КОНСТИТУТСИЯ – ҲУҶҶАТИ САРНАВИШТСОЗИ МИЛЛАТ

18

Конститутсия ҳамчун ҳуҷҷати сарнавиштсоз дар инкишофи давлатдории навини Тоҷикистон марҳалаи нави таърихиро оғоз бахшида, боиси дигаргуниҳои куллӣ дар ҳаёти сиёсии ҷомеаи мо гардид. Маҳз ба шарофати Конститутсия рукнҳои давлатдорӣ, низоми ҳуқуқии мамлакат, волоияти қонуну тартиботи ҳуқуқӣ пойдор гардида, давлати мо ба роҳи рушди устувор қадамҳои боэътимод гузошт.

Эмомалӣ Раҳмон

Воқеан ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз дар тули солҳои истиқлоли кишвар тавонист, давлати миллии моро бо пуштибонии қотеъона ва талошҳои хастанопазири Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар якҷоя бо мардуми кишвари азизамон таҳким ва азамат бахшад. Хотираи таърихии начандон дури мо гувоҳӣ медиҳад, ки дар ибтидои истиқлоли кишвар буданд гурӯҳҳое, ки зидди низоми конститутсионӣ мубориза бурданд ва ба гуфтаи яке аз конститутсияшиносони ватанӣ Имомов Ашурбой барои “ноил гаштан ба соҳобихтиёрӣ ва бунёди давлатдории миллӣ муқобилистӣ ва ҷанги бардавоми шаҳрвандие, ки барангезандаи он қувваҳои иртиҷоии дохилӣ ва бештар душманони хориҷӣ буданд, халалдор сохтанд.” (Имомов А. Нақши конститутсия дар бунёди давлатдории миллии тоҷикон. Душанбе, 2011. 335 саҳ. С. 6-7.) Ба бахти миллати тоҷик бо талошҳо ва фидокориҳои Сарвари ғамхори миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон натавонистанд асосҳо ва меъёрҳои ҳуқуқҳои фитрию иҷтимоии инсонмеҳвари давлати миллии моро шикаст диҳанд. Маҳз қонунмадорӣ ва пуштибонӣ аз қонунҳое, ки моро дар дохил ва хориҷи кишвар муаррифӣ менамоянд дар замони истиқлол воқеияти амалии худро пайдо намуд. Устод Имомов А. ба дурустӣ ёдовар мешаванд, ки “бе натиҷаи дилхоҳ анҷом ёфтани ҳадафҳои хаёлии бунёди ҷамъияти худидораи коммунистӣ ва сиёсати бозсозии сохтори Шуравӣ бо пошхурии давлати иттифоқии шуравии сотсиалистӣ сабаб шуд. Дар ҳамин замина соҳибихтиёрии миллати тоҷик ба монанди миллатҳои дигари шуравӣ шакли амалӣ гирифт ва давлати миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар харитаи ҷаҳон пайдо гардид.” (Имомов А. Нақши конститутсия дар бунёди давлатдории миллии тоҷикон. Душанбе, 2011. С. 6.). Аз ин рӯ, муҳим аст, равнди ташаккули қонунмадорӣ ва таҷрибаи конститутсионализмро ба таври мухтасар тавҷеҳ диҳем.

Қонун дар мафҳуми умумӣ ба тамоми илмҳо хос буда, маҳсули дастоварди ақлонии инсонӣ мебошад. Яке аз меъёрҳои муҳимме, ки илмҳоро дар ҷаҳони муосир аз ҳам ҷудо ё тасниф месозад ва ҳамчун илм омӯхта мешавад, ин кашфи қонун ҳам дар самти илмҳои табиию риёзӣ ва ҳам дар илмҳои гуманитарӣ мебошад. Маҳз қонунҳо дар илмҳои гуманитарӣ меъёрҳое мебошанд, ки танзимгари тамоми муносибатҳои ҷомеа мебошад ва маҳсули ташаккули таърихии муносибатҳои ҷамъиятӣ маҳсуб гаштаанд. Конститутсия ҳамчун меъёр ё муқаррароти умумӣ маҷмуи ҳуқуқу уҳдадориҳои инсон дар назди ҳамдигарӣ буда, худмуайянкунӣ ё ҳудуди худшиносии инсонро таъйин менамояд. Маҳз эълон гардидани соли ҷорӣ аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Соли маърифати ҳуқуқӣ” ё дарки ҳуқуқу озодиҳои инсон ва, пеш аз ҳама, шинохти уҳдадориҳо, пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷинояткориро дар ҳама сатҳҳо тақвият мебахшад.

Бояд гуфт, ки дар воқеъ, меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба стандартҳои байналмилалии ҷаҳонӣ ҷавобгӯ буда, аз меъёрҳои Эъломияи ҳуқуқи башар сарчашма гирифтааст. Зеро дар моддаи якуми боби аввали Конститутсияи кишвар, Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати иҷтимоӣ, дунявӣ, ҳуқуқбунёд “қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳон буда, худро дар назди наслҳоигузашта, ҳозира ва оянда масъул ва вазифадор дониста, таъмини соҳибихтиёрии давлати худ ва рушду камоли онро дарк намуда, озодӣ ва ҳуқуқи шахсро муқаддас шумурда, баробарҳуқуқӣ ва дӯстии тамоми миллату халқиятҳоро эътироф карда, бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ қарор додаааст.” Давлат ба тамоми табақаҳои ниёзманди аҳолӣ, аз ҷумла, кӯдакону наврасони ятиму бепарастор, оилаҳои камбизоат, пирони дастнигару бемор, маъюбон ва ғайраро зери парасторӣ ва ғамхории махсус гирифтааст.

Муҳтарам Пешвои миллат пайваста талош менамоянд, ки дар асоси ин ҳуҷҷати тақдирсоз ҳарчи зудтар сатҳу сифати зиндагии халқ баланд гардида, Тоҷикистони азиз боз ҳам ободтару зеботар гардад. Аз ҷумла, Сарвари давлат ҳануз соли 2014 дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд намуданд, ки «тавре борҳо таъкид карда будам, мо азму талош дорем, ки барои ҳар як сокини мамлакат шароити зиндагии шоистаро муҳайё созем ва ҳамаи нақшаву барномаҳоямон маҳз ба хотири амалӣ гардонидани ҳамин ҳадафи олӣ қабул ва амалӣ карда мешаванд».

Инчунин, Президенти мамлакат дар яке аз баромадҳои худ қайд карданд, ки «Конститутсия ба сифати Қонуни олӣ заминаҳои ҳуқуқии пешрафти ҷомеаро аз тариқи қабули қонунҳои нав гузошта, муносибатҳои ҷамъиятии мухталифро таҳти танзим қарор медиҳад».

Чи хеле дар боло зикр карда шуд, ҳарчанд қаблан мо дорои чунин санад будем, аммо он ҷавобгӯйи ҳадафҳои давлату миллат набуд ва соҳибистиқлол шудани Тоҷикистон зарурати ба низом даровардани самтҳои асоси сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлати тоҷиконро ба миён овард ва хусусиятҳои давлатдории миллии моро дар худ инъикос намуд. Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон эътирофу эҳтироми арзишҳои миллӣ, расму оинҳо дар раванди пуртаззоди ҷаҳонишавӣ омили воқеии пойдорӣ ва таҳкими истиқлоли кишвар арзёбӣ шуд. Масалан, забони тоҷикӣ чун забони давлатӣ расман эълон гардид ва рамзҳои давлатӣ ҳамчун муқаддасот шинохта шуданд. Мутобиқи ин талаботи Конститутсия коргузорӣ, ҳуҷҷатнигорӣ, таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, сабти асноди шаҳрвандӣ ва дигар муносибатҳои меҳнатӣ бо забони давлатӣ сурат мегиранд. Ба андешаи Устод Ашурбой Имомов “тоҷикон … тавонистанд дар асоси умумият ва ягонагии забон, фарҳанг, одату анъанаҳои хеш ва дини умумибашарии ислом мутаттаҳид гарданд ва ҳамзистии худро бо дигар халқу миллатҳо ба роҳ монанд.” (Имомов А. Нақши конститутсия дар бунёди давлатдории миллии тоҷикон. Душанбе, 2011. С. 238.) Дар китоби зикршуда муҳаққиқи ватанӣ Имомов А. фарҳанги Ғарб ва сотсиалистиро фарҳанги космополитӣ гуфта, ҷойгузини он дини исломро меовард. Дарҳоле ки дини ислом низ як фарҳаги космополитӣ буда, аз ибтидо фарҳангҳои бумиро нобуд сохта, дар тули 1400 сол монеа шуд, то тафаккури миллию давлатии мо ташаккул ва мавҷудияти худро тақдир ва таҳким бахшад. Агар амиқан ба таърихи гузаштаи тоҷикон дар асрҳои миёна назар кунем, мутаваҷҷеҳ мешавем, ки яке аз ҳаракатҳои миллие, ки ҳаракати шуубия ном дошт, натавонист тавсеа пайдо кунад ва оқибат саркуб шуда, аз байн рафт. Танҳо замони Иттиҳоди Шуравӣ каме бароямон маҷоли фикр карданро дар мавриди худшиносии миллат дод, ки ҳудуди имрӯзаи худро аз паҳнои Хуросон ба даст оварем. Бо пош хурдани Шуравӣ, истиқлоли кишвар ба даст оварда, дар тули истиқлоли кишвар бо нашри қонунҳои миллии худ дар тамоми соҳаҳои ҷомеа давлати миллии худро таҷдиду барқарор ва таҳким бахшем.

Чи тавре ки ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Насриддинзода Эмомалӣ дар конференсияи бахшида ба “Соли маърифати ҳуқуқӣ” таъкид намуданд, бо соҳибистқлол гардидани кишварамон як қатор қонунҳои миллие, мисли “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар ҶТ”, “Дар бораи тарбияи ватандустӣ”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи кудак” ва чандин санаду меъёрҳои дохилию байналмилалие ба тасвиб расиданд, ки василаи муҳими худшиносии миллии мо дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон мебошанд.

Ба ҳар сурат имрӯз низ чунин тафаккури космополитӣ ҳамчун глобализатсия ё ҷаҳонигардонӣ моро дар чавкоти иқтисодии худ бо ягонакунонӣ ва мутаҳидкунони(унификация) фарҳангҳои миллиро фуру барад, ки яке аз хатарҳои имрӯза ба ҳисоб меравад.

Афзалияти дигари ин санад таҳияи боби алоҳида оид ба ҳуқуқу озодиҳои инсон аст ва бори аввал мафҳуми инсон дар чаҳорчӯбаи қонуни асосии давлат баррасӣ ва эътироф гардид ва “дар асоси ташаккули низоми арзишҳои нав ва баҳамтаъсиррасонии фарҳангҳо ва тамаддунҳои мардумон, ҷомеа, зарурути дарки нави арзишҳо ва ба меъёрҳои нав даровардани онҳо ба вуҷуд омад.”( Диноршоев А. М., Тохирова Н. А. Права человека как конститутқионная қенностӣ. Душанбе, 2020.-176 с. С. 7.) Мутобиқи конститутсия ҳуқуқу озодиҳои инсон ҳаматарафа ҳимоя карда мешаванд ва давлат ба ин кафолат медиҳад, “имрӯз ҳуқуқи инсон ба сифати падидаи иҷтимоию маънавӣ ҳамчун мақулаи арзиши умумибашарӣ ба ҳисоб меравад.” (Ҳамон ҷо, С. 3.).

Аз ҷониби дигар, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрвандонро вазифадор менамояд, ки риояи ҳама талаботи ин санад ҳатмӣ аст, яъне шаҳрвандон дар ҳама ҳолат бояд талаботи конститутсияро риоя кунанд. Дар вақти риоя накардани талаботи конститутсия мутобиқи қонун ва дигар санадҳои ҳуқуқӣ ҷавобгарӣ муайян мешавад.

Натиҷаи солҳои иститқлоли кишвар нишон дод, ки ҷомеаи суннатии мо, ки дар тули асрҳо дар зери анъанаҳои гуногуни динию идеологӣ шакл гирифта буд, таъмини низоми одилона ва устувор дар пояи меъёрҳои ҳуқуқиро татбиқ кардан кори саҳлу сода набуд. Аммо бо талошҳои пайвастаю хастанопазири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳз Конистутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳукми як санади асосӣ бо шинохт ва риояи меъёрҳои байналмилалӣ рисолати воқеии худ барои ба танзим даровардани муносибатҳои суннатию муосири ҷомеаи мо иҷро намуд ва дар ояндаи дуру наздик низ баҳри пешрафту шукуфоии давлату миллати тоҷик мусоидат хоҳад кард. Муҳимтар аз ҳама, роҳнамоест барои имрӯзу фардои давлату миллат. Чун бахтномаи сарнавиштсоз моро ҳифз мекунад ва мебарад сӯйи ояндаи неку дурахшони Тоҷикистони соҳибистиқлол. Бо боварии тамом метавон гуфт, ки 30 – солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҷашни мубораки миллӣ ба густариши бештари худогоҳиву худшиносӣ, ваҳдати миллӣ, ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ифтихори ватандории ҳар фарди бонангу номуси Тоҷикистони соҳибистиқлол нерӯ ва илҳоми тоза мебахшад.

Ниёзӣ Ёрмаҳмад Бобо,доктори илмҳои фалсафа,Маҳмадизода Файзалӣ Бачабек,номзади илмҳои иқтисодӣ,устодони Донишгоҳои миллии Тоҷикистон