ХАТАРҲОИ СОЗМОНҲОИ ЭКСТРЕМИСТӢ ВА ТЕРРОРИСТӢ ДАР ШАРОИТИ ИМРӮЗА

17

Терроризм ва экстремизм аз як ҷониб чун як вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда аз ҷониби дигар, аъмоли он гувоҳ аст, ки терроризм ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад. Ҳамзамон, як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ба ҷони ҳар як сокини сайёра аст. Ин зуҳуроти фалокатбор ҳеҷ умумияте ба дин, аз ҷумла ба дини мубини ислом надорад ва бо истифода аз номи ислом ба хотири ҳадафҳои сиёҳу ғаразноки сиёсӣ содир карда мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон

Имрӯз дар толори Шурои олимони факултети фалсафа ҳамоиши илмӣ бо иштироки устодон ва донишҷӯёни факултет баргузор гардид, ки мавзуи ҳамоиш татбиқи «Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2025» буд. Дар кори нишаст декани факултети фалсафа, дотсент Сафарализода Х.Қ., мудири кафедраи равандҳои сиёсӣ дар Тоҷикистон, дотсент Қаландарзода К.Қ. ва ассистенти кафедраи равандҳои сиёсӣ Раҳимзода Ф.М. суханронӣ намуда, доир ба паҳлуҳои мухталифи мавзуи мазкур табодули андеша намуданд.

Дар ҷараёни ҳамоиш таъкид шуд, ки яке аз масъалаҳои муҳиме, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла Тоҷикистонро ба ташвиш овардааст, терроризм ва экстремизм мебошанд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар бораи зуҳуроти хатарноки терроризм ва экстремизм, ки дар шароити мураккаби ҷаҳони муосир паҳн гардида истодааст, таъкид карда, барои муқовимат ба ин хатарҳо таваҷҷуҳ зоҳир намудаанд.

Ҳамчунин, дар ҷараёни нишаст зикр гардид, ки баланд бардоштани маърифати сиёсӣ ва ҳуқуқии ҷомеа, нақши муассисаҳои таълимӣ ва оила дар тарбияи шаҳрвандон аз омилҳои калидии пешгирии терроризм ва экстремизм ба шумор меравад. Нишаст бо саволу ҷавоб ва мубодилаи афкор ба анҷом расид.