БУЛЛИНГ, МОББИНГ ВА ХЕЙЗИНГ – МУҶИБИ РУШДИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯ

633

Бо ибтикори кафедраи психологияи факултети фалсафа дар мавзӯи «Масъалаи омода намудани равоншиносҳои мактабӣ дар Тоҷикистон» мизи гирди ҷумҳуриявии илмию амалӣ баргузор гардид. Дар нишаст намояндаи раёсати илми донишгоҳ Абдуллозода Р., декани факултети фалсафа Маҳмадизода Н., устодони кафедраи мазкур Амонов Н., Давлатов М., психологи мактаби Литсей-интернати №1 барои бачагони болаёқат Саидов Б. ва магистри кафедраи психология Хайруллоев К. суханронӣ намуданд. Дар нишаст роҷеъ ба масъалаҳои ташкили фаъолити психологи мактабӣ, зӯроварӣ дар мактаб ва роҳҳои пешгирии он, таҳлили вазъи рушди хадамоти психологӣ дар мактаб ва каҷрафторӣ дар мактаб маърузаҳо ироа шуд.

Дар нишаст гуфта шуд, ки мактабҳои таҳсилоти миёнаи ҷумҳурӣ ба мушкилоти психологӣ дучор шудааст ва барои бартараф кардани онҳо ҷалби психологҳо ба мактаб ва ё омода намудани мутахассисони соҳаи психология барои мактабҳо муҳим аст. Таъкид шуд, ки амалҳои психологии буллинг (масхараи як нафар аз ҷониби коллективи гурӯҳ ё шахсони алоҳида), моббинг (шакли зӯроварӣ тариқи овози баланд, чеҳраи туруш, таҳдиду пастзанӣ) ва хейзинг (таҳқир ба шаъну шараф ва симои зоҳирӣ) дар мактабҳо, на танҳо дар мактабҳои миёна, балки дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ низ дида мешавад, ки ин боиси тунд гаштани рушди таълиму тарбия гаштааст.