КОНСТИТУТСИЯ ҲАМЧУН АРЗИШИ ИҶТИМОӢ

33

Истиқлоли давлатии Тоҷикистон зарурати қабули Конститутсияи навро ба миён гузошт ва бо ин сабаб, дар Иҷлосияи XVI-уми Шурои Олӣ барои таҳияи лоиҳаи Конститутсия таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон комиссияи махсус таъсис дода шуд. Комиссия таҷрибаи ҳуқуқии даврони шуравӣ ва меъёрҳои ҳуқуқии байналхалқиро омӯхта, бо назардошти иродаи мардум, талаботҳои нави иҷтимоии шаҳрвандон, фарҳанг ва ҳувияти миллӣ лоиҳаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳия намуд ва тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид.

Маҳз қабули саривақтии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хатари аз байн рафтани кишвар ва миллати тоҷикро пешгирӣ намуд, асосҳои сохтори давлатӣ муайян гардиданд ва барои танзими паҳлуҳои гуногуни ҳаёти иҷтимоӣ санадҳои меърӣ-ҳуқуқии зарурӣ қабул шуданд. Бо шарофати ин санади тақдирсоз пояҳои истиқлоли давлатии Тоҷикистон мустаҳкам гардиданд ва барои расидан ба Ваҳдати миллӣ замина гузошта шуд. Ҷомеа пайваста дар ҳолати тағйироту рушд аст, давра ба давра талабот ва муносибатҳои нави иҷтимоӣ ба миён меоянд. Зарурати қонеъ гардонидани талаботҳо ва муносибатҳои нави шаҳрвандони Тоҷикистон ба Конститусия ворид намудани тағйироту иловаҳоро талаб менамуданд, ки дар натиҷа Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба яке аз беҳтарин ҳуҷҷати арзишманди ҳуқуқии ҷаҳонӣ табдил ёфт.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, пеш аз ҳама, муҳимтарин арзиши иҷтимоӣ мебошад, зеро он барои ба тартиб даровардан ва танзим намудани муносибатҳои иҷтимоии байни шаҳрвандон, байни шаҳравандон ва ҳокимияти давлатӣ, байни шаҳрвандон ва ташкилоту институтутҳои иҷтимоӣ қабул шудааст. Мақсади ниҳоии қабули Конститутсия таъмини сулҳу ваҳдат ва амнияти миллӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таъмини фазои мусоиди иҷтимоӣ барои ҳаёту фаъолияти одамон, фароҳам овардани шароит барои зиндагии шоёну арзандаи аҳолӣ ва аз ҳама муҳим ҳифзи иҷтимоӣ ва дастгирии афроди осебпазиру эҳтиёҷманди Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Масалан, мувофиқи Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як шаҳрванд шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меоварад. Ҳуқуқ ба ташкили оила (моддаи 33), ҳуқуқ ба меҳнат (моддаи 35), ҳуқуқ ба манзил (моддаи 36), ҳуқуқ ба ҳифзи саломатӣ (моддаи 38), ҳуқуқ ба таъминоти иҷтимоӣ (моддаи 39), ҳуқуқ ба таҳсил (моддаи 41) ва ғайраҳо ба шаҳрвандон сатҳи зиндагии арзанда ва дастрас намудани арзишҳои моддию маънавии ҷомеаро таъмин менамоянд.

Дар Конститутсия ҳуқуқу озодиҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангии шаҳрвандони Тоҷикистон мустаҳкам гардидаанд. Конститутсия ба сифати дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии ҷомеа таъсир мерасонад, барои иҷтимоишавӣ, худмуайянкунии иҷтимоӣ, дар амал татбиқ намудани қобилияту маҳорати шахсӣ, пешрафти касбию шахсӣ, ҷойивазкунии иҷтимоӣ, дарёфти ҷойгоҳи сазовор дар муҳити иҷтимоӣ, содир намудани рафтори муфиди иҷтимоӣ, пешгирии каҷрафториҳои иҷтимоӣ, ҳифз ва барқарор намудани адолати иҷтимоӣ, рушди неру ва сармояи инсонӣ мусоидат карда метавонад. Тавассути Конститутсия ҳамзистии осоиштаи шаҳрвандон имконпазир мегардад, онҳо ба меъёрҳои Конститутсия такя карда, аз ҳуқуқҳои худ дифоъ карда метавонанд, роҳи рушди имрӯзаю ояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конститутсия нишон дода шудааст.

Конститутсия талаботу манфиатҳои заминавӣ ва асосии тамоми табақаҳои иҷтимоии Тоҷикистонро таҷассум менамояд. Ҳамзамон, Конститутсия роҳнамои амалу фаъолияти тамоми субъектони муносибатҳои иҷтимоӣ новобаста аз мақоми иҷтимоӣ, вазъи иқтисодӣ ва эътиқоду сатҳи рушди шахсӣ буда, дар он аз ҳамаи шаҳрвандон қонунпазирӣ, риоя ва иҷрои санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда, содиқ будан ба Ватан, эътирофи ҳокимияти конститутсионӣ, эҳтиром гузоштан ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд талаб карда мешавад. Ин санади ҳуқуқии сарнавиштсоз дар муайян намудани сиёсати ҳуқуқӣ ва асосҳои сохтори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қабули санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ, ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва амнияти давлатӣ, ба танзим даровардани фазои ҳуқуқии кишвар ва аз ҳама муҳим нигоҳдошти якпорчагии давлатамон нақши хело бағоят бузург дорад.

Ташаккул додани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон яке аз масъалаҳои меҳварии Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб мерафт. Сарвари давлат раванди бунёди ҷомеаи пешрафта ва адолатпарварро ба сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, таҳкими қонуният, фаъолияти шаффофи судҳо, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд алоқаманд донистанд. Зикр гардид, ки маҳз амалӣ гардидани меъёрҳои Конститутсия моро ба сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ бурда расонид, иқтисодиёти кишвар рушд намуд ва барои ҳар як шаҳрванди мамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона фароҳам омад. Бо назардошти нақши калидӣ доштани ҳуқуқ дар танзими муносибатҳои иҷтимоӣ ва рушди ҷомеа аз ҷониби Роҳбари давлатамон соли 2024 «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон гардид.

Яке аз масъалаҳои муҳими ҷомеаи муосир дарки моҳияти конститутсия, сатҳи шуур ва маданияти ҳуқуқии шаҳрвандон мебошад. Мувофиқи таҳқиқотҳои сотсиологӣ сатҳи шуур ва маданияти ҳуқуқии шаҳрвандон дар маҷмуъ қаноатманкунанда нестанд. Аксарияти аҳолӣ дар сатҳи кофӣ ба мазмуни Конститутсия шинос нестанд ва бо ин сабаб, дар ҳолатҳои зарурӣ аз муқаррароти он истифода бурда наметавонанд. Як сабаби каҷрафторӣ ва гаравиши баъзе аз ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ маҳз паст будани сатҳи донишҳои ҳуқуқӣ ва надонистани мазмуну моҳияти Конститутсия мебошад.

Дар таҳқиқоти сотсиологие, ки охири соли 2023 ва аввали соли 2024 аз ҷониби кормандони шуъбаи сотсиологияи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ бо ҳамкорӣ бо мутахассисони кафедраи сотсиологияи факултети фалсафаи ДМТ дар мавзуи «Ватандӯстӣ, маърифати ҳуқуқӣ, ҳувияти миллӣ ва муқовимат ба муқобили экстремизм дар шароити ҷомеаи муосири Тоҷикистон» гузаронида шуд, 23,0%-и мусоҳибон пурра ва 53,6%-и дигар қисман Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро хондаанд, ҳамзамон 21,6%-и мусоҳибон умуман ба ҳуҷҷати муҳими ҳуқуқӣ шинос нестанд. Ҳатто, 1,8%-и пурсидашудагон қайд кадаанд, ки зарурати хондани Конститутсияро намебинанд.

Тадқиқотҳои сотсиологӣ нишон медиҳанд, ки баъзе аз шаҳрвандон бо сабаби паст будани сатҳи шуур ва маданияти ҳуқуқӣ барои расидан ба мақсадҳои хеш мубориза бурда наметавонанд, мухтору масъулиятшинос нестанд, худро оҷизу нотавон эҳсос менамоянд ва аз ин ҳолати онҳо гурӯҳҳои манфиатдор моҳирона истифода мебаранд. Аз ин рӯ, тарбияи ҳуқуқии шахс, баланд бардоштани сатҳи шуур ва маданияти ҳуқуқии шаҳрвандон яке аз вазифаҳои муҳими омӯзгорон, аҳли зиё ва мақомоти масъули давлатӣ ба ҳисоб меравад.

Баланд бардоштани сатҳи шуур ва фарҳанги ҳуқуқии шаҳрвандон барои эъмори ҷомеаи демократию ҳуқуқбунёд ва дунявӣ, эҳтиром гузоштан ба Конститутсия ва дигар санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ мусоидат менамояд.

Зарурати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандонро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон чунин баён намуданд: «Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон яке аз роҳҳои муҳимму самараноки таъмини волоияти қонун, риояву иҷрои бечунучарои он ва ҳамзамон бо ин, пешгирӣ кардани содиршавии ҷиноятҳо ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо мебошад. Дар баробари иҷрои дигар вазифаҳои масъулиятнок мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ бояд ба ин самти фаъолият таваҷҷуҳи махсус зоҳир намоянд. Худи ҳаёт нишон медиҳад, ки баъзе шаҳрвандони кишвар маҳз бо сабаби надонистани талаботи қонун ба ҳуқуқвайронкуниҳо роҳ медиҳанд. Дар шароити ҷаҳони имрӯза шаҳрвандон бояд дорои сатҳи баланди донишҳои сиёсӣ ва ҳуқуқӣ бошанд, то ки вазъияти кунунии ҷаҳон ва минтақаро ҳамаҷониба дарк карда, мавқеи худро дуруст муайян карда тавонанд».

Хулоса, волоияти қонун, қонуният ва арзиши олӣ доштани ҳуқуқ дар Конститутсия таҷассум ёфтааст. Тамоми санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ бевосита аз Конститутсия сарчашма мегиранд ва ба он мувофиқ мебошанд. Мо, донишҳои аввалини ҳуқуқиро аз Конститутсия дастрас менамоем, ба таври умумӣ аз Конститутсия дар бораи ҳуқуқу озодиҳои инсонию шаҳрвандӣ ва уҳдадориҳои асосии худ дар назди давлат ва ҷомеа огоҳ мешавем. Конститутсия муқаддасоти миллӣ мебошад, аз ин рӯ, эҳтиром гузоштан ба Конститутсия, донистан, риоя ва иҷро намудани муқаррарот ва талаботҳои он қарзи шаҳрвандӣ ва виҷдонии ҳар як сокини Тоҷикистон мебошад.

Аз қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 сол сипарӣ мешавад. Ҳамаи ҳамватанони ватандӯстро ба муносибати ҷашни муқаддасу таърихии Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод менамоям!

Мирзода Фирӯзи Сафаралӣ – дотсенти кафедраи сотсиологияи факултети фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ходими калони илмии шуъбаи сотсиологияи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ