Мушовири академӣ (эдвайзер)-и дараҷаи 1-ум оид ба таълим

РАҲИМОВ ДИЛШОД ҚУРБОНАЛИЕВИЧ
  • Вазифа: мушовири академӣ (эдвайзер)-и дараҷаи 1-ум оид ба таълим
  • Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои сиёсатшиносӣ, дотсент
  • Кафедра: сиёсатшиносӣ
  • Суроға: ш. Душанбе, кӯчаи Буни Ҳисорак, бинои 15
  • Телефон: +(992)93 886 61 41
  • E-mail: Dilshod-12-12@mail.ru

Маълумоти мухтасар:

Раҳимов Дилшод Қурбоналиевич 15 майи соли 1989 дар оилаи зиёӣ ба дунё омадааст. Баъди хатми мактаби миёна соли 2008 ба факултети фалсафаи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон (ҳоло ДМТ) дохил гашта, онро соли 2013 бо ихтиссоси сиёсатшиносӣ, бо дипломи аъло хатм намудааст. Баъди хатми донишгоҳ соли 2013 ба ҳайси ассистенти кафедраи сиёсатшиносии  факултети фалсафа фаъолият намудааст. Аз соли 2018 то ҳол ба ҳайси муовини декан оид ба тарбия фаъолият дорад. Соли 2022 рисолаи номзадиашро дар мавзуи «Хосиятҳои асосии давлати миллӣ дар шароити муосир (дар мисоли Тоҷикистон) дар шурои диссертатсионии назди ДМТ аз рўйи ихтисоси 23.00.02 – ниҳодҳо, равандҳо ва технологияи сиёсӣ дифоъ намудааст. Соли 2023 бо қарори Шурои олимони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба ҳайси муаллими калони кафедраи сиёсатшиносӣ интихоб гардидааст. Муаллифи 3 барномаи таълимӣ аз фанҳои «Давлатшиносӣ», «Ҳукумати Тоҷикистон», «Таърихи идоракунии давлатӣ» ва 41 мақолаҳои илмӣ-оммавӣ мебошад. Оиладор,  соҳиби 3 фарзанд.