НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛАТ ДАР РУШДИ МАОРИФИ КИШВАР

399

Мактабу маориф дар ҳама давру замонҳои таърихӣ масъалаи мубрам ба ҳисоб рафта, он ҳамчун омили пешбарандаи ҷомеи инсонӣ дониста мешуд. Дар таърих давлату миллатҳои гуногун ба масъалаи таълиму тарбият диққати ҷиддӣ дода, онро яке аз пояҳои муҳими давлатдорӣ ва омили асоси рушди ҷомеа медонистанд. Дар замони муосир ҳам масъалаи таълиму тарбият дар сиёсати давлатдории кишварҳои ҷаҳон махсусан Тоҷикистон, мавқеъи муҳим дорад.

Бояд таъкид кард, ки дар ҳаёт ва муҳити иҷтимоӣ ба инсон танҳо таълим ва тарбият метавонад муассир бошад, то битавонад ҳадафи зиндагӣ ва ҳам равишҳои дурусти онро пай барад. Инсон бо таълиму тарбият метавонад худро шиносад ва мақоми худро дарк кунад. Вале дар баъзе маврид мумкин аст бо истифода аз низомҳои нодурусти тарбияти инсон натавонад мақоми худро дарк кунад. Ин дар сурате мешавад, ки низоми таълиму тарбият ба хотири амали сохтани ҳадафҳои ғаразонаи фард, гурӯҳ ва ё низоми сиёсӣ бошад. Ба унвони мисол дар қарни гузашта инсон бо рубару шудан бо низоми фашистӣ мақоми худро ҳамчуни инсон аз даст дод ва он ҳамчун василае шуд барои кишваркушоиҳо. Дар ин ҷо инсон василае барои расидани мақсадҳои фард ё гурӯҳи сиёсӣ шуда буд. Вақте, ки инсон ҳамчун васила барои пиёда кардани ҳадафҳо истифода шавад, таълиму тарбият на ба унвони василаи заминасозии такомули инсон, балки ба унвони ҳадафи расидан ба мақсадҳо истифода мешавад. Дар таърих чунин низомҳое, ки инсонҳо ҳамчун васила ва таълиму тарбият ҳамчун ҳадаф ба кор бурда бошанд, хеле зиёданд.

Мардуми тоҷик борҳо дар раванди таърихӣ бо чунин низомҳо рубару гардида буд.

Маориф ва низомҳои таълимию тарбиявии замони муосир дар сурате самарабахш буда метавонанд, ки раванди таълиму тарбиятро ба унвони василаи заминасозии такомули инсон ва рушди ҷомеа ба роҳ монанд. Илова бар ин пешравии маорифи имрўза ва дар маҷмуъ рушди ҷомеъаи инсонӣ пеш аз ҳамма аз ошкор ва дар амал тадбиқ намудани таҷрибаҳои маорифи гузаштагон вобастагии калон дорад. Чуноне, ки маълум аст, мактабу маорифро шоҳсутуни ҷомеъаи мутамаддин медонанд ва кишварҳое, ки ба рушди маориф таваҷҷӯҳи ҷиддї зоҳир менамоянд ҷомеъаи худро рушд дода, онро аз бисёр камбудиҳои иҷтимоӣ раҳої додаанд ва инро мо дар мисоли аксари кишварҳои пешрафтаи ҷаҳони имрӯза мушоҳида карда метавонем.

Бояд гуфт, ки маориф яке аз соҳаҳои муҳими ҳаёти ҷамъиятӣ ба шумор рафта, рушди ҳаммаи соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ аз рушди маориф вобаста аст. Ҳукумати кишвар бо ташаббуси Пешвои миллат аз ибтидои соҳибистиқлолӣ барои таъмин намудани пешрафти соҳаҳои илму маориф ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ аз тамоми имкониятҳо истифода карда, ба рушди илмҳои техникиву табиатшиносӣ аҳаммияти аввалиндараҷа дода таъкид кардааст, ки «Инкишофи ҷомеа, тараққиёти устувори иқтисодӣ, таъмини амнияти милливу давлатӣ ва умуман, ноил шудан ба сатҳи ҷаҳонии иқтисод, техника, технология ва илму фарҳанг, пеш аз ҳама, ба рушди босуботи маориф, ташкили раванди бонизом ва босифати таҳсилоти шаҳрвандони Тоҷикистон вобаста мебошад».

Ба ҳамин хотир аст, ки ворид намудани ислоњот дар соҳаи маорифи ҷумҳурии мо баъди истиқлолият ба даст овардани кишвар, яке аз самтњои афзалиятноки сиёсати давлатї дониста шуд. Яъне ҳукумати кишвар аз рӯзҳои аввали дастёби ба истиқлоли сиёсӣ дарк кард, ки танҳо бо роҳи ислоҳот дар соҳаи маориф ва рушди фалсафаи маориф метавон инкишофи минбаъдаи тамоми соҳаҳоро таъмин намуд.

Ин аст, ки дар замони соҳибистиқлолии кишвар соҳаи маориф давра ба давра рушд карда ислоҳоти куллӣ дар ин самт сурат мегирад. Ҳамасола Хукумати кишвар бо ташаббусҳои бевоситаи Пешвои миллат доир ба баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, ҷорӣ намудан ва васеъ гардонидани доираи истифодаи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ, аз ҷумла шабакаи интернет дар низоми таҳсилот, таъмини самаранокии фаъолияти омӯзгорон ва такмили малакаи педагогии онҳо тамоми чораҳои заруриро амалӣ мегардонад.

Аз ҷумла бо ташаббуси Пешвои миллати соли 2010-ро Соли маориф ва фарҳанги техникӣ эълон карданд. Соли маориф ва фарҳанги техники эълон кард шудани соли 2010 боиси боз ҳам хубтар ба роҳ монда шудани кори маорифчиён, пешрафти кори таълиму тарбия ва баланд гаштани донишу малакаи хонандагон гардид. Бо ташаббуси Пешвои миллат ҳамасола барои рушди соҳаи маориф маблағҳои зиёди бўҷаи давлатӣ равона мегардад.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мардуми кишвар ба рушди соҳаи маориф ва илм, ки яке аз ҳадафҳои афзалиятноки сиёсати давлат эълон шудааст, диққати махсус дода, ояндаи кишварро аз фаъолияти омӯзгорон ва рушди доимии илму маориф вобаста дониста қайд мекунад, ки «Пешрафти давлат, таҳкими иқтисодиёти миллӣ ва рушди тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа бидуни ширкати мутахассисони варзида ғайриимкон аст.

Аз ин рӯ, бе дарки амиқи ин ҳадаф эъмори ҷомеаи мутараққиву мутамаддин ва таъмин намудани сатҳи муносиб ва сазовори зиндагии аҳолӣ басо мушкил хоҳад буд. Маҳз аз ҳамин лиҳоз, мақсади асосии мо дар самти тақвияти соҳаи маориф дар замони рушди босуръати илму технология омода намудани кадрҳои баландихтисос мебошад. Барои амалӣ намудани ин ҳадафи муҳим аз кормандони соҳаи маориф ва гузашта аз ин, аз тамоми ҷомеа тақозо мегардад, ки дар баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия ва омода намудани мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи замона саҳмгузор бошанд». Қайд гардид, ки танҳо миллати босавод метавонад насли соҳибмаърифату донишманд ва кадрҳои арзандаи давронро ба воя расонад, пеш равад ва дар ҷомеаи мутаммадин мақоми арзандаи худро пайдо намояд.

Қаблан ҳам Эмомалӣ Раҳмон қайд карда буданд, ки миллате, ки устоди асил надорад, ҳаргиз ба пешравӣ ноил намешавад.

Аз љумлаи ташаббусҳои Пешвои миллат дар самти рушди соҳаи маориф, ки аз ҷониби Ҳукумати мамлакат қабул гардид, ин “Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои солҳои 2015-2020” мебошад, ки тибқи он дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳо марказҳои таълимию тарбиявӣ барои кӯдакони лаёқатманд ташкил карда мешаванд. Ҳамчунин натиҷаи сиёсати маорипарваронаи пешвои миллат буд, ки муҳлати татбиқи барномаи компютеркунонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2010-2015 ба охир расида, дар миқёси мамлакат 106 фоиз иҷро шуд. Дар баробари ин, бо ташаббуси Пешвои миллат масъулони соҳаи маориф вазифадор карда шудааст, ки ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии кишвар талош намоянд. Инчунин Пешвои миллат дар паёми худ ба маҷлиси олии ва зиёиёни кишвар ҳамасола мутаххасисони соҳаро вазифадор мекунанд, ки ҷиҳати рушди соҳаи маориф ва беҳтар гардидани раванди таълиму тарбия дар кишвар барномаҳои нав таҳия намуда барои баррасӣ ба Ҳукумати кишвар пешниҳод намудани “Консепсияи таҳсилоти муттасил барои солҳои 2016 – 2022” чораҷӯӣ карда, барои роҳандозӣ намудани чунин шакли таҳсилот тадбирҳои иловагӣ андешанд, ки ин тадбир низ барои рушди соњаи маориф мусоидат мекунад.

Ҳукумат мамлакат бо ташаббуси сиёсати маорифпарваронаи пешвои миллат ҷиҳати таъмини пояҳои моддиву техникии муассисаҳои илмӣ, бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз гардонидани озмоишгоҳҳо, инчунин тайёр кардани кадрҳои илмӣ аз ҳисоби ҷавонони болаёқат чораҳои мушаххас меандешад.

Дар заминаи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикисон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тадбиқи сиёсат дар соҳаи маориф ба роҳ монда шуд, ки дар якчанд самт амалӣ гашт.

муайян намудани Стратегияи давлат дар соҳаи маориф; муҳайё намудани заминаҳои ҳуқуқии мавҷудият, фаъолият ва рушди маориф;

таҳаввули кулли дар муносибати ҷомеа ба ин соҳа; ба роҳ мондани маблағгузории кифоя ва мустаҳкам намудани заминаҳои иқтисодии соҳа;

қабули барномаю қарорҳо дар ин самт, ки шумораи он дар даврони истиқлолият беш аз 400 адад мебошад; таъсису таъмири муассисаҳои соҳаи маориф аз қабили боғча, мактаб, донишгоҳу доришкада ва китобхонаҳо ва ташкили мактабхои типпи нав ба монанди литсейю гимназияҳо; ба роҳ мондани ҳамкориҳо дар миёни доношгоҳу донишкадаҳо ва сохторҳои марбута бо донишгоҳхои ҷаҳон; ташкили озмунҳо дар сатҳи маҳаллӣ, минтақавӣ ва ҷумҳуриявӣ аз қабили муаллим, донишҷу, хонанда, муассиса ва китобхонаи бехтарин;

Баланд бардоштани сифати таълиму тарбия тавассути истифодаи таҷрибаи муассисаҳои илмии пешрафтаи дунё; қадрдонии маорифчиён ва таъсиси ҷоизаҳо дар ин самт; таъсиси квотаҳо ва мунтазам зиёд кардани шумораи он барои хонандагони болаёқати шаҳру деҳоти ҷумҳурӣ; бори сеюм қабул шудани қонун дар бораи маориф ва ворид намуани таъғиру иловаҳо ба он ва ғайра.

Хулоса барнома ва консепсияҳои муҳими давлатии қабулгардида, барои амалӣ намудани ислоҳоти соҳаи илму маориф ва дар ин замина беҳтар намудани шароити кории олимону омӯзгорон ва сатҳи таълиму тарбия дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот такони ҷиддӣ бахшиданд.

Ҳаммаи ин табирҳо андешашудаи ҳукумати кишвар ва Пешвои миллат, ки боиси рушди соњаи маорифи мамлакат мегардад, аз сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат дарак медиҳад. Ин талошҳо муайянкунандаи он аст, ки соҳаи маориф дар замони соҳибистиқлолӣ рушд карда, нақши Пешвои миллат дар рушди ин соҳа хело назаррас мебошад.

Тағоймуродзода Муҳаммад – доктори фалсафа PhD, дотсент муовини декан оид ба илм ва инноватсияи факултети фалсафаи ДМТ