Муовини декан оид ба илм ва робитаҳои байналхалқӣ

ТАҒОЙМУРОДЗОДА МУҲАММАД ТАҒОЙМУРОД

  • Вазифа: муовини декан оид ба илм ва робитаҳои байналхалқӣ
  • Дараҷаи илмӣ: доктори фалсафа Ph.D, дотсент
  • Кафедра: диншиносӣ
  • Суроға: ш. Душанбе, кӯчаи Буни Ҳисорак, бинои 15
  • Телефон: +(992) 903-00-22-30
  • E-mail: muhammad_90.12@mail.ru

Маълумоти мухтасар:

Тағоймуродзода Муҳаммад Тағоймурод 23 декабри соли 1990 дар вилояти Хатлон, ноҳияи Фархор ба дунё омадааст. Баъди хатми мактаби миёна соли 2008 ба ихтиссоси фалсафа ва илоҳиётии Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам-Абуҳанифа дохил гашта, соли 2012 онро хатм намудааст. Солҳои  2012-2014 магистранти ихтисоси фалсафаи кафедраи таърихи фалсафа ва фалсафаи иҷтимоии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва солҳои 2015-2018 докторанти Ph.D (доктор аз рӯйи хтисос) ҳамин донишгоҳ маҳсуб меёфт.  Солҳои 2018-2020 ассистент ва баъд муаллими калони кафедраи фалсафа ва сиёсатшиносии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур фаъолият намудааст. Соли 2020 диссертатсияи номзади худро дар мавзуи «Ғояҳои фалсафаи маориф дар осори мутафаккирони тоҷик дар асрҳои IX-XIII» дар шурои диссертатсионии назди ДМТ аз рӯи ихтисоси 6D020100 фалсафа ҳимоя намудааст. Соли 2021 ба ҳайси муаллими калони кафедраи диншиносии факултети фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолият намудааст.

Аз 01 сентябри соли 2022 то имрўз ба ҳайси  ҷонишини декан оид ба илм ва робитаҳои хориҷии факултети фалсафа фаъолият дорад. Самти асосии таҳқиқоти илмии Тағоймуродзода М.Т.-ро масъалаҳои фалсафӣ, иҷтимоӣ–сиёсӣ, динӣ ва фарҳангӣ ташкил медиҳад. Номбурда муаллифи зиёда аз 50 мақолаҳои илмӣ-оммавӣ аст.