Имрӯз (22.02.2022) бо ибтикори факултети фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар мавзуи «Нақши маориф дар мубориза бар зидди экстремизми сиёсӣ ва терроризм» конфренсияи ҷумҳуриявию илмию назариявӣ баргузор гардид.
Дар нишаст таъкид шуд, ки аз нахустин солҳои соҳибистиқлолӣ масъалаи баланд бардоштани саводнокиву маърифатнокии мардум, аз ҷумла наврасону ҷавонон, рушди таҳсилоти олии касбӣ, пайваста баланд бардоштани сатҳи сифати омодасозии мутахассисон, тавсеаи доираи ихтисосҳо ва ҷустуҷӯву дарёфти роҳу усулҳои наву пешрафтаи маориф дар маркази таваҷҷуҳи Ҳукумати кишвар қарор дошт ва дорад.
Дар идомаи ҳамоиш меҳмонону мутахассисон доир ба мавзӯи нишаст қайд карданд, ки дар охири асри бисту як сайёраи мо ба як қатор таҳдиду хатарҳои нав, аз қабили экстремизму терроризм, амалҳои даҳшатноки террористӣ рӯ ба рӯ гардид. Барои рафъи ин мушкилот соҳаи маориф нақши калон дорад. Зикр шуд, ки имрӯз соҳаи маорифи мо барои беҳтар намудани дониши наврасону ҷавонон ва пешгирии онҳо аз хатарҳои ҷаҳони муосир тамоми шароит ва имкониятро фароҳам оварда, ҷиҳати такмил додани донишҳои сиёсии онҳо дар раванди таълим корҳои назаррас ба сомон расонидааст.