Кафедраи таърихи фалсафа ва фалсафаи иҷтимоӣ

Таърихи таъсиси кафедра

Кафедраи таърихи фалсафа ва фалсафаи иҷтимоӣ соли 2010 дар заминаи кафедраи фарҳангшиносӣ таъсис ёфтааст. Дар давраи мавҷудияти кафедра онро нафарони зерин роҳбарӣ намудаанд: доктор илмҳои фалсафа, профессор Ғоибов М.Д. (2005-2012), доктори илмиҳои фалсафа, профессор Комилов Р.С. (2012-2014), номзади илмҳои фалсафа, дотсент. Умедов М.Ҳ. (2014-2016 и.в.), номзади илмҳои фалсафа, дотсент Амирхон Ш.Т. (2016 – то ҳозир).

Айни замон дар кафедра 4 нафар доктори илм, ки аз онҳо 1 нафар академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (Олимов К.), 1 нафар узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (М. Музаффарӣ), 2 нафар докторони илм профессор (Муминов А.И., Умедов М.Ҳ.)  ва 6 нафар номзади илм дотсентон; (Амирхон Ш.Т., Элназаров М.Б., Давлатов П.Н., Давлатёров Ф.Н., Холова А.А., Дастамбуев Н.Ш.); 4 нафар номзадҳои илм (Таҳминаи Т., Маҳмадова М.Ш., Каримов К.Д. Данаева К.Х.), 2 нафар докторони фалсафа PhD (Абубакр М.Г., Саидзода Д.М.) ва 2 нафар муаллими калон (Нодирхонов Г.Г., Қиматшоев Ш.Л.) 1 нафар ассистент (Асташин С.А.) фаъолият доранд.

Кафедраи таърихи фалсафа ва фалсафаи иҷтимоӣ кафедраи тахассусӣ ба шумор рафта, дар баробари таълими фанҳои умумидонишгоҳӣ, инчунин корҳои зеринро низ иҷро менамояд: тадриси фанҳои тахассусии ихтисоси фалсафаро, ки ба кафедра вобаста шудаанд дар шакли – дарсҳои лексионӣ, семинарӣва амалӣ; ташкили санҷишҳои фосилавӣ ва ҷамъбастӣ; ташкили имтиҳони давлатӣ; таҳияи мавзуъҳои корҳои курсӣ, хатмкунӣ, рисолаҳои магистрӣ; таҳияи саволномаҳои имтиҳонӣ, санҷишӣ ва контролӣ; матнҳои лексионӣ, коркардҳои методӣ ва барномаҳои таълимӣ барои фанҳои марбути кафедра; дастур ва воситаҳои таълимӣ, китобҳои дарсӣ; таъмин бо кадрҳои соҳибтахассус ва дорои дараҷа ва унвони илмӣ; баланд бардоштани сифати таҳсилот ва ғ.

Фанҳои таълимии кафедраи таърихи фалсафа ва фалсафаи иҷтимоӣ

  1. Фалсафаи аҳди бостон
  2. Фалсафаи асримиёнагии  Ғарб
  3. Фалсафаи тоҷик
  4. Фалсафаи классики немис
  5. Таърихи фалсафаи муосири хориҷӣ
  6. Таърихи диалектика
  7. Фалсафаи иҷтимоӣ
  8. Фарҳангшиносӣ
  9. Этика ва Эстетика
  10. Герменевтика
  11. Фалсафаи худшиносии миллӣ
  12. Масъалаи инсон дар фалсафа

Баъзе китобҳои дарсӣ ва васоити таълимю методие, ки устодони каферда дар 5-соли охир нашр намудаанд.

  1. Амондуллоев Б.С. Фалсафаи маорифпарварии Шарқи Наздик, Миёна ва Ҳинд. (нимаи дуюми асри XIX ва ибтидои асри ХХ). Воситаи таълимӣ. Душанбе, 2019.-245с.
  2. Давлатёров Ф. Н., Нодирхонов Г. Г. Эстетика. (дастури таълимӣ). Душанбе, 2019.- 124с.
  3. Фарҳангшиносӣ. (ҳайати муаллифон устодони кафедра).- Душанбе, 2020. – 260 с. 
  4. Элназаров М.Б., Амирхонов Ш.Т., Давлатов П.Н., Фалсафаи  худшиносии миллӣ. (воситаи таълимӣ).- Душанбе, 2019.- 196с.
  5. Тахминаи Турахон. Фалсафаи маориф. (дастури таълимӣ).- Душанбе, 2021.- 165с.

Монографияҳо

  • Абубакри М.Г. Таҳлили муқоисавии фалсафаи ахлоқи Абубакри Розӣ ва Насириддини Тўсӣ. Душанбе, 2023.-143с.
  • Амирхонов Ш.Т. Фалсафаи амалии Қутбиддин Шерозӣ.- Душанбе, 2022.
  • Амирхонов Ш.Т. Философско-этические воззрения в мистицизме Ахмада Газали.- Душанбе, 2018.-152с.
  • Амондуллоев Б.С. Реформатерские идейи Мухаммада Абдо. Монография. –Душанбе, 2019.-134 с.
  • Давлатов П.Н. Этические взгляды Мир Саида Али Хамадани.- Душанбе, 2019.-155с.
  • Дастамбуев Н.Ш. Социальная философия современного исмаилизма: проблемы и решения.- Душанбе, 2020. – 152с.
  • Дастамбуев Н.Ш. Фалсафаи иҷтимоии исмоилияи муосир: масоили марбута ва ҳалли онҳо. «Душанбе-Принт».- Душанбе, 2020.- 152с.
  • Мирзоҳусайни Бадалипур. (Элназаров М.Б.) Ҷилои оинаҳо.- Душанбе: «Промэкспо», 2020.- 143с.  
  • Муллобоева Д.А. Вклад Богоутдинова А.М. в становлениии историко-философской науки Республики Таджикистан.- Душанбе, 2020.-126с.
  • Муминов А.И. Религиозный экстремизм: сущность и явления формы проявления и пути решения в постоянно меняющийся современном общества.- Душанбе, 2018.-240 с.
  • Ойинадори ҳикмат. (Маҷмўаи мақолаҳо ба ифтихори 70-солагии устод Муҳаммадалӣ Музаффарӣ).- Душанбе: «Сино», 2017.- 104с.
  • Тахминаи Турахон. Инновация как парадигма философия образования в Республике Таджикистан. Монография.–Душанбе, 2020.-151с.
  • Умедов М.Ҳ. Идеи толерантности философских учениях Фаридаддина Аттара и Ҷалалиддина Руми.- Душанбе, 2023.
  • Холова А.А. Ташаккули ваҳдати иҷтимоӣ дар Тоҷикистон.- Душанбе, 2020.-147с.

ҲАЙАТИ УСТОДОНИ КАФЕДРА

Амирхон Шоҳусайн Талбонӣ
  • Вазифа: мудири кафедра
  • Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои фалсафӣ, дотсент
  • Суроға: ш. Душанбе, кӯчаи Буни Ҳисорак, бинои 15, ошёнаи 2, утоқи 28
  • Телефон: +(992) 933132020
  • E-mail: amirkhonov81@mail.ru

Амирхон Шоҳҳусайн Талбонӣ (26.01.1981с.т.) аз соли 2004 инҷониб дар факултети фалсафа кор мекунад. Солҳои 2004-2005 ассистенти кафедраи  фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, солҳои 2005-2010 ассистенти кафедраи таърихи фалсафа ва фалсафаи иҷтимоии факултети фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва соли 2011 рисолаи номзадиашро дар мавзӯи «Таълимоти фалсафиву ахлоқӣ дар ирфони Аҳмади Ғазолӣ) дифоъ кардааст. Солҳои 2010-2012 муаллими калони кафедраи таърихи фалсафа ва фалсафи иҷтимоӣ ва ҳамзамон муовини декан оид ба илми факултети фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, солҳои 2012-2016 муаллими калон, дотсенти кафедраи таърихи фалсафа ва фалсафаи иҷтимоӣ ва муовини декан оид ба таълими факултети фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолият намуданд. Аз моҳи июни соли 2016 то ҳол мудири кафедраи таърихи фалсафа ва фалсафаи иҷтимоии факултети фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон кор ва фаъолият менамояд.

Муаллифи 2 монографияи илмӣ (Философско-этические воззрения в мистицизме Ахмада Газали), (Фалсафаи амалии Қутбиддин Шерозӣ); 1 китоби дарсӣ (Фарҳангшиносӣ – дар ҳаммуаллифӣ); 1 воситаи таълимӣ (Фалсафаи худшиносии миллӣ – дар ҳаммуаллифӣ) ва зиёда аз 50 мақолаҳои илмӣ мебошад.

Олимов Кароматулло
  • Вазифа: профессори кафедра
  • Дараҷаи илмӣ: академик
  • Суроға: ш. Душанбе, кӯчаи Буни Ҳисорак, бинои 15, ошёнаи 2, утоқи 28
  • Телефон: +(992) 907702115
  • E-mail: olimovk_2007@mail.ru

Олимов Кароматулло дар шаҳри Уротеппа (ҳоло Истаравшан), вилояти Ленинобод (Суғди ҳозира) дар оилаи коргар ба дунё омадааст. Соли 1959 мактаби миёнаи №1 и шахри Уратюбинскро хатм кардааст. Худи ҳамон сол ба шуъбаи шарқии факултети таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дохил шуд. В.И.Ленин. Соли 1964 донишгоҳро бомуваффақият хатм намуда, ихтисоси филолог-шарқшиносро гирифт. Худи ҳамон сол бо тавсияи ректори университет ӯро ба аспирантура фиристоданд, вале соли 1965 бо сабабҳои оилавї аспирантураро тарк карда, дар мактаби ҳафтсолаи шаҳри Уротеппа ба сифати муаллим ба кор шуруъ намуд. Соли 1967 ба аспирантураи Академияи илмҳои Тоҷикистон барқарор карда шуд. Соли 1969 корманди хурди илмии Академияи илмҳои Тоҷикистон шуд. Соли 1971 дар мавзуи «Адидахои фалсафй ва ичтимой-ахлокии Саной» рисолаи номзадї химоя кард. 1971-1974 ходими калони илмии Академияи фанхо. 1974-1977 тарчумони калони иншооти муштараки хамкории СССР ва Афгонистон. Соли 1977 ба Ватан баргашт ва то соли 1980 корашро дар Академияи илмҳои ҷумҳурӣ идома дод. Моҳи марти соли 1980 бо рутбаи котиби 2-юм – тарҷумони калони Сафорати СССР дар Афғонистон ба Кобул фиристода шуда, то соли 1984 дар он ҷо кор кардааст. 1984-1986 ходими калони илмии Институти фалсафаи АИ Точикистон. 1986-1991 мудири шуъбаи таърих ва фалсафаи Институти фалсафаи Академиям фанхои чумхурӣ. 1991-1992  машваратчии идеологии КМ Партияи Коммунистии Точикистон. 1992-2000  мудири шуъбаи фалсафаи Академиям фанхои республика. Аз соли 1994 доктори илми фалсафа. 1996-2000 депутати мачлиси шахри Душанбе. Аз июли соли 1997 то феврали соли 2000 – узви Комиссияи миллии оштии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви зеркумитаи оид ба масъалаҳои гурезаҳо. 1996-2001 котиби 1-уми комитети партиявии шахри Душанбе. Аз июли соли 1997 то феврали соли 2000 – узви Комиссияи миллии оштии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви зеркумитаи оид ба масъалаҳои гурезаҳо. 1996-2001  котиби 1-уми комитети партиявии шахри Душанбе. Аз соли 2000 то 1 октябри соли 2001 – вакили Маҷлиси намояндагони (палатаи поёнии) Маҷлиси Олӣ. Аз 1 октябри соли 2001 то 6 январи соли 2004 вазири маданият. Аз 6 январи соли 2004 – мушовири давлатии Президент оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа. Аз июли соли 2007 – директори Институти фалсафаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тотористон. Аъзо-корреспонденти Академиям фанхои РСС Точикистон. Бо ордени «Нишони Фахрӣ» (1982) барои хизмат дар Афғонистон, унвони «Ходими шоистаи илм ва техникаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» (1989), узви Конфедератсияи байналмилалии Иттифоқи журналистон (1989) мебошад. 1991) ва узви Ҷамъияти фалсафа, инчунин узви Президиуми Ҷамъияти донишҳои Тоҷикистон (1996).

Mуаллифи беш аз 300 мақолаву асарҳои илмӣ ва илмию публисистӣ, аз ҷумла монографияҳои “Ҷаҳонбинии Ҳаким Саноӣ”, “Ҷаҳонбинии Абдуллоҳи Ансорӣ”, “Тасаввуфи Хуросон” (ба забони русӣ), “Баррасиҳо дар тасаввуф”, силсилаи мақолаҳо оид ба проблемаҳои ваҳдати миллӣ ва истиқлоли давлатист.

Муҳаммадалӣ Музаффарӣ
  • Вазифа: профессори кафедра
  • Дараҷаи илмӣ: аъзои корреспонденти АМИТ
  • Суроға: ш. Душанбе, кӯчаи Буни Ҳисорак, бинои 15, ошёнаи 2, утоқи 28
  • Телефон: +(992) 900512693
  • -mail: anthropology.centr@mail.ru

Муҳаммадалӣ Музаффарӣ 29 майи соли 1947 дар ноҳияи Калъаи Хумб таваллуд шудааст. Соли 1965 ба Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон дохил шуда, соли 1970 ин донишгоҳро бо ихтисоси омӯзгори забон ва адабиёти рус хатм кардааст. Доктори илми фалсафа (2000), профессор (2013), аъзо, корреспонденти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (2017) мебошад. Самти асосии фаъолияти тадқиқоти илмиии устод Муҳаммадалӣ Музаффариро- фалсафа, антропология, таърихи антропология ва методологияи тадқиқоти антропологӣ ташкил медиханд.

Фаъолияти кори устод Муҳаммадалӣ Музаффари аз муаллими кафедраи забони русии донишгоҳи ДДТТ (1974-1977), коромўз дар шӯъбаи фалсафаи АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон (1977), коромўзи Институти фалсафаи СССР, Маскав (1977-1979), аспиранти Институти фалсафаи Маскав (1979-1982) ), ходими хурди илмӣ (1982-1983), ходими илмӣ (1983-1985) ва ходими калони илмии Институти фалсафаи АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон (1985-1990), муовини директор оид ба илм ва мудири шӯъбаи онтология ва гносеологияи Пажӯҳишгоҳи фалсафаи АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон (1990-2001), сармутахассиси (2001-2008) Пажӯҳишгоҳи фалсафаи АИҶТ, мудири шӯъбаи фалсафаи назди Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (2008-2019), директори Маркази антропологияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (2009 то ҳоло).

Умедов Мастон Ҳамдамович
  • Вазифа: и.в. профессори кафедра
  • Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои фалсафа
  • Суроға: ш. Душанбе, кӯчаи Буни Ҳисорак, бинои 15, ошёнаи 2, утоқи 28
  • Телефон: +(992) 933013100
  • E-mail: Komron-j@mail.ru 

Умедов Мастон Ҳамдамович (19.08.1976) аз соли 1999 дар шуъбаи фалсафаи факултети таърих ва аз соли 2005 дар факултаи фалсафа кор мекунад. Солҳои 1999-2003 аспиранти ғоибонаи кафедраи умумидонишгоҳии таърихи фалсафаи ДМТ, солҳои 1999-2002 ассистенти кафедраи таърихи фалсафа, солҳои 2002-2009 муаллими калони кафедраи таърихи фалсафа, фарҳангшиносӣ, аз соли 2009- 2023 дотсент ва аз соли 2023 ба њайси и.в. профессори кафедраи таърихи фалсафа ва фалсафаи иҷтимоӣ кор карда истодааст. Аз соли 2014 то 2016 ба ҳайси и.в. мудири кафедраи таърихи фалсафа ва фалсафаи иҷтимоӣ ва аз соли 2016 то 2018 ҷонишини декани факултети фалсафаи ДМТ оид ба таълим фаъолият намудааст.  Аз моҳи сентябри соли 2018 то моҳи сентябри соли 2021 ба ҳайси докторанти кафедраи таърихи фалсафа ва фалсафаи иҷтимоии факултети фалсафа ба таҳқиқи рисолаи докторӣ машғул шуда, дар таърихи 09.10.2020 пеш аз мўҳлат рисолаи доктории худро ҳимоя намудааст.

Муаллифи 2-монографияи илмӣ (Сабк ва хикмати ирфонии «Мусибатнома»-и Фаридуддини Аттор), (Идеи толерантности философских учениях Фаридаддина Аттара и Љалалиддина Руми); 1китоби дарсӣ (Фарҳангшиносӣ– дар ҳаммуаллифӣ); ва зиёда аз 100 мақолаҳои илмӣ- омавӣ мебошад.

Муминов Аҳмад Исматович
  • Вазифа: дотсенти кафедра
  • Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои фалсафӣ, дотсент
  • Суроға: ш. Душанбе, кӯчаи Буни Ҳисорак, бинои 15, ошёнаи 2, утоқи 28
  • Телефон: +(992) 903-
  • E-mail: Ahmadjonmuminzoda@mail.ru

Муминов Аҳмад Исматович (20-уми апрели соли 1961с.т.) соли 1983 ДДОТ ба номи С. Айниро хатм намуда, ба кафедраи педагогика ва психологияи Филиали Донишгоҳи мазкур дар шаҳри Қуронтеппа ба ҳайси ассистенти кафедра ба кор шуруъ намуд. Аз моҳи майи соли 1985 то моҳи ноябри соли 1986 дар сафи Артиши Шӯравӣ хизмат намудааст. Аз моҳи сентябри соли 1988 то моҳи августи соли 1990 дар вазифаи омӯзгори фанни таърих ва ҷомеашиносии мактаби миёнаи №8 ноҳияи Ҳамадонӣ фаъолият намуд. Аз соли 1990 то соли 1993 омӯзгори фанни фалсафаи кафедраи фанҳои ҷамъиятшиносӣ шуда, дар Филиали Донишгоҳи омӯзгории Душанбе дар шаҳри Қуронтеппа фаъолият намудааст. Солҳои 1993-1994 сардори Отряди ЯС 3/1 шуда хизмат намудааст. Солҳои 1995-1996  ходими хурди илмии Институти Фалсафа ва ҳуқуқи АИҶТ шуда фаъолият намудааст.

Аз сентябри соли 1996 то соли 2001 омӯзгори сикли ҳарбӣ-иқтисодии кафедраи фанҳои ҷамъиятии Коллеҷи олии ВМҶТ шуда ҳамчун афсар хизмат намудааст. Моҳи августи соли 2001 тосоли 2003 ба Донишгоҳи ҳарбии шаҳри Москва дохилшуда, баъди хатм дар кафедраи ҷамъиятии Донишкадаи ҳарбии ВМҶТ ба сифати муовини сардори кафедра хизмат намуд. Аз моҳи сентябри соли 2004 дар адюнктураи Донишгоҳи ҳарбии шаҳри Москва дохилшуда, 2 ноябри соли 2007 рисолаи номзадиро дар мавзӯи “Экстремизми динӣ ҳамчун таҳдид ба ҷомеаи муосир” ҳимоя намуд. Аз соли 2008 то соли 2014 ба сифати сардори кафедраи гуманитарӣ дар ДҲБМ хизмат намуд ва бо расидани синни ниҳоӣ бо рутбаи полковник ба нафақа баромад. Аз 5 майи соли 2014 то 7 феврали соли 2015 сармутахассиси раёсати илм ва иновтсияи Вазорати маориф ва илми ҶТ шуда фаъолият намудааст. Аз 7 феврали соли 2015 то 30 августи соли 2017 мудири кафедраи гуманитарии Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомузии кадрҳои соҳаи маориф шуда кор кардааст. Соли 2018 рисолаи докториашро дар мавзуи «Экстремизми дини дар доираи тағйироти иҷтимоӣ» бомувафақият ҳимоя намуд. Аз моҳи сентябри соли 2018 то ҳоло дар кафедраи таърихи фалсафа ва фалсафаи иҷтимоӣ ба сифати дотсент фаъолият дорад.

Давлатов Пулодҷон
Нуралиевич
  • Вазифа: дотсенти кафедра
  • Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои фалсафӣ, дотсент
  • Суроға: ш. Душанбе, кӯчаи Буни Ҳисорак, бинои 15, ошёнаи 2, утоқи 28
  • Телефон: +(992) 93424291
  • E-mail:

Давлатов Пулодҷон Нуралиевич (26.09.1976с.т.) аз соли 2005 инҷониб дар факултети фалсафа кор мекунад. Солҳои 2005-2010 ассистенти кафедраи фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, солҳои 2010-2016 ассистенти кафедраи онтология ва назарияи маърифати факултети фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, солҳои 2016-2017 муаллими калони кафедраи таърихи фалсафа ва фалсафи иҷтимоии факултети фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, солҳои 2017 то 2019 дотсенти кафедраи таърихи фалсафа ва фалсафаи иҷтимоӣ ва аз моҳи сентябри соли 2019 докторанти кафедраи таърихи фалсафа ва фалсафаи иҷтимоии факултети фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолият доштанд.  Аз моҳи сентябри соли 2022 то кунун ба сифати дотсенти кафедраи таърихи фалсафа ва фалсафаи иҷтимоии факултети фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолият доранд.

Аз соли 2009 то соли 2014 муовини декан оид ба корҳои тарбиявии факултети фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон кор ва фаъолият намудааст.

Соли 2014 рисолаи номзадиашро дар мавзӯи «Андешаҳои ахлоқии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ»  дифо кардааст. Муаллифи 1 монографияи илмӣ (Этические воззрения Мир Саида Али Хамадани); 1 китоби дарсӣ (Фарҳангшиносӣ – дар ҳаммуаллифӣ); 1 востаи таълимӣ (Фалсафаи худшиносии миллӣ – дар ҳаммуаллифӣ) ва зиёда аз 30 мақолаҳои илмӣ мебошад.

Элназаров Мирзоҳусайн
Бадалиевич
  • Вазифа: дотсенти кафедра
  • Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои фалсафӣ, дотсент
  • Суроға: ш. Душанбе, кӯчаи Буни Ҳисорак, бинои 15, ошёнаи 2, утоқи 28
  • Телефон: +(992) 909095827
  • E-mail: badalipur@mail.ru

Элназаров Мирзоҳусайн Бадалиевич (Мирзоҳусайни Бадалипур) (19.07.1963) аз соли 1996 то инҷониб дар факултети фалсафа кор ва фаъолият дорад. Солҳои 1998 -2004 муаллими калони кафедраи таърихи фалсафаи ДДТ, солҳои 2007-2010 муаллими калони кафедраи фалсафаи факултети фалсафаи ДДМТ, солҳои  2010-2017  муаллими калони кафедраи таърихи  фалсафа ва фалсафи иҷтимоии  факултети фалсафаи ДДМТ  ва аз моҳи ноябри соли 2017 ба сифати дотсенти кафедраи мазкур  фаъолият дорад. Дар ин муддат солҳои 2004-2007 ба ҳайси ҷонишини декан оид ба тарбия низ дар факултети фалсафа кору фаъолият доштааст.

Соли 2015 рисолаи номзадиашро дар мавзуи «Проблема жизнь и смерти в монотеистических религиях: филососко-религиоведческих анализ» (Масъалаи ҳаёту марг дар динҳои монотеистӣ: таҳлили фалсафӣ-динӣ) дифоъ кардааст.

Муаллифи 4 монографияи илмӣ (Кашф-ул-асрор (Ҳаёт ва фаъолияти Шайх Абдурраҳими Давлат); Зиндагиномаи Эшони Абдураҳмонҷон ибни Порсохоҷа; Муқаддимаи қуръоншиносӣ; Ҷилои оинаҳо. Тариқати нақшбандия ва пешвоёни он дар замони мо); 1 Эссеи фалсафӣ (Модарамро ёд кардам); 1 китоби дарсӣ (Фарҳангшиносӣ – дар ҳаммуаллифӣ); 1 воситаи таълимӣ (Фалсафаи худшиносии миллӣ – дар ҳаммуаллифӣ) ва зиёда аз 100 мақолаҳои илмӣ мебошад. Бо ифтихорномаҳои ДМТ (2009, 2015) мукофотонида шудааст. Аълочии маориф ва илми  Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.

Холова Алоҳида Амоновна
  • Вазифа: дотсенти кафедра
  • Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои фалсафӣ, дотсент
  • Суроға: ш. Душанбе, кӯчаи Буни Ҳисорак, бинои 15, ошёнаи 2, утоқи 28
  • Телефон: +(992) 90301526
  • E-mail: Alohida@mail.ru

Холова Алоҳида Амоновна (10.10.1966 с.т.) Фаъолияти педагогии худро  аз соли 1987 дар мактаби миёнаи №132-и н. Ҳисор оғоз намуда, солҳои 2004-2007 дар шуъбаи ғоибонаи аспирантураи ДДОТ таҳсил намуда, дар кафедраи забони тоҷикӣ ҳамчун ассистенти кафедра, баъдан муаллими калони кафедра то соли 2012 фаъолият намудааст. Солҳои 2012- 2015 ба ҳайси иҷрокунандаи вазифаи дотсенти кафедра дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур фаъолият намуда, солҳои 2015-2018 ҳамчун мудири кафедраи ҷомеашиносии Донишгоҳи арбияи ҷисмонӣ ба номи Саидмумин Раҳимов фаъолият доштааст.

Аз соли 2018 инҷониб дар кафедраи таърихи фалсафа ва фалсафаи иҷтимоии  факултети фалсафаи ДМТ ба ҳайси иҷрокунандаи вазифаи дотсенти кафедра фаъолият дорад. Моҳи марти соли 2012- ум рисолаи номзадии худро дар мавзуи «Ваҳдати иҷтимоӣ ҳамчун омили инкишофи бонизоми ҷомеаи муосири тоҷикистонӣ» дифоъ намудааст. Муаллифи як монографияи илмӣ (Ташаккули ваҳдати иҷтимоӣ дар Тоҷикистон); як китоби дарсӣ (Фалсафаи варзиш-дар ҳаммуаллифӣ);  як воситаи таълимӣ (Дастури таълимию методӣ барои иҷрои корҳои мустақилона аз фанни фалсафа барои низоми кредитии таҳсилот-дар ҳаммуаллифӣ) ва зиёда аз 25 мақолаи илмӣ мебошад.

Давлатёров Файзиддин
Нуридинович

  • Вазифа: дотсенти кафедра
  • Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои таърих, дотсент
  • Суроға: ш. Душанбе, кӯчаи Буни Ҳисорак, бинои 15, ошёнаи 2, утоқи 28
  • Телефон: +(992) 933634484
  • E-mail: faiziddin_76@mail.ru

Давлатёров Файзиддин Нуридинович (27.12.1974) аз соли 2000 инҷониб дар факултети фалсафаи ДМТ кор мекунад.  Солҳои 2001-2005 ассистенти кафедраи таърихи фалсафаи факултети фалсафаи ДДМТ, солҳои 2005-2008 ассистенти кафедраи фарҳангшиносии факултаи фалсафа ДМТ. Соли 2008-ум муаллими калони кафедраи фарҳангшиносӣ. Аз соли 2010 то ҳол муаллими калони кафедраи таърихи фалсафа ва фалсафаи иҷтимоӣ фаъолият дорад. 

Соли 2018 рисолаи илмиашро зери унвони «Саҳми Мир Ғулом Муҳаммад Ғубор дар  омӯзиши  таърихи нав ва навтарини кишвари Афғонистон» ҳимоя намудааст. Муаллифи 2 китоби дарсӣ (Эстетика- дар ҳаммуаллифӣ; Фарҳангшиносӣ- дар ҳаммуаллифӣ), 2 барномаи таълимӣ (барномаи фанни таърихи фалсафаи муосири хориҷӣ (барои ихтисосҳои факултети фалсафа), барномаи фанни Этика ва Эстетика (барои ихтисосҳои ғайрифалсафӣ)  ва зиёда аз 25 мақолаҳои илмӣ мебошад.

Амондуллоев Бегмурод Саломатуллоевич
  • Вазифа: дотсенти кафедра
  • Дараҷаи илмӣ:докторанти кафедра
  • Суроға: ш. Душанбе, кӯчаи Буни Ҳисорак, бинои 15, ошёнаи 2, утоқи 28
  • Телефон: +(992) 935343460
  • E-mail: amoni@mail.ru

Амондуллоев Бегмурод Саломатуллоевич (05.06.1979) аз соли 2008 дар факултаи фалсафа кор мекунад. Соли 2009 унвонҷӯ-муҳаққиқ дар кафедраи фарҳангшиносии факултети фалсафаи ДМТ, солҳои 2010-2012 аспиранти рӯзонаи факултети фалсафаи ДМТ, солҳои 2012-2017 ассистенти кафедраи таърихи фалсафа ва фалсафаи иҷтимоӣ, аз соли 2017- 2022 муаллими калони кафедраи таърихи фалсафа ва фалсафаи иҷтимоӣ кор кардааст. Соли 2016 Рисолаи номзадиашро дифоъ намудааст. Муаллифи 1 китоби дарсӣ (Фарҳангшиносӣ – дар ҳаммуаллифӣ); 1 воситаи таълимӣ (Фалсафаи маорифпарварии Шарқи Наздик, Миёна ва Ҳинд (нимаи дуюми асри XIX ва ибтидои асри XX)); 4 барномаи таълимӣ (Барномаи фанни фарҳангшиносӣ (барои ихтисосҳои факултети фалсафа), Барномаи фанни фалсафаи маорифпарварии Ғарб ва Шарқ, Барномаи фанни фарҳангшиносӣ (барои ихтисосҳои ғайрифалсафӣ), Барномаи фанни фалсафаи асримиёнагии Ғарб) ва зиёда аз 40 мақолаҳои илмӣ мебошад.

Аз моҳи сентябри соли 2022 докторанти кафедраи таърихи фалсафа ва фалсафаи иҷтимоии факултети фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолият доранд.

Таҳминаи Турахон
  • Вазифа: муаллими калони кафедра
  • Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои фалсафа
  • Суроға: ш. Душанбе, кӯчаи Буни Ҳисорак, бинои 15, ошёнаи 2, утоқи 28
  • Телефон: +(992) 988855801
  • E-mail: @mail.ru

Таҳминаи Турахон 8-уми январи соли 1990 дар оилаи зиёӣ ба дунё омадааст. Соли 20012 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро  бо ихтисоси файласуф-муаллим бо дипломи аъло хатм намудааст. Солҳои 2013-20116 аспиранти рӯзонаи факултети фалсафаи ДМТ ва аз моҳи январи соли 2017 ба ҳайси ассистенти кафедраи таърихи фалсафа ва фалсафаи иҷтимоии факултети фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва аз нимсолаи аввали соли 2020 ба ҳайси муаллимаи  калони кафедраи мазкур фаъолият намуда истодааст.

Соли 2018 рисолаи номзадиашро дар мавзуи «Инноватсия ҳамчун парадигмаи фалсафаи маориф дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дифо кардааст. Муаллифи як монографияи илмӣ, 1 дастури таълимӣ  (Фалсафаи маориф ) ва 20 мақолаҳои илмӣ мебошад.

Қиматшоев Шафақ Лутфишоевич
  • Вазифа: муаллими калони кафедра
  • Дараҷаи илмӣ: –
  • Суроға: ш. Душанбе, кӯчаи Буни Ҳисорак, бинои 15, ошёнаи 2, утоқи 28
  • Телефон: +(992)935577704
  • E-mail: @mail.ru

Қиматшоев Шафақ Лутфишоевич 18-уми феврали соли 1988 дар деҳаи Дерзуди ноҳияи Рӯшони ВМКБ дар оилаи омўзгор таваллуд шудааст. Соли 2006 мактаби миёнаи №8-и деҳаи мазкурро хатм намуда, донишҷӯи ихтисоси фалсафаи факултаи фалсафаи ДМТ мегардад. Соли 2011 факултаи фалсафаро бо муваффақият хатм намудааст. Соли 2012 дар шуъбаи сотсиологияи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи АИҶТ ба ҳайси ходими хурди илмӣ фаъолиятро оғоз намудааст. Соли 2013 ба аспирантураи АИҶТ дохил шуда, онро соли 2016 хатм намудааст. Соли 2016 дар кафедраи фаннҳои ҷомеашинсии коллеҷи Омӯзгории ДДОТ фаъолият намудааст. Аз соли 2017 дар кафедраи таърихи фалсафа ва фалсафаи иҷтимоӣ ба ҳайси ассистенти кафедра фаъолият кардааст. Соли 2023 бо қарори Шурои олимони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба ҳайси муаллими калони кафедраи таърихи фалсафа ва фалсафаи иҷтимоӣ интихоб гардидааст. Муаллифи 1 китоби дарсӣ (Фарҳангшиносӣ- дар ҳаммуаллифӣ) ва зиёда аз 15 мақолаи илмию оммавӣ мебошад.


Нодирхонов Гулназар Гулбозхонович
  • Вазифа: муаллими калони кафедра
  • Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои фалсафа
  • Суроға: ш. Душанбе, кӯчаи Буни Ҳисорак, бинои 15, ошёнаи 2, утоқи 28
  • Телефон: +(992) 936000618
  • E-mail: Gulnazarigulbozkhon@mail.ru

Нодирхонов Гулназар Гулбозхонович 20-ум ноябри  соли 1989 дар деҳаи Вранги  ноҳияи Ишкошими ВМКБ,  дар оилаи омӯзгор  ба дунё омадааст. Баъди хатми мактаби миёнаи №8-и ноҳияи номбурда соли 2008 ба факултети фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шуда, Донишгоҳро соли 2013 бомуваффақият хатм кардааст.  Баъди хатми донишгоҳ ба ҳайси ассистент дар кафедраи таърихи фалсафа ва фалсафаи иҷтимоии факултети фалсафаи ДМТ ба фаъолият шуруъ намудааст.  Аз соли 2018 ба ҳайси унвонҷӯи кафедра  аз рӯи ихтисоси фалсафаи  иҷтимоӣ корҳои илмӣ- тадқиқотӣ пеш бурда истода буд. Соли 2023 бо қарори Шурои олимони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба ҳайси муаллими калони кафедраи таърихи фалсафа ва фалсафаи иҷтимоӣ интихоб гардидааст. Соли 2023 рисолаи номзадиашро дар мавзуи «Ташаккули ҷомеаи иттилоотӣ дар Тоҷикистон ва таъмини амнияти он дар шароити таҳавулоти глобалии ҷаҳони муосир» (таҳлили фалсафӣ-иҷтимоӣ) дар шурои диссертатсионии 6D.КОА-029-и назди ДМТ аз рўйи ихтисоси 09.00.11- фалсафаи иҷтимоӣ дифоъ намудааст.  

Муаллифи 1 китоби дарсӣ (Фарҳангшиносӣ – дар ҳаммуаллифӣ); 1 воситаи таълимӣ (Эстетика – дар ҳаммуаллифӣ), 2 барномаи таълимӣ (барномаи фанни таърихи фалсафаи муосири хориҷӣ (барои ихтисосҳои факултети фалсафа), барномаи фанни Этика ва Эстетика (барои ихтисосҳои ғайрифалсафӣ) ва зиёда аз 45 мақолаҳои илмӣ-оммавӣ мебошад.

Абубакри Мирзоаҳмади Грезода
  • Вазифа: муаллими калони кафедра
  • Дараҷаи илмӣ: доктори фалсафа PhD
  • Суроға: ш. Душанбе, кӯчаи Буни Ҳисорак, бинои 15, ошёнаи 2, утоқи 28
  • Телефон: +(992) 985353641
  • E-mail: abubakri.grezoda@mail.ru

Абубакри Мирзоаҳмади Грезода 25-ум сентябри  соли 1992 дар шаҳри Кулоби вилояти  Хатлон    ба дунё омадааст. Баъди хатми мактаби миёна соли 2010 ба ихтисоси фалсафа ва илоҳиётии Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам-Абуҳанифа дохил гашта, соли 2014 онро хатм намудааст. Солҳои  2014-2016 магистранти ихтисоси психологияи кафедраи психологияи факултети фалсафаи  Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва солҳои 2016-2019 докторанти Ph.D (доктор аз рӯйи ихтисос) ҳамин донишгоҳ маҳсуб меёфт.  Солҳои 2019-2021 ассистент ва баъд муаллими калони кафедраи таърихи фалсафа ва фалсафаи иҷтимоии факултети фалсафаи ДМТ фаъолият намудааст. Соли 2021 диссертатсияи номзади худро дар мавзуи «Таҳлили муқоисавии фалсафаи ахлоқи Абӯбакри Розӣ ва Насириддини Тусӣ» дар шурои диссертатсионии назди ДМТ аз рӯи ихтисоси 6D020100  фалсафа ҳимоя намудааст.

Самти асосии таҳқиқоти илмии Абубакри М.Г.- ро масъалаҳои фалсафӣ, иҷтимоӣ–ахлоқӣ, динӣ ва фарҳангӣ ташкил медиҳад. Номбурда муаллифи 1 монографияи илмӣ (Тањлили муқоисавии фалсафаи ахлоқи Абӯбакри Розӣ ва Насириддини Тусӣ) ва зиёда аз 25 мақолаҳои илмӣ-оммавӣ аст

.

САИДЗОДА ДАЛЕР МУҲИБУЛЛО
  • Вазифа: муаллими калони кафедра
  • Дараҷаи илмӣ: доктори фалсафа PhD
  • Суроға: ш. Душанбе, кӯчаи Буни Ҳисорак, бинои 15, ошёнаи 2, утоқи 28
  • Телефон: +(992) 987336608
  • E-mail: saidzoda.d@mail.ru

Саидзода Далер Муҳибулло 4-ум январи соли 1992 дар ҷамоати Кангурти ноҳияи Темурмалик ба дунё омадааст. Баъди хатми мактаби миёнаи №30-и ноҳияи номбурда соли 2010 ба факултети фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шуда, донишгоҳро соли 2014 бомуваффақият хатм кардааст. Соли 2015 ба зинаи магистратура дар факултети фалсафаи ДМТ дохил шуда онро соли 2017, аз рӯйи ихтисоси фалсафа хатм намудааст. Соли 2017 ба шуъбаи аспирантураи ДМТ ба ҳайси доктори фалсафа PhD, доктор аз рӯйи ихтисоси 6D020100-фалсафа дар назди кафедраи таърхи фалсафа ва фалсафаи иҷтимоӣ дохил шуда, онро соли 2020 хатм намудааст. Аз соли 2020 дар кафедраи «Таърихи фалсафа ва фалсафаи иҷтимоӣ»-и факултаи фалсафаи ДМТ ба ҳайси ассистенти кафедра кору фаъолият кардааст. Соли 2021 рисолаи номзадиашро дар мавзуи «Таъсири гурӯҳҳои динӣ-ифротии имуосир ба бехатарии маънавии ҷомеаи тоҷикистонӣ» дар шурои диссертатсионии назди ДМТ аз рӯи ихтисоси 6D020100 – фалсафа ҳимоя намудааст. Муаллифи 1-монографияи илмӣ ( Таъсири гурӯҳҳои динӣ-ифротии имуосир ба бехатарии маънавии ҷомеаи тоҷикистонӣ ); 1 воситаи таълимӣ (Масъалаҳои фалсафии илмҳои табиатшиносӣ ва техникӣ – дар ҳаммуаллифӣ ), барномаи фанни фалсафаи асримиёнагии Ғарб) ва зиёда аз 27 мақолаҳои илмӣ- омавӣ мебошад.