МАРҲИЛАҲОИ ТАШАККУЛИ СИЁСАТИ ДАВЛАТИИ ҶАВОНОН ДАР ТОҶИКИСТОН: ВОҚЕИЯТ ВА МУШКИЛОТ

281

Марҳилаи якум (1990-1991). Раванди ташаккули сиёсати давлатии ҷавонон дар Тоҷикистон, ҳамчун самти фаъолияти давлат оғози худро ҳанӯз аз Анҷумани XXVIII ҲКИШ (моҳи июли соли 1990), мегирад. Дар ҳуҷҷатҳои сиёсии қабулгардидаи ин анҷуман “аҳамияти фавран қабули қонуни ИҶШС ва қонунҳои давлатҳои шӯравӣ дар бораи оғози сиёсати давлатии ҷавонон” зикр гардида буд. Дар ин асос, моҳи майи соли 1991 аз тарафи Шӯрои Олии ИҶШС қонун ” Дар бораи оғози умумии сиёсати давлатии ҷавонон дар ИҶШС” қабул гардид. Бояд тазаккур дод, ки мафҳуми “сиёсати давлатии ҷавонон” ба низоми фаҳми сиёсӣ танҳо дар соли 1991 ворид шуда бошад ҳам, таваҷҷӯҳ ба ҷавонон системаи шӯравиро аз дигар давлатҳо фарқкунанда мекард.

Ҳамаи инро ба инобат гирифта, моҳи феврали соли 1990 дар структураи ҳизбии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва дар Шӯроҳои вилоятии вакилони халқӣ – комиссияҳои доимоамалкунанда оид ба ҷавонон ташкил карда шуд. Кумитаи марказии комсомол 15 феврали соли 1991 ба Президенти ҶШС Тоҷикистон Қаҳҳор Маҳкамов пешниҳод менамояд, ки ниҳоде дар самти сиёсати давлатии ҷавонон ташкил карда шавад. Дар натиҷа, 9 феврали соли 1991 бо Фармони Президенти ҶШС Тоҷикистон №ФП-27 Кумитаи давлатии кор бо ҷавонон ва варзиш зери роҳбарии Саторов А. таъсис дода мешавад. Бори дувум, 10 марти соли 1991 КМ комсомол ба Кумитаи навтаъсис муроҷиат намуда, қайд мекунад, ки барои амалишавии сиёсати давлатии ҷавонон бояд худи ҷавонон ҷалб карда шавад.Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити мураккаби сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ истиқлолияти худро ба даст овард. Дар миёни давлатҳои пасошӯравӣ аз рӯйи нишондиҳандаҳои иҷтимоӣ Тоҷикистон ҷойи охирро касб мекард. Ҳамаи ин пайомадҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар дохили кишвар ба ҳисоб мерафт.Маҳз иштирокчиён ва қурбониёни асосии ин моҷароро ҷавонон ташкил мекарданд. Дар ин вақт, “ҷавонон” гуфта, натанҳо як умумияти иҷтимоӣ, балки қувваи пешбарандаи ҷомеа фаҳмида мешуд. Бо сабаби номуътадилии вазъияти сиёсӣ дар ҳудуди ҷумҳурӣ, марҳилаи аввали сиёсати давлатии ҷавонон дар Тоҷикистон бебарор ва ғайрисамарабахш ба анҷом расид.

Марҳилаи дувум(1992-1995). Ба ин ҳама кӯшишҳо нигоҳ накарда, раванди амалисозии сиёсати давлатии ҷавонон баъди таъсисёбии Кумитаи давлатии кор бо ҷавонон ба нокомёбиҳо дучор гардида, ин ниҳод ба сатҳи шаҳру ноҳияҳо нарасида, аз фаъолият боз монд. Сабаби асосӣ дар ивазшавии ҳокимияти сиёсӣ зоҳир мегардид. Тоҷикистони соҳибистиқлол аҳамияти пешбурди ин равандро дарк намуда, дар фозои пасошӯравӣ яке аз аввалин шуда, аз тарафи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баъди 6 моҳи ба даст овардани мустақилият 13 марти соли 1992 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон” қабул гардид. Дар моддаи 1 он оварда шудааст: ” Сиёсати давлатии ҷавонон – қисми ҷудонашавандаи сиёсати иҷтимоӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад”.Баъдан, аз давраи солҳои 1992 то миёнаҳои соли 1993, дар як вақти муайяни кӯтоҳ Кумитаи давлатии кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ фаъолият мекард. Аммо, дар ягон ҳуҷҷатҳои сиёсӣ, аз сабаби вазифанок набуданаш, санаҳои муайяни фаъолияти ин ниҳод дарҷ нагардидааст.

Бо қарори Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 июли соли 1993, №256 дар асоси Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии мавҷудбуда, Кумитаи кор бо ҷавонон дар назди Шӯрои Вазирон таъсис дода шуд. Баъди 6 моҳи таъсиси Кумита, бо қарори Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 декабри соли 1993,№601 раиси Кумита муайян шуда, бо қарори Шӯрои Вазирон аз 20 марти соли 1994, №135 Мақоми Кумита тасдиқ карда мешавад ва дар охир танҳо 31 майи соли 1994 муовини раиси Кумита таъин карда мешавад. Бояд қайд намуд, ки дар ин марҳилаи раванди ташаккули сиёсати давлатии ҷавонон моҷарои мусаллаҳона ва вазъияти мураккаби сиёсӣ дар мамлакат давом мекард.

Дар аввалҳои соли 1995 дар натиҷаи ислоҳотҳои ҳокимияти иҷроия, Кумита аз рӯйхати сохторҳои давлатӣ бардошта шуда, салоҳиятҳояш бошад бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 марти соли 1995, №56 ба Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии ҷумҳурӣ супорида мешавад.

Марҳилаҳи сеюм (1997-2004 ). Баъди барқарошавии сохтори конститутсионӣ дар кишвар, роҳбарияти ҷумҳурӣ саъю талоши худро баҳри пойдории сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дар ҷомеа равона мекард. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 23 майи соли 1997 бо ҷавонон мулоқот намуда, Фармони худро №727 “Оид ба баъзе масъалаҳои беҳтар кардани кор бо ҷавонон” ба имзо расонид ва ҳамин рӯзи таърихӣ ҳамчун Рӯзи ҷавонон дар Тоҷикистон пазируфта шуд.Ҳамзамон, 27 майи соли 1997, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қарори №240 “Дар бораи таъсиси Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба тавсиб расид.

Кумита фаъолияти худро дар нимаи моҳи августи соли 1997 оғоз намуд. Аммо, пайдо кардани иқтидори кадрие, ки ба талоботи замони онвақта ҷавобгӯ мебуд, хеле мушкил буд.

Дар он замон шароити муайяннамои сохтори Кумита, ки вазифаҳои муҳими дар пешистода дошт, пеш омад. Дар робита ба ин, дар заминаи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 сентябри соли 1997 №414 “Масъалаҳои Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон” сохтори Кумита иваз карда шуда, ба бобҳои 4 ва 6- и Қарори пешина аз 27 майи соли 1997 тағирот ворид карда шуд.

Дар шароити набудани кадрҳои баландихтисос дар самти татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон, замина ба вуҷуд омад, ки дастгоҳи марказии Кумита, ҳамчун “маркази зеҳнӣ” боқувват гардад. Аз ин лиҳоз, формулаи 18+282=300 ( 300- шумораи умумии воҳидҳои штатии Кумита, аз ҷумла: 18 – дастгоҳи маркази ва 282- сохторҳои минтақавӣ ) ба 41+259=300 иваз карда шуд. Кумита дар чор моҳи аввали фаъолият ба як қатор муваффақиятҳо ноил гардада, 68 шуъбаи кор бо ҷавонон дар шаҳру ноҳияҳо, аз ҷумла 4 идораи кор бо ҷавонон дар ш.Душанбе ва 3 маркази кор бо ҷавонон дар вилоят бо кадрҳо таъминшуда, таъсис намуд.

Дар соли 1998 миёни ҷавонон чорабиниҳои оммавию варзишӣ, фарҳангию фароғатӣ, ҳарбӣ – ватандӯстӣ ва илмию сиёсӣ хеле зиёд баргузор гардид. Аз ҳисоби фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, баъди 3 моҳи таътил, газетаи “Ҷавонони Тоҷикистон” ба фаъолият шурӯъ намуд. Ҳамзамон, Маҷлиси Олии кишвар ташаббусҳои созандаву бунёдкоронаи Президенти мамлакатро дастгирӣ намуда, дар Шӯрои навбатӣ 22 майи соли 1998 Қарор №628 “Дар бораи эълон намудани 23 май “Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон “- ро қабул намуд.

Пас, дар охирҳои соли 1998 сиёсати ҷавонон дар Тоҷикистон, баъди 3 марҳила, дастгирии худро ҳам аз тарафи ҷониби давлат ва ҳам аз ҷониби ҷомеа дарёфта, ба яке аз самтҳои стратегии рушди давлат табдил ёфт. Қонун ” Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон ” дар раванди инкишофи ҷомеаи муосир 15 июли соли 2004, №252 дар таҳрири нав қабул гардид.

Фазои ободу осудаи ватани азизамон ҷойгоҳи сиёсати давлатии ҷавононро ҳамчун кишвари ҷавонӣ ва ҷавонон дар меҳвари сиёсати давлату ҳукумат қарор додааст. Мувофиқи таҳлилҳои оморӣ қариб 40% онро ҷавонони аз сини 14 то 30- сола ташкил медиҳанд ва синну соли миёнаи аҳолӣ дар кишвар 25 солро дар бар мегирад. Дар 17 соли охир шумораи ҷавонон 33% зиёд гардидааст ва дар ин давра ба ҳисоби миёна ҳамасола 1,9% шумораи ҷавонон дар ҳоли афзоиш қарор дорад.

Дар давоми 31 соли соҳибистиқлолӣ даҳҳо санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар самти сиёсати ҷавонон ба тавсиб расид, ки барои рушду нумӯи соҳа заминаҳои мусоид фароҳам овард. Аз ҷумла, соли 1998 таъсис ёфтани мақомоти ваколатдор дар соҳаи кор бо ҷавонон ва варзиш, маблағгузории фаъолияти соҳаи сиёсати давлатии ҷавонон тавассути Барномаҳои соҳавӣ, дар тақвими санаҳои таърихӣ ворид гардидани рӯзи 23май – Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, таъсис ёфтани Ҷоизаи ба номи И.Сомонӣ барои олимони ҷавоне, ки дар соҳаи илму техника корҳои намоён анҷом додаанд, таъсис ёфтани стипендияҳои Президентӣ барои хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ва тадриҷан зиёд намудани маблағи стипендия ва шумораи онҳо, таъсис ёфтани стипендияи байналмилалии “Дурахшандагон” барои донишҷӯёни тоҷикистоние, ки дар хориҷи кишвар ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, таъсиси квотаҳои Президентӣ, ҷудо намудани грантҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар соҳаи тарбияи ватанпарастии ҷавонон, таъсисёбӣ ва баргузории ҷаласаи нахустини Шӯрои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷавоникунонии сиёсати кадрӣ ва дар зинаҳои роҳбарикунанда таъин гардидани шумораи зиёди ҷавонони лаёқатманд, азнавсозӣ ва ободу зебо гардонидани боғҳои фарҳангӣ, бунёду мавриди баҳрабардорӣ қарор додани марказҳои ҷавонон дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, инчунин сохтмони мактабу донишгоҳҳо ва китобхонаҳои сатҳи байналмилалӣ, толорҳои варзишӣ, мавзеъ ва гулгаштҳои фароғатӣ, бунёди майдонҳои варзишии муҷаҳҳаз бо талаботи замони муосир ва эълон гардидани соли 2017 “Соли ҷавонон” аз тадбирҳои муҳим ва дастовардҳои назаррас дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон маҳсуб меёбанд.

Акбарзода Мубориз Мусо, донишҷӯи курси 2, ихтисоси сиёсат ва идораи давлатии ДМТ