АРТИШИ МИЛЛӢ – ПОЯИ АСОСИИ ДАВЛАТ

136

Ҳамасола яке аз санаҳои муҳим дар таърихи давлатдории навини Тоҷикистони соҳибистиқлол, яъне Рӯзи таъсисёбии Артиши миллӣ, ки яке аз рукнҳои муҳимтарини давлатдорӣ ва сипари боэътимоди Ватан мебошад, дар кишвар бо шукуҳи хоса таҷлил мегардад. Артиши миллӣ ва бунёди Қувваҳои Мусаллаҳ дар ҳақиқат зодаи даврони истиқлол мебошад, ки ҳамагӣ баъди якуним соли ба даст овардани истиқлоли давлатӣ, дар марҳилаи ниҳоят вазнин ва ҳассоси таърихӣ, дар шароите таъсис дода шуд, ки мавҷудияти давлати тоҷикон ва бақои истиқлоли он таҳти хатари нобудӣ қарор дошт. Ҳар кас ҷуръат намекард, ки дар он вақт хизматчии ҳарбии шавад, зеро он фидоиро талаб мекард.

Нахустин кӯшиш дар самти ташкили Артиши миллӣ, ки заминаи ҳуқуқии онро фароҳам овард, ин Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24-уми декабри соли 1991 “Дар бораи ташкил намудани Гвардияи миллӣ” буд. Баъдан 4-уми январи соли 1992 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ташкил намудани Кумитаи мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон”, 10-уми июни соли 1992 Фармон дар бораи таъсиси “Фронти халқӣ” ва 17-уми сентябри соли 1992 Фармон дар бораи таъсиси Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид. Новобаста аз ин ҳама талошҳо вобаста ба авзои носолими сиёсӣ ва мураккаби оғози истиқлоли давлатӣ имконият ва шароити таъсиси яке аз рукнҳои асосии давлати соҳибистиқлол, яъне Артиши миллӣ ба Тоҷикистон муяссар нагардид. Зеро кишвар дар шароити басо душвор ва мураккаби сиёсию иҷтимоӣ қарор дошт. Дар мамлакат ҷанги шаҳрвандӣ идома дошту нарасидани озуқаворӣ, сарулибос, техникаю муҳимоти ҷангӣ ва амсоли инҳо дар ҳар қадам эҳсос мешуд.

Танҳо баъд аз баргузории Иҷлосияи таърихии XVI-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бунёди Артиши миллӣ ба таври воқеӣ амалан сурат гирифт. 18-уми декабри соли 1992 Қарори раёсати Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва қарор дар бораи роҳбарии фаврӣ, идоракунии мутамарказ ва сафарбаркунии нерӯҳои мусаллаҳи сохторҳои низомӣ бо мақсади ҳарчӣ зудтар ба эътидол овардани вазъияти сиёсӣ ва таъмини амнияти миллӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон қабул гардид, ки роҳбарии он ба дӯши Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузошта шуд. Ба тавсиб расидани ин қарорҳо заминаи ҳуқуқиро барои ташкили Артиши миллӣ фароҳам овард.

23-юми феврали соли 1993 аввалин паради ҳарбӣ баргузор гардид ва рӯзи баргузоргардии парад, яъне 23-юми феврал Рӯзи таъсисёбии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда шуд, ки мо имрӯз 32-юмин солгарди онро таҷлил намуда истодаем.

Саҳми калони фарзанди фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун бунёдгузори Қувваҳои Мусаллаҳ ва сохтору воҳидҳои ҳарбӣ дар он аст, ки дар марҳилае, ки қувваҳои мусаллаҳи зиддидавлатӣ ва гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ аз рӯйи шумораи умумӣ аз нерӯҳои низомии давлатӣ бартари доштанд, тавонист, ки стратегияи мушаххаси ҳам мубориза ва ҳам созмон додани Артиши миллиро муайян намуда онро ба амал баровард.

Роҳбари кишвар Артиши миллиро ҳамчун кафили асосии бақои истиқлол тавсиф намуда, қайд карданд, ки “Артиши миллии мо баръакси дигар ҷумҳуриҳои собиқ Шуравӣ, ки дар он давра аллакай ба мероси худ аслиҳаву техникаи ҳарбӣ ва дигар заминаҳои моддиву техникиро соҳиб шуда буданд, бе ягон таҳкурсӣ ва пойгоҳи аввалия ташкил карда шуд, ба мо лозим омад, ки корро дар ҷойи холӣ оғоз намоем. Аммо сарфи назар аз ҳама мушкилот мо имрӯз бо ифтихор гуфта метавонем, ки Артиши миллии Тоҷикон ба вуҷуд омад. Он ба дараҷаи кофӣ қудрат дорад, ки мамлакатро аз таҳдидҳои дохиливу хориҷӣ ҳифз намояд”.

Заминаҳои нахустини ташкили Артиши миллӣ, ки бо таъсиси “Бригадаи таъиноти махсуси Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо маҷмуи вазифаҳояш ҳамчун нахустсохтори он 5-уми декабри соли 1992 ташкил карда шуд.

Ташаккулёбии Артиши миллии Тоҷикистон дар таъсиси худ се марҳиларо паси сар намудааст, ки марҳилаи аввал бо ташкил намудани заминаҳои моддӣ-техникӣ, сафарбар намудани кадрҳои тахассусӣ, марҳилаи дуюм бо бунёди навъҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ва ҷобаҷогузории онҳо ва марҳилаи сеюм бо таҳкиму тақвияти он вобаста мебошад.

Кори муҳиму асосии дигар ин масъалаи эҷоди қонунҳо ва санадҳои дахлдори ҳуқуқӣ барои ташаккул ва танзими Қувваҳои мусаллаҳ ва сохтору воҳидҳои он ба шумор мерафт, ки дар ин замина 17-уми феврали соли 1993 “Низомномаи тартиби қабули Савганди ҳарби”, 2-юми августи соли 1993 “Низомномаи додситони ҳарбӣ”, 26-уми июни соли 1993, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мудофиа” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” қабул гардиданд, ки онҳо минбаъд барои ташаккул ва пурқувват гаштани Артиши миллӣ Тоҷикистон мусоидат карданд.

Қайд кардан зарур аст, ки ҳифзи ватан ва ҳимояи марзу буми он вазифаи ҳар як шаҳрванд ба ҳисоб меравад. Тибқи талаботи моддаи 43 Конститутсия чунин қайд шудааст, ки: “Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст”. Яъне аз ин лиҳоз бармеояд, ки ҳимояи давлату миллат танҳо вазифаи Қувваҳои мусаллаҳ нестанд, балки вазифаи ҳар яки мову шумо мебошад.

Имрӯз мо ифтихор мекунем, ки чунин Артиши миллии пурқувват ва ба камолот расида дорем. Ҷавонони мо имрӯз бо хоҳиши худ барои адои қарзи худ дар назди Ватан ва миллати худ ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ шомил шуда истодаанд. Ин аз баланд будан ва ташаккул ёфтани худшиноси милли онҳо далолат медиҳад.

Бояд қайд намуд, ки Артиши миллӣ пояи асосии давлат ба ҳисоб меравад. Зеро онҳо таъминкунандаи асосии амнияти давлат ва сулҳу субот дар ҷомеа мебошад. Артиши миллии мамлакат туфайлӣ ғамхорию дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тӯли 32 сол ба сохтори воқеии муқтадири ҳарбӣ табдил ёфт.

Алҳол дар ҳайати Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат қушӯнҳои хушкигард, зудамал, дохилӣ, қувваҳои ҳарбии ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ, гвардияи миллӣ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ амал менамояд.

Хизмат кардан ба Ватан маънои ба ҷой овардани хизмати падару модар ва ҳимоя намудани марзу буми Ватани аҷдодӣ ва тамомияти арзии Ватанро дорад.

Аз фурсати муносиб истифода бурда, мардуми сарбаланди кишварро ба муносибати 32-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, ба ҳар як хонадон ҳаёти орому осуда ва бурдбориҳои нав ба навро таманно менамоям.

Эргашев О.А.-донишҷӯи курси 2-юми ихтисоси сиёсат ва идораи давлатии факултети фалсафаи ДМТ