Давлати Советӣ раҳо накарданд, ки то озод бошад ва тибқи иродаи худ амал намояд. Арзишҳоро барои Тоҷикистон муайян мекунанд ва бояд ҳаракат ва амал тибқи он сурат гирад. Тоҷикистонро озод намуданд, то дар доираи арзишҳои низоми нави олам ба истиқлолият назар андозад. Андозагирии истиқлолияти Тоҷикистон дар низоми нави олам бояд тибқи парадигмаи ғарбӣ сурат гирад. Агар Тоҷикистон дигар самти ҳаракатро интихоб мекард, ин маънии онро дошт, ки бо стандарти низоми нави олам созгор нест ва Тоҷикистон низ ба ин талош надорад, ки алайҳи маҷрои низоми нави олам ҳаракат намояд. Таҷрибаи раванди ба истиқлолрасӣ аз ин шаҳодат медиҳад, ки Тоҷикистон ба ҷуз аз қабул доштани арзишҳои либералӣ дигар ягон тарҳи интихоб надошт. Тоҷикистон зидди низоми нави олам ҳаракат карда наметавонад. Арзишҳои низоми нави олам намегузорад, то Тоҷикистон бо мавқеи худ расад.

Аз оғози раванди истиқлол арзишҳои низоми нави оламро дар сояи демократикунонӣ ва модернкунонӣ дар кишвар татбиқ намудем. Тоҷикистон ба ҷузъ аз қабули арзишҳои либералӣ дигар масири ҳаракат надошт. Режими демократӣ, иқтисоди бозорӣ, моликияти хусусӣ, хусусигардонӣ, низоми бисёрҳизбӣ ва дигар падидаҳо ва институтҳо дар шароити Тоҷикистон аз худ дарак доданд. Конститутсияи Тоҷикистон инъикоси либерализм буда, дар он арзишҳои миллӣ ва арзишҳои умумибашарӣ афзалият доранд. Ҷанги шаҳрвандӣ дар оғози раванди истиқлол инъикоси ин буд, ки бояд дар ин кишвар иродаи кӣ татбиқ шавад?. Ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон, ки монеаи истиқлол маҳсуб мешавад, бархӯрди арзишҳо буд. Сабаби асосии ин ҷанг аз нигоҳи сиёсати кабир ин буд, ки барои тартиботи нави олам монеа эъҷод накунанд. Сар задани ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон шаҳодати он аст, ки неруҳои пешбари ҷомеа тарҳи давлатдории худ ва иродаи худашонро татбиқ карда наметавонанд. Дар Тоҷикистони навистиқлол бояд неруҳое сари ҳокимият меомаданд, ки бо тартиботи нави олам, ИМА ва Россия мушкили надошта бошанд. ИМА бо Россия новобаста ба он ки рақиби ҳамдигар маҳсуб мешуданд, ба ин манфиатдор буданд, ки дар Тоҷикистони тозаистиқлол исломгароён ба сари ҳокимият наоянд. Мухолифини ҳукумат аз он ҷиҳат ки тавозуни қувваҳоро дар арсаи байналахалқӣ ба инобат нагирифтанд ва инро надонистанд, ки таъсиси режими исломӣ ба меъёри низоми нави олам созгор нест амалкарди беҳудаи сиёсӣ доштанд. Дар ҳолати бо чунин низом созгор набудан, дар кишварҳо ҳатман инқилоб, табадуллот рӯх медиҳанд, то элитаи сиёсии бо низоми нави олам созгор рӯи кор оварда шавад. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар айни замон зидди низоми нави олам набуда, татбиқкунандаи арзишҳои он мебошад. Режими сиёсии Тоҷикистон, иқтисодиёти мамлакат, системаи таълим, системаи арзишҳо мувофиқи талаботи низоми навин мебошанд. Аммо татбиқнамоии арзишҳои низоми навин сатҳи истиқлолияти кишварро коҳиш медиҳад. Зеро ки дар дунёи кунунӣ зарур аст масири ҳаракати худро дошт, на ин ки бо роҳи дигарон рафт. Доштани ҷодаи ҳаракати худ ин далели равшани истиқлолият мебошад. Вобастагии Тоҷикистон аз муҳити беруна мушкилии стратегӣ барои кишвар мебошад. Коҳиш додани сатҳи вобастагии хориҷӣ ин воситаи муҳими таҳкими истиқлолияти кишвар мебошад ва ин бояд дар меҳвари сиёсати ҳукмрон бошад. Ба ин хотир, сиёсати худкифоӣ барои коҳиш додани вобастагии хориҷӣ амри зарурӣ маҳсуб мешавад. Барои роҳандозӣ намудани модернизатсияи худӣ ва ба амал баровардани иродаи миллии давлатдорӣ тибқи арзишҳои миллӣ эҳёи миллӣ ба мақсад мувофиқ аст. Дар робита ба матлаби зикршуда, масъалаи аввали истиқлолияти Тоҷикистон ин коҳиш додани вобастагии хориҷӣ мебошад. Беҳуда нест, ки дар адабиёти ғарбӣ истиқлол «Independence» гуфта мешавад, ки маънои «новобастагӣ», «вобаста набудан»-ро ифода мекунад. Аз ҳама падидаи муҳим дар баҳси истиқлол ин новобастагии сиёсӣ мебошад. Яъне элитаи сиёсии мамлакат ҳангоми қабули қарорҳои сиёсӣ бояд таҳти ягон неруи сиёсӣ қарор нагирад. Агар ин ҷиҳат татбиқ гардид, пас истиқлолияти сиёсӣ фароҳам омадааст. Иродаи сиёсӣ ва амалигардии он истиқлолияти сиёсиро ба вуҷуд меоварад. Инкишоф ёфтани истиқлолияти сиёсӣ ва таҳким ёфтани он боиси он мегардад, ки бахшҳои дигари ҳаёт низ мустақил гарданд. Давлатҳо метавонанд, вобастагии иқтисодӣ дошта бошанд, аммо агар давлат истиқлолияти сиёсиашро гум намуд, давлат будан он ҳам зери суол меравад. Зеро яке аз нишонаҳои давлат ин соҳибихтиёрии он мебошад. Ҳамин тавр, таҳким ёфтани истиқлолияти сиёсӣ боиси он мегардад, ки давлатдории миллӣ ташаккул ёбад ва тарҳи миллии рушд бунёд гардад. Давлати соҳибистиқол бояд ягона бошад. Агар воқеан унсурҳои давлат ва арзишҳои давлатдорӣ нусха аз дигарон бошад, пас даъвои истиқол беъмаънӣ мегардад. Давлати соҳибистиқол бояд режими сиёсӣ, тарҳи иқтисод, тарҳи фарҳанг ва дар маҷмӯъ тарҳи миллии махсус дошта бошад.

Истиқлолияти сиёсӣ инъикоси худро дар тарҳи миллии давлатдорӣ пайдо менамояд. Тарҳи миллии давлатдорӣ замоне шакл мегирад, ки агар тафаккури миллии мустақил вуҷуд дошта бошад. Тафаккури мустақил боиси бавуҷудоии ақидаи мустақил гардида, ахиран тавассути институтсионалишавӣ пайдо мегардад. Аз ин рӯ, муҳимтарин бахши истиқлолият тафаккури мустақил мебошад. Миллате, ки ба истиқлолияти тафаккур нарасидааст, ба фаҳми моҳияти истиқлолияти сиёсӣ расида наметавонад. Пас, бояд чӣ гуна ҷойгоҳи истиқлолияти сиёсӣ ва тафаккури сиёсиро ташхис кард? Ба ин савол танҳо илм ҷавоб медиҳад. Тафаккури мустақил мусоидат менамояд, то илм ҳам мустақил гардад. Замоне агар илм пойбанди ғаразҳои мухталиф мегардад, тафаккур маҳв мешавад ва тавоноии ташхиси истиқлолият ҳам гум мегардад. Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд мегардад, ки «… Агар қонунҳои ҷумҳурӣ ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофшуда мутобиқат накунанд, меъёрҳои санадҳои байналмилалӣ амал мекунанд … «. Аз ин меъёри конститутсионӣ бармеояд, ки низоми ҳуқуқии мамлакат вобастаи санадҳои байналмилалист. Масъалае бармеояд, ки воқеан санадҳои байналмилалӣ маҳсули ягон тафаккуре ҳастанд ва низоми ҳуқуқии кишвар тобеи ҳамон як тафаккур аст. Бояд аз ин фаротар назар намуд. Замоне сохтани кишвари миллӣ ҳадаф қарор дода шудааст, бояд низоми ҳуқуқӣ ҳам, дар чорчӯбаи арзишҳои миллӣ бошад. Эътиқод ба иқтидори худӣ як ҷиҳати муҳими истиқлолият мебошад. Рудолф Челлен дар робитаи ба масъалаи мазкур чунин мегӯяд, ки Конститутсия бояд ба рӯҳи миллӣ созгор бошад ва набояд аз дигарон нусхабардорӣ гардад. Замоне Конститутсия нусхабардорӣ мегардад ва ба рӯҳи миллӣ созгор нест, он татбиқ намегардад. Бахши муҳими дигари истиқлолият ташаккули иқтисоди миллӣ мебошад, ки боиси шаклгирии истиқлолияти иқтисодӣ мегардад.

Дар шароити муосир падидаи иқтисоди миллӣ муҳим ба шумор меравад. Аммо ҳамин «иқтисоди миллӣ» воқеан миллӣ аст. Замоне ба иқтисоди миллӣ назар афканда мешавад, унсурҳои иқтисоди либералӣ намудор мегарданд. Иқтисоди муосир дар маънои васеъи калима иқтисоди миллӣ набуда, иқтисодӣ либералӣ мебошад. Бо исмгузорӣ наметавон фитрати иқтисоди бозоргониро миллӣ кард. Аз ин хотир, мушкилии асосии кишварҳои миллӣ дар замони муосир ин адами иқтисоди миллӣ мебошад. Иқтисоди кишварҳои миллӣ аз иқтисоди кишварҳои абарқудрат вобастаанд. Аз ҷиҳати иқтисодӣ вобаста будани кишварҳои миллӣ, яке аз шартҳои режими байналхалқӣ мебошад. Бонкҳои давлатҳо филаили FRS (Системаи хазинавии федералӣ), маҳсуб мешаванд. Таварруми пули миллии кишварҳо вобаста ба асъори ИМА сурат мегирад. Ҳамчунин, беқурбшавии доллари ИМА ба кишварҳои дигар таҳмил мешавад. Муомилаҳои асосӣ дар кишварҳои миллӣ дар воқеъ бо пули миллӣ ва бо дарназардошти доллари ИМА амалӣ мегардад. Замоне қурби доллар рӯ ба афзоиш аст, иқтисоди кишварҳо ба ҳолати мазкур мутобиқ мегарданд. Давлатҳо наметавонанд чунин вобастагиро аз байн баранд ва аз зулми доллар раҳоӣ ёбанд. Муҳимтарин масъала дар бахши истиқлолияти иқтисодӣ автаркия (худкифоӣ) ба шумор меравад. Моҳияти масъала дар он аст, ки барои таҳкими истиқлолияти давлатӣ вобастагӣ аз иқтисоди хориҷиро коҳиш дод. Албатта, робитаи хориҷиро наметавон барҳам дод, вале онро метавон коҳиш дод. Ҳамон қадаре давлат аз муҳити хориҷӣ камтар вобаста бошад, қарорҳои сиёсӣ низ соҳибихтиёрона қабул мешаванд. Давлатҳои абарқудрат ҳар чи бештар талош менамоянд, то кишварҳои қафомондаро дар вобастагии соҳавӣ нигоҳ доранд ва ба ҳолати худкифоӣ расидани онҳо монеа эҷод намоянд.

Воқеан, инкишоф ёфтани як кишвар бар зарари дигар кишвар мебошад. Низоми нави олам муҳтоҷиро дар кишварҳои олам, дар ҷамоаҳо, дар сатҳи фардӣ татбиқ менамоянд. Муҳтоҷӣ заминаи фаррохеро барои вобастагӣ ба вуҷуд меоварад. Муҳтоҷии иқтисодӣ, молиявӣ кишварҳои оламро ҳамеша заиф нигоҳ медорад. Дар давраи пандемияи COVID-19 баръало маълум гардид, ки пайомадҳои вобастагии иқтисодӣ барои кишварҳои олам ва барои Тоҷикистон низ ногувор мебошад. Баста шудани марзҳои миёни кишварҳо, аз байн рафтани доду гирифти маҳсулоти ниёзи аввал, аҳволи кишварҳои воридкунандаро бад менамояд. Инчунин, ҳангоми густариши маризиҳо (ба мисли COVID-19), эҷоди таҳримҳо ва дигар навъҳои муҷозоти иқтисодӣ ва молиявӣ давраи вазнинтаринро сипарӣ менамоянд. Ин воқеияти объективӣ аст, ки аз ҷониби ғараздор ҳам, инкор карда намешавад. Кишварҳои вобастаи иқдисоди берунӣ инро хуб эҳсос намуданд, ки татбиқи сиёсати худкифоӣ ва инкишофи минбаъдаи он баҳри расидан ба истиқлолияти иқтисодӣ амри зарурӣ аст.

Сиёсати иқтисодии давлат бояд дар расидан ба худкифоӣ ва инкишоф додани истиқлолияти иқтисодӣ мусоидат намояд. Барои ин, қабл аз ҳама, такя ба иқтидори миллӣ зарур аст. Аз ҳама падидаи муҳим дар инкишофи иқтисоди миллӣ тавлиди миллӣ аст. Бе тавлиди миллӣ расидан ба худкифоӣ имконнопазир аст. Локаликунонии иқтисодиёт ва сохтани комплекси аграрию саноатӣ ба тавлиди миллӣ мусоидат менамод. Тавлиди миллӣ боиси он мегардад, ки вобастагӣ аз муҳити беруна кам гардад.

Тоҷикистон метавонад бо дарназардошти иқтидори мавҷудаи миллӣ сиёсати автаркияро барои ҳадафҳои осоишта ва созанда ба амал барорад. Дар сатҳи сиёсати давлатӣ иқдомҳои алоҳида мавҷуд ҳастанд, метавонанд дар татбиқшавии сиёсати автаркия мусоидат намоянд. Аз лиҳози дигар, замина барои ба амал баровардани сиёсати мазкур низ мавҷуд аст. Тоҷикистон вобаста ба шароит ва иқтидори худ метавонад тариқи сиёсати автаркия ба мустақилияти муайяне дар ҳар бахшҳои ҳаётӣ муваффақ гардад.

Тамоюли минбаъдаи инкишофи Давлати Тоҷикистон ва таҳкими истиқлолияти он бе баинобатгирии равандҳои ҷаҳонӣ ва вазъи геополитикии олам ғайриимкон аст. Тоҷикистон дар шароити навин инкишоф зарурат ба он дорад, ки дар хориҷ ҳавзаи сиёсии худашро вобаста ба айниятҳо ва манфиатҳо ташкил намояд. Табиист, ки дар шароити глобаликунонӣ ба истиқлолияти давлатҳои миллӣ мушкилиҳо эъҷод мешаванд. Танҳо системаи сиёсӣ метавонад муқовиматкунандаи пайомадҳои раванди глобаликунонӣ бошад.

К.Назриев,ассистенти кафедраи сиёсатшиносии ДМТ