ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – ЯКЕ АЗ БУНЁДГУЗОРОНИ СҲШ

441

Имрӯз (27.08.2021) таҳти ин унвон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон конфронси илмӣ-назариявӣ баргузор гардид. Конфронс дар доираи нақшаи чорабиниҳои раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СҲШ дар солҳои 2020-2021 бо ташаббуси Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ҳамкорӣ бо Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон доир гардид. Дар чорабинӣ намояндагони вазорату муассисаҳои давлатӣ, марказу пажӯҳишгоҳҳои илмию таҳқиқотӣ ва донишмандону коршиносон иштирок намуданд.

Ҳадафи ҳамоиш арзёбии нақш ва саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъсис, ташаккул ва рушди СҲШ ва баррасии ташаббусҳои созандаи Пешвои миллат дар чаҳорчӯби созмони мазкур буд.

Дар ҳамоиш масъалаҳои марбут ба саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъсиси СҲШ, ташаббусҳои сиёсӣ, амниятӣ, иқтисодӣ ва гуманитарии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар чаҳорчӯби СҲШ, нақши Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар тавсеаи СҲШ, ташаббус ва саҳми Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар баррасии масъалаи сулҳу субот дар Афғонистон дар чаҳорчӯби СҲШ, саҳми Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар рушди дипломатияи бисёрсамтаи Тоҷикистон дар чаҳорчӯби СҲШ, «дипломатияи Шанхай» ҳамчун дастоварди сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони Истиқлоли давлатӣ, нақш ва мақоми СҲШ дар низоми нави байналмилалӣ баррасӣ гардиданд.

Дар нишаст директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Зиёӣ, мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Нурулло Оқилзода, Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ, собиқ Котиби генералии СҲШ (солҳои 2016–2018) Рашид Олимов, ректори Академияи идорикунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухалил Ғафурзода ва ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода суханронӣ намуданд.

Ҳамоиш дар бахшҳои “Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккул ва таҳаввули СҲШ”, “Тоҷикистон ва СҲШ: 20 соли дастовардҳо ва дурнамои ҳамкориҳо”, “Нақши Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти тавсеаи ҳамкориҳои соҳавӣ дар чаҳорчӯби СҲШ” идома ёфт.