Умед ба ояндаи боамн дар солҳои оғози ҷанги шаҳрвандӣдар қалби ягон шаҳрвандӣ кишвар боқӣ намонда буд. Ҳеҷ кас кафолати зинда монданро ба касе дода наметавонист.
Давлати ҷавони Тоҷикистонро беҳокимиятӣ ва ҷудоиандозӣ фаро гирифта буд. Ҷабҳаҳои гуногун, ҳизбу ҷунбишҳои мардумӣ ба таври худ давлатсозӣ мекарданд. Тоҷикистонро аз нав тақсим месохтанд. То ҳаде тақсим месохтанд, ки дар харитаи сиёсии олам бо чунин ном давлат вуҷуд надорад. Ҳеҷ гоҳ воқеаҳои таърихӣ, ва хатогиҳои гузаштаро пеши назар намеоварданд. Вале ҳеҷ кас андешае барсар надошт, ки давлатро бо дасти худ нобуд намуда, онро ба кӯчаи касногузарӣ таърих ҳавола месозанд.
Вақте расид, ки тоҷик аз хонаву дари хеш ва аз хоки Ватани азизаш фирор кунад. Фазои даҳшатангези задухурдҳо ва муқовимати мусаллаҳона аҳволи мардумро мураккаб сохта одамони зиёдро маҷбур намуд, ки макони зисти худро тарк намуда барои саломатии ҷони худ сари хешро ба ҳар дар бикубанд. Ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон раванди басо сангин ва душвори мардуми азияткашидаи тоҷик буд. Ҳолати тоқатфарсои Тоҷикистон оммаи заҳматкашро маҷбур намуд, ки ҳазор нафар хоки сарзамини хешро тарк намуда, ба давлатҳои ҳамсоя аз ҷумла ба хоки Афғонистон гуреза гарданд. Шароити зисти онҳо дар ин давлати ҷангзада касро ба андеша водор намесохт, ки аҳволи ин мардум чи гуна буд? Қисми аз онҳо аз гӯруснагӣ, ҳолати антисанитарӣ ва мавриди фишору тақиби гурӯҳҳои ҷиноятпеша ба ҳалокат расиданд. Дар хоки давлати бегона мазорҳои ба ном «гӯристони гурезагони тоҷик» бунёд гардид. Тоҷикон аз тохтутози бегонагон, аз ҷабри зулми аҷнабиён аз водиҳо, шаҳру деҳае, ки зиндагӣ менамуданд, ба кӯҳу дараҳои сарзами худ фирор карда буданд.
Вале аввалин бор тоҷик худ аз худ мегурехт ва бо ҳамон сарзаминаш, ки имрӯз дар қаламрави дигарон аст. Он ҳамватани азиз аз баҳри ҳама муқаддасоташ гузашта, гуреза гардид. Бо самте гуреза гардид, ки номуайян аст ва ҳаёт дар фаҳмиши томаш вуҷуд надорад.
Аз оне гӯрезад, ки бародар ва ҳамватанаш аст. Ин нишона фоҷеаи бузург дар таърихи миллати тоҷик аст. Чунин амали нанговар субъектҳои асосии моҷарои сиёсии Тоҷикистонро ба андеша водор насохт.Чунин вазъият омиле гашт, ки мардуми тоҷик сари мизи музокира нишинанду бо ҳам муросо кунанд. Даъвати Иҷлосияи Шурои Олӣ дар доираи чунин ҳадафҳо ва вазифаҳо воқеият меёфт.
Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеан падидаи муҳимтарини таърихи навини кишвар аст. Иҷлосия оғози ба эътидол овардани раванди сиёсӣ ва муаяйн намудани самтҳои инкишофи стратегии мамлакат гардид. Дар назди ин иҷлосия вазифаҳои мураккаби ҳалли моҷаро, барқарор намудани сулҳ, баргардонидани гурезаҳо, таъмини суботи сиёсӣ, ҳимояи тамомияти арзӣ ва якпорчагии кишвар меистод. Вазифаҳои Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бештар дар ду самт ба таври барҷаста намудор гардидаанд.
Аввало, аз ҳолати муқовимати мусаллаҳона баровардани кишвар ва ба оштии миллӣ расидан.
Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди масъалаҳои асосии инкишофи мамлакат қарорҳои судманд ва дурусте қабул намуд, ки бевосита ба маҷрои рушди босубот омадани мамлакат мусоидат намуданд. Ҳокимияти давлатӣ бо тамоми мақомоти қонуниаш барқарор гардид. Роҳу воситаҳои аз ҳолати муқовимат баромаданро муайян намуда, тарҳи сулҳро ташаккул доданд. Иҷлосия дар инкишофи мамлакат марҳилаи сифатан навро оғоз бахшида, бунёди ҷомеаи озоду мутамаддинро асос гузоштааст. Он натанҳо гузориши масъалаҳоро ба миён овард, балки самтҳои асосии инкишофи кишварро муайян намуда, неруҳои мутаҳаррики ҷомеаро барои амалӣ намудани ҳадафҳои ниҳоӣ ва вазифаҳои бунёдӣ ҳидоят намуд. Иҷлосияи мазкур тавонист роҳу воситаҳои ҳалли муқовимати мусалаҳонаро дуруст нишон дода, воситаҳои амалӣ намудани раванди сулҳофариниро муайян намуда, ба хотимаи ҷанги ҳамватанӣ ноил гардад. Иҷлосия тарҳи сулҳи кишварро таҳия намуда, ризоияти ҷомеаро мураттаб гардонид ва ваҳдати миллиро оғоз бахшида, давра ба давра онро тақвият бахшид ва масъалаҳои асосии марҳилаи таърихии инкишофи кишварро муайян намуд.
Вазъияти мушкили давр шахсиятҳои бузургро тавлид месозад. Оммаи мардум дар симои ин гуна шахсиятҳо наҷотбахши худро мебинанд. Таърих гувоҳи медиҳад, ки шахсони зиёде буданд ва ҳастанд, ки баҳаёти ҷомеа такони пурзeре додаанд. Бузургии ин гуна одамон дар он аст, ки тавонистанд манфиатҳои умумии одамонро ифода намоянд ва баҳри ҳимояи онҳо кӯшишҳои зиёде бахарҷ диҳанд. Аз ин хотир, оммаи мардум ин гуна одамонро эҳтиром намуда, пешвои худ мехонад. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳз бо чунин рисолат аз рӯзи аввал вориди вазъияти сиёсӣ гардид.
Ҷойгоҳи ин шахсият дар таърихи миллати тоҷик басо бузург аст. Бузургтарин рисолати Пешвои миллат он буд, ки пеши роҳи ҷанги бародаркушро гирифта, Тоҷикистонро аз вартаи нобудшавӣ раҳонид. Миллати тоҷикро ба ормонҳои ҳазорсолаи таърихиаш расонида, соҳибдавлат гардонид. Ба Пешвои миллат аз давлати Советӣ чизе мерос намонд. Ба ҷузъ аз харобиҳои ҷангӣ ҳамватанӣ, падарони фарзандгумнамуда, фарзандони бепадару модар, занҳои бешавҳар, иқтисодиёти нобудшуда, ва ноумедӣ ба рӯзи дигар мерос монд. Вале бо ҳамаи ин ноумедиҳо ва мушкилиҳои сангин Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рисолаташро идома дод, ноумед нагардид ва Тоҷикистонро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ пайваст сохт.
Раҳимов Д.Қ., номзади илмҳои сиёсӣ, муовини декан оид ба таълими факултети фалсафаи ДМТ