АСОСҲОИ КОНСТИТУТСИОНӢ ВА ТАМОЮЛИ РУШДИ ДАВЛАТИ МУОСИРИ ТОҶИКИСТОН

45

Асосҳои конститутсионӣ ва тамоюли рушди давлати муосири Тоҷикистонро бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ ташкил медиҳад. Раванди ташаккул ва шаклгирии давлати миллӣ тавассути роҳу воситаҳои мухталиф ба амал бароварда мешавад. Аз ҷумла, раванди ташккули давлати муосири Тоҷикистон тавассути ба роҳ мондани ислоҳоти сиёсӣ сурат гирифтааст.

Раванди ислоҳоти системаи сиёсӣ дар Тоҷикистон аз як қатор омилҳо вобастагии зич дорад. Аз ҷумла, яке аз омилҳои асосии муайян намудани тамоюли давлати муосири Тоҷикистон ин таҷдиди назар гардидани асосҳои конститутсионӣ ва низоми ташкилии он ба ҳисоб меравад. Дар ташаккули системаи сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва қабули Конститутсияи он аҳамияти бузурги назариявӣ ва амалию сиёсиро касб намудааст.

Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун ҳуҷҷати муҳимми сарнавиштсоз дар роҳи бунёди давлатдории муосири тоҷикон, пайвастани он бо ҷомеаи ҷаҳонӣ, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, таъмини амнияти давлатӣ, субот, ваҳдат ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон нақши барҷастаи таърихӣ дорад. Зеро дар он асосҳои системаи сиёсӣ инъикоси арзишӣ ва меъёрии хешро пайдо намудаанд. Воқеан, соҳибистиқлолӣ ва инкишофи мустақилонаи давлат дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа дигаргуниҳои амиқро ба вуҷуд оварда, барои ислоҳоти куллӣ дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва интихоби шакли нави идоракунии давлат замина гузошт. Зарурияти ислоҳоти системаи сиёсӣ дар ҷомеа масъалаи ташаккули давлати ҳуқуқбунёду демократӣ, таҷзияи ҳокимият, гуногунандешиву бисёрҳизбӣ, соҳибихтиёрии халқ, эътирофи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафолати мавҷудияти моликияти хусусӣ ва дигар принсипҳои муҳимми демократиро ба вуҷуд овард, ки барои расидан ба ин ҳадафҳо ва куллан дигаргун кардани сохти давлатдорӣ қабули Конститутсияи нави кишвар ногузир гардид.

Қабули Конститутсия ҳамчун ҳуҷҷати муҳимми сиёсӣ, ки бори нахуст ба таври раъйпурсии умумӣ сурат гирифт, дар худ самтҳо ва бахшҳои асосиву стратегии рушди давлатдории миллӣ ва масъулияти муштараки халқ ва ҳокимиятро дар бунёди ҷомеаи иҷтимоӣ ва шаҳрвандӣ инъикос менамояд. Таҷрибаи таърихии кишварҳои мутамаддини олам гӯвоҳ аз онанд, ки давлат танҳо дар сурате рушду инкишоф меёбад ва талаботу манфиатҳои тамоми аҳолии он ҳифз мегардад, ки агар дар он Конститутсия ва қонунҳои амалкунанда ба таври зарурӣ риоя ва иҷро шуда, волоияти қонун ҳамчун нишонаи барҷастаи давлати ҳуқуқбунёд таъмин гардад ва ташаккули муҳимтарин принсипҳои демократияи муосир дар меҳвари сиёсати давлатӣ қарор дода шавад.

Бояд гуфт, ки Конститутсия ҳамчун ҳуҷҷати сиёсиву ҳуқуқӣ догма набуда, бо дарназардошти ба вуҷуд омадани зарурият, дар давраҳои мухталиф (солҳои 1999, 2003 ва 2016) бо ворид гардидани тағйиру иловаҳо ба он ислоҳоти сиёсию ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон идома ёфта, дар баробари як силсила навовариҳо, барои танзими муносибатҳои сифатан наве, ки ба рушди давлатдории миллӣ робитаи мустақим доштанд, заминаи муҳим гузошта шуда, аз ҷумла, дар мамлакат низоми комилан нави мақоми қонунгузор, яъне парламенти касбии иборат аз ду палата таъсис гардид, ки ин иқдом қадами устувор дар роҳи рушди парламентаризми муосир мебошад.

Омили дигари муайянкунанда самти асосии рушди давлати миллии Тоҷикистонро раванди демократикунонии он ташкил медиҳад. Кӯшишҳо ҷиҳати бунёди давлати демократӣ маҳсули замон аст. Ғояи ҷомеаи демократӣ асоси Конститутсия ба ҳисоб меравад. Яъне, яке аз масъалаҳои зарурие, ки дар раванди ташаккули давлатдории миллӣ мавқеи муайянкунанда дорад, ин масъалаи ташаккул ва таҳкими системаи сиёсии ба принсипҳои демократӣ асосёфта ба ҳисоб меравад. Ҷавҳари асосии ин принсипро ба сифати сарчашмаи ҳокимият эътироф намудани халқ ташкил медиҳад, ки он заминаи худро дар Конститутсия дар чунин шакл пайдо намудааст: «Дар Тоҷикистон халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ буда, онро бевосита ва ё ба воситаи вакилони худ амалӣ мегардонад».

Дар амал тадбиқ намудани чунин принсипи конститутсионӣ ва ҳамзамон, муҳимтарин принсипи ҷомеаи демократӣ амалинамоии як қатор чораҳои сохторӣ ва институтсионалиро тақозо менамояд, ки дар заминаи онҳо ба таври воқеӣ халқ тавонад то худро ба сифати сарчашмаи асосии ҳокимияти давлатӣ эҳсос намояд. Минбаъд, пас аз қабули Конститутсияи нав, ки ҳанӯз вазъи сиёсии кишвар муташаниҷ буда, муносибатҳои ҷамъиятӣ дар ҳолати бӯҳронӣ қарор дошт, зарурият ба миён омада буд, ки низоми сиёсии мавҷуда баҳри таҳкими арзишҳои демократӣ дар ҷомеа чораҳои мушаххас андешад. Ин раванд дарки воқеии мазмуни демократия, ҳамкории озоди таҳаммулпазиронаи қувваҳои гуногуни сиёсӣ, ташаккули фарҳанги нави сиёсии бидуни ҳама гуна зӯроварӣ ва маҷбурнамоӣ, таъмини озодии андеша ва афкорро тақозо менамуд. Минбаъд чунин омилҳо баҳри таҳаввулоти шуури ҷамъиятӣ ва сарфи назар гардидани каҷфаҳмиҳо дар дарки демократияро тақозо менамуданд. Тадбиқи дурусти ғояҳои демократикунонӣ имконият медоданд, ки қонуниятҳои таҳкими давлатдории миллӣ дар шакли мутавозин амалӣ гарданд. Маҳз аз ҳамин нуқтаи назар, муайян гардидани шакли идоракунии демократӣ имконият медод, то эътимоди мардум ба ҳокимияти сиёсӣ устувор гардонида шуда, дар шароити мушкили сиёсӣ дурнамои рушди минбаъда муайян гардад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳкими раванди демократикунонии ҷомеа ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ шароити мусоид фароҳам оварда, дар заминаи меъёрҳои қонунгузорӣ фаъолияти мақсадноки мақомоти давлатӣ, ки ба рушди фарҳанг, таҷриба, ғояҳо ва арзишҳои ҳуқуқӣ равона гардидаанд, ба роҳ монда шудааст.

Дар навбати худ қайд намудан ба маврид аст, ки ҳаёти ҷамъиятии ҳар як давлат дар асоси муқаррароти ҳуқуқӣ пеш меравад. Аз ин ҷост, ки принсипҳо ва қоидаҳои умумии рафтор яке аз унсурҳои асосии системаи сиёсии ҷомеа ба ҳисоб меравад. Волоияти қонун аз муҳимтарин принсипҳои давлати ҳуқуқӣ дониста мешавад. Агар дар ҷомеа ҳуқуқ ва қонуният ҳукмронӣ нанамояд, агар ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон риоя карда нашавад, агар ба одату анъанаҳои миллӣ ва умумиинсонӣ арҷ гузошта нашавад, он гоҳ чунин давлатро демократӣ ва ҳуқуқбуёд номидан комилан номумкин аст. Агар дар ҷомеа қонунҳо танҳо дар қоғаз навишта шаванду иҷро нагарданд, пас дар чунин ҷомеа адолат аз байн меравад.

Дар навбати худ қайд намудан зарур аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ, хусусан қабули Конститутсия ба ташаккули низоми нави давлатдорӣ асос гузошта шуд, ки зина ба зина то ба ҳол дар ҳоли рушд қарор дорад. Феълан, низоми демократии идоракунии давлатӣ, ки ба сифати асоси системаи конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад менамояд, мустаҳакам гардонида шудааст, ки омили асосии рушд ва суботи кишвар маҳсуб меёбад. Тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шакли идораи Ҷумҳурии Тоҷикистон президентӣ мебошад. Дар ин асос идоракунии президентӣ дар Тоҷикистон ташаккул ёфта, низоми системаи давлатӣ мутобиқ ба меъёрҳои он ба роҳ монда шудааст. Воқеан, ташаккули идораи давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо равандҳои таҳкими истиқлоли давлатӣ, ташаккули низоми нави сиёсӣ, рушди иқтисоди миллӣ, ислоҳоти системаи идоракунии давлатӣ, татбиқи сиёсати давлатии кадрҳо робитаи ногусастанӣ дорад.

Дар шароити муосири ҷаҳонишавӣ ва ташаккули падидаҳои мухталифе, ки метавонанд ба истиқлоли миллии мо халал ворид созанд, эҳтиром ва риояи ҳатмии меъёрҳои Конститутсия ҳамчун таъминкунандаи асосҳои низоми сиёсиву ҳуқуқии кишвар аҳаммияти аввалиндараҷа касб менамояд.

Хосияти дигари рушди давлати муосири Тоҷикистонро бунёди давлати иҷтимоӣ ташкил медиҳад. Принсипи асосии сиёсати иҷтимоӣ тақозо менамояд, ки шароити зарурӣ барои зиндагии арзанда таъмин карда шуда, инкишофи озодонаи инсон дар шароити давлати демократӣ, ки на ҳамчун кори шахсии худи инсон, балки аз дараҷаи сиёсати умумидавлатӣ бармеояд, таъмин карда шавад. Тоҷикистон давлати адолати иҷтимоист. Дар алоқамандӣ ба ин, давлат ҳамчун ислоҳотгари асосӣ ба таври иҷтимоӣ шаҳрвандонеро, ки қобили фаъолияти меҳнатӣ нестан, маъюб, ятим ва аз оилаҳои серфарзанд ҳастанд, дастгирӣ менамояд. Ҳангоми баамалбарории ин кор давлат, пеш аз ҳама, манфиатҳои ҳаётан муҳимми халқро ҳимоя менамояд.

Ҳар як ҷомеа ва давлати аз ҷиҳати иҷтимоӣ адолатпеша он тавре муайян карда мешаванд, ки он чӣ тавр ба гурӯҳҳои аз ҷиҳати иҷтимоӣ осебпазир муносибат менамояд. Давлат ва ҷомеа вазифадор аст шаҳрвандро таҳти ҳимояи худ қарор дода, ба ӯ шароити ҳуқуқӣ ва иқтисодӣ барои фаъолияти меҳнатӣ фароҳам орад. Сиёсати қавии иҷтимоӣ меъёри асосии ҷомеаи одилонаи шаҳрвандӣ ва давлати демократии ҳуқуқбунёд мебошад. Таваҷҷуҳ ба ҳалли масъалаҳои афзалиятноки барқарорсозии иқтисодиёт, риояи қонуният ва тартибот, табдил додани эволютсионии муносибатҳои консервативии иқтисодӣ ба муносибатҳои бозорӣ бо нақши фаъоли ислоҳотгари давлат заминаи мустаҳками босуботи иҷтимоӣ эҷод мекунад.

Табиист, ки ҳадафи асосии ҳамаи ислоҳоти гузаронидашуда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ин бунёди давлати демократӣ бо иқтисоди бозоргонии ба самти иҷтимоӣ нигаронидашуда мебошад. Аз рӯзҳои аввали рушди мустақилонаи Тоҷикистон лозим омад, то як қатор мушкилоти мухталиф ва шадид ҳаллу фасл гарданд ва ин таҳияи модели махсуси рушди иҷтимоиро талаб мекард, ки онро “модели тоҷикӣ”-и бунёди ҷомеаи демократӣ номиданд.

Роҳе, ки дар тули солҳои навсозӣ ба анҷом расид, дуруст ва самаранокии ин моделро тасдиқ кард, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ низ эътироф ва пазируфта шудааст. Онро зарур гардид, ки дар доираи манфиати тамоми халқ раванди ислоҳотро шурӯъ намуда, афзалиятҳои пешрафтаи рушди иқтисодиро муайян карда, сиёсати ислоҳоти куллӣ дар иқтисодиёт, соҳаи иҷтимоӣ ва ҳаёти ҷамъиятию сиёсии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон таҳия ва пайгирона амалӣ намояд.

Дар тули солҳои истиқлолият худи давлат моҳиятан тағйир ёфт – системаи ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти давлатӣ ба таври куллӣ таҷдид карда шуд, услуб ва шаклҳои кор тағйир ёфта, боқимондаҳои низоми тоталитарӣ бартараф карда шуданд. Чунин нақши давлат дар давраи бунёди ҷомеаи демократӣ ва амалишавию такмили давлатдории миллӣ ба таври пурра собит гардид.

Аммо бо вуҷуди ин дастовардҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳоло низ дар марҳалаи тақдирсози таҳкиму тақвияти пояҳои давлати худ қарор дорад ва он саъйю талошҳои минбаъдаро ба хотири ҳалли масъалаҳои умдаи иҷтимоиву иқтисодӣ ва сиёсиву амниятӣ тақозо менамояд.

Ҳамин тариқ, дар асоси гуфтаҳои боло метавон қайд кард, ки пас аз ба даст овардани истиқлолият, сарфи назар аз оқибатҳои ҷанги ҳамватанӣ ва мушкилоти иҷтимоию иқтисодӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонистааст, ки барои бунёди давлати нави соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ қадамҳои устувор гузорад. Дар шароити феълӣ бисёре аз принсипҳои ҷомеаи демократӣ, ки дар Конститутсия ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ дарҷ гардидаанд, воқеияти худро тадриҷан дар амалияи ҷамъиятӣ пайдо намуда истодаанд.

Аммо, агар мо аз мавқее ба масъалаи ташаккули ҷомеаи демократӣ дар Тоҷикистон назар афканда, баён намоем, ки воқеан демократия дар тамоми соҳаҳои муносибатҳои ҷамъиятӣ ва системаи сиёсӣ тадбиқи комили худро ёфтааст, ин ҳанӯз хеле барвақт аст. Зеро бо ҷой додани принсипҳои демократӣ дар низоми қонунгузорӣ ҳанӯз воқеият доштани ин принсипҳоро ифода наменамояд. Аммо метавон бо итминон таъкид намуд, ки Тоҷикистон қадамҳои устуворонаи худро бо дарназардошти таҷрибаи кишварҳои муттамаддини олам дар ин самт гузошта истодааст ва эҳтимол дорад, ки минбаъд он ба сифати яке аз кишварҳои демократии пешрафта мубаддал гардад.

Х.Қ. Холов, н.и.с., дотсенти кафедраи сиёсатшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон