НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ТАҲҚИМИ ПОЯҲОИ МАЪНАВИИ ДАВЛАТИ МИЛЛӢ ДАР ЗАМОНИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ

14

Миллате, ки забон, тафаккури миллӣ, таъриху адабиёт, расму оин ва арзишҳои фарҳангияшро қадр намекунад, пояҳои истиқлолашро низ чандон пуштибонӣ карда наметавонад.

Эмомалӣ Раҳмон

Истиқлоли давлатӣ олитарин сайри такомули сиёсию ҳуқуқӣ ва фарҳангию маънавиест, ки дар заминаи арзишҳо ва унсурҳои муштараки миллӣ ва ормонҳои ягонаи халқу давлат ба вуҷуд омадааст. Маҳз худшиносиву худогоҳии миллӣ ин арзиши муҳиму муқаддаси давлатиро ба вуҷуд оварда, нигоҳдорӣ ва арҷгузории онро барои ҳар як фарди огоҳу бедор, худшиносу нуктасанҷ нисбат ба тақдири имрӯзу фардои миллату давлат талқин месозад.

Истиқлоли давлатӣ ягона арзишест, ки дар заминаи ормонҳои ягонаи миллӣ ба вуҷуд омада, аз ҳар фард матиниродагиву дурандешӣ, ватандӯстию посдорӣ, қадршиносӣ ва арҷгузории арзишҳои миллӣ, якпорчагии давлат, ҳудуд, забону муқаддасоти давлатӣ ва тақдири ояндаи ҳар як шаҳрвандро нисбат ба зиндагии шоиста ва ояндаи нек даъват менамояд. Беҳуда нест, ки дар илмҳои сиёсӣ, бахусус низоми донишҳои амниятшиносӣ истиқлоли давлатиро манфиати ҳаётан муҳим меноманд.

Ҳамзамон, кишваре, ки истиқлоли комил ва роҳбари ояндабин надорад, аз саҳнаи сиёсат ва харитаи сиёсии ҷаҳон имкони нобудшавиро доранд, ки мо шоҳиди бевоситаи чандин давлатҳо дар ҷоҳони муосир ҳастем. Ба ҳамагон маълум аст, ки баъзе ҳаракатҳои ифротӣ бо супориши гурӯҳҳои манфиатхоҳи дохиливу берунӣ бо мақсади ҳифизи манфиатҳои геосиёсии худ Истиқлоли давлатии Тоҷикистонро зери суол гузоштанд, вале мардуми ватандӯсти тоҷик зери роҳбарии Пешвои миллат ин ганҷинаи бебаҳои миллату давлатро нигоҳ дошт ва дар роҳи рушди он гомҳои устувор ниҳод.

Бешубҳа вақте сухан перомуни истиқлолу озодии сар то сарӣ ва зиндагии шоистаи шаҳрвандон меравад, пеш аз ҳама симои роҳбари оқилу дурандеш ва ояндабини он пеши назар меояд. Роҳбаре, ки бо андешаву афкор ва ҷаҳонбинии фалсафӣ, таҳлилҳои илмӣ, сиёсию ҳуқуқияш аз хатару таҳдидҳои минтақа ва ҷаҳон нисбати ояндаи миллату давлати худ огоҳ аст ва мехоҳад миллату давлатро аз вартаи фалокату нобутшавӣ наҷот диҳад. Эҳсоси чунин масъулиятро метавон дар симои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мушоҳида намуд, ки борҳо ҷони азизи хешро дар хатар гузошта, баҳри сарҷамъию муттаҳидӣ ва якпорчагии ин марзу бум гомҳои устувор ниҳод ва рустамона дар корзори нангу номус баҳри наҷоти миллат камари ҳиммат баст.

Муҳимтар аз ҳама пояҳои маънавии давлати миллиро дар замон Истиқлоли давлатӣ ба як низоми муайян даровард ва дар ташаккулёбии ҷаҳонбинӣ, эҳёи камолоти маънавии миллат ва расидан ба истиқлоли фикрӣ қадам ба қадам комёб гардид. Маҳз пояҳои маънавии Истиқлоли давлатӣ метавонанд озодии ақида, равобити фарҳангӣ, муносибатҳои дипломатӣ ва сиёсати дарҳои бозро ба ҳайси як миллати том ва баробарҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар муқобили ҳамагуна таҳдидҳо ҳимоя намояд. Ба қавли Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Рамҳон: “бунёди давлати навини ҷавобгӯ ба манфиатҳои халқу кишвар ва эҷоди давлатдории муосири тоҷикон муҳимтарин вазифаи мо дар ин даврони ҳассосу мушкил ба шумор меравад”. Воқеан Пешвои муаззами миллат аз тамоми имкониятҳои давлатӣ ва нерӯи зеҳнии кишвар баҳри бақои имрӯзу ояндаи давлату миллат васеъ истифода намуд, то мақоми пуршарафи миллати тоҷик ва Тоҷикистони азизро дар арсаи байналмиллӣ устувор нигоҳ дорад.

Саҳми Пешвои миллатро дар ташаккули пояҳои маънавии давлати миллӣ, дар замони истиқлоли давлатӣ, монанди низоми давлатдории дунявӣ, барномаву консепсияҳои давлати дар соҳаи маориф, тандурустӣ, эҳёи арзишҳои фарҳангӣ, унсурҳои моддию маънавии фарҳанги миллӣ, иқтисоди миллӣ, роҳи абрешим, муносибатҳои дипломатӣ, ҳадафҳои стратегии давлатӣ ва ғайра назаррас аст, зеро худи Пешвои миллат низ пайваста дар баромадҳои худ таъкид менамоянд: “сабаби асосии костагии маънавиёти ҷомеа ва шахс, пеш аз ҳама, дар он аст, ки кор бо мардум дар самти ташаккули маънавиёти солиму созанда ба таври зарурӣ ба роҳ монда нашудааст ва миллату давлате, ки шаҳрвандони он босаводу ихтирокор ва навовар нестанд, бешак зери таъсири фарҳанги бегонагон қарор мегиранд”, ки манзури Пешвои миллат аз ин суханҳо устуворсозии пояҳои маънавии давлати миллӣ мебошад.

Таъмини зиндагии шоиста ва фарҳанги таҳаммулпазирии ҷомеа аз таҳкими пояҳои давлатдории дунявӣ вобаста аст. Давлати дунявие, ки мо зери сиёсати Пешвои миллат пеша намудем, имкон дод, ки озодии виҷдон, фарҳанги таҳаммулпазирӣ, озодандешӣ ва ғайра рушд ёбаду ба раванду паёмадҳои ҷаҳон бо диди нав назар созад.

Бешак, пояи асосии маънавии истиқлоли давлатиро бе Ваҳдати миллӣ наметавон тасаввур намуд. Тулли беш аз ду ҳазор соли низоми давлатдории тоҷикон, маҳз мавҷуд набудани ваҳдати ягонаи мардум боиси аз байн рафтани истиқлолу озодии онон гардад. Барои мисол метавон давлати Ҳахоманишиёну Сосониён ва Тоҳириёну Сомониёнро зикр намуд, ки бо ҳама бузургии худ натавонистанд истиқлолу пойдории худро нигоҳ доранд, ки сабаби асосии онҳо набудани ваҳдату якпорчагӣ ва зери таъсири бегонагон қарор гирифтани мурдуми он буд.

Дар симои Пешвои миллат мо матонату ҷавонмардӣ ва далерии бузургони миллат: Ҷамшед, Куруш, Дориюш, Яқуби Лайс, Исмоили Сомонӣ ва даҳҳо бузургони ин миллатро метавонем мушоҳида намоем. Зеро дар саргаҳи афкору андеша ва сиёсати эшон арҷгузорию эҳё ва бунёди давлату муттаҳидии миллати тоҷик аст.

Албатта бунёди маънавии давлати миллиро бе фарҳанги миллӣ наметавон мушоҳида кард. Беҳуда нест, ки фарҳанг дар раванди худшиносии миллӣ саҳми бузург дорад, зеро он ҳамчун пойдевори асосии ҳастии миллат имкон медиҳад, то миллату давлат аз ҳуҷуми фарҳангҳои бегона ҳастии хешро нигоҳ дорад. Миллат бошад, бояд дар ин равандҳо бақои худашро нисбат ба дигар миллатҳо эҳсос намояд ва дар садади устувории худ камар бандад. Дар ин замина саҳми беназари дигари Пешвои миллатро метавон дар таҷлил ва ҷанш гирифтани ҷойҳои таъирихию фарҳангӣ, монанди 2700 солагии Кӯлоб, 3000 солагии Ҳисор, 5500 солагии Саразм ва даҳҳо ҷойҳои дигари таърихии манотиқи Тоҷикистон ва дар ин замина ба феҳристи мероси ёдгориҳои таърихӣ башарият ЮНЕСКО ворид намудани онҳо метавон арзёбӣ намуд, ки ин ҳама бозгукунандаи “Хазинаи тиллоии таърихи халқи тоҷик” дар нигоҳ доштани пояҳои маънавии давлати миллӣ мебошад.

Дар ин замина эҳё ва таҷлили ҷашнҳои миллӣ, монанди Наврӯз, Тиргон, Меҳргон ва Садаро метавон ном бурд, ки воқеан пояҳои асосии маънавии давлати миллии моро ташкил медиҳанд. Ин ҷашнҳоро Пешвои миллат натанҳо дубора эҳё намуд, балки ба онҳо мақоми ҷаҳонӣ бахшид. Ба қавли Малиновский: “миллатҳое, ки аз таъриху фарҳанги бойю қадимаи худ фаромуш мекунанд, монанди замини ҳосилхезе мебошанд, ки миллатҳои зираку ҳушёр дар болои ин фарҳанги фаромӯшшудаи онҳо рушд меёбанд”. Дар ин хусус Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар асари “Тоҷикон дар оинаи таърих” таъкид менамояд: “Миллате, ки забон, тафаккури миллӣ, таъриху адабиёт, расму оин ва арзишҳои фарҳангияшро қадр намекунад, пояҳои истиқлолашро низ чандон пуштибонӣ карда наметавонад” (Душанбе, 2017. – С. 11).

Дар заминаи ин ҳама арзишҳои миллӣ, саҳми дигари Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар ташаккули пояҳои маънавии давлатдории миллӣ дар замони Истиқлоли давлатӣ, бузургдошти аҳли илму адаб, олимону донишмандон ва эҳёи осори онҳо метавон мушоҳида намуд, ки маҳз таълимот ва ҷаҳонбинии илмӣ-фалсафии онҳо дар ташаккули камолоти маънавӣ, ифтихори миллӣ, бохабар шудан аз мероси пурғановати гузашта, дарки ҷавҳари ҳикмати ниёгон ва дар ин замина ба ҷаҳониён муаррифӣ намудани таълимоти онҳо ташкил медиҳад. Барои мисол метавон ҷашн гирифтани бузургдошти Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абуалӣ ибни Сино, Абурайҳони Берунӣ, Ҳамадонӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода, Садриддин Айнӣ, Абуҳанифа, Бухорӣ, Ғаззолӣ, Ҳофиз, Ҷалолиддини Балхӣ, Нақибхон Туғрал ва даҳҳо тани дигарро дар сатҳи ҷумҳурӣ ба байналмиллалӣ арзёбӣ намуд. Ҳамзамон нашри китобҳои таърихӣ ва илмии ин аҳли илму адаб, монанди Осори мунтахаби Ибни Сино, Бедил, Ҷомӣ, Ҳамадонӣ, Айнӣ, бахусус нашри шиносномаҳои миллат “Шоҳнома”-и Абулқосим Фирдавсӣ ва “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғаффуров ва ба ҳар як хонаводаи кишвар туҳфа кардани онҳо муҳимтарин иқдоми Пешвои миллат мебошанд, ки ҳамчун пояҳои маънавии давлати миллӣ дар ташаккули худшиносию ифтихори миллӣ, ҷаҳонбинӣ, дарки ҳофизаи таърихӣ, бохабар шудан аз таърихи давлатдории ниёгон арзёбӣ намуд.

Саҳми дигари Пешвои миллатро дар пояҳои маънавии давлатдории миллӣ дар замони Истиқлоли давлатӣ метавон дар бунёди ҷомеаи солиму рушдёфта маҳз тавассути ташаккул додани илму маорифи пешрафта, ба роҳ мондани таълиму тарбияи мақсадноки ба арзишҳои миллӣ асосёфта вобаста донист. Маҳз илму маърифати баланд метавонад худшиносии миллӣ, давлату ҷомеаи пешрафта ва зиндагии шоистаро барои шаҳрвандон ба вуҷуд орад. Президенти кишвар муҳтарам Эмомали Раҳмон низ борҳо таъкид намуданд, ки “Ман дар сиёсати худ соҳаи маорифро дар ҷои аввал мегузорам, зеро инкишофи фарҳанги миллӣ аз таълиму тарбияи насли наврас вобастагии зиёд дорад. Агар ҳадафи мо воқеан ҳам бунёд кардани ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ бошад, бояд дастаҷамъона рӯй ба мактабу маориф оварем.”

Беҳуда нест, ки Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2010-ро ҳамчун “Соли маориф ва фарҳанги техникӣ”, солҳои 2020-2040-ро ҳамчун «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон карданд, ки манзури Ҷаноби олӣ аз он ташаккули камолоти маънавӣ, ҷаҳонбинии илмӣ, дур шудан аз таассубу хурофотҳои динӣ, сарфаҳм рафтан аз хатару паёмадҳои ҷаҳони муосир ва дар ин росто хизмат ба миллату давлат ва баланд бардоштани илмӣ тоҷик дар сатҳи ҷаҳон аст.

Хулоса, ҳаминро метавон зикр намуд, ки воқеан ҳар як иқдому ибтикороти Пешвои миллат баҳри бақои имрӯзу фардои Истиқлоли сиёсию маънавии миллату давлат буда, дар ҷавҳари он бедории андешаи миллӣ, комёб гардидан ба фазои илмию техникӣ, инноватсия ва зеҳни сунъӣ мебошад. Ба қавли Пешвои муаззами миллат: “Имрӯз бе илму инноватсия, технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ ва ташаккули ҷаҳонбинии техникӣ қадаме ба пеш гузошта намешавад, ки пешниҳоди чор ҳадафи асосии давлат: “Таъмини истиқлолияти энергетикӣ”, “Баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ”, “Таъмини амнияти озуқаворӣ” ва “Саноатикунонии босуръати кишвар”низ аз ин соҳаи ҳаётан муҳим бар меояд.

Қобили зикр аст, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ, бархӯрди фарҳангҳо ва ошкорро ба саҳнаи набарди манфиатҳои геополитикии абарқудратҳо табдил ёфтани ҷаҳон кишварҳои ҷаҳони дуюм ва сеюмро хатари аз даст додани амну суббот дар пеш аст. Аз ин рӯ, омӯзиш, ҳифз, рушди арзишҳои миллӣ ва устувории ниҳодҳои давлатӣ зери андешаи ягонаи миллӣ омилҳои муҳимтарини ҳифзи истиқлол ва таҳкими давлати миллӣ ба ҳисоб меравад. Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва вусъатёбии рақобати байни давлатҳо баҳри ба даст овардани манфиатҳои геостратегӣ ва геосиёсӣ, ҳамчунин аз нав тақсим намудани ҷаҳон ва авҷгирии “ҷангҳои иттилоотӣ” баҳри ғасби ақлу ҳуши инсон, вазъро мураккабу печидатар меояд.

Тули ҳазор сол баъд аз давлати сомониён мо давлатдории миллии хешро бо номи миллат надоштем. Ҳарчанд дар он давлатҳои дар ин давра ҳастикарда тоҷикон баробари ҳукумрони турку муғул дар идоракунии давлат фаъолона иштирок доштанд ва забони давлатии онҳо забони тоҷикӣ буд, вале давлатҳоро дар ин давра бо номи туркӣ-муғулӣ ном мегирифтанд. Баъди 1000 сол ба мо насиб гашт, дар қаламрави васеъи Хуросони Бузург, ки аз қадимуалём сокинаш мардумони эронитабор буданд, аввалинбор давлати соҳибистиқлолро бо номи Тоҷикистон ташкил намоем.

Қаландарзода Мустафо Искандар- дотсенти кафедраи диншиносии факултети фалсафаи ДМТ