САБАҚ АЗ САФҲАИ ТАЪРИХ

228

Яке аз масъалаҳои муҳимми солҳои 90-уми асри XX, ки дар ҳаёти сиёсии кишвар мушкилиҳои зиёдеро ба миён овард, воқеаҳои феврали соли 1990 маҳсуб меёбад. Ин ҳамон воқеаи гирдиҳамоӣ, намоишҳои этирозӣ, бесарусомонӣ ва ҳар гуна тазоҳуроти сиёсӣ мебошад, ки аз ҷониби ҲНИ, ки дар ҷумҳурӣ ташкилоти террористию экстремистӣ этироф шудааст, роҳандозӣ гардид. Ин нукта имрӯз дар семинарии илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Нақши тахрибкоронаи ҲНИ дар воқеаҳои хунинбори моҳи феврали соли 1990», ки бо дастгирии роҳбарияти донишгоҳ ва ташаббуси кафедраи умумидонишгоҳии фалсафа дар толори бинои асосии донишгоҳ доир шард, ироа гардид.

Дар чорабинӣ устодони собиқадор ва устодони кафедраи мазкур, инчунин, донишҷӯёну хонандагони литсейи назди донишгоҳ иштирок доштанд. Устодон Саидов Ҳ.- мудири шуъбаи тарбия, Аминов Ф. – мудири кафедраи умумидонишгоҳии фаслафа, Нурулҳақ Қ. – мудири кафедраи диншиносӣ аз ҷумлаи иштирокчиён ва суханронон буданд.

Зимни чорабинӣ гуфта шуд, ки воқеаҳои феврали соли 1990 ба назари мо рӯйдоди нангине ба ҳисоб меравад, ки бо мақсади намоиши нурӯ аз ҷониби ҷабҳаи ба ном «демократӣ» матраҳ шуда буданд. Хушбахтона, нақшаҳои ғаразноки нерӯҳои бадхоҳ амалӣ нагардида, роҳи бунёди ҷомеаи демократӣ ва соҳибистиқлоли мо рушд намуд ва дар Тоҷикистони азиз ҷомеаи маданӣ, ҳаёти осоиштаи мардум барқарор ва суботи сиёсӣ ҳукумфармо шуд.

Ёдрас мешавем, ки мақсад аз баргузории ҳамоиши мазкур баланд бардоштани донишҳои ҳуқуқию таърихӣ ва сиёсию иҷтимоии наврасону ҷавонон буд. Гуфта шуд, ки шиори мо бояд иқтибоси зерин бошад, ки Пешвои муаззами миллат гуфта: «Ҳар яки мо бояд як нуктаи бисёр муҳимро донем ва дар хотир дошта бошем, ки шарти муҳимтарини хушбахтии инсон – зиндагӣ дар Ватани орому осуда ва ободу зебо мебошад».