Имрӯз (04.12.2024) дар доираи татбиқи «Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ва “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон гардидани соли 2024 дар толори Шурои олимони факултети фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон семинари илмӣ баргузор гардид. Дар он декани факултети фалсафа, дотсент Сафарализода Х.Қ. ва дотсенти кафедраи диншиносӣ Қаландарзода М. дар мавзуи «Мубориза бар зидди коррупсия кори дастаҷамъист» суханронӣ намуданд.
Семинари мазкур бо иштироки ҳайати васеи устодон, докторантони Ph.D, магистрантон ва донишҷӯёни факултети фалсафа баргузор гардид.
Зимнан декани факултети фалсафа, дотсент Сафарализода Х.Қ. оид ба татбиқи «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» суханронӣ намуда, қайд намуд, ки коррупсия ҳамчун зуҳуроти манфӣ дар ҳаёти ҷомеаи башарӣ ҳодисаи нав набуда, ин зуҳуроти номатлуб аз давраҳои хеле қадим арзи ҳастӣ дорад.
Аммо яке аз сабабҳои асосии стратегияи мазкур ин ба вуҷуд овардани фазои зиддикоррупсионии ҷомеа буда, барои пешгирӣ кардани он зарур аст, ки шаҳрвандон онро ҳамчун таҳдид эътироф намуда, бар зидди ин зуҳуроти номатлуб мубориза баранд.
Ҳамчунин, Қаландарзода М. дар мавриди мавзуи мубориза бар зидди коррупсия суханронӣ намуда, коррупсияро яке аз хатарҳои асосии ҷомеа номид ва афзуд, ки он ба рушди устувори давлат монеа эҷод мекунад. Аз ин рӯ, паст намудани шиддати омилҳои коррупсионӣ иштироки фаъоли ҷомеаи шаҳрвандиро дар ин самт тақозо менамояд.
Ҳамин тавр, ҳамаи мақомотҳо ва аҳолии ҷумҳуриро мебояд, ки бар зидди кирдорҳои коррупсионӣ муборизаи беамон бурда, дастуру супоришҳои Пешвои миллатро, ки дар Паёмҳои худ ироа менамоянд, сармашқи кори хеш қарор диҳанд ва барои зиндагии шоиста ва бо дасту дили пок ҳаёт ба сар бурдан камари ҳиммат банданд.