ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ – МАНФИАТИ ҲАЁТАН МУҲИММИ КИШВАР

78

Истиқлолияти давлатӣ пойдевори асосии ҷомеа ба шумор рафта, дар раванди ташаккулёбии давлатдории миллӣ аҳамияти хосса дорад. Он ҳамчун манфиати ҳаётан муҳим доимо зери таҳдиду хатарҳои гуногун қарор мегирад ва баъзан вақт дурнамои рушди кишварро осебпазир мегардонад. Барои фаҳму дарки чунин таҳдидҳо дар навбати аввал корбурди мафҳумҳои марбут ба истиқлолият бояд мушаххас гардонида шавад. Бояд гуфт, ки дар илмҳои сиёсӣ мавридҳои истифодаи мафҳуми «истиқлолият» яке аз масъалаҳои баҳсбарангез мебошад. Гузашта аз ин, ба омӯзиши истиқлолият илмҳои дигари ҷомеашиносӣ низ машғул мегардад.

Аммо дар доираи илмҳои сиёсӣ онро ҳамчун манфиати миллӣ (манфиати ҳаётан муҳим) муаррифӣ менамоянд. Ҳангоми истифодаи мафҳуми «истиқлолият» номушаххасӣ дар мавриди таносуб ва тафовути мафҳумҳои «истиқлолияти давлатӣ» ва «истиқлолияти миллӣ» ба мушоҳида мерасад. Махсусан, дар илмҳои ватанӣ чунин ҳолатро хеле зиёд мушоҳида кардан мумкин аст. Аммо ин масъала дар доираҳои илмии кишварҳои хориҷӣ то дараҷаи зарурӣ ҳаллу фасл гардидааст. Масалан, дар забони англисӣ истиқлолияти давлатӣ бо мафҳуми «state sovereignty» ва истиқлолияти миллӣ «national independence» ифода карда мешаванд. Олимони рус низ мафҳуми аввалро «государственный суверенитет» ва дуюмро «национальная независимость» номидаанд. Мо низ бояд мафҳуми аввалро ҳамчун «суверенитети давлатӣ» ва мафҳуми дуюмро ҳамчун «истиқлолияти миллӣ» қабул намоем. Зеро истифодаи як мафҳум барои ифодаи ду масъалаи аз ҳамдигар фарқкунанда нофаҳмиҳоро ба вуҷуд меоварад. Барои асоснок кардани гуфтаҳои боло бояд қайд намуд, ки суверенитети давлатӣ мавқеъ аст ва истиқлолияти миллӣ бошад ҳолат аст.

Суверенитети давлатиро дар дохили кишвар эълон менамоянд ва онро аз берун давлатҳои дигар эътироф мекунанд. Сатҳи эътирофи суверенитети давлатӣ ҳам хусусияти сифатӣ ва ҳам миқдорӣ дорад. Дар маҷмуъ, сатҳу сифати эътирофи суверенитети давлатӣ аз ҷониби давлатҳои дигар ба воситаи истиқлолияти соҳаҳои дигар ва рушди онҳо таъмин карда мешавад.

Баъд аз оне, ки суверенитети давлатиро доираи муайяни кишварҳои олам ба расмият мешиносанд, давлат дар арсаи сиёсати хориҷӣ ва низоми муносибатҳои байналмилалӣ ҳамчун субъекти мустақил ворид гардида, дар доираи ҳуқуқи байналмилалӣ як қатор уҳдадориҳо ва ҳуқуқҳоро соҳиб мегардад.

Бинобар ин, гуфтан мумкин аст, ки суверенитети давлатӣ ифодагари мақоми давлат дар арсаи байналмилалӣ аст. Гузашта аз ин, суверенитети давлатӣ нишонаи аввал ва асосии давлатдории миллӣ аст ва онро бо назардошти чунин хусусият манфиати ҳаётан муҳим меноманд.

Истиқлолияти миллӣ бошад ҳамчун инъикосгари рушди соҳаҳои гуногуни мамлакат барои таҳкими мавқеи сиёсии давлат зарур аст.

Аз ин рӯ, гуфтан мумкин аст, ки истиқлолияти миллӣ ҳолат аст.

Яъне, вазъи рушди соҳаҳои гуногуни мамлакат ва сатҳи вобастагии давлат аз давлатҳои дигар ифодагари дараҷаи зоҳиршавии истиқлолияти миллӣ мебошад. Ҳамзамон истиқлолияти миллӣ вобаста ба соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, ё соҳаҳои ҳаётан муҳимми мамлакат метавонад ба намудҳои гуногун ҷудо шавад. Чунончӣ, истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, ҳарбӣ, илмию технологӣ, кадрӣ, энергетикӣ, фикрӣ ва ғайраҳо. Дар чунин маврид рушду инкишоф ҳамчун омили меҳварии муайянкунандаи сатҳу сифати истиқлолияти миллӣ бояд интихоб гардад. Зеро чи қадаре, ки рушди як соҳаи мушаххас ба амал бароварда шавад, ҳамон қадар вобастагии кишвар дар соҳаи мазкур коҳиш меёбад, ва баръакс чи қадаре, ки таназзул дар соҳаи мазкур ба мушоҳида расад, сатҳи вобастагӣ низ меафзояд. Масалан, истиқлолияти энергетикӣ ҳолате мебошад, ки дар шароити мавҷудияти он дар мавриди қонеъ намудани талаботи энергетикии ҷомеа иқтидори зарурӣ ба вуҷуд оварда мешавад ва воридоти он коҳиш меёбад, ки дар натиҷа вобастагии энергетикии мамлакат аз кишварҳои дигар аз байн меравад ва дар ин самт мамлакат истиқлолияти комил ба даст меоварад. Ба ҳамин монанд яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро «расидан ба истиқлолияти энергетикӣ» ташкил медиҳад, ки давлату ҳукумат дар ин самт ба муваффақиятҳои назаррас ноил гардидаанд ва дар идомаи ин иқдом қадамҳои устувор гузошта истодаанд. Аз ин рӯ, рушди сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, илмию техникӣ ва ғайраҳо манфиатҳои хеле муҳим ба шумор рафта, барои таҳкими пояҳои истиқлолияти давлатӣ зарурати хосса доранд. Инчунин шарту шароити ба рушди соҳаҳо мусоидаткунанда низ манфиатҳои муҳим мебошанд.

Дар мавриди мавқеи мафҳумҳои «суверенитети давлатӣ» ва «истиқлолияти миллӣ» суханронӣ намуда, қайд кардан зарур аст, ки мафҳуми якум манфиати ҳаётан муҳим (шарти асосии бақои давлату миллат) ва дуюм манфиатҳои муҳим (таҳкимбахши пояҳои давлатдорӣ ва устуворкунандаи суботи сиёсӣ) мебошанд. Аз ин рӯ, ҳам суверенитети давлатӣ ва ҳам истиқлолияти миллӣ доимо зери фишори таҳдиду хатарҳо қарор доранд ва таъмин кардани ҳолати ҳимоятшавандагии онҳо шарти асосии ба амал баровардани рушди соҳаҳои гуногуни мамлакат ва беҳтару хубтар гардонидани амнияти миллӣ ва имиҷи дохилию хориҷии кишвар маҳсуб меёбанд.

Дар замони муосир барои ҳар як мамлакат ҳифзу бақои суверенитети давлатӣ барои ташаккули давлатдории миллӣ аҳамияти аввалиндараҷа дорад. Дар навбати худ таҳкими пояҳои суверенитети давлатӣ аз рушди бомароми соҳаҳои гуногуни ҷомеа вобаста буда, гузариш аз як марҳила ба марҳилаи дигари рушду инкишофро тақозо менамояд. Зеро рушду инкишоф, махсусан, рушди иқтисодиву сиёсӣ, иҷтимоию фарҳангӣ, илмию техникӣ имкон медиҳанд, ки вобастагии давлату миллат аз кишварҳои хориҷӣ коҳиш дода шавад. Рушди миллӣ имкон медиҳад, ки давлат дар арсаи ҷаҳонӣ рақобатпазирии худро баланд бардорад ва дар баробари истеъмолгар ба истеҳсолгари маҳсулот ва хизматрасониҳои ба талаботи давру замон ҷавобгӯ машғул шавад.

Дар чунин шароит ҷомеа қодир мегардад, ки талаботи объективии худро мустақилона қонеъ созад.

Барои таъмин кардани рушди соҳаҳои гуногуни ҷомеа давлатҳои миллӣ як қатор ҳадафҳои стратегие қабул мекунанд, ки амалишавии онҳо имкон медиҳад ҷомеа аз як марҳилаи рушду инкишоф ба марҳилаи навбатии он гузарад. Аммо дар раванди амалишавии онҳо монеаҳое пайдо мешаванд, ки татбиқи ин гуна стратегияҳоро қисман, ё пурра ғайриимкон мегардонанд. Ин гуна монеаҳо таҳдидҳое мебошанд, ки дар шакли шарту шароит ва омилҳои гуногун зоҳир гардида, ба ҳадафҳои стратегии давлату ҳукумат таъсири манфӣ мерасонанд ва расидан ба ормонҳои миллиро то як давраи муайян номумкин мегардонанд. Аз ин рӯ, барои расидан ба ормонҳои миллӣ ва боз ҳам беҳтар кардани сатҳи зиндагӣ сокинони кишвар дар атрофи ҳадафҳои стратегии давлату ҳукумат ва сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлат бояд муттаҳид шаванд. Зеро сарҷамъӣ, муттаҳидӣ ва ваҳдати миллӣ имкон медиҳад, ки мамлакат ҳарчи зудтар ба марҳилаҳои баъдии тараққиёт ворид гардад ва пояҳои суверенитети давлатӣ боз ҳам мустаҳкамтар шавад.

Сафарализода Хуҷамурод Қуддусӣ – номзади илмҳои сиёсӣ, дотсент, декани факултети фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон