Кафедраи сотсиология

Таърихи таъсиси кафедра

Соли 1997 тибқи Қарори Ҳукумати Тоҷикистон таълими фанни сотсиология ҳамчун фанни ҳатмӣ дар ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон ҷорӣ гардид. Минбаъд, соли 2001 бо назардошти аҳамияти илмӣ-таълимии он дар асоси қарори Шурои олимони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар назди кафедраи таърихи фалсафа ихтисоси сотсиология таъсис дода шуд. Бо пешрафти илми ҷомеашиносии ватанӣ аз соли 2005 дар назди факултети фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон кафедраи сотсиология таъсис дода шуд. Дар давраи мавҷудияти кафедра онро нафарони зерин роҳбарӣ намудаанд: номзади илмҳои фалсафа, дотсент Назаров М. (2005), доктори илмиҳои сотсиологӣ, профессор Шоисматуллоев Ш. (2005-2008), номзади илмҳои фалсафа, дотсент Баҳромбеков В.А. (2008-2018), номзади илмҳои фалсафа, дотсент Миров Ф.С. (2018-2023), номзади илмҳои сотсиологӣ, муаллими калон Шоев Н.С. (2003-то ҳозир).

Айни замон дар кафедра 14 нафар, аз ҷумла 1 нафар узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илм, профессор (Ш. Шоисматуллоев), 4 нафар номзади илм дотсентон (В.А. Баҳромбеков, Ф.С. Миров, Б.А. Насурова ва М.Т. Таваллоев); 2 нафар номзадҳои илм, муаллими калон (Н.С. Шоев ва Н.З. Бобохонова), 3 нафар муаллими калон (М.А. Абдуллоева, А.М. Барфиев ва М. Наҷмуддин) ва 4 нафар ассистент (У.Б. Ахмедова, Т.Ҳ. Умаров, Ш.Т. Салимова ва А.М. Нурматова) фаъолият доранд.

Кафедраи сотсиология кафедраи тахассусӣ ба шумор рафта, дар баробари таълими фанҳои умумидонишгоҳӣ, инчунин корҳои зеринро низ иҷро менамояд: тадриси фанҳои тахассусии ихтисоси сотсиология дар шакли – дарсҳои лексионӣ, семинарӣ ва амалӣ; ташкили санҷишҳои фосилавӣ ва ҷамъбастӣ; ташкили имтиҳони давлатӣ; таҳияи мавзуъҳои корҳои курсӣ, хатмкунӣ, рисолаҳои магистрӣ; таҳияи саволномаҳои имтиҳонӣ, санҷишӣ ва контролӣ; матнҳои лексионӣ, коркардҳои методӣ ва барномаҳои таълимӣ барои фанҳои тахассусӣ; дастур ва воситаҳои таълимӣ, китобҳои дарсӣ; таъмин бо кадрҳои соҳибтахассус ва дорои дараҷа ва унвони илмӣ; баланд бардоштани сифати таҳсилот; оид ба масъалаҳои мубрами иҷтимоӣ гузаронидани таҳқиқотҳои сотсиологӣ ва ғ.

Кафедраи сотсиология мутахассисони бакалавр (23010500), магистр (23010510) ва докторантони PhD (6D050100)-и соҳаи сотсиологияро омода месозад. Баъд аз хатми зинаи бакалаври ихтисоси сотсиология донишҷӯён дар магистратура ва докторантура PhD таҳсилашонро идома дода метавонанд. Мутахассисоне, ки ихтисоси мазкурро хатм менамояд, дар оянда дар мақомоти идоракунии давлатӣ, мақомоти ҳифзи иҷтимоӣ, вазорату идораҳо, марказҳои таҳқиқоти сотсиологӣ ва маркетингӣ, муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ кору фаъолият карда метавонанд.

Фанҳои таълимии кафедраи сотсиология

  1. Сотсиологияи умумӣ
  2. Таърихи сотсиология
  3. Сотсиологияи оила
  4. Сотсиологияи меҳнат
  5. Сотсиологияи гурӯҳҳои иҷтимоӣ-демографӣ
  6. Сотсиологияи низоъ
  7. Сотсиологияи ташкилот
  8. Сотсиологияи тағйироти иҷтимоӣ
  9. Сотсиологияи иртиботи оммавӣ (ВАО)
  10. Сотсиологияи дин ва маданият
  11. Сотсиологияи сиёсӣ
  12. Табақабандии иҷтимоӣ
  13. Методика ва техникаи тадқиқоти сотсиологӣ
  14. Сотсиологияи маориф
  15. Сотсиологияи каҷрафтории иҷтимоӣ
  16. Сотсиологияи шаҳру деҳот
  17. Сотсиологияи маориф
  18. Сотсиологияи идоракунӣ
  19. Сотсиологияи шахс
  20. Коркард ва таҳлили ахбор дар сотсиология
  21. Сотсиологияи муносибатҳои байналхалқӣ
  22. Сотсиологияи ҳуқуқ
  23. Истифодаи технологияи муосири иттилоотӣ дар таҳқиқоти сотсиологӣ
  24. Масъалаҳои асосии сотсиология
  25. Методика ва техникаи таҳқиқоти сотсиологӣ
  26. Институтҳо ва ташкилотҳои иҷтимоӣ
  27. Таърих ва методологияи илм
  28. Методология ва методи тадқиқоти илмӣ дар сотсиология
  29. Сиёсати иҷтимоӣ дар Тоҷикистон

Баъзе китобҳои дарсӣ ва васоити таълимю методие, ки устодони каферда дар 5-соли охир нашр намудаанд:

  1. Миров, Ф.С. Сотсиологияи ҳуқуқ. Воситаи таълимӣ / Ф. Миров, В. Баҳромбеков. Зери таҳрири профессор Ш. Шоисматуллоев. – Душанбе, 2023. – 270 с.
  2. Насурова, Б.А. Сотсиологияи љавонон. Воситаи таълимӣ / Б.А. Насурова. Зери таҳрири профессор Ш. Шоисматуллоев. – Душанбе, 2023. – 246 с.
  3. Баҳромбеков, В.А. Сотсиология. Китоби дарсӣ / В. А. Баҳромбеков, Ф.С. Миров. Зери таҳрири профессор Ш. Шоисматуллоев. – Душанбе: ДМТ, 2023. – 520 с.
  4. Таваллоев М.Т. Табаќабандии иљтимої. Воситаи таълимї. – Душанбе: ДМТ, 2022. – 240 с.
  5. Миров Ф., Носиров С.Ш. Сотсиология. Воситаи таълимӣ. – Душанбе, 2021. – 279 с.
  6. Миров Ф.С. Методика ва техникаи тадќиќоти сотсиологї. – Душанбе: ДМТ, 2021. – 354 с.
  7. Муҳаммадқодири Н. Таълимотҳои иҷтимоии мутафаккирони Шарқ. Воситаи таълимӣ. – Душанбе: ДМТ, 2021. – 214 с.
  8. Комилова, М.Д. Девиантология / М.Д. Комилова, С.Х. Расулов, М.И. Каримзода. Воситаи таълимї. – Душанбе: ДМТ, 2020. – 200 с.
  9. Шоисматуллоев, Ш. Сотсиология / Ш. Шоисматуллоев, Х. Идиев, В. Бањромбеков, Ф. Миров. Китоби дарсӣ. Зери тањрири профессор Шоисматуллоев Ш. – Душанбе: Ирфон, 2019. – 520 с.

Монографияҳо

  1. Миров, Ф.С. Омӯзиши масъалаҳои иҷтимоӣ-иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон (маводи натиҷаҳои тадқиқоти сотсиологӣ). Монография / Ш. Шоисматуллоев, Ф.С. Миров. – Душанбе: Илм, 2023. – 70 с.
  2. Шоев, Н.С. Масъалаи маргиналият њамчун зуњуроти иљтимоӣ дар љомеаи муосири Тољикистон. Монография / Н.С. Шоев. – Душанбе: ДМТ, 2023. – 160 с.
  3. Таваллоев М.Т. Проблемы и перспективы среднего класса в Республике Таджикистан. Монография. – Душанбе: ТНУ, 2021. – 145 с.
  4. Миров, Ф.С. Социальные функции права как социального института в условиях формирования демократического общества: Монография / Ф.С. Миров. – Душанбе: ДМТ, 2020. – 144 с.
  5. Баҳромбеков, В.А. Становление и развитие политической культуры в процессе строительства правового и демократического государства в Таджикистане. Монография / В.А. Баҳромбеков. – Душанбе, 2020. – 120 с.
  6. Шоисматуллоев, Ш. Тољикистон дар солњои истиќлолият: дигаргунсозињои иљтимої ва иљтимої – фарњангї / Ш. Шоисматуллоев. Монография. – Душанбе: Дониш, 2018. – 160 с.
  7. Комилова, М. Гражданская социализация молодёжи в условиях трансформирующегося таджикистанского общества / М. Комилова. Монография. – Душанбе: Сино, 2018. – 147 с.

ҲАЙАТИ УСТОДОНИ КАФЕДРА

Шоев Неъматҷон Султонович
  • Вазифа: мудири кафедра
  • Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои сотсиологӣ
  • Суроға: ш. Душанбе, кӯчаи Буни Ҳисорак, бинои 15, ошёнаи 2, утоқи 33
  • Телефон: +(992) 906-11-38-11
  • E-mail:shoev1987@mail.ru

Шоев Неъматҷон Султонович21 январи соли 1987 дар н. Рӯдакӣ таваллуд шудааст. Соли 1994 ба мактаби миёнаи №70 ноҳияи Рудаки ба синфи 1-ум рафта, соли 2003 синфи 9-уми мактаби мазкурро хатм намуда, ба Колеҷи Фарҳнаги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Буйдоқов П. Ҷ. шуъбаи рузноманигори дохил шуд. Соли 2006 колеҷи мазкурро хатм кард. Соли 2006 Ҳуҷатҳоямро ба шуъбаи сотсиологияи факултети фалсафаи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон супорид. Соли 2011 донишгоҳро бо дипломи аъло хатм намуд. Аз соли 2011 то ҳол ба ҳайси ассистент ва баъдан, муаллими калони кафедраи сотсиологияи факултети фалсафа фаъолият дорад. 23-уми сентябри соли 2022 дар назди Шурои дифои рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ 6D.КОА-05 дар заминаи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АИ ҶТ дар мавзуи «Маргиналият ва зухуроти он дар ҷомеаи муосири Тоҷикистон» аз рӯи ихтисоси 22.00.04 – Сохтори иҷтимоӣ, институтҳои иҷтимоӣ ва равандҳо ҳимоя намуда, соҳиби дараҷаи номзади илмҳои сотсиологӣ гаштааст. Аз соли 2003 ба вазифаи мудири кафедраи сотсиология интихоб шудааст. Шоев Н. дар гурӯҳҳои тахассусӣ аз фанҳои “Сотсиологияи меҳнат”, “Глобализатсия ва ВАО” ва дар факултетҳои ғайритахассусии ДМТ аз фанни “Сотсиология” дарс медиҳад. Дар давоми фаъолияти илмӣ-педагогии худ зиёда аз 10 мақолаҳо ва фишурдаҳои илмиро чоп намудааст.

  • Вазифа: профессори кафедра
  • Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои сотсиологӣ
  • Суроға: ш. Душанбе, кӯчаи Буни Ҳисорак, бинои 15, ошёнаи 2, утоқи 33
  • Телефон: +(992) 93-508-68-78
  • E-mail: afkor2010@mail.ru

Шоисматуллоев Шоназар – профессори кафедраи сотсиологияи факултети фалсафаи ДМТ, Узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои сотсиология, профессор. Дастовардҳои муҳими илмӣ ва касбӣ: хатми Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т.Г. Шевченко соли 1968 бо ихтисоси муаллими фанҳои забон ва адабиёти рус. Солҳои 1970-1971 таҷрибаомӯзи Институти таҳқиқотҳои мушаххаси иҷтимоии АИ ИҶСС; 1971-1974 аспиранти Институти таҳқиқоти сотсиологии АИ ИҶСС; 1988-1989 курси такмили ихтисоси Институти сотсиологияи АИ ИҶСС; 1993-1997 докторанти Институти сотсиологияи АИ Федератсияи Россия. Соли 1977 ҳимояи диссертатсия дар мавзуи «Омилҳои иҷтимоии интихоби касб» дар шурои диссертатсионии назди Институти таҳқиқотҳои сотсиологии АИ ИҶСС барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои фалсафа аз рӯи ихтисоси 09.00.09. – Сотсиологияи таҷрибавӣ. Соли 2000 ҳимояи диссертатсия дар мавзуи «Ҷойивазкунии иҷтимои байни наслӣ ва таҳавуллоти рафтори иҷтимоии ҷавонон дар ҷомеаи буҳронӣ» барои дарёфти дараҷаи илмии доктори илмҳои сотсиология аз рӯи ихтисоси 22.00.04 – Сохтори иҷтимоӣ, институтҳо ва равандҳои иҷтимоӣ. Соли 2003 дотсент аз рӯи ихтисос, соли 2005 профессор аз рӯи ихтисос, соли 2008 Узви вобастаи АМИТ. Масълаҳои асосии таҳқиқотҳои илмии Ш. Шоисматуллоев омӯзиши худмуайянкунии касбӣ ва иҷтимоии насли наврас, системаи таълимоти ҳамагонӣ ва касбӣ, инкишоф ва тағйирёбии сохтори иҷтимоӣ, табақабандии иҷтимоӣ ва ҷойивазкунии иҷтимоӣ, нобаробарии гендерӣ ва ғайра мебошанд. Шоисматуллоев Ш. муаллифи зиёда аз 180 асари илмӣ аст.

Баҳромбеков Вафобек Амадбекович
  • Вазифа: дотсенти кафедра
  • Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои фалсафа
  • Суроға: ш. Душанбе, кӯчаи Буни Ҳисорак, бинои 15, ошёнаи 2, утоқи 33
  • Телефон: +(992) 93-549-38-18
  • E-mail: daler042010@mail.ru

Баҳромбеков Вафобек Амадбекович, номзади илмҳои фалсафа, дотсенти кафедраи сотсиологияи факултети фалсафаи ДМТ, 08-феврали соли 1965 дар ноҳияи Шуғнони ВМКБ таваллуд шудааст. Солҳои 1985-1990 дар факултети филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (ҳоло ДМТ) бо ихтисоси муаллими забон ва адабиёти тоҷик таҳсил намудаст. Соли 2008 рисолаи номзадии худро дар мавзуи “Барқароршавӣ ва рушди маданияти сиёсӣ дар раванди бунёди давлати ҳуқуқбунёд ва демократӣ дар Тоҷикистон” зери роҳбарии илмии профессор Ш. Шоисматуллоев дар самти ихтисоси 09.00.11 – Фалсафаи иҷтимоӣ ҳимоя намудааст. Солҳои 2008-2018 ба вазифаи мудири кафедраи сотсиологияи факултети фалсафаи ДМТ фаъолият намудааст. Аз соли 2018 то инҷониб ба вазифаи раиси шурои методии факултети фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолият дорад. Баҳромбеков В.А. муаллифи 8 монография ва китобу воситаҳои таълимӣ ва зиёда аз 25 мақолаҳои илмӣ мебошад. Дар гурӯҳҳои тахассусӣ аз фанҳои «Сотсиологияи идоракунӣ», «Таърихи сотсиология», «Иртиботи иҷтимоӣ» ва дар факултетҳои ғайритахассусии ДМТ аз фанни «Сотсиология» бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ дарс медиҳад. Китобҳои асосии Баҳромбеков В. “Сотсиологияи ҳуқуқ” (2023, ҳаммуаллифӣ), “Сотсиология” (2023), “Становление и развитие политической культуры в процессе строительства правового и демократического государства в Таджикистане” (2020), “Сотсиология” (ҳамуаллифӣ, 2019), “Асосҳои сотсилогия” (ҳаммуаллифӣ, 2016), “Кори иҷтимоӣ бо оила” (ҳаммуаллифӣ, 2012), “Муқаддимаи кори иҷтимоӣ” (ҳаммуаллифӣ, 2011) ва ғайраҳо. Соли 2008 ба «Аълочии маорифи халқ» ва соли 2011 ба “Ифтихорномаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон” мушарраф гардидааст.

Миров Фирӯз Сафаралиевич
  • Вазифа: дотсенти кафедра
  • Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои фалсафа
  • Суроға: ш. Душанбе, кӯчаи Буни Ҳисорак, бинои 15, ошёнаи 2, утоқи 33
  • Телефон: +(992) 93-733-33-11
  • E-mail: mirov2010@mail.ru; mirov.firuz.s@gmail.com

Миров Фирӯз Сафаралиевич (соли таваллудаш 12.09.1979) – номзади илмҳои фалсафа, дотсент (2017). Соли 2003 факултети фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро аз рӯи ихтисоси файласуф хатм намудааст. Аз соли 2003 то 2005 дар кафедраи таърихи фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба ҳайси ассистенти кафедра кор кардааст. Ҳамзамон соли 2003 ба аспирантураи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шуда, соли 2007 онро хатм намудаааст. Аз соли 2005 ба ҳайси ассистенти кафедраи сотсиологияи факултети фалсафаи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон фаъолияти худро давом додааст. Соли 2016 рисолаи номзадии худро дар мавзуи “Вазифаҳои иҷтимоии ҳуқуқ ҳамчун институти иҷтимоӣ дар шароити ташаккулёбии ҷомеаи демократӣ” (роҳбарони илмӣ Ш. Шоисматуллоев ва В. Баҳромбеков) ҳимоя намуда, соҳиби унвони номзади илмҳои фалсафа (аз рӯи ихтисоси фалсафаи иҷтимоӣ) гардидааст. Соли 2016 ба вазифаи муаллими калон ва аз соли 2018 ба вазифаи дотсенти кафедраи сотсиологияи интихоб гардидааст. Солҳои 2016-2018 ба вазифаи муовини декани факултети фалсафаи ДМТ оид ба илм ва муносибатҳои байналхалқӣ ва котиби Шурои олимони факултети фалсафа фаъолият намудааст. Аз соли 2018 то 2021 котиби илмии Шурои диссертатсионии дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯйи ихтисоси 6D050300 – Психологияи Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Ҳамзамон аз соли 2018 то соли 2023 дар вазифаи мудири кафедраи сотсиология фаъолият намудааст. Муаллифи 12 монография, китобу воситаҳои таълимӣ ва зиёда аз 30 мақолаҳои илмӣ мебошад. Аз фанҳои «Сотсиологияи умумӣ», «Методология ва техникаи гузаронидани тадқиқотҳои сотсиологӣ», «Коркард ва таҳлили ахбор» ва «Сотсиологияи ҳуқуқ» дарс мегӯяд.

Насурова Беҳрӯ Асадуллоевна
  • Вазифа: дотсенти кафедра
  • Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои фалсафа
  • Суроға: ш. Душанбе, кӯчаи Буни Ҳисорак, бинои 15, ошёнаи 2, утоқи 33
  • Телефон: +(992) 93-180-63-69
  • E-mail: behru@mail.ru

Насурова Беҳрӯ Асадуллоевна 9-ми ноябри соли 1982 дар оилаи коргар таваллуд шудааст. Солҳои таҳсил дар мактаби миёна (1989-2000). Хатмкардаи факултаи фалсафаи ихтисоси психологияи ДДМТ (ҳоло бошад Донишгоҳи миллии Тоҷикистон), ш. Душанбе (2005). Муҳаққиқ–коромӯзи кафедраи сотсиологияи факултаи фалсафаи ДМТ (2005-2006). Аспиранти кафедраи сотсиологияи факултаи фалсафаи ДМТ (2006-2009). Ассистенти кафедраи сотсиологияи факултаи фалсафаи ДМТ (аз соли 2009 то 2012). Муаллими калони кафедраи сотсиологияи факултаи фалсафаи ДМТ (аз соли 2012). Аз соли 2022 то имрӯз дотсенти кафедраи сотсиологияи факултаи фалсафаи ДМТ мебошад. Соли 2012 рисолаи номзадии худро дар мавзуи “Масъалаҳои иҷтимоии ташаккулёбии ҷавонон дар ҷомеаи тағйирёбандаи Тоҷикистон” дар самти ихтисоси 09.00.11 – фалсафаи иҷтимоӣ ҳимоя намудааст. Насурова Б. муаллифи 1 монография, 1 воситаи таълимӣ ва зиёда аз 30 мақолаҳо ва фишурдаҳои илмӣ мебошад. Аз фанҳои тахассусии «Сотсиологияи ҷавонон», «Сотсиологияи шаҳр ва деҳот» ва дар факултетҳои ғайритахассусии ДМТ аз фанни “Сотсиология” дарс медиҳад.

Таваллоев Музаффар Тавакалшоевич
  • Вазифа: дотсенти кафедра
  • Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои сотсиологӣ
  • Суроға: ш. Душанбе, кӯчаи Буни Ҳисорак, бинои 15, ошёнаи 2, утоқи 33
  • Телефон: +(992) 93-599-32-32
  • E-mail: muz_tv83@mail.ru

Таваллоев Музаффар Тавакалшоевич7 декабри соли 1983 дар ш. Душанбе таваллуд шудааст. Соли 1991 ба мактаби миёнаи №23 ноҳияи Роҳи-Оҳан имрӯза Шоҳмансури ш. Душанбе ба синфи 1-ум рафта, соли 2001 синфи 11-уми мактаби мазкурро хатм намуда, ба шуъбаи сотсиологияи факултети фалсафаи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон дохил шудаст. Соли 2006 соҳиби маълумоти олӣ бо ихтисоси сотсиолог гаштааст. Аз соли 2006 то 2007 коромӯзи кафедраи сотсиологияи факултети фалсафа. Аз соли 2007 фаъолияти педагогии худро дар кафедраи мазкур оғоз намуда, то ҳол идома медиҳад. Соли 2008 ба шуъбаи ғоибонаи аспирантураи Акдемияи миллии илмҳои Тоҷикистон (шуъбаи сотсиологияи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинов) дохил шуда, соли 2012 онро хатм намудааст. 8-уми октябри соли 2019 дар назди Шурои дифои рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ 6D.КОА-018 дар заминаи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АИ ҶТ дар мавзуи «Мушкилот ва дурнамои рушди синфи миёна дар ҶТ» рисолаи номзадиро аз рӯи ихтисоси 22.00.04 – сохтори иҷтимоӣ, институтҳои иҷтимоӣ ва равандҳо ҳимоя намуда, соҳиби дараҷаи номзади илмҳои сотсиологӣ гаштааст. Аз соли 2022 то имрӯз дотсенти кафедраи сотсиологияи факултаи фалсафаи ДМТ мебошад. Муаллифи 25 мақолаҳои илмӣ, 1 монографияи илмӣ ва 2 воситаи таълимӣ аст. Аз фанҳои “Сотсиологияи умумӣ”, “Сотсиологияи сиёсӣ” ва “Табақабандии иҷтимоӣ” дарс медиҳад.

Бобохонова Нилуфар Зиёратшоевна

  • Вазифа: муаллими калони кафедра
  • Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои сотсиологӣ
  • Суроға: ш. Душанбе, кӯчаи Буни Ҳисорак, бинои 15, ошёнаи 2, утоқи 33
  • Телефон: +(992) 93-536-95-93
  • E-mail: nilufar_1983@mail.ru

“Бобохонова Нилуфар Зиёратшоевна (24.12.1986) – ассистенти кафедраи сотсиологияи факултети фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. Соли 2009 ихтисоси сотсиологияи факултети фалсафаи Донишгоҳи давлалии миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси сотсиолог хатм кардааст. Солҳои 2010-2014 ҳамчун аспиранти шуъбаи рӯзонаи кафедраи сотсиология ДМТ таҳсил намудааст. Солҳои 2011-2013 дар кафедраи сотсиология ба ҳайси корманди ғайриштатӣ кор кардааст. Солҳои 2009-2014   ба ҳайси лаборанти калони шуъбаи фалсафаи иҷтимоии АИ ҶТ фаъолият намудааст. Аз моҳи августи соли 2015 ба ҳайси ассистент ва аз соли 2023 то ҳол ба сифати муаллими калони кафедраи сотсиологияи факултети фалсафаи ДМТ кор мекунад. 23-уми сентябри соли 2022 дар назди Шурои дифои рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ 6D.КОА-05 дар заминаи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АИ ҶТ дар мавзуи «Таҳаввулоти вазифаҳои иҷтимоии маориф дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз рӯи ихтисоси 22.00.04 – Сохтори иҷтимоӣ, институтҳои иҷтимоӣ ва равандҳо ҳимоя намуда, соҳиби дараҷаи номзади илмҳои сотсиологӣ гаштааст. Дар гурӯҳҳои тахассусӣ аз фанҳои “Ояндабинии иҷтимоӣ”, “Этносотсиология” ва дар факултетҳои ғайритахассусии ДМТ аз фанни “Сотсиология” дарс медиҳад. Дар тӯли фаъолияти илмӣ-педогогии худ 2 воситаи таълимӣ ва зиёда аз 15 мақолаҳо ва фишурдаҳои илмиро чоп кардааст.

Абдуллоева Мунаввар Ахмадулоевна
  • Вазифа: муаллими калони кафедра
  • Дараҷаи илмӣ: –
  • Суроға: ш. Душанбе, кӯчаи Буни Ҳисорак, бинои 15, ошёнаи 2, утоқи 33
  • Телефон: +(992) 919-55-74-79
  • E-mail:

Абдуллоева Мунаввар Ахмадулоевна соли 1952 дар шаҳри Душанбе дар оилаи санъаткор таваллуд шудааст. Соли 1959 таҳсилро дар мактаби миёнаи рақами №11 оғоз намуда, соли 1969 мактаби миёнаи рақами 53-и ш. Душанберо хатм намуд. Ҳамон сол ба факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин дохил шуд. Аз курси сеюм дар факултаи филологияи рус таҳсили худро давом дод. Соли 1976 донишгоҳро хатм намуд ва барои кор ба мактаби миёнаи № 11 ш. Душанбе роҳхат гирифта аз забони русӣ ва адабиёти рус дарс дод. Аз соли 1983 дар мактаби №6, ш. Қурғон-Теппа фаъолияти педагогии худро давом дод. То соли 1993 дар ин мактаб муаллимаи забони русӣ шуда кор кард. Соли 1992 бо унвони «Муаллими хизматнишондодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Аълочии маорифи халқ» сарфароз гардид. Аз соли 1998 то ин ҷониб, аввал дар кафедраи таърихи фалсафа ва баъдан дар кафедраи сотсиологияи факултети фаласафаи Донишгоҳи милллии Тоҷикистон фаъолияти педагогии худро давом дода истодааст. Аз фанҳои ихтисосии «Сотсиологияи дин ва маданият», «Сотсиолдогияи гендерӣ» дар ихтисосӣ сотсиология, таърихи дин, фарҳангшиносӣ, сотсиология дар факултетҳои ғайриихтисосӣ дар гӯруҳои русӣ дарс медиҳад. Дар муддати фаъолияти бештар аз 20 солаи худ ба ғайр аз корҳои методӣ бо навиштани тезисҳо, мақолаҳои илмӣ машғул аст. Бештар аз 15 фишурда ва 7 мақолаи илмӣ навиштааcт.

Барфиев Абдурахмон Мирзоевич
  • Вазифа: муаллими калони кафедра
  • Дараҷаи илмӣ: –
  • Суроға: ш. Душанбе, кӯчаи Буни Ҳисорак, бинои 15, ошёнаи 2, утоқи 33
  • Телефон: +(992) 93-452-54-58
  • E-mail: abdurahmon.barfiev@gmail.com

Барфиев Абдурахмон Мирзоевич 29.06.1979 дар ш. Душанбе таваллуд шудааст. Соли 1996 ба Донишгохи миллии Точикистон дохил шуда соли 2001 бо дипломи аъло хатм намуда, худи хамон сол хуччатхои худро ба шуъбаи магистратураи факултаи фалсафа супорид ва соли 2003 бо дипломи аъло хатм намуд. Аз соли 2003 то соли 2007 ба сифати аспиранти шӯбаи сотсиологияи ДМТ таҳсил намудааст. Соли 2004 дар шуъбаи таърихи фалсафаи факултети фалсафаи ДМТ ба ҳайси ассисент ба кор шуруъ намудааст. Аз соли 2005 ба ҳайси ассистент ва аз соли 2012 то инҷониб ба ҳайси муаллими калони кафедраи сотсиологияи факултети фалсафаи Донишгохи Давлатии Миллии Тоҷикистон фаъолияти худро давом медиҳад. Айни замон навиштани рисолаи номзадии худро дар мавзуи «Масъалаҳои мутобиқшавии оилаҳо дар шароити дигаргуниҳои иҷтимоӣ-иқтисодии ҷомеа» дар зери роҳбарии илмии профессор Ш. Шоисматуллоев идома медиҳад. Дар гурӯҳҳои тахассусӣ аз фанҳои “Сотсиологияи оила”, “Сотсиологияи низоъ” ва “Сотсиологияи умуми” дарс медиҳад. Дар тӯли фаъолияти илмӣ-педогогии худ зиёда аз 15 мақолаҳо ва фишурдаҳои илмиро чоп кардааст.

Муҳаммадқодири Наҷмуддин
  • Вазифа: муаллими калони кафедра
  • Дараҷаи илмӣ: –
  • Суроға: ш. Душанбе, кӯчаи Буни Ҳисорак, бинои 15, ошёнаи 2, утоқи 33
  • Телефон: +(992) 93-544-90-91
  • E-mail: najmiddinzoda 90 @mail.ru

Муҳаммадқодири Наҷмуддин 22-юми апрели соли 1990 дар ноҳияи Ёвон, дар оилаи коргар таваллуд шудааст. Солҳои 1997-2008 дар мактаби миёна таҳсил кардааст. Соли 2013 факултаи фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси сотсиология хатм менамояд. Аз соли 2013 ба ҳайси ассистент ва аз соли 2023 то ҳоло ба ҳайси муаллими калони кафедраи сотсиологияи факултети фалсафаи ДМТ кор мекунад. Аз соли 2019 унвонҷӯйи кафедраи сотсиологияи факултаи фалсафаи ДМТ мебошад. Айни замон навиштани рисолаи номзадии худро дар мавзуи «Муносибати таълимоти дунявӣ ва динӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон (таҳлили сотсиологӣ)» ба анҷом расонида, барои ҳимоя пешниҳод намудааст. Аз фанҳои “Сотсиологияи дин ва маданият”, “Таълимотҳои иҷтимоии мутафаккирони шарқ”, “Афкори умум”, “Сотсиологияи умумӣ” дарс мегуяд ва инчунин аз ин фанҳо барномаҳои таълимӣ тайёр намудааст. Дар давоми фаъолияти илмӣ-педагогии худ 1 воситаи таълимӣ ва зиёда аз 15 мақолаҳо ва фишурдаҳои илмиро чоп намудааст.

Салимова Шаҳноза Толибовна
  • Вазифа: ассистенти кафедра
  • Дараҷаи илмӣ: –
  • Суроға: ш. Душанбе, кӯчаи Буни Ҳисорак, бинои 15, ошёнаи 2, утоқи 33
  • Телефон: +(992) 985-54-15-49
  • E-mail: 

Салимова Шаҳноза Толибовна 24 июни соли 1984 дар ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Соли 2008 Донишгоҳи давлатии омӯзгории ба номи Садриддин Айниро аз рӯйи ихтисоси филолог хатм намудааст. Баъди хатми мактаби олӣ аз соли 2008 то соли 2010 дар мактаби миёнаи №1-и ноҳияи Муминобод ба ҳайси муаллимаи забони хориҷӣ (англисӣ) кор кардааст. Аз соли 2011 то соли 2022 дар кафедраи сотсиологияи факултети фалсафа Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба ҳайси лаборанти кафедра фаъолият кардааст. Аз соли 2022 то инҷониб ба ҳайси ассистенти кафедра фаъолият мекунад. Дар гурӯҳҳои тахассусӣ аз фанни “Сотсиологияи маориф” ва дар гурӯҳҳои ғайритахассусӣ аз фанни “Сотсиология” дарс медиҳад. Дар тӯли фаъолияти илмӣ-педогогии худ зиёда аз 15 мақолаҳо ва фишурдаҳои илмиро чоп кардааст.

Ахмедова Умедахон Бақоевна
  • Вазифа: ассистенти кафедра
  • Дараҷаи илмӣ: –
  • Суроға: ш. Душанбе, кӯчаи Буни Ҳисорак, бинои 15, ошёнаи 2, утоқи 33
  • Телефон: +(992) 93-763-33-79
  • E-mail: umeda@mail.ru

Ахмедова Умедахон Бақоевна02-юми майи соли 1990 дар оилаи зиёӣ таваллуд шудааст. Солҳои таҳсил дар мактаби миёна (1996-2007). Хатмкардаи ихтисоси сотсиологияи факултети фалсафаи ДМТ, (2012). Аспиранти шӯбаи сотсиологияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, шӯбаи ғоибона (2013-2016). Ассистенти кафедраи сотсиологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз соли 2013 то инҷониб. Дар давоми солҳое, ки дар кафедра фаъолият мекунад аз фанҳои «Сотсиологияи ташкилот», «Этносотсиология», «Ояндабинии иҷтимоӣ» дарс медиҳад, инчунин аз ин фанҳо барномаҳои таълимӣ омода намудааст. Дар тӯли фаъолияти илмӣ-педагогии худ зиёда аз 10 мақолаи илмиро чоп намудааст.

Умаров Тоҳирҷон Ҳасанович
  • Вазифа: ассистенти кафедра
  • Дараҷаи илмӣ: –
  • Суроға: ш. Душанбе, кӯчаи Буни Ҳисорак, бинои 15, ошёнаи 2, утоқи 33
  • Телефон: +(992) 93-545-02-05
  • E-mail: tohirjon umarov@list.ru

Умаров Тоҳирҷон Ҳасанович 02 марти соли 1994 дар ноҳияи Вахши вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Соли 2001 ба мактаби миёнаи №2 ноҳияи Вахш ба синфи 1-ум рафта, соли 2012 синфи 11-уми мактаби мазкурро хатм намуда, ба ихтисоси сотсиологияи факултети фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шудааст. Соли 2016 соҳиби маълумоти олӣ бо ихтисоси сотсиолог гаштааст. Соли 2016 ба шуъбаи магистратураи кафедраи омори факултети баҳисобгирию иқтисодӣ Донишгоҳи миллии Тоҷикистондохил шуда, соли 2018 онро хатм намудааст. Аз соли 2019 фаъолияти педагогии худро дар кафедраи мазкур оғоз намуда, то ҳол идома медиҳад. 15 январи соли 2020 ба ҳайси унвонҷӯи кафедраи сотсиологияи факултети фалсафа (барои иҷрои корҳои илмию таҳқиқотӣ, супоридани имтиҳонҳои номзадӣ ва омода намудани рисолаи номзадӣ) қабул карда шудааст. Дар гурӯҳҳои тахассусӣ аз фанни “Сотсиологияи гурӯҳҳои иҷтимоӣ-демографӣ” ва дар гурӯҳҳои ғайритахассусӣ аз фанни “Сотсиологияи умумӣ ” дарс медиҳад. Дар маҷмӯъ 10 мақолаи илмӣ чоп кардааст.