ҶАВОНОН – НЕРУИ СОЗАНДА ВА ОБОДКОР

41

(Дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 28.12.2024)

Баъд аз соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикору ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавонон ҳамчун неруи созанда ва ободкори ҷомеа дониста шуда, барои рушду нумӯ бахшидани онҳо имкониятҳо ва тамоми шароитҳоро фароҳам оварда шудааст. Воқеан, ҷавонони имрӯз на танҳо дар Ватани маҳбубамон, балки дар тамоми дунё баҳри рушди ҷомеа камари ҳиммат бастаанд. Зикр кардан ба маврид аст, ки дар ҳамин масъала Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии хеш иброз намудаанд, ки: “Ҷавонони арҷманди мо рисолати муҳимми иҷтимоии худро, чун ҳарвақта, амиқ дарк карда, барои рушду нумуи давлати миллӣ ва ташаккули ҷомеаи ободу озод ҳиссаи арзишманди худро мегузорад”. Ибрози қаноатмандии Пешвои муаззами миллатро бо ду маънӣ фаҳмидан мумкин аст:

1. Қаноатмандӣ аз ҷавонони ташаббускор, меҳанпараст ва миллатдӯсте, ки шумораи онҳо кам нестанд ва пайваста аз сиёсати давлату ҳукумат ҷонибдорӣ менамоянд.

2. Ҳавасманд намудани ҷавонони кишвар баҳри бунёдкорӣ ва саҳм гузоштан дар ташаккули давлату давлатдорӣ.

Ҳамагон бояд дарк намоем, ки масъули пешбурди корҳои муҳимтарини давлативу ҳукуматӣ ҳастем ва вазифаҳои худро иҷро намоем.

Мусаллам аст, ки дар сиёсати иҷтимоии давлату ҳукумат мақому манзалати ҷавонон ва фароҳам овардани шароити мусоид барои афзалият дониста шудааст ва дар оянда низ ҳамин мавқеи худро нигоҳ хоҳад дошт.

Дар марҳилаи кунунии тарақиёти илму техника, ки бо суръати баланд пеш меравад, аз худ намудани технологияи ҳозиразамону ташаккули фарҳанги техникии ҷавонон, тарбияи мутахассисони бомаҳорат, омӯхтану истифода кардани дастовардҳои илм ва дар ин замина таъмини рушди шахси иноватор аҳмияти тоза пайдо намудааст. Ҳамзамон, тағийрёбии глобалии арзишҳои сиёсиву маънавӣ, ҷаҳонишавӣ, зеҳникунонии раванди меҳнат ва дигар шаклҳои фаъолияти ҷавонон, баланд бардоштани мақоми неруи зеҳнӣ ва сатҳи маърифатнокии ҷавононро тақозо менамояд. Роҳбари давлат ҷавонони кишварро қишри фаъолтарини ҷомеа ва идомадиҳандаи кору пайкори насли калонсол номида, изҳор дошатнд, ки ҷавонони ватандӯст минбаъ низ бо илму донишҳои замонавӣ, касбу ҳунарҳои муосир ва саъю талоши навҷӯёнаи худ барои рушди илму инноватсия ва бозҳам таҳким бахшидани нуфузи кишварамон дар арсаи байналмилалӣ саҳми арзишманд мегузоранд.

Дар чунин раванд сатҳи фарҳанги техникии ҷавонони мо ҳанӯз ҷавобгӯи талаботи замона набуда, моро қонеъ карда наметавонад. Ин, аз як тараф, ба дараҷаи зарурӣ зоҳир нагаштани қобилият ва натиҷаи тадқиқоти илмиву техникии онҳое, ки дар ҳамин соҳа фаъолият дошта, маҳсули корашон меҳнати мардумро сабук мегардонад, вобаста бошад, аз тарафи дигар, ҷавонони мо ҳанӯз қимати бойгариҳои табииву техникиашро дарк накардаву истифодаи мақсадноки онҳоро ёд нагирифтаанд. Аз ин рӯ, мо, бояд ҷавонони мамлакати худро бештар ба омӯхтану аз худ кардани илмҳои нави муосир роҳнамоӣ намоем.

Аз ҳамин қазия Сарвари давлат мақому манзалати ҷавонон ва нақши онҳоро дар эъмори давлати муосир ва рушди ҷомеа дар замони соҳибистиқлолӣ назаррас арзёбӣ намуда, таъкид кардаанд, ки “Онҳо дар амалисозии талаботу муқаррароти қонунҳои миллӣ, пешгири кардани бегонапарастӣ, ойинҳои барои мардуми мо бегона, таҳкими сулҳу субот дар ҷомеа, пешрафти давлат ва ободии ватан минбаъд низ саҳми арзишманди худро мегузоранд”.

Фаромуш набояд кард, ки пешрафти давлат ва ояндаи ободи Ватан аз сатҳи донишу маърифатнокии ҷавонон вобастагии мустақим дорад. Зеро бесаводӣ, ҷаҳолат ва хурофот ба инсон танҳо бадбахтӣ меоварад ва боиси ақибмонии ҷомеа ва касодии давлат мегардад. Мақсад аз амалӣ сохтани тамоми иқдомот дар баланд бардоштани сатҳи саводнокиву маърифатнокии ҷавонон, мунтазам беҳтар гардонидани сатҳу сифати таълим ва тарбияи кадрҳои ба талаботи замона ҷавобгӯй мебошад.

Хулоса аз таваҷҷуҳи беандозаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан Сарвари давлат, пеш аз ҳама, фарогирии ҳамаи кӯдакону наврасон ба таҳсил, бедор кардани истеъдоди фитриву қобилияти донишандӯзии онҳо ва дар айни ҳол ба онҳо омӯзонидани донишу дастовардҳои илму техникаи муосир мебошад. Ҳамзамон, дар марҳилаи кунунӣ рушди давлати соҳибистиқлол халқи бофарҳангу маърифатпарвари мо ҷавонон бояд дар руҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва одобу ахлоқи ҳамида тарбия ёбанд, то ки дар оянда ворисони сазовори Ватани худ шуда тавонанд.

Омӯзгорони кафедраи таърихи фалсафа ва фалсафаи иҷтимоии факултети фалсафаи ДМТ.- Абубакри М.Г., Каримзода К.Д.