НАҚШИ КОНСТИТУТСИЯ ДАР ТАҲКИМИ НИЗОМИ СИЁСИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

9

Конститутсия бунёди ҳар як низоми сиёсӣ буда, асосҳои ҳуқуқӣ ва институтсионалии давлатро ташкил медиҳад. Дараҷаи олии инкишофи системаи сиёсии демокративу миллӣ дар Тоҷикистон ба қобули Конститутсияи замони соҳибистиқлоли Тоҷикистон рост меояд, ки онро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин таъриф доданд: «Конститутсия ба сифати қонуни асосӣ заминаҳои ҳуқуқии давлат, дахлнопазирӣ ва якпорчагии он, манфиатҳои миллӣ, ҳадафҳои сиёсати дохиливу хориҷӣ ва асосҳои иқтисодиву иҷтимоии ҷомеаи Тоҷикистонро муайян сохт ва муҳимтар аз ҳама, инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯро арзиши олӣ эътироф намуда, барои инкишофи минбаъдаи муносибатҳои нави ҷамъиятӣ роҳи васеъ кушод».

Мақом ва нақши Конститутсияро ҳамчун инъикоскунандаи асосҳои сиёсӣ ва ҳуқуқии таҳкими системаи сиёсии Тоҷикистон танҳо дар заминаи дарки ҷиҳатҳои мазмуни сиёсӣ ва ҳуқуқии он дида баромадан мумкин аст. Мазмун ва моҳияти сиёсии Конститутсия дар он ифода меёбад, ки Конститутсияи Тоҷикистон ҳамчун ҳуҷҷати асосӣ, ки принсипҳои ташкили ҳокимияти давлатӣ, муносибатҳои давлат ва шаҳрванд, инчунин ҳуқуқу озодиҳои асосиро муайян мекунад.

Мазмун ва моҳияти сиёсии Конститутсияро ҳамчун таҳкимбахши системаи сиёсии Тоҷикистон дар якчанд ҷиҳатҳо баён намудан мумкин аст:

– муайян намудани шакли идоракунӣ. Конститутсия шакли идоракунии давлатро муқаррар намуда, муайян мекунад, ки чӣ гуна ҳокимият – тавассути интихоботи демократӣ амалӣ карда мешавад. Масалан, дар моддаи 1 – уми Конститутсия «Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати…. демократӣ…… мебошад». Ин далели он аст, ки дар Тоҷикистон системаи сиёсӣ демократӣ буда, тавассути иродаи халқӣ ҳокимияти давлатӣ бунёд мегардад. Тавсифи пурраи демократӣ будани Тоҷикистон дар моддаи 6 – ум омадааст, ки бо далели оне, ки Тоҷикистон давлати демократист: ―Дар Тоҷикистон халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ буда, онро бевосита ва бавоситаи вакилони худ амалӣ мегардонад…»;

– тақсими ваколатҳо. Конститутсия принсипи тақсимоти ҳокимиятро ба се шоха: ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ муқаррар кардааст, ки асосноккунии он дар моддаи 9 – уми Конститутсия оварда шудааст. Аҳаммияти инъикоси конститутсионӣ пайдо намудани таҷзияи ҳокимият дар он аст, ки:

а). ба самаранокии идоракунии давлатӣ ва татбиқи сиёсати давлатӣ мусоидат мекунад;б). системаи назорат ва мувозинатро таъмин мекунад;в). ба идоракунии демократӣ ва ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандон замина мегузорад;г) он ифодаи воқеияти ҳам тақсимоти институтсионалӣ ва ҳам функсионалии ҳокимияти давлатист.

Муқаррароти моддаи 9-ум тақсимоти институтсионалии ҳокимияти давлатиро дар Тоҷикистон муқаррар намуда, боби 3 – юум «Маҷлиси Олӣ», боби 5 – ум «Ҳукумат» ва боби 8-ум «Суд» ифодаи ҳуқуқии тақсимоти функсионалии ҳокимияти давлатӣ мебошад;

– кафолати ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон. Конститутсия дар ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон нақши асосиро мебозад. Бузургтарин боб – боби 2-юм дар Конститутсияи Тоҷикистон ба «Ҳуқуқ, озодӣ, вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд» бахшида шудааст, ки ифодаи арзиши олӣ доштани инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯст;

– қонунӣ ва самаранок будани ҳокимият. Конститутсия қоидаҳои ҳуқуқиро муқаррар мекунад, ки тавассути онҳо ҳокимияти давлатӣ ва таркиботи институтсионалии он амалӣ карда мешавад ва ба шаҳрвандон механизмҳои назорати амал ва фаъолияти мақомотро фароҳам меорад. Таҳкими конститутсионии макомоти намояндагии ҳокимияти давлатӣ унсури меҳварии такмили системаи сиёсии хосияти демократидоштаи Тоҷикистон мебошад;

– суботи сиёсӣ. Мавҷудияти қоидаҳо ва тартиботи дақиқ муайяншуда, ки онро Конститутсия муайян кардааст, ба суботи сиёсӣ мусоидат мекунад. Муқарраротҳои сулҳофари конститутсионӣ эҳтимоли ихтилофҳо ва буҳронҳои сиёсиро коҳиш медиҳанд, ки барои рушди системаи сиёсии тоҷикистонӣ муҳим аст. Муқарароти моддаи 7 – ум, ки: «… Соҳибихтиёрӣ, истиқлолият ва тамомияти арзии Тоҷикистонро давлат таъмин менамояд. Тарғиб ва амалиёти ҷудоиандозӣ, ки ягонагии давлатро халалдор мекунад, манъ аст…», моддаи 8 – ум, ки: «…Таъсис ва фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсие, ки нажодпарастӣ, миллатгароӣ, хусумат, бадбинии иҷтимоӣ ва мазҳабиро тарғиб мекунанд ва ё барои бо зӯрӣ сарнагун кардани сохтори конститутсионӣ ва ташкили гурӯҳҳои мусаллаҳ даъват менамоянд, манъ аст…», моддаи 11 – ум, ки: «…Ташвиқоти ҷанг манъ аст…» асоси бунёдии конститутсионии таҳкими сулҳ ва суботи системаи сиёсӣ ва давлати Тоҷикистонанд;

– мутобиқшавӣ ба тағйирот ва ислоҳоти системаи сиёсӣ. Дар Конститутсия механизмҳои ворид намудани тағйироту иловаҳо мавҷуд аст, ки ба давлати Тоҷикистон имкон медиҳад, ки ба шароити нав мутобиқ шавад. Ин дар ҷаҳони зудтағйирёбанда муҳим аст, ки дар он тағйироти воқеияти иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсӣ бояд ба назар гирифта шаванд. Дар назар тағйиротҳои соҳавӣ, барномавӣ ва институтсионалие, ки роҳи эволютсионии рушди системаи сиёсии Тоҷикистонро таъмин мекунад, дошта шудааст. Аммо муқаррароти моддаи 100-ум: «Шакли идораи ҷумҳурӣ, тамомияти арзӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлат тағйирнопазиранд», ки асоси олии ҳуқуқӣ дорад, шарти аоссии бунёди системаи муосири Тоҷикистон ба ҳисоб меравад;

– ҳамоҳангӣ ва ягонагии иҷтимоӣ. Конститутсия метавонад ба таҳкими ваҳдати миллӣ ва ҳамоҳангии иҷтимоӣ дар Тоҷикистон мусоидат намояд. Конститутсияи Тоҷикистон қоидаҳоеро дар бар мегирад, ки ҳуқуқҳои гурӯҳҳои этникӣ ва иҷтимоии гуногунро муҳофизат мекунанд ва ба пешгирии низоъҳо ва нигоҳ доштани ҳамзистии осоишта мусоидат мекунанд. Масалан, муқаррароти моддаи 2- юм, ки: «…Ҳамаи миллатҳо ва халқиятҳое, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ зиндагӣ мекунанд, ҳуқуқ доранд аз забони модариашон озодона истифода кунанд», моддаи 6-ум, ки: «… Халқи Тоҷикистонро сарфи назар аз миллаташон шаҳрвандони Тоҷикистон ташкил менамоянд…», моддаи 17-ум, ки: «…Давлат ба ҳар кас, қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молу мулк, ҳуқуқу озодиҳоро кафолат медиҳад…», моддаи 40-ум, ки: «Ҳар шахс ҳуқуқ дорад (новобаста аз ҳар гуна мансубияти милливу фарҳангӣ) озодона дар ҳаёти фарҳангии ҷомеа, эҷоди бадеӣ, илмӣ ва техникӣ ширкат варзад, аз дастовардҳои онҳо истифода кунад…» инъикос пайдо намудаанд.

Ҳамин тариқ, мазмун ва моҳияти сиёсии Конститутсияи Тоҷикистон ҳамчун инъикоскунандаи асосҳои сиёсии таҳкими системаи сиёсии он дар он аст, ки Конститутсия барои ташаккул ва таҳкими ҳокимияти давлатӣ дар Тоҷикистон, таъмини ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон ва мусоидат ба суботи сиёсии ҷомеаи тоҷикистонӣ, эмори сулҳ ва Ваҳдати миллӣ нақши калидӣ мебозад. Бидуни Конститутсияи тавоно ва муассири Тоҷикистони таҳкими системаи комилу устуворро тасаввур кардан ғайриимкон аст. Андешаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат дар ин росто арзишманд аст, ки мегуянд: «Бо қабули Конститутсия майлу иродаи халқи Тоҷикистон оид ба эъмори давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявию иҷтимоӣ, ки дар бобати интихоби сарнавишти минбаъдаи кишвар имтиҳони ҷиддие буд, муайян гардид».

Асламзода Некрӯз – ассистенти кафедраи сиёсатшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон