Баҳогузории шахсияти Пешвои миллат аз ҷониби Президенти Чин – Си Ҷинпин

260

Роҳбари сиёсии Чин – Си Ҷинпин дар Саммити якуми сарони кишварҳои “Чин-Осиёи Марказӣ” аз байни сиёсатмадорони дар ин ҳамоиш ҳузурдошта ба таҷрибаву малакаи сиёсии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳои баланд дод. Аз ҷумла Си Ҷинпин фармуданд: “Шумо Ҷаноби Президент миёни мо сарони давлатҳо аз ҳама сиёсатмадори пуртаҷриба ба шумор меравед, ки дар саргаҳи таъсиси Созмони Ҳамкории Шанхай истода будед. Шумо хеле сиёсатмадлори хирадманд, пуртаҷриба ва дурбин ҳастед ва дар рушди муносибатҳои дуҷониба нақши муҳим мебозед. Пешниҳод ва андешаҳои Шумо барои мо ниҳоят муҳим мебошад”.

Дар ҷаҳони аз лиҳози сиёсӣ ва масоили иҷтимоӣ буҳронии имрўз роҳбари яке аз кишварҳои абарқудрат, ки таъсироти амиқи сиёсӣ иқтисодӣ дар тамоми кишварҳои мавҷуд дорад, тавсиф намуданаш аз таҷрибаву оянданигории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боиси ифтихори тамоми тоҷикони ҷаҳон аст.

Си Ҷинпин бо вуҷуди таҷрибаи зиёд дар арсаи сиёсат доштан, аз таҷрибаи роҳбариву идории Сарвари кишвари мо истифода намудани аъзоёни ин ҳамоишро бо як дипломатияи баланд ишорат намуд ва таъкид дошт, ки пешниҳод ва андешаҳои Шумо барои мо ниҳоят муҳим мебошад. Ин муносибати Роҳбари Чин бори дигар исбот сохт, ки сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ниҳоят барҷаставу нотакрор ва барои шароити имрўзаи ҷаҳон бисёр зарур аст.

Ин баҳогузории Ҷаноби Си Ҷинпин нисбати Пешвои миллат бори аввал нест. Сиёсатмадорони гуногуне ба ин масъала борҳо ишорат намуда буданд. Масадан, Раисҷумҳури Федеретсияи Россия Владимир Путин, Роҳбари сиёсии кишвари ҳамсояву дўсти мо Узбекистон – Шавкат Мирзиёев, Президенти Қазоқистон – Қосим-Жомарт Токаев, сиёсатмадорону сиёсатшиносони минтақа аз Афғонистону Покистон, Ҳиндустон ва дигар кишварҳо, таҷрибаву малакаи бузурги сиёсӣ доштани Роҳбари сиёсии моро дар баромаду музокироти худ баррасӣ намудаанд.

Шахсияти таъсиргузор будани Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати ҷаҳонӣ аз заҳмату талошҳои хастагинопазири ў бармеояд. Президенти кишвари мо дар бонуфузтарин ҳамоишҳои байналмилалӣ оид ба масъалаҳои умдаи мухталифи иҷтимоию иқтисодӣ, фарҳангию сиёсӣ иштирок ва суханрони судманду муфид менамояд ва диққати ҷомеаи ҷаҳониро барои ҳаллу фасли мустақим ва босуботи онҳо ҷалб месозад. Ба роҳ мондани муносибати ҳасанаи дуҷониба дар самтҳои гуногун бо кишварҳои мухталиф, тақвият бахшидани ҳамкориҳои гуногунҷанба ҷиҳати таъмини амну субот, таҳкими дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва рушди устувор асоси обру ва эътибори Савари давлати мо ҳамчун сиёсатмадори варзида ва сатҳи ҷаҳонӣ аст.

Ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид буҳронҳои озуқаворӣ, энергетикӣ ва иқтисодию молиявӣ, тағйирёбии иқлим, рушди ҳамкориҳои минтақавии иқтисодӣ дар соҳаҳои саноат, сармоягузорӣ ва тиҷорат, масоили обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо, таъмини амнияти минтақавӣ дар соҳаи амният, мубориза бо терроризму экстремизм, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ ва гардиши маводи нашъаовар ва ғайра сарчашмаи асосии шинохти шахсияти барҷастаи ў аз тарафи сиёсатмадорони маъруфи ҷаҳон аст.

Ин эҳтиром ва қадршиносии чеҳраҳои шинохтаи ҷаҳонӣ дар нисбати Президенти кишвари мо шаҳодати симои барҷастаи сиёсат, дипломати моҳир, сарвари хирадманд ва оқилу дурандеш будани он аст. Мо ҳам ба Пешвои муҳтарами худ ифтихору сарфарозӣ менамоем.

САДОРАТИ ФАКУЛТЕТИ ФАЛСАФАИ ДМТ