Имрӯз (23.12.2023) дар факултети фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии волидайни донишҷӯёни курсҳои якум баргузор гардид. Мақсад аз баргузории ҷаласаҳои волидайн ин пеш аз ҳама ба роҳ мондани ҳамкорӣ ва таҳкиму тақвият бахшидан ба раванди таълиму тарбия маҳсуб ёфта, ба манфиати тарафайн нигаронида мешавад.
Ҷаласаи мазкурро декани факултети фалсафа Сафарализода Х.Қ. ҳусни оғоз бахшида дар бораи одобу ахлоқ ва раванди таълиму тарбия маълумотҳои муфассалро иброз намуд. Дар кори ҷаласа Раиси ассосиатсияи волидайни Донишгоҳ Иноятова М., муовини декан оид ба корҳои тарбиявӣ факултети фалсафа Раҳимов Д сарпарастони гурӯҳҳои академӣ волидайни донишҷӯён иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зимни суханрониҳо декани факултет нахуст ба падару модароне, ки дар ҷаласа иштирок намуданд изҳори қаноатмандӣ намуд. Ҳамзамон таъкид дошт, ки раванди ҳамкориҳои волидайн бо факултет бояд мустаҳкам гардида, пайваста ҷараён дошта бошанд.
Зеро ҳам волидайн ва ҳам омӯзгор аз ҳар қадами ҷавонон бохабар бошанд. Ҳамчунин волидон дар баробари Донишгоҳ вазифадоранд, ки дар тарбияи волидонашон пеш аз ҳама масъулиятшинос бошанд, зеро тарбия аз оила сар шуда дар Донишгоҳ сайқал меëбад.
Зимни суҳбатҳо декани факултети фалсафа Сафарализода Х.Қ роҷеъ ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” суханронӣ намуда, яке аз омилҳои амалишавии қонуни мазкурро дар масъулиятшиноси падару модар донист. Дар фарҷоми ҷаласа падару модарони донишҷӯён суханронӣ намуда минатдории хешро ба роҳбарияти Донишгоҳ ва садри факултет барои тақвият бахшидани ҳамкориҳо бо волидайни донишҷӯён расониданд.