НАҚШИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ДАР РУШДИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ

252

Истиқлолият дар таърихи давлатдории тоҷикон ва сарнавишти миллати тоҷик оғози марҳилаи сифатан нав гардида, барои шинохт ва дарёфти арзишҳои тамаддуну фарҳанги миллӣ заминаи устувору пойдор фароҳам овард.

Эмомалӣ Раҳмон

Давлати миллиро бе доштани Истиқлолият тасаввур кардан ғайриимкон аст. Истиқлолият барои мо имкони мусоид фароҳам меовард, ки роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба суи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва соҳибихтиёр таъмин намоем. Истиқлолият барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин дастоварди давлатсозию давлатдории миллӣ, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омӯзонда, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким мебахшад.

Истиқлолият барои мо нишони барҷастаи пойдории давлат, бақои миллат, рамзи асолату ҳувият, мазҳари идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори дар ҷаҳони мутамаддин мебошад. Ҳодисаҳои ибтидои солҳои навадум ҳалқи моро водор намуд, ки оид ба масъалаи таъмини амнияти милливу давлатӣ, нигоҳ доштани оромии авзои ҷомеа, пойдории сулҳу субот ва таҳкими истиқлолияту ҳифзи дастовардҳои он андеша намоем. Ба шарофати Истиқлолият ба дастовардҳои назарраси сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ ноил шуда бошем ҳам, дар марҳилаи мураккабу ҳассоси ҷаҳони имрӯза ба иттиҳоду ҳамраъйӣ, ваҳдати миллӣ, маърифату зиракии сиёсӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ бештар ниёз дорем. Ин нуқтаро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид кардаанд, ки ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳем.Дар шароити кунуние, ки ҷаҳони муосир дорад, таҳкими Истиқлолият, устувор гардонидани пояҳои давлат ва баланд бардоштани сатҳ ва сифати зиндагии инсон барои на танҳо мардуми мо, балки тамоми инсоният мазмуни ҳаётан муҳим пайдо мекунад. Зеро даҳсолаҳои охир пешрафти босуръати илму техника ва раванди қувват гирифтаистодаи ҷаҳонишавӣ инсониятро ба муҳити комилан нав ворид намуда, боиси ташаккул ёфтани низоми фарогири равобити сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ ва иттилоотиву маънавӣ гардидааст.Дар чунин шароит амиқ дарк кардани мақсад ва ҳадафҳои худ, таҳкими дастовардҳои таърихӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллии Ватани азизамон дар арсаи байналмилалӣ амри зарурист».Барои амалӣ гардидани ин ҳадафҳо муносибатҳои баробарҳуқуқ ва ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо кишварҳои минтақа ва мамолики пешрафтаи олам аҳамияти махсус дорад.

Дар робита ба ин бояд гуфт, ки дар натиҷаи пешбурди сиёсати «дарҳои кушода» чунин муносибату ҳамкориҳо рӯз аз рӯз таҳкиму густариш меёбанд.Бояд гуфт, маҳз бо шарофати соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон бо 183 кишвари ҷаҳон муносибатҳои дипломатӣ барқарор намуда, 192 давлат истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистонро расман эътироф кардааст. Тоҷикистон дар созмонҳои минтақавӣ ва аксар созмонҳои байналмилалӣ узвият дошта, аз арзишҳо ва манфиатҳои миллӣ дифоъ мекунад, дар масъалаҳои ҷаҳонӣ назари худро пешниҳод месозад ва хулосаҳои мушаххасро барои ҳалли ин масоил ба миён мегузорад [1, 45 ].Ҳадафи аслии мо эъмори давлати мустақили ҳуқуқбунёд, демократӣ, дунявӣ ва фароҳам овардани шароит барои зиндагии шоистаи шаҳрвандон аст.Дар ҷараёни татбиқи ин ҳадаф дар Тоҷикистони соҳибистиқлол дар фосилаи на чандон тӯлонӣ арзишҳои демократӣ ҳамчун ҷузъи фарҳанги давлатдории навин пазируфта шуданд ва онҳо ба таҳкими дастовардҳои истиқлолият, ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ва институтҳои он, инчунин ба таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мусоидати фаъол намуданд.Мақсади асосии низоми демократӣ дар ҷомеаи мо, пеш аз ҳама таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, фароҳам овардани шароит барои меҳнат ва зиндагии осуда, волоияти қонун, пойдории адолат ва иштироки фаъоли мардум дар идоракунии давлат мебошад, ки ба анъанаву суннатҳои давлатдории миллӣ, арзишҳои ахлоқиву фарҳангии миллат ва дастовардҳои тамаддуни башарӣ такя мекунанд.Дар раванди таҳкими сулҳу субот ва давлатсозиву давлатдории навини худ баҳрабардорӣ аз арзишҳои волои таърихиву фарҳангӣ, таблиғи ҳувияти милливу ифтихори ватандорӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва ба шоҳроҳи созандагиву ободонии сарзамини аҷдодӣ раҳнамоӣ кардан ва сафарбар намудани мардумро воқеан ҳам дар маркази сиёсати давлатӣ қарор додем.Имрӯз аз баракати истиқлол миллатеро бо номи тоҷик ва кишвареро бо номи Тоҷикистон кулли мардуми сайёра мешиносад ва дар арсаи ҷаҳонӣ мақоми хосаеро дорост. Самараи истиқлол аст, ки имрӯз Тоҷикистон дар дунё чун давлати сулҳхоҳу сулҳпарвар шинохта шудааст. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон – манбаи омӯзиши сулҳхоҳони ҷаҳон гашт, ки боиси ифтихори ҳар як қавми тоҷикмиллат аст.

Чунонки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд: «Яке аз муҳимтарин дастовардҳои мо дар даврони истиқлолият давлатсозӣ ва давлатдории муосири миллӣ мебошад, ки моҳиятан шакли ҳуқуқбунёд, иҷтимоӣ ва дунявиро дорад» [3]. Халқи азиятдидаи тоҷик барои таҳкими Истиқлолият, нигаҳдошти якпорчагии марзу бум, расидан ба сулҳу ваҳдат ва ягонагӣ, интихоби роҳи рости рушду тараққиёт Конститутсияи мамлакати орзую ормонашро қабул кард. Агар гӯем, ки аз ҳамон соли қабули Конститутсия, яъне соли 1994 барои Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳилаи нави инкишоф фаро расид, хато нахоҳад шуд. Зеро барои расидан ба сулҳи кулл ва Ваҳдати миллӣ пеш аз ҳама пояи қонунии фаъолияти Ҳокимият зарур буд ва инро метавонист танҳо Конститутсия ҳаматарафа такмилёфта ва мутобиқ ба талаби замон таъмин намояд. Тоҷикистон ба узвияти созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ пазируфта шуда, аз минбари онҳо ташаббусу ибтикорҳои созандаи Президенти кишвар ҷиҳати ҳалли мушкилоти ҷаҳону минтақа, аз ҷумла мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ, маводди мухаддир, ҷиноятҳои муташаккилонаи фаромиллӣ, масъалаҳои экологӣ ва амсоли он ба самъи ҷаҳониён расонида мешавад. Махсусан, силсилаи ташаббусҳои Пешвои миллат дар робита ба ҳалли мушкилоти об дар ҷаҳон, бо таваҷҷуҳ ба аҳамияти мавзӯъ, боиси ба гунаи хос муаррифӣ шудани Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ гардид.

Ҳамчунин, ӯ пайваста аз паёмади номатлуби тағйирёбии иқлим бонги хатар зада, зимни таъкид бар зарурати омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳо, рушди устувори кишварҳои куҳсор ва таваҷҷуҳ ба рушди энергияи таҷдидшаванда ҷомеаи ҷаҳониро ба иқдому ҳамкории наздик даъват менамояд. Эмомалӣ Раҳмон муаллифи чор ташаббуси бузургест, ки дар сатҳи ҷаҳонӣ амалӣ шудан доранд: «Соли байналмилалии оби тоза, 2003», Даҳсолаи байналмилалии амалиёт «Об барои ҳаёт, 2005-2015», «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2013» ва Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028». Бояд гуфт, ташаббусҳо дар соҳаи об, пеш аз ҳама ба таҳкими ҳамкорӣ ва танзими муносибат дар ин соҳаи ҳаётан муҳим нигаронида шуда, мавзӯи обро аз чаҳорчӯбаи фаҳмиши классикӣ ва куҳнашудаи он раҳо мекунанд ва назари навро дар истифодаи захираҳои обии минтақа талқин менамоянд, ҳадафи истифодаи таҷрибаи пешрафтаи якдигар ва ҷаҳонро дар ҳалли масъалаҳои пурбаҳсу низоъангез, аз ҷумла, идоракунии захираҳои оби дарёҳои сарҳадгузар пайгирӣ мекунанд [2, 18]. Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҷаҳон чун кишвари ташаббускор дар ҳалли масоили глобалӣ ва таъсиргузор дар танзими равандҳои сиёсии минтақа мешиносанд. Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳон қадамҳои устувор гузошта, бо пешбурди сиёсати мантиқӣ ва пешниҳодҳои созандааш мавқеи худро истеҳком бахшид ва дар оянда низ бо қадамҳои устувортар дар паҳнои олам нақшофарӣ хоҳад кард. Ҳамин тариқ маром ва мақсади ҳар як фарди ҷомеа бояд таҳкими ваҳдати миллӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, масъалаи рушди ҷомеа, ноил гардидан ба ҳадафҳои стратегӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ, тарзи ҳаёти солим ва тарбияи насли наврас дар руҳияи инсондӯстӣ бояд бошад.

Адабиёт:

1. Набиев, В. Созандагони Тоҷикистони соҳибисиқлол / В.Набиев. – Душанбе: Ирфон, 2015. – 289 с.

2. Ҳамидов, И.И. Нерӯи ояндасози миллат / И.И. Ҳамидов. – Душанбе: Шарқи озод, 2011. – 122 с.

3.Ҷавонон нерӯи тавонои ҳамгироӣ. [манбаи электронӣ]. URL: http://majmilli.tj//

Насурова Беҳрӯ Асадуллоевна – номзади илмҳои фалсафа, дотсенти кафедраи сотсиологияи факултети фалсафаи ДМТ