МАЪРИФАТНОКИИ МОДАР – КАФИЛИ НАСЛИ БОФАРҲАНГ

176

Андешаҳо дар ҳошияи Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси олии кишвар дар санаи 28.12.2023

Чун устоди кафедраи равоншиносии донишгоҳ ҳастам, ҳам аз рӯи касб ва ҳам тахассуси хеш бо масъалаи таълиму тарбияи насли наврас зиёд сару кор мегирам – ҳам дар самти назарияи рушди равонӣ ва ҳам амалияи кор бо кӯдакону наврасон. Ин аст, ки на аз шунидаҳо, балки аз бардошти худ зимни таҳқиқот ва таҷрибаи корӣ доир ба нақши волидон дар ташаккули шахсияти фарзандон гуфта метавонам.

Мехоҳам аз он оғоз намоям, ки тибқи натиҷаҳои таҳлили анҷомдодаи мо 86,6%-и ноболиғони бо ҷурми ҷинояткорӣ маҳкумшударо дар кишвар онҳое ташкил медиҳанд, ки бо сабаби ҷудошавӣ ва ё фавти волидон аз тарбияи яке ва ё ҳардуи онҳо дур мондаанд. Ҳиссаи бештар аз қисми боқимонда ба он наврасоне рост меояд, ки муваққатан аз волидони хеш дур мебошанд (аз ҷумла бо сабаби муҳоҷирати меҳнатӣ), бо сабаби муҳити носозгори оила ва низоъҳои оилавӣ хонафирориянд ва ё дар ахлоқи волидонашон намунаи шоистае барои онҳо нест.

Таҷрибаи кор бо мутахассисон ва аҳолии минтақаҳои гуногуни кишвар аз рӯи масъалаи омилҳои паҳншавии сӯиқасд ба ҷони худ дар байни наврасон ва роҳҳои пешгирии он нишон дод, ки сабаби асосиро мушкилоти муносибати волидону фарзандон ташкил медиҳад.

Шумораи зиёди ташхисҳои судию равоншиносии ҷиноятҳои нисбати ноболиғон содиршуда, ки солҳои охир аз ҷониби мутахассисони кафедраи психологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон гузаронида мешаванд, нишон медиҳанд, ки ноболиғони қурбони ҷинояткоришуда боз ҳам онҳое мебошанд, ки нақши волидон дар тарбияи онҳо суст гардидааст.

Ин далелҳо бешубҳа бузург будани нақши волидонро дар рушди солим ва некуаҳволии насли навраси имрӯзаи ҷомеаи мо собит менамоянд. Акнун мехоҳам таваҷҷӯҳи хонандаро ба як савол ҷалб намоям – таъсири кадоме аз волидон дар ташаккули фарзанд бештар аст? Шояд савол дағал намояд, зеро ҳам падар ва ҳам модар дар кӣ будану, кӣ шудани мо саҳм доранд, ҳарду барои мо азизанд ва якеро афзалтар гузидан нодуруст мебуд. Аммо, биёед фаромуш насозем, ки мо дар атрофи воқеияти замони худ ва вазъияти иҷтимоии имрӯза суҳбат карда истодаем. Вазъияте, ки дар оилаи тоҷик падар ба таври анъанавӣ “аз хона берун” буда, масъули таъминоти иқтисодӣ ва амнияти оила аст, боқӣ ҳама соҳаи масъулияти модар мебошад. Биёед андеша кунед ва на танҳо дар асоси анъанаҳои хонаводаи худ, балки мушоҳидаи муҳити атрофатон хулоса намоед, ки сар карда аз шаклгирии аввалин унсурҳои ахлоқи мо – дуруст нишастану дуруст хӯрок хурдан ва тозагӣ то ба муносибатҳои олии инсонӣ – ҳамрози худ интихоб кардану бовар кардани сирри ниҳонии дил – ин ҳама дар бораи модар аст. Мушоҳида кунед, ки дар воқеияти имрӯзаи ҳаёти мо фарзандон дар солҳои аввали ҳаёти хеш, ки давраи муҳими рушди шахсият дониста мешавад, бештар бо кадоме аз волидон вақт мегузаронанд? Кӯдакони хурдсол дар навбати аввал мушкилоти худро ба кӣ мегӯянд? Бештар кадоме аз волидон ба маҷлиси падару модарон ба мактаб меравад? Ҳангоми бемор шудан ё эмгузаронӣ ки кӯдакро ба назди табиб мебарад? Албатта хулосаи Шумо модар хоҳад буд. Ва ҳамин аст ҷузъе аз саҳми модар дар рушди фарзанд дар давраи шаклгирии қолаби шахсияти ӯ.

Акнун савле пеш меояд, ки ин корро кӣ дурусттар ва беҳтар анҷом дода метавонад? Албатта модари саводнок, бомаърифат, оне, ки дар доираи муносибатҳои муҳити хонавода маҳдуд набуда, бо ҷомеа дар иртибот аст, бо дигарон муносибат ва ҳамкорӣ карда метавонад, ҳуқуқҳои худро медонад ва масъулиятшинос мебошад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президанти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доимо доир ба мавқеи зан-модар, нақши модар дар рушди шахсияти инсон сухан меронанд ва доир ба баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа ғамхорӣ зоҳир мекунанд. Боз ҳам дар Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси олии кишвар, ки дар санаи 28.12.2023 ироа гардид, қайд карданд, ки “Нақши занону бонувон дар пойдории сулҳу субот, ҳифзи арзишҳои милливу фарҳангӣ, дар ниҳоди фарзандон тарбия намудани ҳисси ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, инсондӯстиву масъулиятшиносӣ, инчунин пешгирӣ кардани омилҳои номатлуби иҷтимоӣ муассир аст”. Бо дарназардошти ин, Ҳукумати кишвар дар даврони соҳибистиқлолӣ мақоми занро дар ҷомеа марҳала ба марҳала баланд бардошта, барои онҳо шароити муносиби фаъолиятро фароҳам овардааст. Аз ҷумла ба таҳсили духтарон таваҷҷӯҳи хосса зоҳир карда мешавад. Ҷаноби олӣ дар Паёми худ ба Маҷлиси олӣ барои исботи ин гуфтаҳо чунин маълумоти омориро пешниҳод карданд: “Аз 41 232 донишҷӯёни тоҷик, ки дар давлатҳои хориҷӣ таҳсил мекунанд, беш аз 11 000 нафарашон духтарон мебошанд. Танҳо дар даҳ соли охир 11 000 нафар духтарон муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро бо квотаи президентӣ хатм кардаанд. Аз 3 300 нафар ҷавононе, ки соли ҷорӣ танҳо тавассути Маркази барномаҳои байналмилалии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷи кишвар барои таҳсил рафтаанд, 30%- ашон духтарон мебошанд. Ва умуман, дар замони соҳибистиқлолӣ беш аз 256 000 нафар духтарон муассисаҳои таҳсилоти олиро хатм карда, соҳиби маълумоти олӣ гардидаанд”.

Пешвои миллат дар Паём дар масъалаи волидоне истода гузаштанд, ки духтарони худро пас аз синфи 9- ум аз таҳсил дур мекунанд. Зарурати таҳсили минбаъдаи духтаронро таъкид карданд. Қайд намуданд, ки албатта ҳамаи онҳо олиму шоир, нависанда ва ихтироъкор намешавад, лекин ҳадди ақал фарзандони худро беҳтар тарбия карда метавонад.

Мутаассифона, дар ҳақиқат то ҳол ҳастанд оилаҳое, ки духтарони худро барои таҳсил иҷозат намедиҳанд. Сухан дар бораи монеагӣ кардан ба таҳсили духтарон дар зинаҳои гуногуни таҳсилот меравад. Дар хотир дорам, ҳолатеро ки донишҷудухтаре зери роҳбарии ман кори хатмкунӣ менавишт, кор аллакай омода ва ҳатто муқовабандӣ карда шуда буд. Ин охирин имтиҳони ӯ барои хатми Донишгоҳ ба шумор мерафт, аммо ӯ ба имтиҳон наомад. Чаро? Ҳамсабақонаш гуфтанд, ки бародараш, ки ба таҳсилаш розӣ набуд, аз хориҷа баргаштааст ва ба ӯ иҷозат надодааст. Ҳайф! Сад ҳайфи чаҳор соли таҳсил. Хуб майлаш, дониши то ин давра андӯхтааш дар зиндагӣ лозим мешавад ва шояд солҳои баъд имконият пайдо мекунад, то дар имтиҳони давлатӣ иштирок карда, мадраки Донишгоҳро гирад. Аммо, биёед таҳлил кунем, ки сабаби чунин рафтори волидон, бародарон, шавҳарон чӣ шуда метавонад? Баъзеҳо баҳона пеш меоваранд, ки “замона нотинҷ” аст. Фикр мекунам, онҳо оид ба мафҳуми “замона” ё “тинҷиву нотинҷӣ” фаҳмиши нодуруст оранд. Зеро, баъзан вақт ҳудуди соати шаш-ҳафти бегоҳ (бегоҳ куҷо, тирамоҳу зимистон ин аллакай шаб аст) аз кор мебароям ва мебинам, ки чӣ тавр донишҷӯён аз басти дувум баромада, даста даста ба сӯи хона мераванд, аз ҷумла духтаракони бахши аввал, ки қисме нав аз деҳот омадаанд. Ҳама ором, озод ва хушҳол. Кӯчаҳо чароғон, пур пури автобус, микроавтобус ва таксӣ. Ва ёдам меояд беш аз ду даҳсола пештар, ки айёми донишҷӯӣ борҳо ҳамсабақони мо дар рӯзи равшан дар байни шаҳр мавриди ҳамлаи роҳзанон шудаву бо бадани зарбулатдида, бо кисаи холӣ ва пойлуч ба хона мерафтанд.

Зеро он вақт на танҳо пул, балки соати дастӣ, либос ва пояфзоли варзишӣ, пиҷак ё шими ҷинс ҳам барои роҳзанҳои кучагӣ ғанимати арзишнок ба ҳисоб мерафт.

Ҳоло кишвар тинҷу амон аст! Пас кадоманд омилҳо барои монеагӣ ба таҳсили духтарон? Мушкилоти иқтисодиву иҷтимоӣ? Сатҳи пасти маърифатнокӣ? Таассуби динӣ?

Ман ба омилҳои психологӣ афзалият медиҳам – ихтилофҳои ботинӣ, тарсҳо, нобоварӣ … . Яъне, мушкил на дар духтарону рафтори онҳо, балки дар тарсҳои ботинии нафаронест, ки худро “масъули” онҳо медонанд ва ҷуз назорати шадид ё контроли тоталӣ дигар роҳи оромиши худро намебинанд. Гуфтаги барин, инро чунин нафарон баъзан дар сухан низ ифода мекунанд, шояд шунидед, ки мегӯянд ”тезтар шавҳар дода, аз сар соқит кунам …”.

Маҳз ҳамин – “аз сар соқит кардан”, яъне халос кардани худ аз масъулият, боқӣ чӣ мешавад ин муҳим нест. Хӯш, боқӣ гап дар даҳани домодтура, ақлу фаросат ва фаҳму инсофи ӯ. Бисёр чунин мешавад, ки донишҷӯдухтарон дар миёнаи таҳсил ба шавҳар мебароянд ва бо ҳамин онро ҷамъбаст мекунанд. Ё дар ҳолати итмоми таҳсил аз ҷониби шавҳар (ё хонаводаи ӯ) барои фаъолияти касбӣ иҷрозат дода намешаванд.

Як чизи аҷиб маро ҳайрон мекунад, баъзан дар назди дарвозаи донишгоҳ ё коллеҷҳо занҳои “келинкобро” дучор шудан мумкин аст, ки ба ҳар як донишҷӯдухтари аз дарвоза мебаромада бо чашми харидорӣ менигаранд ва суроға мепурсанд. Аммо, пас аз гузаронидани туй якбора пӯстинро чаппа мепӯшанду дигар таҳсил ё кор кардан намегузоранд. Аввалан, ман ба одамшиносиашон ҳайрон, кадом усулро истифода мебурда бошанд, ки бо як дидан “келини арзандаро” мешиносанд? Бахилӣ не, чи хеле ки мегӯянд “чисто профессиональный интерес”. Сониян, ман ҳайрон, ки агар келини хонашин лозим бошад, чаро дар дарвозаи донишгоҳ мекобанд.

Дар ин мавзӯ аз ҳама тассуфовараш он аст, ки баъзан вақт духтаракон зери таъсири омилҳои гуногун, аз ҷумла бо сабаби монеашавии аъзои оила аз таҳсилоти умумӣ низ дур мемонанд, ҳарчанд, ки ин аз ҷониби қонун пайгирӣ карда мешавад. Онҳо нафароне ҳастанд, ки бояд масъулияти модарӣ ва тарбияи насли ояндаро бар дӯш гиранд. Аммо, бо кадом захираи дониш ва тарзи фаҳмиш? Мусаллам аст, ки усулҳои “бобогӣ” барои тарбияи насли нав таъсирбахш нестанд, зеро талаботи насли нав дигар аст ва мунтазам дигар хоҳад шуд.

Як вазъияти фарзиявӣ: зани хориҷӣ бо кӯдаки 2-3 солааш дар нақлиёти ҷамъиятӣ равона аст. Кӯдак вобаста ба хусусиятҳои рушди психикӣ дар ин синнусол, ки “Давраи чарогӯиҳо” ном дорад, модарашро саволборон мекунад – “Ин чист?”, “Вай чаро чунин аст?” ва ғайра. Модар сабурона ба саволҳои кӯдак ҷавобҳои мантиқӣ медиҳад ва талаботи маънавии ӯро қаноатманд месозад. Акнун айнан ҳамин вазъият бо қаҳрамонҳои дигар – модари тоҷик бо фарзандаш ва саволҳои сершумори ӯ. Аксуламали модар одатан бо чунин суханон ифода меёбад: “Хап шин!”, “Дамата гир!”, “Ин қадар савол надеҳ”. Ё ба марди дар рӯ ба рӯ нишаста ишора карда мегӯяд “Ором шин, акааш ҷанг мекунад!”. Агар каме тахайюлотамонро озод гузорем, давомаш чунин мешавад – ҳамон “акааш”, ки худ низ бо чунин суханон тарбия ёфтааст, барои тасдиқи суханони модар, ба сӯи кӯдак як қавоқ меандозад. Ва тамом, кӯдак аз саволдиҳӣ боз мемонад.

Шояд ҳамин модар чанд соле баъд фарзандашро таъна кунад, ки “ман барои тарбияи ту хуни ҷигар шудаму, ту бошӣ намехонӣ”. О аз куҷо хонад, ки аллакай дар кӯдакӣ шавқи инкишофёфтаистодаи ӯро ба шинохти олам хомуш карда, ба ҷои ҷавоб ба саволҳояш, ба даҳонаш шаппотӣ заданд.

Оё ин характери миллӣ аст? Не! Танҳо ҳамин, ки дигарон тавонистанд, то дастовардҳои илмро дар ҳаёти рӯзмарра, аз ҷумла тарбияи кӯдакон татбиқ намоянд. Ва ҳамааш натиҷаи саводнокии волидон, маърифатнокии модар.

Ба наздикӣ дар шаҳри Исфараи вилояти Суғд бо як гуруҳ мутахассисони маҳаллӣ вохурии корӣ доштем. Дар бораи паҳншавӣ ва табиати оммавӣ пайдо кардани як ҳодисае нақл карданд, ки фикр мекардам, ақаллан ин падидаи асримиёнагиро пурра решакан кардаем. Гап дар бораи гаҳворабахш, – не боз як шакли дигари он – фотеҳаи писараку духтаракон, сар карда аз синни 11-12 солагӣ меравад. Шояд ҳоло ҳам пайдо шавад, хонандае, ки гӯяд “хайр, ин чӣ бадӣ дорад”. Ва махсус барои чунин хонандагон аз мушоҳида ва таҷрибаи кории мутахассисони маҳаллӣ оқибати бади онро мешуморам: 1) таҳқир ва табъизи наврасони ҳоло фотеҳанашуда аз ҷониби ҳамсолон; 2) барвақт ҷалбшавии ноболиғон ба муносибатҳои ҷинсӣ; 3) ҷанҷолҳои байни наврасон ва минбаъд байни оилаҳо, бинобар сабаби “рост наомадани ситораи” фотеҳашудагон; 4) дар ин замина ҷанҷоли байни волидону фарзандон ва аз хона фирор кардану қасди ҷони худ кардани наврасон. Инҳо паҳншудатарин оқибатҳои воқеии ин падида дар маҳал мебошанд. Миқёси паҳншавӣ то дараҷаест, ки танҳо дар чаҳор моҳи охири соли 2023 даҳҳо муроҷиат бо ҳамин мазмун аз ҷониби наврасони фотеҳашуда (ҳам духтарон ва ҳам писарон) ба мутахассисони маҳаллӣ сурат гирифтааст. Дар алоқамандӣ бо ин, аз ҷониби ҳамватанони худогоҳу бофарҳанги шаҳри Исфара ва мутахассисони маҳаллӣ андешае пешниҳод шуд, ки фикр мекунам то ба мақомоти қонунгузори кишвар расонидани он муҳим аст. Пешниҳод шудааст, ки дар соли ҷорӣ, ки ҳамакнун аз ҷониби Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон шуд, ин падидаи нанговар дар доираи қонун ба танзим дароварда шавад. Умедвор ҳастем, ки мақомоти дахлдор ба ин масъала таваҷҷуҳ зоҳир намуда, ба ҳалли мувофиқи он мусоидат мекунанд, зеро чи тавре Ҷаноби олӣ дар Паёми навбатӣ қайд карданд: “Ғамхорӣ нисбат ба ҷавонон, ҳалли мушкилоти онҳо ва истифодаи дурусти ин захираи стратегии миллӣ барои пешрафту ободии ватан ва таъмини амнияту суботи ҷомеа яке аз афзалиятҳои асосии Ҳукумати мамлакат ба шумор меравад”.

Каримиён Қутбиддин Мамараҷаб, муаллими калони кафедраи психологияи факултети фалсафаи ДМТ