МАФҲУМ, МОҲИЯТ ВА ХУСУСИЯТҲОИ ПАЙДОИШИ ТЕРРОРИЗМ ДАР ҶОМЕА

209

Дар ҷомеа падидаву равандҳо ва ҷараёнҳои сершумор мавҷуданд. Зуҳури ҳар яки онҳо ҳатман фикру мулоҳиза, таҳлилу тавсиф ва назариёти гуногунро ба бор меорад. Гарчанде баъзеи онҳо муддатҳои зиёд аст, ки дар илмҳои гуногун омӯхта мешаванд, аммо таҳлили ҳамаҷонибаро соҳиб нагаштаанд. Терроризм дар радифи он падидаҳоест, ки ҳанӯз саҳми ягонаро доро нест.

Террор аз забони лотинӣ (terror – тарс, даҳшат, ҳарос) гирифта шуда, ба маънои муосираш дар охирҳои асри XVIII ҳангоми Инқилоби Бузурги Фаронса истифода шудааст. Он як навъ сиёсат, идеология ё амали иборат аз таҳдид, фишороварӣ ва зӯрӣ нисбати шахсони алоҳида, гурӯҳи одамон, ҷомеа, ҳокимият, институтҳои ҳокимияти давлатӣ ва низоми идоракунии он буда, баҳри расидан ба ҳадафҳои иқтисодӣ, сиёсӣ, идеологӣ, геополитикӣ ва имкониятҳои гуногун таҳрезшуда равона гардидааст. Ҳоло зиёда аз 200 навъи маънидоднамоии терроризм мавҷуд аст, ки ҳеҷ яки он умумиэътирофгардида намебошанд. Дарки падида бошад аз тавсифи мафҳумии он осон нест, зеро бо вуҷуди хусусияти бисёрҷабҳа доштанаш боз омили бавуҷудоӣ дар дохили як давлат ва мавқеъ гирифтан дар он инчунин дар миқёси байналхалқӣ зуҳур карданаш як қатор мушкилотҳоро дар равшаннамоӣ ва дарки худ ба миён овардааст.

Терроризм яке аз манфуртарини экстремизми сиёсист. Мафҳуми экстремизм бошад, аз забони фаронсавӣ (extremism) ва лотинӣ (extremus) гирифта шуда, маънои канораро дорад. Экстремизм дар пояи пайравӣ ва ё эътиқод ба ҳиссиёт, амал, стратегия ё муносибат ба касеву чизе сар зада, ҳолату вазъияти махсус зоҳиршавиро дорад. Амалиёти экстремистӣ аз доираи эътирофи умум дур буда, имконияти созиш, гуфтушунид ва ризоият бо субъектони он душвор ё имконнопазир аст. Фаъолияти экстремистӣ аслан тавассути таблиғоту ташвиқот ва тавассути ҷанг ё низои мусаллаҳона сурат мегирад. Терроризм як навъи мусаллаҳона ва муташаккилонаи экстремизм ба ҳисоб меравад.

Терроризм дар адабиётҳои гуногуни ҳуқуқӣ ҳамчун дараҷаи охирини зуҳуроти экстремизм фаҳмида мешавад. Терроризм зуҳуроти вазнини иҷтимоӣ – сиёсӣ ва ҷиноиест, ки бо зиддиятҳои дохилӣ ва берунӣ дар рушди ҷамъиятии кишварҳои гуногун шарҳ дода мешавад. Терроризм яке аз шаклҳои навини таҳдид ба оламу одам мебошад.

Ҳамин тариқ, омилҳои асосии сар задани терроризмро ба омилҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, динӣ ва маънавӣ тақсим намудан мумкин аст. Дар бисёр ҳолат терроризмро бо ҷанги муқаррарӣ як медонанд, ки ин андеша куллан хатост, чунки терроризм амали бардавомро соҳиб буда, онро як навъи ҷанги бемуҳлат ном мебаранд.

Зеваров Х.,муаллими калоникафедраи кори иҷтимоиифакултети фалсафаи ДМТ