ҲИФЗИ АРЗИШҲОИ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ ДАР ШАРОИТИ ҶАҲОНГАРОӢ

186

Имрўз дар ҷаҳони муосир дар баробари ташаккули бо суръати маърифативу ақлониву техники инсоният ба падидаҳои дигари фарҳангӣ ру ба ру шудааст, ки метавонад омилҳои хатарзоеро ба бор оварад. Яъне дар шароити муосир барои устувор сохтани мавқеи худ пиёда намудани манфиатҳо давлату миллатҳо аз арзишҳои фарҳангӣ ба ҳар роҳу воситаҳо истифода мебаранд, ки яке аз ин воситаҳо дар заминаи арзишҳои фарҳанги қадима сохтани тамаддун ва ё тамаддунсозӣ мебошад.

Аз ин ру давлати моро зарур аст, ки вобаста ба тавонои иқтисодӣ, сиёсӣ, ахборотиву мавқеи геополитикиамон арзишҳои фарҳангӣ ва истиқлои худро ба таври мухталиф метавон ҳифз кард. Чун, ки талаботи асоси дар шароити муосир дар заминаи давлати миллӣ ҳифз намудани арзишҳои фарҳанги миллӣ ва ташаккули ҳуввияти миллӣ ҳисобида мешавад.

Пушида нест, ки фарҳанг ва тамаддуни тоҷикон дар минтақа яке аз қадимтаринҳо ба ҳисоб рафта аз ҷониби муҳақиқони ҷаҳон борҳо тадқиқ ва бо далелҳои муътамад исбот шудааст.

Яке аз далели равшан эътирофи Чингиз Айтматов нависандаи бузурги қирғиз дар бораи Бобоҷон Ғафоров ва китоби Ў “Тоҷикон” аст, ки гуфтааст. “Бобоҷон Ғафуров бузургтарин симои илмии ҷаҳонӣ буда, бо ҷустуҷуҳои доманадор бо ғурури балани худшиносӣ ва талошу орзуҳо тавонист миллати соҳибфарҳангу соҳибтамаддуни хеш тоҷиконро дар саҳифаҳои таърихи ҷаҳон муаррифи созад. Дар солҳои фаъолияти Ў (дар даврони интернатсионализми байналхалқӣ) навиштани китоби “Тоҷикон” бешак қаҳрамонист. Ман гумон мекунам, ки на ба ҳама муҳақиқ таълифи чунин шоҳасар насиб мекунад”.

Илова бар ин муҳақиқи рус А.Д. Гребкин дар асари таҳлиливу таҳқиқотии худ “Таджик//руски туркистан” масква 1872., кӣ будани тоҷиконро эътроф карда посухи худро додааст, ки чунин суханҳои пурмуҳтаво нисбати ин миллати қўҳанбунёд ва фарҳангофар дар сарчашмаҳои мухталифи ҷаҳонӣ хеле зиёданд, ки намунаи аз онҳо овардем.

Бо вуҷуди талошҳои пайгирона ва ҷидду ҷаҳдӣ хастанопазирӣ Сарвари давлат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин ҷода ҳанўз қисме аз мардум ба ҳамон тарзи тафаккури пешина ба ҷаҳон ва ҷомеа нигариста, қисми дигаре аз арзишҳои ҷомеаи ғарбӣ ба хусус: демократизатсия, универисализатсия, глобализатзия, интегратсия ва ғайра пайравӣ намуда қисми дигаре аз ҷомеа бошад, ба хурофоту ифротгароӣ гаравида дар зери ниқоби арзишҳои бо ном исломӣ, арзишҳои фараҳангӣ ва манфиатҳои миллатҳои бегонаро пайравию тарғиб менамоянд. Ин дар ҳолест, ки раванди ҷаҳонгароӣ тамоюҳоеро пеш меорад, ки истиқлолияти давлатӣ ва арзишҳои фарҳангӣ миллиро зери хатар меорад. Аз ин ру дар шароити муосир пешниҳоди лоиҳаи қонуни масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд, ки манъи пушидани либосҳои бегона (сатру ҳиҷоб, нимбараҳнаи ғарбӣ ва ғайра), боздиди қонуни танзими анъана ва ҷашну маросимҳо ва амсоли инҳо айни мудаост.

Бояд гуфт, ки ин марди наҷиб эҳёгарӣ арзишҳои волои фарҳангӣ миллӣ, асолати фарҳангӣ мардуми тоҷик дар асри навин мебошад. Сарвари давлати мо бо иқдоми густурдаи фарҳангпарваронааш баҳри таҳкими истиқлолият ва ҳифозати арзишҳои фарҳангӣ миллӣ ва навовариҳои иҷтимоии худ дар пайкари миллат рўҳияи тозае бахшида ба раванди худшиносӣ ва худогоҳии миллат такони ҷиддие мебахшад. Ин талошҳои пайгиронаи Ў барномаҳои пурбор, тарҳҳои азими фарҳангӣ (аз ҷумла: бахшида ба соли бузургдошти пешвои мазҳабии миллати тоҷик Имоми Аъзам Абўҳанифа Нуъмон ибни Собит, тарҷума ва тадвини китоби муқадаси дини ислом “Қуръон” ба забони тоҷикӣ ва дастрас намудани он ба оммаи мардум, бознашр ва чопӣ китоби “Тоҷикн”-и Алома Бобоҷон Ғафуров ва дастрасии он ба ҳар як оилаи тоҷик, ташкили озмуну чорабиниҳои фарҳангӣ ба мисли “Фуруғи субҳи доноӣ”, “Тоҷикистон ватани азизӣ ман”, “Илм фуруғи маърифат”, озмуни “Шоҳномахонӣ” ва ба нашр расонидани Шоҳномаи безаволи Фирдавсӣ дастрас гардонидани он ба ҳар як хонадони тоҷик ва ғайра инчунин тавсияҳои хирадмандонаи Ў беҳтарин натиҷаро дар дурнамоӣ мавҷудияти фарҳангӣ миллат ба бор меоварад.

Аз ин ру бақои фарҳангӣ маҳалӣ ва миллӣ дар раванди ҷаҳонгароӣ муҳимтарин ва асоситарин масъалаи ҳифзи асолати миллӣ ва давлатӣ маҳсуб мешавад. Аз ин лиҳоз ҳақ бар ҷониби Президенти кишварамон Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки мегўянд: “Таркиб моҳият ва мазмуни андешаи миллиро муҳаббат ва садоқат ба Ватан, ифтихор аз гузаштаи пурифтихор, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва дастовардҳои истиқлолият, бунёди ҷомеаи мутамаддини шаҳрвандӣ ва дар маҷмўъ ғояи асосии давлатӣ миллиро ташкил медиҳад.

Андешаи миллӣ равандҳои дохилии иттиҳоди миллатро ташаккул дода, ҷавононро бахудшиносиву худогоҳӣ, ватанпарастӣ ва ифтихори миллӣ мебахшад. Чунончӣ, китоби муқаддасӣ “Авасто” ҳар фардӣ бедордилу худогоҳро даъват намудааст: “Ватани худро муҳофизат намо, манзили худро нигоҳ дор ва халқи худро тарк накун!”.

Аз ин ру дар партави суханҳои дар боло зикршуда, чунин пешниҳод менамоям, ки вобаста ба имкониятҳо таъсисси пажўҳишгоҳҳои ки ба омўзиши сарчашмаҳои таърихию фарҳангӣ, ки дар берун аз марзи кишварамон мондаанд амри зарурияти ҳаёти воқеиамон мебошад.

Давлатёров Файзиддин Нуриддинович –н.и.т., дотсенти кафедраи таърихи фалсафа ва фалсафаи иҷтимоии факултети фалсафаи ДМТ.