КОНСТИТУТСИЯ — ПОЯИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ ВА КАФИЛИ ҲУҚУҚУ ОЗОДИҲОИ ИНСОН

9

Имрӯз дар факултети фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида ба 31-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии илмӣ-маърифатӣ баргузор гардид.

Дар ин чорабинӣ устодон ва донишҷӯёни факултет фаъолона ширкат варзида, оид ба нақш ва аҳаммияти Конститутсия дар таҳкими давлатдории миллӣ, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин рушди ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёд маърӯзаҳо ва баромадҳо намуданд.

Дар оғози чорабинӣ декани факултети фалсафа, доктори илмҳои сиёсӣ Сафарализода Х.Қ. суханронӣ намуда, таъкид карданд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳуҷҷати муҳимтарини муайянкунандаи сохти давлатдорӣ ва таъминкунандаи рушди устувори давлати навини тоҷикон аз рӯзи аввали қабул гардиданаш вазифаи муқаддаси худро ифо намудааст. Он то имрӯз ҳамчун санади раҳнамо, ҳидоятгар ва кафили ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон хизмат мекунад.

Ба таъкиди Сафарализода Х.Қ. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади асосии муайянкунанда, танзимкунанда ва таъминкунандаи фаъолияти инсон, гурӯҳҳои иҷтимоӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ, ниҳодҳои давлатӣ ва дигар сохторҳо мебошад, ки ҳеҷ як соҳаи ҳаёти ҷамъиятӣ берун аз доираи таъсири он қарор надорад.

Ҳамчунин зикр гардид, ки ин санади сарнавиштсоз дар таърихи давлатдории муосири тоҷикон нақши бузург дорад. Маҳз бо шарофати Конститутсия кишвар ба марҳилаи нави рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ ворид гардид ва заминаи устувори пешрафти давлати ҳуқуқбунёду иҷтимоиро фароҳам овард.