Таърихи таъсиси кафедра
Кафедраи онтология ва назарияи маърифат соли 2010 дар заминаи кафедраи фалсафаи факултети фалсафа ташкил карда шудааст. То соли 2010 кафедраи фалсафаи факултети фалсафа ном дошт. Зарурати таъсиси кафедраи мустақили онтология ва назарияи маърифат бо як қатор сабабҳои объективӣ ба миён омадааст.
Чунон ки маълум аст, дар айни замон муаррифии анъанаи фалсафӣдар дидгоҳи проблемавӣ-назариявӣ ва таҳияи проблемаҳои актуалии фалсафии муосир ва масъалаҳое, ки боиси мубоҳисаҳои гарму чушон дар сафи пеши афкори фалсафӣ мегарданд, нақши махсус мебозанд.Фанҳои асосии фалсафӣ–онтология, гносеология ва аксиология дар сегонаи худ ҳамчун ҷанбаҳои гуногуни ҳар як мафҳуми фалсафии интегралӣ ё мушкилоти мураккаби фалсафӣ баррасӣ мешаванд. Кори кафедраи онтология ва назарияи маърифат ба таҳияи барномаи таълимии комилан нав, ки мувофиқи номенклатураи ихтисосҳои фалсафӣ муайян гардидааст, равона шудааст. Аз рўи вазифаҳои илмӣ, таълимӣ ва тахассуси ин барномаҳо ба фанҳои факултети фалсафа тааллуқ доранд. Фанҳои асосии фалсафӣ–онтология, носеология ва аксиология дар сегонаи худ ҳамчун ҷанбаҳои гуногуни ҳар як мафҳуми фалсафии интегралӣ ё мушкилоти мураккаби фалсафӣ баррасӣ мешаванд/
Дар давраи мавҷудияти худ кафедраро н.и.ф., дотсент Раҳматуллоев Н (2005-2010), д.и.ф., профессор Комилов Р.С. (2010-2012), д.и.ф., дотсент Маҳмадова М.Ф (2012), д.и.ф., профессор Ахмедов С.А. (2012-2013), д.и.ф., профессор Зиёев И.Ғ(2013-2018), д.и.ф., дотсент Худойдодзода Ф.Б (2018-2022), н.и.ф., дотсент Ҳаитов Ф.Қ (2022 то ҳол).
Фаъолияти мутахассисони соҳаи мазкур ба муаррифии анъанаи фалсафӣ аз нуқтаи назари проблемавӣ-назариявӣ ва таҳияи масъалаҳои актуалии фалсафии муосир нигаронида шудааст, ки боиси баҳсу мунозираҳои тунд дар сафи пеши афкори фалсафӣ мегарданд. Кафедра бо мақсади ташаккул додани донишҳои фундаменталии донишҷуён дар соҳаи онтология, гносеология ва аксиология, инчунин фанҳои умумии фалсафӣ аз руйи ихтисоси “Мантиқ” таъсис дода шудааст. Кафедраи онтология ва назарияи маърифат яке аз кафедраҳои асосии факултети фалсафа буда, вазифаҳои зеринро иҷро мекунад: аз руйи фанҳои ба кафедра вогузоршуда машғулиятҳои таълимӣ, семинарҳо ва дарсҳои амалӣ, ки мувофиқи сарбории таълимӣ ва нақшаи тасдиқшуда пешниҳод гардидааст ба донишҷуён дарс дода медиҳад; аттестатсияи фосилавӣ ва ниҳоии донишҷуёнро дар шакли имтиҳон аз руйи натиҷаи азхудкунии маводи таълимӣ таъмин менамояд; кори мутақилонаи донишҷуён, аз ҷумла корҳои хонагиро мувофиқи муҳлати муайян шуда мунтазам назорат мекунад; корҳои таълимию методиро ба дараҷаи баланд гузаронида, инчунин дар байни донишҷуён корҳои тарбивиро низ пеш мебарад.
Фанҳои тахассусӣ
- Онтология ва гносеология.
- Мантиқ аз руйи ихтисос
- Эпистемология.
- Метафизика.
- Антропология.
- Фалсафаи сиёсат.
- Методикаи таълимӣ фалсафа.
- Мантиқи классикӣ.
- Мантиқи шаклӣ.
- Асосҳои мантиқи муосир.
- Диншинсӣ
- Риторика
Ҳайати устодони кафедраи онтология ва назарияи маърифат
- Вазифа: мудири кафедра
- Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои фалсафа, дотент
- Суроға: ш. Душанбе, кучаи Буни Ҳисорак, шаҳраки донишҷўён, бинои №15
- Телефон: +(992) 108-18-1981
- E-mail:Kais_2007@mail.ru
Ҳаитов Фирдавс Қаюмович 20-уми январи соли 1981 дар деҳаи Сайёди ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон дар оилаи муаллим таваллуд шудааст. Дастовардҳои муҳими илмӣ ва касбӣ: соли 1998 муаллими фанни риёзиёти мактаби миёнаи №25-и ноҳияи Шаҳритус; солҳои 1999-2004 донишҷуи факултаи фалсафаи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон; солҳои 2004-2006 ассистенти кафедраи фалсафаи факултаи фалсафаи ДМТ; солҳои 2006-2009 аспиранти Институти фалсафаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳсил дар солҳои аспирантура дар Институти фалсафаи Академияи илмҳои Россия); солҳои 2010-2012 ассистенти кафедра фалсафа ва таърихи соҳибкории Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат; солҳои 2012 – 2013 устоди калони ҳамин кафедра; солҳои 2013-2014 и.в. мудири кафедраи фалсафа ва таърихи соҳибкорӣ; солҳои 2014-2018 мудири кафедраи фалсафа ва таърихи соҳибкорӣ; солҳои 2018 -2019 мудири кафедраи фалсафа ва таърих; солҳои 2019-2022 мудири кафедраи ҷомеашиносии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон; аз 26.09.2022 ҳол мудири онтология ва назарияи маърифати Донишгоҳи милли Тоҷикистон. Масъалаи асосии таҳқиқотҳои илмии дотсент Ҳаитов Ф.Қ.-ро масъалаи бегонашавӣ дар раванди муҳоҷират ташкил медиҳад. Номбурда муаллифи зиёда аз 42 китобҳои дарсӣ, монография ва мақолаҳои илмӣ аст. Оиладор, соҳиби 2 фарзанд.
- Вазифа: профессори кафедра
- Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои фалсафа
- Суроға: ш. Душанбе, кучаи Буни Ҳисорак, шаҳраки донишҷўён, бинои №15
- Телефон: +(992)907-82-18-36
- E-mail:asaid1945@mail.ru
Аҳмадов Саид Аҳмадович – профессори кафедраи онтология ва назарияи маърифати факултети фалсафа, доктори илмҳои фалсафа, профессор. 18-уми декабри соли 1945 таваллуд шудааст. Дастовардҳои муҳими илмӣ ва касбӣ: соли 1962-1967 – Донишҷӯи Донишгоҳи давлатии ба номи В.И.Ленин; Солҳои 1967-1969 – Корманди редаксияи шӯъбаи хориҷии радио; солҳои 1969-1974 – Аспиранти Шӯъбаи фалсафаи АФРСС Тоxикистон; солҳои 1982-1983 – Мудири Шӯъбаи исломшиносии институти шарқшиносии АФРСС; солҳои 1995-2004 – Раиси кумитаи оид ба корҳои дини назди ҳукумати ҶТ; солҳои 2004-2007 – Мушовири Президенти ҶТ; солҳои 2007-2012 – Проректори Донишгоҳи соҳибкорӣ ва хизмат; аз соли 2012 то ҳол профессори кафедраи онтология ва назарияи маърифат. Масъалаи асосии таҳқиқоти илмии профессор Аҳмадов С.-ро осори динию фалсафии халқи тоҷик ва таълимоти калом ташкил медиҳад. Дар баробари ин мавсуф чандин китобҳои дарсӣ ва барномаҳои таълимӣ мисли «Диншиносӣ», «Мантиқ», «Фалсафа» навиштааст. Ба навиштани барномаҳои таълимӣ ва китобҳои дарсӣ аз фанҳои «Назарияи далеловарӣ», «Назария ва методологияи диншиносӣ» ва «Назария ва амалии далеловарӣ» машғул мебошад. Номбурда муаллифи зиёда аз 150 китобҳои дарсӣ ва мақолаҳои илмӣ аст. Оиладор, соҳиби панҷ фарзанд.
- Вазифа: профессори кафедра
- Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои фалсафа
- Суроға: ш. Душанбе, кучаи Буни Ҳисорак, шаҳраки донишҷўён, бинои №15
- Телефон: +(992)918-20-04-15
- E-mail: kurbonov1959@mail.ru
Қурбонов Абдураҳмон Шерович профессори кафедраи онтология ва назарияи маърифат, доктори илмҳои фалсафа 15-уми апрели 1959, дар деҳаи Доғистони ноҳияи Шўрообод таваллуд шудааст. Дастовардҳои муҳими илмӣ ва касбӣ: соли 1984-1988 донишҷуи факултети таърихи Университети давлатии Тоҷикистон (ҳоло ДМТ); Солҳои 1998-2007 муовини мудири шуъбаи илм ва маорифи Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ; Солҳои 2007-2012 ноиби ректори ДДСТ ба номи М.Турсунзода;аз соли 2013 то ҳол профессори кафедраи онтология ва назарияи маърифат. Масъалаи асосии таҳқиқотҳои илмии профессор Қурбонов А.Ш- ро фалсафаи дин, илм ва маориф ташкил медиҳад. Дар баробари ин мавсуф дар навиштани чандин китобҳои дарсӣ ва барномаҳои таълимӣ аз фанҳои «Диншиносӣ» ва «Фалсафа» саҳм гузоштааст. Номбурда муаллифи зиёда аз 90 китобҳои дарсӣ ва мақолаҳои илмӣ аст. Оиладор, соҳиби 4 фарзанд.
- Вазифа: профессори кафедра
- Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои фалсафа
- Суроға: ш. Душанбе, кучаи Буни Ҳисорак, шаҳраки донишҷўён, бинои №15
- Телефон: +(992) 907-99-70-90
- E-mail: nozim2985@mail.ru
Маҳмадизода Нозим Давлатмурод – профессори кафедраи онтология ва назарияи маърифати факултети фалсафа, доктори илмҳои фалсафа, 29-уми январи соли 1985 таваллуд шудааст. Дастовардҳои муҳими илмӣ: соли 2002-2007 – Донишҷуӣ факултети фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. Солҳои 2007-2008 – Муҳақиқ – коромӯзи кафедраи фарҳангшиносии факултети фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон; солҳои 2009-2012 – Аспиранти кафедраи умумидонишгоҳии фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон; солҳои 2012-2013 – Муаллими калони кафедраи онтология ва назарияи маърифати факултети фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон; солҳои 2013-2015 – Дотсенти кафедраи онтология ва назарияи маърифати факултети фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ҷонишини декан оид ба илм ва робитаҳои хориҷӣ; солҳои 2015-2016 – Мудири кафедраи идоракунии давлатии Донишкадаи идоракунии давлатӣ назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон; солҳои 2016-2018 – Директори Инистути конфутсияи назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон; 2018-2021 дотсенти кафедраи онтология ва назарияи маърифат, аз соли 2021 то ҳол профессори кафедраи онтология ва назарияи маърифати факултети фалсафаи ДМТ. Соли 2020 ҳимояи рисолаи докторӣ дар мавзӯи «Зоҳиршавии ифротгароии динӣ-сиёсӣ дар шароити инкишофи ҷомеаи тоҷик ва роҳҳои пешгирии он: таҳлили иҷтимоӣ-фалсафӣ» дар шӯрои диссертатсионии назди ДМТ аз рӯи ихтисоси 09.00.11 – фалсафаи иҷтимоӣ Самти асосии таҳқиқоти илмии профессор Маҳмадизода Н. Д.-ро масъалаҳои фалсафӣ, иҷтимоӣ–сиёсӣ, фарҳангии ифротгароии динӣ-сиёсӣ ташкил медиҳад. Дар баробари ин мавсуф дар навиштани чандин дастурҳои таълимӣ ва барномаҳои таълимӣ аз фанҳои «Фалсафаи табиат», «Фалсафаи сиёсат» машғул мебошад. Номбурда муаллифи 2 монография, 2 китоби дарсӣ ва зиёда аз 49 мақолаҳои илмӣ аст. Оиладор, соҳиби чор фарзанд.
- Вазифа: профессори кафедра
- Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои фалсафа
- Суроға: ш. Душанбе, кучаи Буни Ҳисорак, шаҳраки донишҷўён, бинои №15
- Телефон: +(992) 985-25-66-99
- E-mail: farukh1984@mail.ru
Худойдодзода Фаррух Бегиҷон – доктори илмҳои фалсафа, профессор. 1-уми январи соли 1984 таваллуд шудааст. Дастовардҳои муҳими илмӣ ва касбӣ: соли 2000-2005 – Донишҷӯи шӯъбаи арабии факултети Шарқшиносии Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон (ҳоло ДМТ). Солҳои 2005-2011 – ходими хурди илмӣ, ходими илмӣ ва ходими калони илмии Институти фалсафаи ба номи А.М.Баҳоваддинови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон; солҳои 2006-2009 – аспиранти институти Фалсафа ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (шӯъбаи ғоибона); солҳои 2010-2011 – коромӯзи кафедраи мантиқи факултети фалсафаи Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В.Ломоносова (бо дастгирии стипендияи байнламиллалии президентӣ «Дурахшандагон»); соли 2011 – ҳимоя рисолаи номзадӣ дар мавзӯи «Таҳлили татбиқии назарияи қазияи Арасту ва Ибни Сино» аз рӯи ихтисоси 09.00.07 – мантиқ. (дар шӯрои дифои назди факултети фалсафаи Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В.Ломоносов; солҳои 2011-2013 – муаллими калони кафедраи онтология ва назарияи маърифати факултети фалсафаи ДМТ; солҳои 2013-2016 – докторанти кафедраи онтология ва назарияи маърифати факултети фалсафаи ДМТ; солҳои 2016-2018 – дотсенти кафедраи онтология ва назарияи маърифати факултети фалсафаи ДМТ; аз соли 2018 то ҳол мудири кафедраи онтология ва назарияи маърифати факултети фалсафаи ДМТ. Соли 2020 – ҳимояи рисолаи докторӣ дар мавзӯи «Рушди назарияи қиёси Арасту аз ҷониби Ибни Сино» дар шӯрои якдафъаинаи назди ДМТ аз рӯи ихтисоси 09.00.07 – мантиқ. Масъалаи асосии таҳқиқотҳои илмии профессор Худойдодзода Ф.Б.-ро масъалаҳои мантиқӣ (дар мисоли мантиқи арастуӣ ва асрҳои миёнаи Шарқ) ташкил медиҳад. Дар баробари ин, мавсуф дар навиштани чандин монографияҳо,китобҳои дарсӣ ва барномаҳои таълимӣ аз фанҳои «Мантиқ», «Назарияи истидлол» саҳм дорад. Номбурда муаллифи2 монография:Сопоставительный анализ теории суждений Аристотеля и Ибн Сины. Душанбе 2015; Сравнительный анализ теории силлогистики Аристотеля и Ибн Сины. Душанбе 2017, як китоби дарсӣ аз фанни «Мантиқ» дар ҳаммуаллифӣ бо Саид Н.С. ва Аҳмадов С., як дастури таълимӣ аз фанни «Мантиқ» 5 барномаи таълимӣ ва зиёда аз 50 мақолаҳои илмӣ аст. Оиладор, соҳиби панҷ фарзанд.
- Вазифа: муаллими калони кафедра
- Дараҷаиилмӣ: номзади илмҳои фалсафа
- Суроға: ш. Душанбе, кӯчаи Буни Ҳисорак, бинои 15
- Телефон: +(992)935-96-06-08
- E-mail: sadullo2688@mail.ru
Назаров Саъдулло Турахонович 26октябри соли 1988дар ноҳияи Роғун ба дунё омадааст. Соли 20011 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси файласуф-муаллим бо дипломи аъло хатм намудааст.Солҳои 2011-2018 ба ҳайси ассистенти кафедраи онтология ва назарияи маърифати факултети фалсафафаъолият намудааст. Аз соли 2018 то кунун мушовири академӣ (эдвайзер)-и дараҷаи 1-уми факултети фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон кору фаъолият дорад. Соли 2021 рисолаи номзадиашро дар мавзуи “Афкори фалсафӣ иҷтимоӣ-сиёсии Ибни Боҷа» дар Шурои диссертатсионии 6D.КОА-026-и назди ДМТ аз рўйи ихтисоси 09.00.03 – таърихи фалсафа дифоъ намудааст.
Самти асосии таҳқиқоти илмии Назаров С.Т-ро масъалаҳои фалсафӣ, иҷтимоӣ–сиёсӣ, динӣ ва фарҳангӣ ташкил медиҳад. Номбурда муаллифи зиёда аз 45 мақолаҳои илмӣ-оммавӣ аст. Оиладор, соҳиби 2 фарзанд.
- Вазифа: муаллими калони кафедра
- Дараҷаиилмӣ: номзади илмҳои фалсафа
- Суроға: ш. Душанбе, кӯчаи Буни Ҳисорак, бинои 15
- Телефон: +(992) 93-332-73-63
- E-mail:кalonzodafaridun@mail.com
Калонзода Фаридун Иброҳимпур – номзади илмҳои фалсафа, муаллими калони кафедра кафедраи онтология ва назарияи маърифати факултети фалсафа. 3-уми декабри соли 1991 таваллуд шудааст. Дастовардҳои муҳими илмӣ ва касбӣ: соли 2009-2014 – Донишҷуӣ факултети фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. Солҳои 2014-2017 – аспиранти кафедраи онтология ва назарияи маърифати факултети фалсафаи ДМТ; аз соли 2018 ассестент ва аз соли 2021 то ҳол муаллими калони кафедраи онтология ва назарияи маърифати факултети фалсафаи ДМТ кору фаъолият дорад. Масъалаи асосии таҳқиқоти илмии Калонзода Ф. И.– ро таълимоти фалсафии ҳаракат, макон ва замон (дар асоси таълимоти Арасту ва Ибни Сино) ташкил медиҳад. Дар баробари ин мавсуф дар навиштани барномаи таълимӣ аз фанни «Онтология» машғул мебошад. Номбурда муаллифи зиёда аз 8 мақолаҳои илмӣ аст. Оиладор, соҳиби як фарзанд.