Бо гузашти солҳо дар таърихи ҳар миллат санаҳое боқӣ мемонанд, ки арзиш ва аҳамияти онҳо бо мурури замон бештар гардида, ҳамчун сарвати маънавии миллӣ шинохта мешаванд. Ин гуна санаҳо барои наслҳои оянда чароғи роҳнамо дар роҳи худшиносиву худогоҳӣ, бунёдкориву созандагӣ ва таҳкими арзишҳои моддию маънавии давлату миллат хоҳанд буд.
Яке аз чунин рӯйдодҳои муҳим ва сарнавиштсоз барои миллати тоҷик ва Тоҷикистон – рӯзи ба имзо расидани Созишномаи умумӣ оид ба истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ мебошад, ки 27 июни соли 1997 ба вуқӯъ пайваст. Ин сана дар таърихи навини кишвар нуқтаи гардиш ва оғози марҳилаи нави рушди сиёсиву иҷтимоӣ ба ҳисоб меравад.
Бо ба даст омадани сулҳи деринтизор, дар кишвар заминаҳои зарурӣ барои оғоз ва татбиқи ислоҳоти сиёсӣ, таҳияи қонунгузории нав, таҳкими рукнҳои демократӣ, ташаккули сохтори бисёрҳизбӣ ва тасвиби рамзҳои давлатӣ фароҳам гардид. Тоҷикистон ҳамчун як давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ ва соҳибихтиёр мавқеи устувор пайдо кард.
Дар ин раванд ва дар раванди эъмори сулҳу суботи комил, рушди ҷомеа ва тақвияти ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бузургу таърихист. Ҳидоятҳои дурбинона ва талошҳои пайгиронаи Пешвои миллат кишварро ба сӯи оромӣ, ваҳдат ва пешрафт раҳнамун сохтанд.
Дар воқеъ мавриди зикр аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ, зарурияти ворид шудани худро ҳамчун субъекти нави ҳуқуқӣ дар низоми муносибатҳои байналмилалӣ зарур донист. Вобаста ба дархости давлати тозаистиқлоли Тоҷикистон 28 январи соли 1992 Шурои Амнияти СММ дар ҷаласаи худ қатънома оид ба шомил шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба аъзогии Созмони Милали Муттаҳидро қабул кард. Дар ин замина 2 марти соли 1992 дар асоси қатъномаи рақами 4622 -и иҷлосияи 46-уми Маҷмаии Умумии СММ Ҷумҳурии Тоҷикистон якдилона ба узвияти СММ пазирфта шуд.
Хушбахтона бо мурури дастрасӣ ба сулҳу суботи устувор ва рушду такомули муносибатҳои иҷтимоию иқтисодии кишвар таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамкориҳо бо давлатҳо ва созмонҳои дигари байналмилаливу минтақавӣ марҳала ба марҳала мазмун ва мундариҷаи нав пайдо карда, самтҳо ва тамоюлҳои нав гирифт, ки намунаи барҷаставу олии он ташаббусҳои байналмилаии Пешвои миллат Эмомаи Раҳмон дар рушду такомули ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии кишвар мебошад.
Намунаи барҷастаи он ҷонибдорӣ ва пазируфта шудани нахуст пешниҳоди Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар масъали таъмини оби тоза ба аҳли саёра мебошад, ки он дар Иҷлосияи 54-уми Маҷмаъи Умумии СММ 1- уми октябри соли 1999 эълон кардани соли 2003 «Соли оби тоза» мебошад, ки дар асоси ин ташаббус 20- уми сентябри соли 2000 дар Иҷлосияи 55 –уми МУ СММ соли 2003 ҳамчун соли байналмилалии оби тоза эълон карда шуд, ки дар пайи он Дабири кулли СММ Шӯрои машваратӣ оид ба захираҳои об ва беҳдоштро таъсис дод.
Дар ин радиф бо ибтикороти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба татбиқи амали кардани соли байналмилалии оби тоза аз 29 –уми август то 1 – уми сентябри соли 2003 дар шаҳри Душанбе Форуми байналмилалӣ оид ба оби тоза баргузор гардид. Дар форуми мазкур Эъломияи Душанбе қабул карда шуд. Тибқи ин эъломия 23 –юми декабр Мачмаи Умумии СММ солхои 2005-22015-ро Дахсолаи амал «Об барои ҳаёт» эълон намуд. Дар партави ин ташаббусхо 20 -уми декабри соли 2010 ташаббуси дигари Чумхурии Точикистон дар масъалаи об аз чониби Мачмаи Умумии СММ пазируфта шуд ва соли 2013-ро Соли байналмилалии ҳамкори дар сохаи об эълон карда шуд.
Бояд зикр кард, ки барои татбиқи Даҳсолаи байналмилаии амалиёти «Об барои ҳаёт» дар доираи ҳамкориҳо миёни Тоҷикистону Созмони Милали Муттаҳид чандин ниҳоду механизмҳои муассир, аз ҷумла ниҳоди «СММ-ОБ» соли 2003 ва соли 2009 бо ташаббуси Тоҷикистон дар СММ таъсис додани ниҳоде бо номи Гурӯҳи «Дӯстони об» мебошад, ки зиёда аз 100 кишвари аъзои СММ ба он ҳамроҳ гардид. Инчунин Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади саҳми арзанда гузоштан дар Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт» дар якҷоягӣ бо Ҷопон, Ҳолланд ва Олмон чорабинии махсуси «Об ва беҳдошт барои ҳама» ба рох монда шуд, ки он аз ҷониби Шурои ҳуқуқи башар ва беҳдошт (2008) тасдиқ гардида буд, дастгирӣ ёфт ва он ба татбиқи «Барномаи Ҳадафи Рушди Ҳазорсола», ки мутобиқи он то соли 2015 ду баробар кам кардани шумораи нафароне, ки ба оби тозаи ошомиданӣ ва шароити беҳдоштӣ дастрасӣ надоранд мусоидат намуд.
Дар робита бо пешниҳодҳои байнламилалӣ- глобалии «Соли байналмилалии об» (2003) ва Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт – 2005-2015», Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об (2013), метавон пешниҳоди чоруми Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмонро дар дар масъалаи об, ки барои рушди захираҳои инсон, аз байн бурдани сатҳи камбизоативу гуруснагӣ ва дигар ҳадафҳои вобаста ба соҳаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва тозагии муҳити зист равоона гардидааст, пазируфта шуд. 16 –уми декабри соли 2016 Маҷмаи Созмони Милали Муттаҳид дар иҷлосияи 71 –уми худ Қатъномаи худро оид ба эълони Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» барои солҳои 2018-2028 –ро қабул намуд, ки он аз ҷониби 193 давлати узви ин созмони бонуфузи байналмилалӣ якдилона дастгирӣ карда шуд. Бояд ёдовар шуд, ки дар доираи ин ташаббус дар ҳамкори бо ҷомеаи ҷаҳони роҳҳои нави ҳамкориҳо барои бартараф кардани масъалаҳои марбут ба оби тозаи ошомиданӣ ва таъмини об ба куллӣ аҳолии дунё ба роҳ монда шуда истодааст.
Охиран мехостам пешниҳоди панҷум ва шашуми байналмилалӣ-глобалии дигари Чумҳурии Тоҷикистонро, ки якдилона аз ҷониби созмонҳои байналмилалӣ ва давлатҳои ҷаҳон ба хуби пазируфта шуд ёдрас намоям, ки он ҳамасолаи ҷашн гирифтани рӯзи пиряхҳо 21 март, Соли 2025 – эълон гардидани Соли Ҳифзи пиряхҳо, “Даҳсолаи таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда” маҳсуб меёбад.
Вобаста ба пешниҳоди “Даҳсолаи таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда”, чуноне Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд “..Агарчи дар асри XXI инсоният дар роҳи рушди босуръати илму техника қарор дораад, вале равандҳои пуртазоди геосиёсӣ, муссалаҳшавии бошитоб, низоъҳои муссалаҳона, тафриқаву низоъҳои диннию мазҳабӣ, гузашта аз он тағйирёбии иқлим метавонад таззодҳои зиёдеро ба сари аҳли сайёра биорад”. Ба ин хотир Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми сафари навбатии хеш ба шаҳри Ню-Йорк дар 23 сентябри соли 2024, зимни суханронӣ дар Мубоҳисаҳои 79-уми Маҷмаи Созмони Милали Муттаҳид масоили мубрами аҳли сайёраро мавриди таваҷҷуҳ қарор дода, пешниҳоди навбатии хешро барои қабул ба Қатъномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид зери унвони “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда” иброз намуданд, ки он заминаи саривақтӣ дар таҳкими сулҳу суботи минтақа ва саросари ҷаҳон, ҳамчунин роҳҳои нави мубориза барои пешгири кардани ҳама гуна хатарҳои номатлуб аз аҳамият орӣ нахоҳад буд.
Дар маҷмуъ ташаббусҳои байналмилалӣ-глобалии Ҳукумати Тоҷикистонро бо кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ муқоиса кунем маълум мегардад, ки:
-Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин радиф бо беш 15 пешниҳод, аз ҷумла бо 6 пешниходи байналмилалӣ-глобалӣ ва 9 пешниҳоди минтақавӣ;
– Ҷумҳурии Қазоқистон бо 16 пешниҳод, 7 пешниҳоди байналмилалӣ- глобалӣ, 9 минтақавӣ;
-Ҷумҳурии Қирғизистон бо 3 пешниҳоди байналмилалӣ, ва 4 минтақавӣ;
-Ҷумҳурии Узбекистон бо 3 пешниҳоди байналмилалӣ-.глобалӣ ва 5 пешниҳоди минтақавӣ;
-Туркманистон бо 3 пешниҳоди байнамилалӣ-.глобалӣ ва 5 пешниҳоди минтакавӣ аз хам тафовут доранд, ки дар ин радиф Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз Чумхурии Қазоқистон дар мавриди пешниҳодҳои байналмилалии глобалӣ ва минтақавӣ мақоми дуюмро дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ишғол мекунад.
Гавҳар Иброҳимова, дотсенти кафедраи таърихи нав ва навини кишварҳои хориҷии факултети таърихи ДМТ