КОНСТИТУТСИЯ – КАФИЛИ САМАРАНОКИИ ИДОРАКУНӢ

39

Имсол аз замони қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 сол сипарӣ мешавад. Ҳанӯз 6-уми ноябри соли 1994 мо мардуми тоҷик Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро тариқи райъпурсӣ қабул намудем. Аз он рӯз то ба имрӯз се даҳсола сипари шуд, ин дар пеши таърих муҳлати чандон тулонӣ нест, аммо миллати тоҷик дар ин муддати кутоҳ комёбиҳои бузургро соҳиб гашт. Моро ҳамчун кишвари соҳибистиқлолу ташаббускор дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф намудаанд, мо сиёсати иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии хешро мустақилона пеш бурда истодаем.

Ёдорар шудан ба маврид аст, ки мо аз замони қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола шашуми ноябр онро ҷашн менамоем, илова ба ин дар ин моҳ мо аз Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, рӯзи бунёди институти президентии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иҷлосияи тақдирсози 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро низ бо шукуҳу шаҳомат дар корхонаву идораҳо ва муассисаҳои илмию тадқиқотӣ, бо баргузорӣ хамоишҳои сатҳи гуногун қадр менамоем. Бо шарофати истиқлоли давлатӣ, сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сол ба сол дастовардҳои сокинони кишварамон афзун гашта истодаанд. Тоҷикистон пайгирона ва тадриҷан ба марҳилаи нави тараққиёт (саноатикунонӣ) ва бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ворид шуда, ба сӯйи пешрафту тараққиёт қадамҳои устувор гузошта истодааст. Сулҳу суббот, сарҷаъмиву ҳамдигарфаҳмӣ дар ҷомеа густариш ёфта, дар ин замина сатҳи зиндагии мардум баланд ва рушди озодии шаҳрванд таъмин гардида истодааст.

Конститутсия, қонуни асосии давлат ва ҷомеа захираи муҳимтарини қудрати сиёсӣ ба ҳисоб меравад. Зеро маҳз тавассути он асосҳои муҳимтарини фаъолияти ниҳодҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ расмият пайдо мекунанд. Аз ин хотир, Конститутсия ҷавобгӯйи чунин имкониятҳо мебошад. Он қувваи олии сиёсию ҳуқуқ ва маъмуриро дар мавриди системаи сиёсӣ ва системаи иқтисодии ҷомеаро ба таври барҷаста ифода намуда, онро мустаҳкам менамояд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кафили самаранокии система, принсипҳои ташкилӣ, фаъолият ва низоми ҳисоботдиҳии мақомоти қонунбарор, иҷроия ва судӣ, ҳуқуқҳои асосӣ, озодӣ, уҳдадориҳо ва масъулияти шаҳрвандонро муайян менамояд.

Конститутсия вазифаҳо (вазифаи идеологӣ, вазифаи ҳуқуқӣ, вазифаи сиёсӣ, вазифаи ташкилӣ, вазифаи муассисӣ) ва принсипҳое (принсипи “тақсими ҳокимият”, принсипи “плюрализми сиёсӣ”, принсипи “афзалияти гуногуншаклии моликият”, принсипи “афзалияти ҳуқуқу озодиҳои фардӣ нисбати ҳуқуқу озодиҳои дастаҷамъӣ”, таълимоти “ҳуқуқи табиӣ”, назарияи “манбаи ҳар гуна ҳокимият донистани халқ”)-ро фаро мегирад, ки дар ташаккул ва инкишофи демократия мақоми муассир доранд, ки худ таҷассумгари таълимот ва ё идеология мебошанд.

Исаев У.У., н.и.с., дотсенти кафедраи сиёсатшиносии факултети фалсафаи ДМТ