МАМНУИЯТИ НИЗОМИ БАДХОҲӢ Ё ХУД ОҲАНГИ ФИТНАИ ИФРОТИЁН

280

Шукронаи сулҳу суботи кишвар ва соҳибистиқлолӣ, ки Тоҷикистон бо талошу кӯшишҳои мақсадноки сарвари созандааш ба тамоми дунё машҳур гашт, ободию созандагӣ, сулҳу ваҳдат пойдор гардид, идораи давлат сифати беҳтарин пайдо кард, илм, маориф, тандурустӣ, ва умуман ҳамаи соҳаҳои мавҷуда ривоҷу равнақи хешро пайдо намуда барои ҳар як шаҳрванд зиндагии осуда таъмин гардид.

Аммо бо вуҷуди ин ҳастанд ғаразкорону бадхоҳон ва ташкилоту гурӯҳҳое, ки ободиву суботи ҷомеа, ваҳдату ягонагии Тоҷикистонро чашми дидан надоранд. Дар сархати аввал номи собиқ Ҳизби наҳзати ислом аст ва Гуруҳи-24, ки бо ҳар гуна ному восита мехоҳад, ки дар оромии сиёсӣ, сулҳу ваҳдату ягонагӣ бо неши заҳролуди хеш ҷароҳатҳои вазнин расонад.

Чандин гурӯҳу саҳифаҳоро дар шабакаҳои иҷтимоӣ хусусан дар Фейсбук ва ғайра боз намудаву дар он фаъолияти ғаразноки худро ба роҳ мондаанд ва фикру андеша, сухану амали худро гӯё ба фоидаи мардум мегуфтаву иҷро мекарда бошанд вале дар асл фитнаву ғараз нисбати Тоҷикистон дошта, дар афкори мардум тухми адоват ҷо мекунанд.

Аммо шахси ватандӯсту сулҳхоҳ бояд аз ҳадафҳои нопоки онҳо бохабар бошад, худ ва дигаронро ҳифз кунад. Шахси воеан вадандуст аз талошҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат дар ин давра, ки баҳри бартараф намудани мушкилоти мардум ва муаррифии тоҷикистон равона шудааст кадрдонӣ мекунад. ҳеҷ гоҳ ба суханони фиребини онҳо бовар намекунад, мекушад то аз онҳо дурӣ ҷӯяд ва ба гуфтору пешниҳодоти онҳо эътибор надошта бошад ва ё муборизаро зиддашон пурзӯр мекунад.

Вақте шомил шудани баъзе аз ашхосро ба ин намуд ташкилоту гурӯҳҳои мамнӯъ мебинам ғамгин мешавам, зеро заҳмату талоши волидайни худ, ки бо умед онҳоро бузург кардаанд ва мардони Ватанро, ки дар барқарории Тоҷикистон ҷиддан талош намудаанд, қадрдонӣ намекунанд. Ин худ курнамакӣ ва ношукрӣ кардани ин гуна афродро нишон медиҳад.

Мумкин он рӯзҳоеро, (ҷанги шаҳрвандӣ) ки Тоҷикистони навбунёд аз сар гузаронидааст бисёриҳо надидаанд ва ё баъзеи дигар шояд он вақт хурдсол буданд, аммо падарону модарон, бибию бобоёни мо он рӯзҳоро аз сар гузаронидидаанд ва тарафдори сулҳу дӯстӣ ҳастанд.

Бояд наслҳои ҷавони баъдиистиқлолӣ аз маслиҳату машварату насиҳати кӯҳансолону пирони рӯзгордида пайваста баҳравар шаванд ва аз онҳо дар кору фаъолияташон маслиҳат гиранд.

Ба ҳамаи мо маълум аст, ки кору фаъолияти гуруҳҳои ифротӣ ба монанди собиқ Ҳизби наҳзати исломӣ, Гурухи -24, Салафия ва ғ. дар ҳудуди Тоҷикистон манъ гардидааст. Фаъолияти ифроткоронаи онҳо буд, ки фаъолияти саркардаи ин гуруҳҳои ифротӣ яъне собиқ ҲНИТ дар Федератсияи Русия низ мамнуъ гашт. Ин аз чӣ далолат мекунад? Ин аз далолат мекунад, ки фаъолияти ин гурӯҳ ғаразнок буда, дар он тарафдории ақидаҳои ифротӣ (экстремистӣ) дида мешавад, ки он хусусан ба сиёсати давлат хавфи зиёд дорад.

Максаду мароми онҳо барҳам додани сиёсати давлатии мавҷуда, интиқом гирифтан (шояд акнун мехоҳанд, ки интиқоми дар давраи гузашта чӣ тавр манъу боздошт ва парокандаву шарманда шуда буданд, онро ситонида макоми аз пештара ҳам баландтарро соҳибӣ кунанд) ва дар зери пардаи давлати исломӣ сохтан ва бунёд кардани давлати ифротӣ аст. Ҳамаи гуфтору рафтори онҳо муғзирона хилофи кори ҳукумат ва гуфтаҳои Пешвои муаззами миллат аст.

Ҳадафи асосии онҳо қишриҷавонон аст. Саволе ба миён меояд, ки чаро маҳз ҷавонон?

1. Барои он ки ҷавонон қувваи солим ва фаъоли ҷомеа ҳастанд.

2. Барои омӯзиш ҳофизаи қавӣ доранд.

3. Аз роҳи рост баровардани онҳо осонтар аст, зеро онҳо таҷриба надоранд.

4. Боз барои он ки нисбат ба дигар табақаҳои синнусолӣ ҷавонон бештар дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаъол ҳастанд.

Чуноне, ки Пешвои муаззами миллат таъкид мекунанд, мо бояд ҳушёр бошему зиракии сиёсиро аз даст надиҳем. Ба ягон гуна ҳизбу ҳаракатҳо бовар накунем. Пеш аз ба коре даст занад бояд аз устодон, аз волидон маслиҳат пурсем.

Баҳри пешгирии он ҳарчи бештар суръати чорабиниҳову машваратҳои мақсадноки амалиявиро зиёд карда хусусан насли ҷавонро ба китобдӯстию донишандӯзӣ, ватандӯстию меҳанпарастӣ тарғиб намудан лозим аст.

Мо халқи Тоҷикистон, хусусан ҷавонон аз гуфтору рафтор, ғамхориву ҷавонмардиҳо, хирадмандию накӯкории Пешвои муаззами миллат дарси ибрат гирифта кӯшем, то дар ободониву созандагии кишвари биҳиштосоямон Тоҷикистон саҳми назаррас гузошта, бо донишу малака, ҷасорату матонат Тоҷикистонро боз ҳам дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намуда, парчамбардори давлату миллат ва ҳимоятгари марзу буми аҷдодии хеш бошем.

Насруллозода МАҲМУД, донишҷӯи бахши якуми факултаи фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, узви Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, аъзои Ташкилоти ҷамъиятии «Пайравони Пешвои миллат»