ХУДШИНОСИИ СИЁСӢ ВА АҲАМИЯТИ ОН ДАР ЗАМОНИ МУОСИР

24

Дар фаҳми илмиву муқаррарӣ мафҳумҳои зиёде мавҷуданд, ки муносибати субъективии инсон, ҷомеа ва умумиятҳои иҷтимоиро ба ҳолатҳо ва унсурҳои муайяни ташаккули таърихиву сиёсӣ ва маънавӣ ифода месозанд. Аз ин рӯ, дарки ҳолати воқеии сиёсӣ ва мансубият ба онро бо мафҳуми худшиносии сиёсӣ муайян намудан мумкин аст. Худшиносии сиёсӣ ин аз ҷониби фард эътироф намудани мансубияти ӯ ба созмон, гурӯҳ ё роҳбарияти муайяни сиёсӣ мебошад. Ин чун қоида боиси пайдо шудани образҳои устувор ва шаклҳои рафтори сиёсӣ мегардад. Асосгузори сулҳу ваҳдат – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронию баромадҳои хеш масъалаҳои худшиносию худогоҳии милливу сиёсиро дар инкишофи истиқлолияти Тоҷикистон баръало нишон дода, гуфтаанд: “Озодӣ ва истиқлолият дар ҳар давру замон неъмати бебаҳо ва волои ҳаёти инсон, нишонаи барҷастаи симо ва ташаккули таърихӣ, кафили пешрафт, рамзи асолату ҳуввият ва шарти бақои миллат ва пойдории давлат мебошад. Гузашта аз ин, истиқлолият мазҳари идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ, замонати ҳастии воқеӣ ва шарофату эътибори ҷаҳонии миллат аст”

Худшиносии сиёсӣ, ки қисми таркибии шуури сиёсӣ мебошад се ҷиҳати асосӣ дорад:

– ҳувият ё худшиносии сиёсӣ ҳамчун ягонагии худмаърифатии сиёсӣ баромад менамояд. Он ба сифати маҷмӯи донишҳои объективии даркшудаи одамон нисбати мақом ва нақши онҳо дар сиёсат, фаъолияти сиёсӣ ва раванди сиёсӣ амал менамояд. Ахборот ва муқоисаю таҳлили онҳо бо тасаввурот дар бораи нақши одамон, имконият ва қобилияти онҳо дар муҳити мазкур дар маънии хусусиятҳои худмаърифатии сиёсӣ дониста мешаванд;

– ҳиссиёти сиёсӣ, ки оид ба масъалаҳои гуногун шахсро ба гирдоби андешаҳо мекашанд ва дар инсон ҳолати дигари сифатӣ пайдо мешавад;

– худбаҳодиҳии сиёсӣ. Шахс ба қобилият, имконият, натиҷаҳои эҳтимолӣ ва пешомади фаъолияти сиёсии хеш баҳо медиҳад. Тасаввурот дар бораи афзалиятҳои хеш, камбудиҳо ва нақши сиёсии шахс дар ташаккули худшиносии сиёсӣ аҳамияти махсус пайдо менамояд.Худшиносии сиёсии инсон барои ташаккули минбаъдаи ӯ дар ҷомеа кумак менамояд ва онро ба субъекти фаъоли сиёсӣ табдил медиҳад. Ҳувияти шахс дар робита бо одамон барои фаҳмидани мансубияти онҳо дар ҷомеа ва қабул кардани меъёрҳои сиёсиву ҳуқуқӣ кумак мекунад. Худшиносии сиёсӣ дар лаҳзаҳои буҳрони давлат, пайдо шудани аломатҳои таҳдиди пошхӯрии давлат, ҳангоми таҳдиди беруна ва ё ба объекти таҷовуз табдил шудани давлат шиддат меёбад.

Худшиносии сиёсӣ вазифаи мустаҳкамнамоии системаи сиёсиро таъмин мекунад, зеро бо мавҷудияти робитаҳои қавии руҳиву ҳиссии байни давлат ва шахс ба нигоҳ доштани ҳолати мавқеъи он мусоидат мекунад. Ташаккули худшиносии сиёсӣ бештар бо таҷрибаи шахсӣ ва фаъолияти касбии инсон вобаста аст. Иштирок дар амалҳои муштарак бо аъзои гурӯҳи сиёсӣ, вохӯриҳо ва робитаҳои шахсӣ бо роҳбари сиёсӣ имкони ташаккули худшиносии сиёсиро ба миён меоранд. Инчунин, дар натиҷаи сотсиализатсияи сиёсӣ шахс нисбат ба давлат, умуман ҳокимияти сиёсӣ ва намояндагони алоҳидаи он муносибати худро пайдо мекунад ва дар ин зумра маданияти сиёсси хешро ташаккул медиҳад.

Тарҳрезии рамзӣ ба мисоли асотирҳо ва расму оинҳои сиёсӣ заминаи маърифатии ҳувиятро ба вуҷуд оварда, воқеияти сиёсиро шарҳ медиҳанд ва онро аз ҷиҳати эҳсосотӣ сер мекунанд. Амали мазкур барои ташаккули худшиносии сиёсӣ аҳамият дорад. Худшиносии сиёсӣ метавонад дар раванди узвият дар ҳизби сиёсӣ ташаккул ва инкишоф ёбад. Он ҳамчун яке аз рукнҳои ҳувияти сиёсӣ баромад намуда, метавонад хусусияти ҳатмии он набошад. Иштирок дар ҳаракатҳои оммавии ихтиёриён метавонад як зуҳури мавқеъи ватандӯстии шаҳрвандӣ – далели мавҷудияти худшиносии ташаккулёфтаи сиёсӣ бошад.

Дар раванди фаъолияти сиёсӣ худшиносии сиёсӣ ба таври зайл муайян карда мешаванд.

Гурӯҳӣ. Шахси фард худро узви созмони сиёсӣ медонад, ҳадафҳои барномавии он аст ва ба ақида ва манофеи аъзои дигари ин созмон наздик ва дарк мекунад.

Истинодӣ. Он вақте ба миён меояд, ки фард ба таври расмӣ ба созмони дахлдори сиёсӣ дохил намешавад, вале дар байни манфматҳои субъектҳои сиёсат гурӯҳи мушаххасро барои худ ҳамчун аҳамиятнок ҷудо мекунад.

Махсусгардонидашуда. Он дар муносибати махсуси эҳсосотӣ ба пешвои мушаххаси сиёсӣ, хоҳиши тақлид кардан ё дастгирӣ кардани ӯ зоҳир мешавад.

Миллӣ-давлатӣ. Дар ин маврид андешаҳо дар бораи арзишҳои умумии фарҳангӣ ва сиёсӣ-ҳуқуқӣ, хотираи муштараки гузаштагон, симои давлат, ватандӯстӣ ва шаҳрвандӣ ҳамчун унсурҳои асосии худшиносӣ баромад мекунад.

Ҳамин тариқ, масъалаи худшиносии сиёсӣ масъалаест, ҳар шахс ва ҷомеаро фаро гирифта, дар раванди талаботҳои низоми сиёсӣ, арзишҳои мавҷуда, таъсиррасонии глобалӣ тағйир меёбад ва он ҳар замон нидое аз худогоҳӣ аз маърифати сиёсӣ аст.

Раҷабов Бахтиёр,дотсенти кафедраи сиёсатшиносии ДМТ