КОНСТИТУТСИЯ ҲАМЧУН САНАДИ МУҲИММИ СИЁСӢ ДАР ТАЪРИХИ НАВИНИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ

8

Маҳз ба шарофати Конститутсия рукнҳои давлатдорӣ, низоми ҳуқуқии мамлакат, волоияти қонуну тартиботи ҳуқуқӣ пойдор гардида, давлати мо ба роҳи рушди устувор қадамҳои боэътимод гузошт.

Эмомалӣ Раҳмон

Дар рушди ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ ва иқтисодиву фарҳангии кишвар аҳаммияти Конститутсия ҳамчун санади муҳимми давлатдорӣ басо бузург аст. Имрӯз тамоми давлатҳои демократӣ барои рушди ҳамаҷонибаи хеш аз ин санади сиёсӣ истифода мебаранд. Он қонуни асосии давлати мушаххас буда, қувваи олии ҳуқуқиро оид ба системаи сиёсӣ ва иқтисодӣ дорад. Конститутсия низоми сиёсии мавҷударо ба таври барҷаста ифода намуда, онро аз ҳар ҷиҳат устувор мегардонад. Дар Конститутсия принсипҳои ташкилӣ, низоми фаъолият ва хусусияти ҳисоботдиҳии мақомоти қонунбарор, иҷроия ва судӣ инъикос меёбанд. Дар баробари ин, санади мазкур таҷассумгари ҳуқуқу озодиҳо ва инчунин, масъулияти шаҳрвандон мебошад.

Агар ба масъалаи бамиёноии Конститутсия аз лиҳози таърихӣ назар андозем, пас мебинем, ки ибтидоан, он дар Аҳди Қадим, хусусан дар давраи империяи Рим ташаккул ёфтааст. Дар он замон фармонҳои императорони Римро Конститутсия ном мебурданд. Дар Асрҳои миёна бошад, конститутсияҳо бартарият ва ҳуррияти феодалҳоро (мулкдорони калонро) ифода менамуданд. Дар маънои муосираш, конститутсияҳо дар Замони нав ҳамчун натиҷаи инқилобҳои буржуазӣ ба миён омаданд.

Конститутсия қоида, меъёр ва принсипҳои хоссаи ташаккул ва инкишофро дорад. Яке аз принсипҳои асосии Конститутсия тасдиқи волоияти қонун ва таҳкими он мебошад. Конститутсия ҳуҷҷати расмии дорои аҳаммияти барҷастаи давлатӣ ва ҷамъиятӣ буда, дар он масъалаҳои асосии ҳокимияти давлатӣ, асосҳои сохтори иқтисодию иҷтимоии ҷомеа, вазъи ҳуқуқии инсон ва шаҳрванд, сохтори давлатӣ ва масъалаҳои дигари ҳаётан муҳимми ҷомеа таҷассуми худро меёбанд. Қабули Конститутсияро омилҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсии ҷомеа муайян менамоянд. Яъне, шакли моликият ва ташкили фаъолияти иқтисодӣ, муносибати шахс бо давлат ва муҳимтарин вазифаҳои онҳо, таносуби қувваҳо ва гурӯҳҳои иҷтимоиро дар системаи сиёсӣ аниқ сохта, таъинот, вазифаҳо, таркиби дохилӣ ва сохтори мақомоти давлатӣ ва мақомоти худидораи маҳаллиро инъикос менамояд. Конститутсия вазифаҳои муассисӣ, ташкилӣ, сиёсӣ, идеологӣ ва ҳуқуқиро иҷро менамояд.

Аз баррасии конститутсияҳои гуногуни олам бармеояд, ки ин санади муҳимми сиёсӣ танзимгари бевоситаи муносибатҳои ҷамъиятӣ буда, сарчашмаи асосии қабули санадҳои дигари меъёрию ҳуқуқӣ мебошад. Баланд бардоштани эътибори Конститутсия дар он зоҳир мегардад, ки он ба сифати санади муҳимми сиёсӣ баромад намуда, таҳкимгар ва такмилдиҳандаи ҳаёти ҷомеа мебошад. Он ҳамчун ҳуҷҷати баландарзиш бояд эътирофи умум пайдо намояд. Барои он ки чунин муносибат дар ҷомеа ташаккул ёбад, бояд хусусиятҳои асосии конститутсия аз ҷониби аксарияти аҳли ҷомеа дуруст дарк ва қадр карда шаванд.

Конститутсия барои ҷомеа ва давлати муайян бояд ҳамчун арзиши олӣ баромад намояд. Он яке аз дастовардҳои муҳимми ҷомеаи инсонӣ ва василаи рушди он ба ҳисоб меравад. Конститутсия, аслан, хоси ҷомеаи мутамаддин ва соҳиби инкишофи мутаносиб аст, зеро танҳо дар ин гуна ҷомеа он арзиши олиро касб карда метавонад. Ҷомеаи мутамаддин Конститутсияро гиромӣ медорад ва воситаи асосии рушди сиёсию фарҳангии мамлакат қарор медиҳад. Дар навбати хеш Конститутсия бояд ормонҳои асосии мардумро таҷассум намояд.

Конститутсия, аслан, санади сиёсист ва дар он сиёсат аз ҳуқуқ бештар аст. Моҳият ва мазмуни Конститутсия ва умуман, системаи ҳуқуқиро сиёсати кабир муайян менамояд. Таназзули як системаи сиёсӣ ва гузариши он ба навъи дигари системаи сиёсӣ боиси аз нав таҳия намудани Конститутсия мегардад. Чунин воқеият бояд аз ҷониби ҳама эътироф шавад, зеро гуфтаҳои қаблиро таҷрибаи таърихии ҷомеаву давлатҳои гуногуни олам собит менамояд.

Конститутсия дар ҳаёти ҷамъиятӣ бе асосҳои ғоявӣ вуҷуд дошта наметавонад. Ҳама конститутсияҳо дар замири худ ба навъҳои махсуси идеология такя менамоянд. Бештари конститутсияҳои мамлакатҳои мутамаддин дар заминаи идеологияи либерализм таҳия гардидаанд. Махсусан, таълимоти «ҳуқуқи табиӣ», принсипи «тақсими ҳокимият», принсипи «плюрализми сиёсӣ», назарияи «манбаи ҳар гуна ҳокимият донистани мардум», принсипи «афзалияти гуногуншаклии моликият», принсипи «афзалияти ҳуқуқу озодиҳои фардӣ нисбати ҳуқуқу озодиҳои дастаҷамъӣ» ва ғ. дар ташаккулу инкишофи демократизм мақоми муассир доранд, ки худ таҷассумгари таълимот ва ё идеология мебошанд.

Лозим ба ёдоварист, ки дар таърихи Ҷумҳурии Тоҷикистон Конститутсия панҷ бор қабул гардидааст: 1929, 1931, 1937, 1978, 1994. Баъд аз эълони Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – 9-уми сентябри соли 1991, дар Шурои Олӣ барои идомаи кор дар самти коркарди конститутсияи нав қарор қабул карда шуд. Ҳайати нави Комиссия бо роҳбарии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тасдиқ гардид. Дар натиҷаи кори Комиссия лоиҳаи нави Конститутсияи кишвар бо шакли идораи президентӣ коркард шуд ва 6-уми ноябри соли 1994 тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид. Дар вазъияти ниҳоят мураккаби сиёсӣ ба таври якдилона қабул гардидани ин ҳуҷҷати тақдирсоз аз ҷониби мардум гувоҳи он буд, ки халқи Тоҷикистон сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти давлатро ҳамаҷониба дастгирӣ менамояд. Чунин тарзи муносибати халқ ба ҷаҳониён собит сохт, ки мардуми кишвар ҳисси баланди миллӣ, ватандӯстӣ ва анъанаҳои созандаву бунёдкоронаро соҳиб мебошанд.

Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон манфиатҳои миллӣ, арзишу анъанаҳои таърихан ташаккулёфтаи фарҳангии халқи тамаддунсози тоҷик, марому мақсади наслҳои гузашта, имрӯза ва ояндаи халқ ифодаи барҷасати худро ёфтаанд.

Тоҷикистон тибқи Конститутсияи худ ба ҷомеаи ҷаҳон эълон намуд, ки сиёсати сулҳҷӯёнаро пайгирӣ намуда, истиқлолу соҳибихтиёрии давлатҳои дигарро эҳтиром менамояд ва муносибатҳои хориҷиро дар асоси меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ муайян карда, рушди ҷомеаи озоди шаҳрвандӣ, гуногунандешии сиёсиву мафкуравӣ ва иштироки фаъоли шаҳрвандонро дар идораи давлат кафолат медиҳад.

Дар асоси ислоҳоти конститутсионие, ки бо изҳори иродаи якдилонаи кулли мардум тавассути раъйпурсии умумихалқӣ давра ба давра гузаронида шуд, парламентаризми миллӣ рушд карда, инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ арзиши олӣ эълон гардид, асосҳои ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ ҳамчун самтҳои афзалиятноки рушди давлат такмил ёфта, қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ боз ҳам устувор гардид. (ба конститутсияи кишвар се бор (26-уми сентябри соли 1999, 22-юми июни соли 2003, 22-юми майи соли 2016) тағйиру иловаҳо ворид карда шуд.

Конститутсия маҳсули андешаи бунёдии миллии халқи Тоҷикистон мебошад, зеро маҳз бо иродаи мардуми кишвар дар вазъияти барои давлату ҷомеа ниҳоят мураккабу ҳассоси таърихӣ якдилона қабул гардида, дар суботи рукнҳои давлатдорӣ ва низоми идоракунӣ нақши ҳалкунанда бозид. Бо гузашти солҳо мо аҳаммияти бузурги сиёсиву ҳуқуқии ин ҳуҷҷати бунёдиро бештар дарк ва қадр хоҳем кард, зеро имрӯз мо ба хубӣ медонем, ки маҳз дар заминаи он Тоҷикистони демократӣ рушд карда, дар арсаи байналмилалӣ соҳиби мавқеъ ва ҷойгоҳи шоистаи худ гардидааст.

Бо дарназардошти вазъи ниҳоят ҳассосу мураккаби ҷаҳон, рӯз ба рӯз вусъат гирифтани миқёси таҳдиду хатарҳои нави глобалӣ, осебпазир гардидани истиқлолу озодӣ ва суботу оромии кишварҳои гуногуни дунё ҳар як фарди кишварро зарур аст, ки бо эҳтиром гузоштан ба Конститутсия ва қонунҳои амалкунандаи кишвар, ки таъминкунандаи сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ҳифзи соҳибихтиёрии давлат ва ваҳдати миллӣ мебошанд, риоя ва иҷрои бечунучарои талаботу меъёрҳои онҳоро таъмин намояд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба арҷгузорӣ нисбат ба ин санади муҳимми сиёсии кишвар чунин қайд намуда буданд: «Бори дигар хотиррасон менамоям, ки Конститутсия ба сифати бахтномаи миллат аз ҷумлаи муқаддасоти миллӣ мебошад ва мо вазифадорем, ки омӯхтану эҳтироми онро ба фарзандони худ, яъне наслҳои ояндасоз аз хурдсоли худ талқин намоем. Миллати тоҷик ба шарофати афкору андешаи солиму созанда, хештаншиносиву худогоҳӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва иттиҳоду сарҷамъӣ ҳувияту ҳастии худро ҳифз карда, аз ҷониби ҷомеаи башарӣ ҳамчун халқи фарҳангиву тамаддунсоз ва сулҳпарвару озодихоҳ шинохта шудааст. Имрӯз мо бояд ин анъанаҳои неки гузаштагонро идома дода, ҷавононро дар руҳияи ватандӯстӣ ва худшиносӣ, гиромидошти арзишҳои миллӣ, омӯхтани илму дониш ва касбу ҳунарҳои замонавӣ, риояи қонунияту тартибот ва эҳтироми волоияти қонун тарбия намоем».

Дар интиҳои сухан мехостам мардуми сарбаланди кишварро ба ифтихори 31-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик гӯям.

Раҷабов Имомиддин – номзади илмҳои сиёсӣ, дотсенти кафедраи равандҳои сиёсӣ дар Тоҷикистони ДМТ