ҶАЛАСАИ КОРӢ БО ИШТИРОКИ РОҲБАРИЯТИ ФАКУЛТЕТ ВА САРПАРАСТОНИ ГУРӮҲҲО

29

Дар ҷаласаи навбатии факултети фалсафа, ки бо ҳадафи баррасии масъалаҳои муҳимми таълимӣ ва тарбиявӣ баргузор гардид, иштирок намуданд: декани факултет, Сафарализода Х.Қ., раиси Шурои сарпарастони Донишгоҳ Ҷафарзода И.Ҷ., муовини декан оид ба таълим Раҳимов Д., муовини декан оид ба тарбия Сулаймонзода М.М., раиси Шурои сарпарастони факултети фалсафа Нодирхонов Г.Г., инчунин, сарпарастони гурӯҳҳои академии факултет.

Дар ҷараёни ҷаласа масъалаҳои марбут ба боло бурдани сифати таълим, такмили кори тарбиявӣ бо донишҷӯён, тақвияти ҳамкории сарпарастон бо раёсати факултет ва роҳҳои баланд бардоштани зиракии сиёсиву худогоҳии миллӣ миёни донишҷӯён мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Масъулин, инчунин доир ба ташкили чорабиниҳои илмӣ-маърифатӣ, мусобиқаҳои варзишӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим миёни ҷавонон фикру пешниҳодҳои худро иброз доштанд.