Ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ кафолати рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар ба шумор рафта, таваҷҷуҳ ба ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва кӯшишҳо барои баланд бардоштани сатҳи иҷтимоию иқтисодии аҳолӣ гувоҳи давлати иҷтимоии пешрафта ва маданист.
Ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ унсури меҳварии давлати иҷтимоии тараққикарда ба шумор рафта, ба беҳтар намудани вазъи иҷтимоию иқтисодии аҳолӣ равона гардида, барои паст намудани сатҳи камбизоатӣ ва боло бурдани сатҳи некӯаҳволии аҳолӣ мусоидат менамояд. Ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таҳсилоти дастрас, таъмини нафақа, системаи хизматрасонии иҷтимоӣ, тадбирҳои дастгирии иҷтимоӣ ва дигар самтҳои иҷтимоиро дар бар мегирад.
Соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар сиёсати иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи хоса дошта, ҳамасола Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» (28.12.2023) ба сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, як қатор қарору фармонҳоро ба тасвиб мерасонанд, ки вазъи иқтисодию иҷтимоӣ ва некӯаҳволии аҳолиро беҳтар намуда, ба паст кардани сатҳи камбизоатӣ мусоидат менамоянд.
Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии аҳолӣ 9-уми январи соли 2024 Фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия ба имзо расид.
Мувофиқи Фармони мазкур, аз 1-уми январи соли 2024 маоши вазифавии хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 40 дарсад зиёд карда шуд. Аз 1-уми июли соли 2024 маоши вазифавии кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои соҳаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар ташкилотҳои буҷетӣ 40 дарсад ва инчунин, нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ дар ҳаҷми 30 дарсад аз андозаи муқарраршудаашон зиёд карда мешаванд.
Қабули фармону стратегияҳо ва барномаҳо дар самти баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳоливу паст намудани сатҳи камбизоатӣ ва таъмини ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолии мамлакат таъсири мусбат мерасонад. Тадбирҳои андешидашуда дар самти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз афзалият доштани сиёсати иҷтимоӣ ва рушди давлати иҷтимоии Тоҷикистон гувоҳӣ медиҳанд.
Ҳамроз ХОҶАЕВ,PhD-и кафедраи сотсиологияи ДМТ