ДАСТОВАРДҲОИ БЕНАЗИРИ ИСТИҚЛОЛ

33

Дар даврони соҳибистиқлолӣ маҳз бо дастгирӣ, азму талош ва ғамхориву ҳидоятҳои неку созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин, бо шарофати ваҳдату ягонагӣ ва истиқлол, Тоҷикистон азизи мо ба марҳилаи нави созандагию бунёдкорӣ қадам гузошт ва ба хотири пойдории истиқлоли воқеии мамлакат бунёди як силсила иншоотҳои тақдирсоз ва сохтмонҳои бузурги дорои аҳамияти умумидавлативу байналмилалӣ идома дода шуд, ки онҳо пешомадикишварро дар дурнамои наздик муайян ва роҳнамоӣ менамоянд.

Истиқлоли давлатӣ дастоварди бузург дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошад. “Истиқлол” мафҳуми арзишманд ва дар навбати худ калидие мебошад, ки ноил гардидан ба он шарафи бузург барои ҳар як миллат аст. Истқлоли давлатӣ ба он мусоидат намуд, ки рушди босубот дар кишвар таъмин гардад, сатҳи некуаҳволии аҳли ҷомеа беҳтар ва натиҷаҳои бузург дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ба даст оварда шавад.

Ба роҳ мондан ва татбиқи се ҳадафи стратегӣ дар даврони истиқлол барои кишвар имкониятфароҳам овард, ки вазъи иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дар кишвар рушд ёбад ва такони ҷиддиедар сатҳи некуаҳволии ҷомеа ба амал ояд. Албатта, истиқлоли давлатии Тоҷикистон, ки 33-сола дорад, ба он мусоидат намуд, ки дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар дастовардҳо ва комёбиҳои беназир ба даст оварда шаванд.

Яке аз дастовардҳои сиёсии истиқлоли давлатӣ ин ба даст овардани давлатдорӣ мебошад. Маҳз дар сатҳи давлатдорӣ як миллат ё халқ метавонад сохти ҳаёти иҷтимоӣ, низоми сиёсӣ ва шакли идоракунии давлатиро нишон диҳад ва дар навбати худ низоми ҳуқуқии миллиро таъсис диҳад. Аз ин лиҳоз, дар таърихи муосири Тоҷикистон ба даст овардани давлатдории миллӣ падидаи нодир буда, дастоварди беназири истиқлол мебошад.

Раванди ба даст овардани истиқлолият дар ҷумҳурии мо назар ба дигар ҷумҳуриҳои осиёимиёнагӣ бе қурбониҳо ва душвориҳои сангин ба даст наомад. Дар байни қишрҳои гуногуни ҷомеа нофаҳмиҳо ба вуҷуд омад, ки билохир ба ҷанги шаҳрвандӣ оварда расонд. Хушбахтона, фарҳанги бузурги тоҷикона ғалаба кард ва дар тафаккури шаҳрвандон ҳисси ягонагӣ, ваҳдат, ҳамдигарфаҳмӣ, гузаштан аз ҷурми якдигар ба умеди шукуфоии оянда боло гирифт.

Сулҳу ваҳдат дар кишвар пойдор гардид. Маҳз ваҳдати миллӣ ва сулҳ нуқтаҳои калидие буданд, ки истиқлолияти давлатиро таҳким бахшиданд ва роҳро барои бартараф намудани рушди иҷтимоӣ, сиёсӣ ва иҷтисодии кишвар кушоданд. Инчунин, сулҳ имкон дод, ки ихтилофҳо дар кишвар барҳам дода шуда, тамоми гурезаҳо ба Ватан баргардонда шаванд ва як заминаи воқеӣ барои ҷомеаи боамну босубот дар кишвар муҳайё карда шавад.

Истиқлолияти давлатӣ барои мо имкон дод, ки баҳри ҳифзи забон, таърих ва фарҳанги ниёгони худ аҳамияти махсус диҳем. Чунки забони миллии мо ифодакунандаи таърих ва саргузашти миллат, воситаи муҳимми мавҷудияти миллати тоҷик баҳри дарки ҳувияти ӯ дар тули асрҳо ба шумор меравад. Истиқлолияти давлатӣ барои рушди забони тоҷикӣ, ҳамчун забони давлатӣ шароити мусоид фароҳам овард, ки ҳифзу гиромидошт ва тозагии он вазифаи ҳар як фарди бонангу номуси кишвар мебошад. Бояд қайд намуд, ки дар даврони истиқлолият баҳри бедории худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ назари амиқ намудан ба таърихи миллати тоҷик ва расму ойинҳои миллӣ, рушди фарҳанги миллӣ ва амсоли инҳо корҳои зиёде ба сомон расонида шуданд.

Инчунин, баргузор намудани ҳамоишҳои илмӣ баҳри бузургдошти фарзандони бузурги миллат бо ҷалби олимону муҳаққиқони ватаниву хориҷӣ низ дастоварди азими даврони истиқлолият ба шумор меравад. Ин ҷашнҳо, аз як тараф, бозгӯкунандаи он ҳастанд, ки насли муосир бидонад, ки чунин таърихи воло ва аҷдодони барӯманд дорад ва аз тарафи дигар, омили тақвиятбахшандаи ваҳдати миллӣ ва ҳамгироии шаҳрвандон дар зери парчами давлати мустақил бар зидди таҳдидҳои ҷаҳони муосир мебошанд.

Истиқлолияти давлатӣ барои рушди иқтисодиёти ватанӣ шароити мусоид фароҳам овард. Амали гардондан ва тақвият бахшидани раванди татбиқи се ҳадафи стратегӣ – “баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ”, “таъмини амнияти озуқавории кишвар” ва “ба даст овардани истиқлолияти энергетикӣ” вазифаҳои аввалиндараҷа буда, муҳайё намудани заминаҳои воқеӣ дар кишвар оид ба рушди соҳибкорӣ ва дар маҷмуъ, баланд бардоштани иқтисодиёт муҳим мебошад.

Рушди иқтисодии кишвар омили муҳим барои тақвияти ваҳдати миллӣ дар даврони истиқлолият низ мебошад. Дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ корхонаҳои нав бунёд мегарданд ва ҷойҳои нави корӣ ба вуҷуд меоянд, ки боиси рушди ин ё он маҳал ва баланд гардидани сатҳи иқтисодии аҳли ҷомеа мегардад. Гурӯҳҳои иҷтимоӣ – этникӣдар рушди иқтисодиёти кишвар сҳми худро мегузоранд. Аз тарафи дигар, дар даврони истиқлолият муҳоҷирати дохилӣ низ тақвият пайдо кардааст, ки боз ҳам такони ҷиддие барои ҳамгироии намояндагони минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ ва ваҳдати миллӣ мегардад.

Бунёди роҳҳои оҳан ва автомобилгард ба монанди“Роҳи мошингарди Бадахшон”, “Роҳи оҳани Хатлону Кулоб”, таҷдид намудани бунёди неругоҳи бузурги аср – НБО-Роғун, Сангтуда-1, Сангтуда-2 қадами бузург баҳри иҷрои ҳадафҳои стратегӣ ва омили муҳим баҳри ҳамгироии ҷомеа маҳсуб меёбад.

Қабулгардидани Қонуни ҶТ “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” иқдоми бузург ва роҳи башардӯстона баҳри ҳифзи вазъи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маънавии ҷомеа буда, пеш аз ҳама, баҳри барқарор гардидани адолати иҷтимоӣ равона гардидааст. Таҷрибаи амалӣ гардидани Қонуни танзим нишон дод, ки дар ҷомеа сатҳи маърифатнокии мардум нисбат ба расму ойинҳо баланд гардид, аҳли ҷомеа хурофотро аз маросимҳои воқеан муҳими милливу динӣ фарқ намуд, як муҳити воқеан, равонии баробарӣ дар миёни қишрҳои гуногуни ҷомеа барқарор шуд. Ҳамзамон дар муддат як раванди омили тарбиявӣ доштани қонун падид омад, ки метавонад кирдорҳои номатлуби худнамоӣ ва зоҳирпарастиро аз байн барад.

Бояд зикр намуд, ки ҷашну маросимҳо ва анънаҳо аз насл ба насл гузашта дар ҳаёти ҳаррӯузаи мо ҳамчун омилҳои зарурии иҷтимоӣ зуҳур намудаанд. Аксари ҷашну маросимҳо баёнгари арзишҳо ва асолатҳои фарҳангии мо бошанд ҳам, вале онҳоро ба як низоми муайян даровардан ва тибқи талаботи замони муосир сомон доран хеле зарур аст.

Ҳамчун таҷрибаи беназир ва дастоварди бузург метавон Қонуни ҶТ “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” –ро ҳисоб намуд, ки мақсад аз қабул гардидани он тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва эҳтироми арзишҳои миллӣ мебошад. Дар даврае, ки ҷомеаи моро хатарҳои зиёд таҳдид менамоянд, бояд ҳар як падару модар дар тарбияи фарзандон масъул бошанд, ки онҳо бояд ба ҷомеа фарзандони рӯҳан ва ҷисман солимро ҳадя кунанд.

Падидаи муҳими дигар дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ин қабул гардидани пешниҳодҳо дар сатҳи байналмилалӣ мебошад. Ин пешниҳодҳо бо сарварии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳифзи манфиати миллӣ ва дарки баробариву ҳамкории судманд дар сатҳи байналмилалӣ манзур гардиданд. Махсусан, дар соҳаи об аз ҷониби Сарвари давлат ин ташаббусҳо – Соли байналмилалии оби тоза (соли 2003), Даҳсолаи амалиёти байналмилалии “Об барои ҳаёт” (солҳои 2005-2015), Соли байналмилаии ҳамкорӣ дар соҳаи об(2013) ва Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, солҳои 2018-2028 пешниҳод гардиданд, ки Созмони Милали Муттаҳид онҳоро дастгирӣ ва доир ба онҳо қатъномаҳо қабул намуд. Бояд зикр кард, ки ташаббуси Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, солҳои 2018-2028 22 марти соли2018 оғоз гардид.

Ба ин муносибат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи 72-юмин СММ суханронӣ намуда, таъкид карданд, ки масъалаи об ва таъмини он яке аз масъалаҳои муҳими инсоният ба шумор рафта, фаъолияти дастҷамъона ва муносибати ҷиддиро тоқозо менамояд

Бунёд ва азнавсозии муассисаҳои таҳсилотӣ ва тиббӣ, аз ҷумла мактабҳо, беморхонаҳо, литсейҳо, донишкадаву донишгоҳҳо дар саросари кишвар аз ҷумлаи амалӣ намудани барномаҳои маърифатноккунии ҷомеа ба шумор меравад. Дар ин самт вазифаи асосӣ на танҳо сохтмон, балкӣ ба талаӣоти замона ҷавобгӯ будан ва муҳайё намудани шароити муосири таълим ва таҷҳизоту лавозимоти замонавӣ, аз ҷумла технологияҳои иттилоотӣ ва дигар воситаи техникӣ мебошад. Ҳамаи ин ба самти тарбияи дурусти насли наврас, баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, омӯзиши илмҳои дақиқ ва забономӯзӣ ҳидоят намудани хонандагон, дар рӯҳияи ватандӯстиву ифтихори миллӣ ва арзишҳои милливу умумибашарӣ тарбия намудани наслу наврас дар ҷомеа равона шудаанд.

Дар охир бояд қайд намуд, ки дар саргаҳи тамоми дастовардҳою комёбиҳоямон шахсияти миллӣ Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун фарди дурандешу олиҳиммат, сиёсатмадори варзидаи сатҳи ҷаҳонӣ, сармеъмори Кохи Ваҳдати миллӣ, ҳомию нигаҳбони арзишҳои милливу фарҳангӣ қоиму устувор фидокорӣ карда, давлату ватанамонро ба имрӯзу фардои дурахшон ҳидоят месозад. Барои ҳар як сокини Тоҷикистон муҳофизати музаффариятҳои истиқлолияту ваҳдат қарзу фарз аст. Ҳамчунон бояд зикр намуд, ки истиқлолияти Тоҷикистон, пеш аз ҳама дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидани сиёсати иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат, инчунин шарафу номуси ватандорӣ, мустақилона рушд кардани сиёсати иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат, инчунин шарафу номуси ватандорӣ, ҳувияти миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ, меҳанпарастӣ, ифтихор аз давлату миллати хеш ва талошу муборизаи бардавоми ҳар як фарди банангу номус ба хотири ободӣ ва шукуфоии Тоҷикистон аст.

Саидзода Далер Муҳибулло,Доктори фалсафа PhD, муаллими калони кафедраитаърихи фалсафа ва фалсафаи иҷтимоии ДМТ