Кафедраи кори иҷтимоӣ

Таърихи таъсиси кафедра

Кафедраи кори иҷтимоӣ дар факултети фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон нисбатан ҷавон буда, аз соли 2012 фаъолияти худро оғоз намудааст.

Гурӯҳи тахассусии «кори иҷтимоӣ» ё худ ихтисоси 1-86010102 кори иҷтимоӣ (фаъолияти иҷтимоӣ, тиббӣ, психологӣ) соли 2008 бо ташаббусу дастгирии моддию техники Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сохтори факултети иқтисод ва идораи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таъсис ёфта, соли 2009 ба таркиби факултети фалсафа ворид карда шудааст.

Дар ҷумҳурӣ то таъсисёфтани ихтисоси мазкур дар ягон муассисаи таълимӣ тайёр кардани мутахассисони кори иҷтимоӣ ба роҳ монда нашуда буд. Дар хадамоти иҷтимоӣ кормандони бетахассус, аз қабили омӯзгорон, муҳандисон ва табибон машғули кори иҷтимоӣ буданд. 

Бо мақсади омода намудани муаллимони соҳаи кори иҷтимоӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо дастгирии молиявии ЮНИСЕФ бо устодони кори иҷтимоии Донишгоҳи Стокгольм солҳои 2004 – 2006 як гурӯҳ олимони ҷавонро омӯзонид, ки дар таҷрибаи давлатҳои ИДМ бори аввал ба чашм мерасад.

Дар давраҳои аввали ташаккул ёфтани кафедраи мазкур барои ба роҳ мондани таълим, профессори Донишгоҳи милии Украина ба номи Б.Гринченко, Зверева И.Д. даъват гардида буд, ки саҳми беандозаи худро гузошта аст. Ӯ дар таҳия намудани барномаҳои таълимӣ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон нақши калон дорад.  

Ихтисоси «кори иҷтимоӣ» ба «Классификатори умумиҷумҳуриявии касбҳои коргарӣ, вазифаҳои хизматчиён ва дараҷаҳои тарифӣ» ҳамчун як касби алоҳидаву мустақил соли 2003 ворид гардидааст. 

Аз моҳи сентябри соли 2012 то моҳи марти соли 2018 роҳбарии кафедраи кори иҷтиморо дотсент Гиёев Қ.Ҳ. ба ӯҳда дошт, аз моҳи апрели соли 2018 то моҳи майи соли 2023 бошад, роҳбарии кафедраи мазкур ба зиммаи дотсент Муллобоева Д.А. буд. Аз моҳи майи соли 2023 то ҳол роҳбарии кафедра ба зиммаи н.и.ф. Сатторзода С.Н. вогузор гардидааст. Муаллимони пешбарандаи соҳа: дотсент Гиёев Қ.Ҳ., муаллими калон Зеваров Х., ассистентон: Сангова С.С., Гулов Р.Б. ва лаборант Эшонов Н., ки фаъолияти омӯзгорӣ ва илмӣ–методии худро давом дода истодаанд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ тайи солҳои охир ба омода ва тайёр кардани кадрҳои    соҳавӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мекунад. Барои беҳбудӣ дар ин соҳа, Ҳукумати кишвар барномаҳои давлатӣ ва тадбирҳои иловагиро амалӣ намуда, имрӯз ба дастовардҳои назаррас ноил гаштааст.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ тайи солҳоиохирбаомода ва тайёр  кардани кадрҳои соҳави таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мекунад. Барои  беҳбудӣ  дар ин соҳа, Ҳукуматикишварбарномаҳоидавлатӣватадбирҳоииловагироамалӣнамуда, имрӯз ба дастовардҳоиназаррасноилгаштааст.

Қобили ёдоварист, ки касби кори иҷтимоӣ ихтисоси хеле башардӯстона маҳсуб ёфта, аз соҳибкасб меҳру муҳаббати хоса доштанро нисбати ниёзмандон тақозо менамояд. Боиси зикр аст, ки имрӯз факултети фалсафаи ДМТ дар омода намудани кадрҳои баландихтисоси “кори иҷтимоӣ” корҳои назаррасро ба анҷом расонидаистодааст. Аз соли хониши 2015 – 2016 таълим дар асоси барномаҳои бакалавр ва магистр ва аз соли хониши 2017 – 2018 таҳсили фосилавӣ бароҳ монда шуд.

Ташаккули (инкишоф) соҳаи иҷтимоиро дар ҷомеа захираҳои кадрӣ бароҳ мемонанд. Самаранокии фаъолияти амалӣ дар кори иҷтимоӣ аз кадрҳои фаъол ва баландихтисос вобаста аст. Аз ин лиҳоз, кафедраи кори иҷтимоӣ тасмим гирифт, ки аз рӯзҳои аввали фаъолияти худ дар баробари омӯзиши назариявии мутахассисони соҳаи иҷтимоӣ, мақсад гузошт, ки дар заминаи марказҳои кӯмаки иҷтимоӣ ба маъюбон, пиронсолон, ношунавоён, мактаб-интернатҳо, муассисаҳои давлатӣ, марказҳои бӯҳронӣ ва ғайра омӯзиши амалиро низ роҳандозӣ намояд.

Имрӯз донишҷӯёни ихтисоси кори иҷтимоӣ таҷрибаомӯзии худро дар дастгоҳҳои марказии ВТҲИАҶТ, ВММША ҶТ, агентиҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, хадамоти муҳоҷират, шуъбаҳои ҳифзи иҷтимоии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ мегузаронанд. Дар баробари ин ҳамкорони доимии кафедраи кори иҷтимоӣ: Маркази таълимии калонсолони назди ВММША ҶТ, Маркази миллии офиятбахшии кӯдакони маъюб “Чорбоғ”, Ташкилотҳои ғайри давлатии “Фароштурук” ва ғайра мебошанд.

Бо кӯшишу ғайрати устодони кафедраи номбурда ва ҳамчунин бо дастгирии созмонҳои байналмилалӣ бори аввал ба забони тоҷикӣ китоб, дастуру маводи таълимии “Муқаддимаи кори иҷтимоӣ”, “Назарияи кори иҷтимоӣ”, “Кори иҷтимоӣ бо маъюбон”, “Кори иҷтимоӣ бо шахсони гирифтори ВНМО”, “Ташкили кори иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Кори иҷтимоӣ бо гурӯҳои гуногуни аҳолӣ”, “Кори иҷтимоӣ бо оила”, “Асосҳои кори иҷтимоӣ”, “Усулҳо ва техникаи тадқиқоти сотсиологӣ”, “Фалсафаи иҷтимоӣ”, “Рушди кори иҷтимоӣ дар давлатҳои пасошуравӣ”, “Луғати мухтасари энсиклопедияи тоҷикӣ ба русии корииҷтимоӣ” нашр шуданд.

Фаъолияти илмию тадқиқотии устодони кафедраи кори иҷтимоӣ дар аксар самтҳо аз қабили нашри маводи илмӣ, ширкат ва маърӯза дар нишастҳои гуногун сатҳаи илмӣ, ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи илм, тайёр кардани кадрҳои илмӣ, корҳои илмӣ ва мустақилонаи донишҷӯён, фаъолияти маҳфилҳои илмӣ ва ғайра сол то сол инкишоф дода мешавад. Чунки кори иҷтимоӣ ҳамчун касб бо тақозои ҷомеа бояд ҷавобгӯ бошад. Кафедра бо мақсади омӯзиши равандҳои ташаккулёбии институтсионали икори иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дармавзуи “Хусусиятҳои раванди ташаккулёбии ниҳоди кори иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”корҳои илмӣ–тадқиқотӣ мебарад.

Фанҳои таълимии кафедраи кори иҷтимоӣ

  1. Асосҳои бехатарии иҷтимоӣ
  2. Асосҳои таҳсилоти фарогир
  3. Андрагогика
  4. Кори иҷтимоӣ бо ҷавонон
  5. Кори иҷтимоӣ бо мизоҷ
  6. Кори иҷтимоӣ дар соҳаи маориф
  7. Офият бахшии иҷтимоӣ
  8. Ташкил ва идоракунӣ дар кори иҷтимоӣ
  9. Суғуртаи иҷтимоӣ
  10. Иҷтимоишавии шахс
  11. Кори иҷтимоӣ бо гуруҳҳои гуногуни аҳолӣ
  12. Кори иҷтимоӣ бо оила
  13. Муқаддимаи ихтисос
  14. Назарияи кори иҷтимоӣ  
  15. Практикуми кори иҷтимоӣ (ќонунгузорӣ дар кори иҷтимоӣ)
  16. Практикуми кори иҷтимоӣ (кори иҷтимоӣ бо занону кўдакон)
  17. Практикуми кори иҷтимоӣ (этикаи касбии корманди иҷтимоӣ)
  18. Практикуми кори иҷтимоӣ (хизматрасонии иҷтимоӣ)
  19. Сиёсати иҷтимоӣ
  20. Системаи ҳифзи иҷтимоӣ
  21. Ташхис ва экспертизаи иҷтимоӣ
  22. Таърихи кори иҷтимоӣ
  23. Технологияи кори иҷтимоӣ
  24. Усулҳои амалӣ дар кори иҷтимоӣ
  25. Кори иҷтимоӣ гуруҳӣ
  26. Кори иҷтимоӣ дар деҳот
  27. Кори иҷтимоӣ дар соҳаи тандурустӣ

Баъзе китобҳои дарсӣ ва воситаҳои таълимию методие, ки устодони кафедра нашр намудаанд.

  1. Баҳромбеков Д.А., Ҷӯраев Ҷ.Д., Зеваров Х., Миров Ф., Шоев К. Кори иҷтимоӣ бо оила – Душанбе: “Истеъдод”, 2012.-288 с.
  2. Гиёев Қ., Зеваров Х., Расулов О., Мирзоев Б. Кори иҷтимоӣ бо шахсони гирифтори ВНМО. – Душанбе, 2017.- 200 с.
  3. Зеваров Х., Ҷураев Ҷ.  Кори иљтимоӣ бо маъюбон. – Душанбе: Истеъдод, 2014. – 250 с.
  4. Зеваров Х., Расулов О. Назарияи кори иљтимоӣ: китоби дарсӣ. – Душанбе., МДМТ, 2020.- 320 с.
  5. Зеваров Х., Расулов О. Рушди кори иҷтимоӣ дар давлатҳои пасошўравӣ.- Душанбе, 2018. С. 68.
  6. Сатторзода С.Н. Низоъҳои динӣ–мазҳабӣ ҳамчун зуҳуроти муносибатҳои зиддиятноки иҷтимоӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон: Монография. – Душанбе: “МДМТ”,  2023. – 164 с.

ҲАЙАТИ УСТОДОНИ КАФЕДРАИ КОРИ ИҶТИМОӢ

Сатторзода Субҳидин
Наҷмудин
  • Вазифа: мудири кафедра
  • Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои фалсафа
  • Кафедра: кори иҷтимоӣ
  • Суроға: ш. Душанбе, кучаи Буни Ҳисорак, шаҳраки донишҷўён, бинои №15
  • Телефон: +(992)902-61-26-61
  • E-mail: subxiddin@inbox.ru

Маълумоти мухтасар:

Сатторзода Субҳидин Наҷмудин (Сатторов Субҳидин Наҷмудинович) 20 –уми январи соли 1992 дар оилаи коргар таваллуд шудааст. Соли 2010 мактаби миёнаро хатм намуд. Соли 2012 ба факултети фалсафаи Донишгоҳи миллии Тољикистон аз рӯи ихтисоси кори иљтимоӣ дохил шуда, соли 2017 онро хатм намудааст. Аз моҳи сентябри соли 2017 то 04.04.2022 дар кафедраи кори иљтимоии факултети фалсафаи ДМТ ба ҳайси ассистент фаъолият намуда, рисолаи номзадиро 05.04.2022 дар кафедраи кори иҷтимоии факултети фалсафа дифоъ намуд. Аз соли 2018 то 15.05.2023 ба ҳайси Раиси Шурои сарпарастони факултети фалсафа фаъолият намуд ва аз 16.05.2023 то инҷониб иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедраи кори иҷтимоӣ шуда кору фаъолият менамояд. Самтҳои асосии таҳқиқоти илмии н.и.ф.Сатторзода С.Н.-ро масъалаҳои фалсафӣ, иҷтимоӣ–сиёсӣ, динӣ ва фарҳангӣ ташкил медиҳанд. Номбурда муаллифи 1 монография, зиёда аз 20 мақолаҳои илмӣ-оммавӣ ва 7 барномаи таълимӣ мебошад.

Гиеёв Қурбон Ҳилолович
  • Вазифа: дотсенти кафедра
  • Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои фалсафа
  • Кафедра: кори иҷтимоӣ
  • Суроға: ш. Душанбе, кучаи Буни Ҳисорак, шаҳраки донишҷўён, бинои №15
  • Телефон: +(992)907-95-63-07
  • E-mail: KGiyoev@yandex.ru

Маълумоти мухтасар:

Гиеёв Қурбон Ҳилолович19 уми майи соли 1963 дар оилаи коргар таваллуд шудааст. Соли 1980 мактаби миёнаи №33 собиқ ноҳияи Москваро хат мнамуд. Соли 1990 Филиали Донишкадаи омӯзгории Душанбе дар шаҳри Қурғонтеппа ба номи Т.Г. Шевченкоро муваффақона хатм намуд. Солҳо 1982-1984 дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ИҶШС хизмат намуд. Аз соли 1990 то 1994 омӯзгори кафедраи фалсафа ва сиёсатшиносии Донишгоҳи давлатии омузгории ш. Қурғонтеппа ба номи Н. Хусрав, солҳои 1995-1998 аспиранти Пажуҳишгоҳи фалсафа ва ҳуқуқи АИҶТ, баноми А. Баҳоваддинов, солҳои 1999 –2000 ходими хурди илмӣ, ходими илмӣ, ходими калони илмии Пажуҳишгоҳи фалсафа ва ҳуқуқи АИҶТ ба номи А. М. Баҳоваддинов. Соли 1999 рисолаи номзадиро дар мавзӯи “Манфиатҳои милли (таҳлили иҷтимоӣ-фалсафӣ)”аз рӯи ихтисоси фалсафаи иҷтимоӣ- 05.00.11. ҳимоя намуд. Аз соли 2001 то 2012 дар вазифаи мудири шуъбаи фалсафаи иҷтимоии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АИҶТ кору фаъолият намуд.

Аз августи соли 2012 то майи 2018 вазифаи мудири кафедраи кори иҷтимоии факултаи фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро иҷро кард. Айнӣ ҳол дар вазифаи дотсенти кафедраи кори иҷтимоии факултаи фалсафа Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолият менамояд. Дар конференсияҳои ватанӣ ва байналмилалӣ, семинарҳои методӣ фаъолона иштирок менамоянд, муаллифи 2 монография зиёда аз 46 мақолаҳои илмӣ ва 6 воситаҳои таълимӣ мебошад. Зери роҳбарии ӯ 15 нафар аспирантон ва унвонҷӯён рисолаи номзадиро ҳимоя намудаанд.  Доро собиқаи калони фаъолият дар коркард ва амалисозии лоиҳаҳои илмӣ дар соҳаи маориф дар сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ мебошад. Бо нишонаи сарисинагии “Аълочии соҳаи ҳифзи иҷтимои иаҳолӣ”соли 2021 мукофотонида шудааст.

Зеваров Хушачин
  • Вазифа: муаллими калони кафедра
  • Дараҷаи илмӣ:
  • Кафедра:мкори иҷтимоӣ
  • Суроға:ш. Душанбе, кучаи Буни Ҳисорак, шаҳраки донишҷўён, бинои №15
  • Телефон: +(992)90-280-03-00
  • E-mail: Womari51@mail.ru

Маълумоти мухтасар:

Зеваров Хушачин – 7 уми апрели соли 1951 дар РСС Тоҷикистон, ВМКБ, ноҳияи Рӯшон таваллуд шудааст. Соли 1958 то соли 1968 дар мактаби миёнаи №9 ноҳияи Рӯшон таҳсил намудааст. Солҳои 1969-1971 дар сафи Армияи Советӣ адои хизмат намудааст. Солҳои 1971-1976 донишҷӯи факултети филологияи Донишгоҳи давлатии Саратов ба номи Н.Г. Чернишевский буд. Солҳои 1976-1978 омӯзгори кафедраи адабиёти рус ва хориҷии Институти давлатии педагогии Кӯлоб буд. Солҳои 1978-1979 омӯзгори адабиёти руси филиали Институти давлатии педагогии Душанбе дар шаҳри Қурғонтеппа буд. Солҳои 1979-1986 нотиқи Кумитаи вилоятии Қурғонтеппаи Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон буд. Солҳои 1986-1991 дастурдеҳи кумитаи ноҳиявии Ленинии Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон буд. Солҳои 1991-1994 директори мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони камшунаво ва деркаршудаи ноҳияи Ленин буд. Солҳои 1994-1996 мудири шуъбаи муассисаҳои иҷтимоӣ- фарҳангии Ҳукумати ноҳияи Октябри шаҳри Душанбе буд. Солҳои 1996-1997 нозири – методисти шуъбаи маорифи халқи ноҳияи Октябр буд. Солҳои 1997-1999 мухбири рӯзномаи “Соҳибкор” буд. Аз соли 1999 то соли 2012 дар Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон вазифаҳои мутахассис, муовини мудири шуъба ва мудири шуъба оид ба корҳои ташкилӣ ва равобити байналмилалиро иҷро намудааст. Аз соли 2012 то инҷониб муаллими калони кафедраи кори иҷтимоии факултети фалсафаи ДМТ мебошад. Дорои 12 сертификати (шаҳодатномаи) кори иҷтимоӣ мебошад. Дар кори конференсияҳои байналмилалӣ, миллӣ ва донишгоҳӣ оид ба кори иҷтимоӣ фаъолона иштирок менамояд. Муаллифи зиёда аз 50 мақолаҳои илмӣ, илмӣ-методӣ, ҳаммуаллифи 3 барномаи таълимии аз рӯи ихтисоси кори иҷтимоӣ, 9 маводи таълимӣ – методӣ аз кори иҷтимоӣ мебошад. Сарпарасти гурӯҳи академикӣ мебошад. Бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2007 ва нишонаи сарисинагии “Аълочии соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ” дар соли 2021 мукофотонида шудааст.

Сангова Садбарг Сатторовна

  • Вазифа: ассистенти кафедра
  • Дараҷаи илмӣ:
  • Кафедра: кори иҷтимоӣ
  • Суроға:ш. Душанбе, кучаи Буни Ҳисорак, шаҳраки донишҷӯён, бинои №15.
  • Телефон: + (992) 900962181
  • E-mail:sadbargsangova1@gmail.com

Маълумоти мухтасар:

Сангова Садбарг Сатторовна – 30 уми августи соли 1986 дар ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ ба дунё омадааст. Соли 2010 факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм намудааст. Фаъолияти кориашро дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1- и ба номи С.Айнии ноҳияи Ҳамадонӣ ба сифати омўзгор оғоз намуд. Аз соли 2015 дар кафедраи кори иҷтимоии факултети фалсафаи ДМТ ба ҳайси лаборант кор кардааст. Аз соли 2019 то 2022 ба ҳайси танзимгари факултети фалсафа кор кардааст. Аз соли 2022 то инҷониб дар кафедраи кори иҷтимоӣ ба ҳайси ассистент фаъолият дошта, Сарпарасти гуруҳи академикӣ мебошад. Аз 2- юми январи соли 2020 то ҳоло унвонҷуйи кафедраи кори иҷтимоии факултети фалсафаи Донишгоҳи миллии Тољикистон мебошад. Муаллифи 3 мақолаи илмӣ тақризшаванда ва шаш мақолаи дар маводҳои конференсияҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ чоп шуда мебошад.

Гулов Раҳмонали Бобохонович

  • Вазифа: асистенти кафедра
  • Дараҷаи илмӣ:
  • Кафедра: кори иҷтимоӣ
  • Суроға: ш. Душанбе, кучаи Буни Ҳисорак, шаҳраки донишҷўён, бинои №15
  • Телефон: +(992)003.77.10.35.
  • E-mail: gulovrahmonali8@gmail.com

Маълумоти мухтасар:

Гулов Раҳмонали Бобохонович-асистенти кафедраи кори иҷтимоии факултети фалсафаи ДМТ. Соли 2018 факултети омўзгории ДДК – ро хатм намуда, фаъолияти кориашро дар мактаб-интернати махсус барои кўдакони аќлан аќибмонда ба сифати омўзгор оғоз намуд. Аз 01.09.2018 то 15.05.2020 магистранти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон факултети фалсафа, ихтисоси кори иҷтимоӣ. Аз 01.09.2019 то 10.06.2021 ассистенти кафедраи фанҳои гуманитарии Коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.С.Осимӣ фаъолияти намудааст. Солҳои 2020-2023 докторанти PhD кафедраи кори иҷтимоӣ ба ҳисоб мерафт. Аз 01.09.2023 баҳайси ассистенти кафедраи кори иҷтимоии факултети фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолият кардаи стодааст.

Эшонов Неъмон Нозимхуҷаевич

  • Ҷои кор, вазифа: лаборанти кафедра
  • Дараҷаи илмӣ:
  • Кафедра: кори иҷтимоӣ
  • Суроға:ш. Душанбе, кучаи Буни Ҳисорак, шаҳраки донишҷўён, бинои №15
  • Телефон: +(992)918119910
  • E-mail: Eshonov1995@internet.ru

Маълумоти мухтасар:

         Эшонов Неъмон Нозимхуҷаевич – 01 октябри соли 1995 дар деҳаиДаштиҷуминоҳияи Шамсиддин Шоҳин ба дунё омадааст. Соли 2018 ба факултети фалсафаи Донишгоҳи Миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси менеҷметти сиёсӣ хатм кардааст, фаъолияти кориашро аз 01 сентябри соли 2023 ба ҳайси коргузори кафедраи кори иҷтимоӣ факултети фалшафа оғоз намудааст.