БАРРАСИИ ФАЪОЛИЯТИ САРПАРАСТОНИ ФАКУЛТЕТ

12

Имрӯз дар доираи нақша-чорабиниҳои бахши тарбияи ДМТ вохӯрии масъулини бахши тарбияи Донишгоҳ бо сарпарастони факултети фалсафа баргузор гардид.

Дар ҷаласа оид ба масъалаҳои тарбиявии Паёмҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин, дастурҳои роҳбарияти Донишгоҳ, хусусан ректори Донишгоҳ Насриддинзода Э.С. дар ин самт ва масъалаҳои муҳимми ба фаъолияти сарпарастони гурӯҳи академӣ вобаста баррасӣ шуд.

Дар ҷаласа раиси Шурои сарпарастони Донишгоҳ Ашуров И., декани факултети фалсафа, дотсет Сафарализода Х.Қ., муовини декан оид ба таълим м/к Раҳимов Д., муовини декан оид ба тарбия Сулаймонзода М., раиси Шурои сарпарастони факултети фалсафа Калонзода Ф. ва сарпарастони гурӯҳҳои академии факултети фалсафа иштирок доштанд. Дар масъалаҳои зерин масъулин дастурҳо гирифтанд: иҷрои дастуру супоришҳои роҳбарияти Донишгоҳ, саҳми фаъоли куратори гурӯҳи академӣ дар тарбияи ватандӯстии донишҷӯён, мақсаднок баргузор кардани дарсҳои тарбиявӣ, иҷрои талаботи дастури вазифавии куратори гурӯҳи академӣ, корҳои инфиродӣ-фаҳмондадиҳӣ бо донишҷӯён, саҳми фаъоли куратори гурӯҳи академӣ дар ташкил ва баргузории маҷлисҳои волидайн, фаъол гардонидани иҷрои навбатдорӣ дар сатҳи факултет ва хобгоҳҳо, ташкили дафтари қайди суҳбатҳо бо падару модарони донишҷӯён, ташкили гурӯҳҳои ташвиқотӣ аз ҳисоби донишҷӯёни фаъол ва забондон ва ғ..