ҲАДАФ АЗ ТАНЗИМИ АНЪАНА ВА ҶАШНУ МАРОСИМҲО

17

Инсоният дар раванди дурру дарози таърихи мавҷудияти хеш арзишҳоеро эҷод намудааст, ки онҳо баҳри рангин намудани зиндагӣ, такмили ҳаёти маишӣ ва танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ хизмат кардаанд ва бо тағйири хусусият ва зифаи худро иҷро менамоянд. Аз зумраи ин дастовардҳои арзишманд анъана, урфу одат ва маросимҳо мебошанд. Урфу одату анъана ва ҷашну маросимҳо унсурҳои фарҳангии ин ё он халқияту миллат ба ҳисоб рафта, ифодакунандаи махсусиятҳои фарҳанги миллӣ, мавҷудияти миллат, тамаддунофарии миллату халқият мебошанд. Ба ин маънӣ, мавҷудияти маросиму анъана ва урфу одат аз қадимият ва фарҳанги ғанӣ доштани миллат дарак медиҳад. Гурӯҳҳои мухталифи иҷтимоӣ вобаста ба муҳиту шароит ва муносибаташон бо воситаҳои истеҳсолот дорои урфу одат, анъана ва расму оини махсусҳастанд. Унсурҳои зикршудаи фарҳанг дар заминаи ҳодисаҳои ҷамъиятӣ, ки дар давраҳои муайяни таърихӣ рух додаанд, ба вуҷуд омада, дар маҷмуъ шакли махсуси аз насл ба насл вогузории таҷрибаи фарҳангӣ мебошанд. Барои мисол, анъана яке аз унсурҳои муҳимми фарҳангӣвоситаи махсуси устуворсозии муносибатҳои ҷамъиятӣ буда, рукнҳои асосии иҷтимоӣ ва фарҳангиро тавассути афкори ҷамъиятӣ ва меъёрҳои ахлоқӣ аз насл ба насл таҳвил медиҳад ва иртиботи ҷамиятиро таъмин месозад. Анъана, ки дар адабиётҳо бештар суннат ёд мешавад, ҷанбаҳои мухталифи ҳаёт ва расму оинро фаро гирифта, хислатҳои рӯҳии гурӯҳи иҷтимоии ба ҳам наздикро дар худ инъикос менамояд. Он аз таъриху фарҳанги халқ сарчашма гирифта, бо мурури вақт моҳиятан устувор мешавад ва, баъзан, дар худ мазмунҳои нав касб мекунад. Маросим низ дар ҳаёти ҷамъиятии инсоният нақши назаррас дошта, таҷассумкунандаи ҳиссиёти одамон дар ҳолатҳои гуногун буда, ифодгари маҷмуи амалиёти рамзию шартӣ ва устувор аст, ки тавассути анъанаву одат ва, баъзан қонун муқаррар шуда, моҳияти падидаву ҳодисаҳоро муайян мекунад. Маросим қисми таркибии анъана буда, дар натиҷаи мутобиқ шудан бо руҳияи афроди ҷамъиятӣ аз насл ба насл интиқол меёбад. Масалан, дар тўйи анъанавии тоҷикон чанд маросим, ба мисли никоҳ, келинбинон, сартарошон ва ғайра баргузор мешавад, ки дар заминаи анъанаҳо пайдо шуда, хусусиятҳои рамзӣ касб намуда, аз ҷониби омма пазируфта шуданд.

Бо вуҷуди дастоварди фарҳангӣ ва арзиши амалӣ доштани ҷашну маросим ва аъанаву урфу одат, онҳо, баъзан метавонанд барои пешрафти ҷомеа монеа эҷод намоянд. Чунин хусусият касб намудани маросиму анъана аз он иборат аст, ки доираи маҳдудияти онҳо васеъ, ҳадди миёна убур ва ба сарҳади ифрот наздик мегарданд. Яъне, меъёрҳои ахлоқӣ, ки асоси ҷашну маросим ва урфу одатро ташкил менамояд, то як андоза мавқеи худро ноустувор ва имконият барои паҳн гардидани сифатҳои ахлоқи разила, аз қабили худнамоӣ, исрофкорӣ, такаббурӣ, худписандӣ ва монанди инҳо фароҳам оварда мешавад. Дар чунин маврид, ҷашну маросим ва урфу одатҳои шалгирифта дар фарҳанги башарӣ ба унсури харобиовари фарҳангӣ мубаддал ва сабаби бадбахтии ҷомеа мегарданд.

Бо дарназардошти ҳамин хусусият, танзим намудани ҷашну маросим ва урфу одату анъанаҳои миллӣ, динию мазҳабӣва навпайдо муҳимму зарурӣ мебошад.

Аз ҷониби дигар, бегонашавии фарҳангӣ ва тақлиди кўр-кўрона аз ҷашну маросим ва урфу одатҳои мардумони дигар низ метавонад ба гумроҳии инсон, дур гардидан аз арзишҳои милли худ, мутеи онҳо гардидан ва аз зиндагии босаодат маҳрум намудани оилаҳо мегардад. Мутаассифона, дар ҷомеаи муосири тоҷикистонӣҳамарўза шоҳиди чунин ҳолатҳои ҳузновар мегардем. Оилавӣ ва такрори ҳам сафари умра намудани шаҳрвандони Тоҷикистон ба ҳукми анъана даромадааст, ки метавонад дар ташаккули ҷаҳонбинӣ ва шуури мардум нақши манфӣ эҷод намояд.

Ҳамчунон ки болотар қайд намудем, урфу одату анъана унсурҳои фарҳангие ҳастанд, ки дар натиҷаи такрорёбии муназзами рафтори одамон баодаттабдил ёфта, дар шуури онҳо мавқеъ мегирад. Одат дар миёни афроди ҷомеа ҳамчун қоида қабул гардида, тадриҷан устувор мегардад ва дар раванди танзими фаъолият ва муносибатҳои инсоният нақши назаррас пайдо менамояд. Ҳамин аст, ки бо вуҷуди қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва солиёни зиёд амал кардани он, ҳанўз ҳам ба таври пинҳонӣ ва истифода аз роҳу воситаҳои мухталиф вайрон намудани талаботи он мушоҳида мегардад. Агар, мақсад аз қабул гардидани Қонуни мазкур таъмини ҳаёти осоиштаи мардум ва сарфаю сарфакории худи сокинони кишвар ба хотири бехтар гардидани зиндагии худи онҳо бошад, пас қонуншикании онҳо ба ОДАТи касбшуда дар муддати солиёни дароз вобаста мебошад. Аз ин бармеояд, ки ҳанўз дар шуури мардуми шарифи Тоҷикистон фарҳанги сарфаю саришта ва дурӣ аз таассубу хурофот, инчунин фазилатҳои ахлоқӣ мувоҷеҳи мушкилот ҳастанд.

Амирхон Ш.Т. – доктори илмҳои фалсафа, мудири кафедраи таърихи фалсафа ва фалсафаи иҷтимоии ДМТ