НАҚШИ ПАЁМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР РУШДИ СОҲАИ МАОРИФ

22

Рушди соҳаи маориф яке аз самтҳоии афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати мамлакат ба ҳисоб меравад. Ҳуқуқи иҷтимоии шаҳрвандон ба таҳсил дар меҳвари сиёсати иҷтимоии давлат қарор дорад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамоянд, ки бунёди миллат аз маориф оғоз меёбад ва ғамхорӣ нисбат ба маориф, пеш аз ҳама, сармоягузорӣ барои рушди неруи инсонӣ ва ояндаи ободи давлат мебошад. Новобаста аз вазъияти бӯҳрони ва ҳассоси ҷомеаАсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ЭмомалӣРаҳмон илму маорифро самти афзалиятнок шуморида, барои рушди илму маориф дар доираи имкониятҳо ҳамаи шароитҳои заруриро фароҳам оварда, корҳои пурарзише дар ин ҷода анҷом додаанд. Дар Паёми навбатии худ низ Пешвои муаззами миллат қайд намуданд, ки “То вақте ки тамоми ҷомеа ба мактаб ва низоми маориф рӯй наоварад, миллат дастнигар, хору зор, таҳқиргашта ва афроди он моил ба ҳама гуна ҷиноятҳои сангину пешгӯйинашаванда боқӣ хоҳанд монд. Аз ин лиҳоз, метавон хулоса кард, ки сифати давлат на аз шумораи аҳолӣ, балки аз сифати аҳолӣ вобаста мебошад. Бинобар ин, ташаббус дар ин самт бояд пурра дар дасти давлат бошад. Маҳз барои ҳамин, ман аз рӯзҳои аввали роҳбарии худ ба масъалаи илму маориф эътибори доимӣ ва аввалиндараҷа медиҳам”. .

Дар Паём инчунин қайд гардидааст, ки ҳоло шумораи умумии хонандагони беш аз 2 миллиону 300 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Инчунин, дар Тоҷикистон 4037 муассисаи таълимӣ, аз ҷумла 170 литсею гимназия, яъне муассисаҳои таълимии типи нав, фаъолият менамоянд. Соли 1991 дар кишвар ҳамагӣ 13 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ бо 69 ҳазор донишҷӯ фаъолият мекард. Ҳоло шумораи ин муассисаҳо ба 48 ва донишҷӯёни онҳо ба зиёда аз 214 ҳазор нафар расидааст.

Имрӯз дар кишвар 65 литсейи касбҳои техникӣ, яъне муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ, бо 23 500 хонанда ва курсҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзӣ дар назди онҳо бо 12 000 хонанда, инчунин, 88 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ – коллеҷҳо бо 106 000 донишҷӯ фаъолият доранд.

Нигаронии асосии Сарвари давлат ба сатҳу сифати таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва таҳсилоти олӣ, дараҷаи касбии омӯзгорон ва истифодаи технологияҳои муосир аз ҷониби онҳо, ҷорӣ намудани технологияи рақами дар раванди таълим, раванди омода намудани мутахассисони ба талаботҳои навини бозори меҳнат ҷавобгӯ ва дараҷаи забономӯзии толибилмон равона шуда буд. Аз ин рӯ, Пешвои муаззами миллат аз роҳбарони муассисаҳои таълимии кишвар талаб намуданд, ки ба масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи дониш ва касбияти омӯзгорон дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот эътибори ҷиддӣ диҳанд ва барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, омода кардани кадрҳои баландихтисос, аз худ кардани технологияҳои иттилоотӣ ва забонҳои хориҷӣ, махсусан, забонҳои русиву англисӣ, тадбирҳои заруриро андешанд.

Дар Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи ташкили муассисаҳои томактабӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шудааст. Роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор карда шудаанд, ки дар панҷ соли оянда, бо дарназардошти афзоиши аҳолӣ, барои дар ҳар як маҳалли аҳолинишин, ки 100 оила зиндагӣ мекунад, ҷиҳати бунёд кардани як муассисаи томактабӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Маориф муҳимтарин институти иҷтимоӣ ба шумор рафта, омили асосии рушд ва устувории ҷомеа маҳсуб меёбад. Маҳз соҳаи маориф муаррифгари мақом ва нуфузи давлат дар арсаи байналмили ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаҳои илму маориф диққати аввалиндараҷа зоҳир намуда, ҷиҳати аз байн бурдани мушкилоти мавҷуда дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот давра ба давра ислоҳотҳо мегузаронадБо мақсади ташаккули сатҳи тафаккури илмии наврасону ҷавон, худшиносиву худогоҳӣ, онҳо ба озмунҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ ҷалб карда мешаванд.

Ҳадафи Роҳбари давлат аз ин ташаббусҳо баланд бардоштани сатҳи саводу маърифатнокии мардум ва дар навбати аввал, наврасону ҷавонон, тақвияти ҳисси худшиносии миллӣ, ватандӯстиву ватанпарварӣ, ҳувияти миллӣ, арҷгузорӣ ва омӯхтани забон, таърих, тавсеаи доираи донишу ҷаҳонбинии илмиву техникӣ ва рушди илмҳои дақиқу табиӣ дар кишвар мебошад.

Мо бояд дар атрофи сиёсати созандаву бунёдкори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарҷамъу муттаҳид бошем ва барои пешрафти соҳаи маориф ва ободии Ватан саҳмгузор бошем.

Ахмедова У.Б. – ассистенти кафедраи сотсиологияи факултети фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Салимова Ш.Т. – ассистенти кафедраи сотсиологияи факултети фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон