НАҚШИ ЗАНОН ДАР ТАҲКИМИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

79

Сано бодо ба занҳое, ки марданд,

Баёзи зиндагиро байти фарданд.

Ҳақ ба ҷониби шоир, ки чунин мисраҳоро ба қалам дода. Бешак, рисолати зан бузург аст. Дар тамоми давру замон занон дар пешравии кишвар, ободию осудагии мардум ва ҳимояи марзу буми ватан камари ҳиммат бастаанд. Занону модарони тоҷик ҳанӯз дар даврони ниҳоят мушкили истиқлол обрӯ ва нуфузи мамлакатро ҳифз намуда, ба хотири ҳифзи ҳуқуқи худ дар таҳкими Артиши миллӣ, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ саҳми босазо гузоштанд.

Зани тоҷик давомдиҳандаи роҳи пуршарафу боифтихори занони гузаштаи миллат аз қабили Гурдофарид ва дигарон буда, анъанаҳои ҳарбию ватандӯстии халқамонро сарбаландона идома медиҳанд ва бешак, онҳо ифтихори мо ҳастанд. Ин аст, ки занону бонувони ҷузъу томҳои низомии мамлакат дар қатори мардон дар якчанд паради ҳарбӣфаъолона иштирок намуда, ҳисси баланди ватандӯстӣ нишон додаанд. Дар гузашти парадҳои ҳарбӣ дар қатори мардон хизматчиёни ҳарбӣ-занону бонувони ҷузъу томҳои Вазорати мудофиа, Ротаи фахрии занони Вазорати корҳои дохилӣ, Ротаи занони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Ротаи занони Гвардияи миллӣ ва занону бонувон – донишҷӯёни муассисаҳои олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона дар тамринҳои пешазсафӣ ширкат варзида, ғурур ва ифтихори ватандории худро бори дигар собит намуданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ЭмомалӣРаҳмон борҳо аз иштироки фаъолонаи занҳо дар чорабиниҳои муҳими сиёсию низомӣизҳори қаноатмандӣ намудаанд. Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳмуҳтарам ЭмомалӣРаҳмон дар суханронии хеш бахшида ба 25-солагии таъсиси Гвардияи Миллӣ чунин иброз намуда буданд: “Имрӯз дар сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар садҳо нафар, аз ҷумла дар Гвардияи миллӣ қариб 100 нафар бонувон ба иҷрои вазифаю уҳдадориҳои ҳарбӣ машғуланд, ки 34 нафари онҳо вазифаҳои роҳбарикунандаро ишғол мекунанд. Фаъолияти онҳо дар самти корҳои тарбиявӣ, коргузорӣ, кор бо кадрҳо, хизматрасонии тиббӣ, алоқа ва хадамоти ақибгоҳ хеле назаррас мебошад.

Дар паради имрӯзаи идона бонувон-хизматчиёни ҳарбии ҷузъу томҳои гуногуни Қувваҳои Мусаллаҳ, аз ҷумла Гвардияи миллӣ иштирок мекунанд, ки ин нишонаи возеҳи садоқат ба Ватан ва давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад”.

Айни замон барои фаъолияти занон ва духтарон дар соҳаҳои гуногуни зиндагӣ ва ширкати онҳо дар пешрафти ҷомеа тамоми заминаҳо фароҳам оварда шудаанд, ки ин амр низ аз таваҷҷуҳи доимии Сарвари давлат шаҳодат медиҳад. Дар замони Истиқлоли давлатӣ Сарвари давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурӣ ба хотири таъмини риояи ҳуқуқҳои инсониву конститутсионии занон ва таҳкими мақоми онҳо тамоми тадбирҳои имконпазирро андешида, мутобиқи меъёрҳои ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣмушкилиҳои ҷойдоштаро нисбат ба занону духтарон мунтазам бартараф карда истодаанд.

Дар ин давра вобаста ба ҳифзи ҳуқуқҳои конститутсионии занон ва баланд бардоштани мақоми онҳо дар ҷомеа, ҳалли масъалаҳои муҳимтарини ҳаёт, инчунин вобаста ба сиёсати демографӣ, танзими расму анъана ва оинҳои мардумӣ як силсила санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо», Фармони Президенти мамлакат аз 3 декабри соли 1999 «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа», Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд дар се марҳила (барои солҳои 2007-2016; солҳои 2017-2022 ва солҳои 2023-2030) ва монанди инҳо қабул гардиданд, ки амалӣ шудани онҳо боиси боз ҳам беҳтар сохтани мақоми зан дар ҳаёти ҷомеа мебошад.

Агар ба саҳифаҳои таърих назар андозем симои зани тоҷик ҳамчун нафари фарҳангпарвару сиёсатмадор, илмдӯст ва хирадманду кордон тасвир ёфтааст. Занони тоҷик пайравӣ аз қаҳрамонзанҳо, амсоли Томирису Гурдофарид ва дигарон карда, имрӯз дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар дар қатори мардҳо барои ҳифзи марзу буми кишвар камари ҳиммат бастаанд. Албатта, 23-юми феврал танҳо ҷашни мардҳо набуда, балки ҷашни он занҳое низ ҳаст, ки номусу нанги Ватандорӣ доранд.

Бояд зикр намуд, ки хизмати ҳарбӣ масъулиятноку заҳматталаб аст. Занону модарон дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ хизмат намуда, дар баробари ин, боз мудофеони Ватанро тавлид намудаву ба воя мерасонанд, ки муҳофизи Модар-Ватананд. Заҳмату талош, ташаббусҳои созанда ва некбинонаву ватандӯстонаи занону модарон, нақши онҳо дар пешрафту шукуфоии Ватан ва рушду такомули Қувваҳои Мусаллаҳ эҳсос мегардад.

Дар ташаккулу таҳкими Артиши миллӣ нақши модарон хеле бузург аст, чунки онҳо ҳамеша қаҳрамону паҳлавону бавиҷдону поквиҷдонро ва диловарони ватанро тарбия мекунанд. Инсонҳои боҷасорат, паҳлавонони бонангу номус медонанд, ки хизмат ба Ватан як гӯшаи имон аст. Дӯстдории Ватан ҳам имон аст. Аз ин хотир, зан дар домони худ ана ҳамин ҷасуронро мепарварад, то онҳо ҳомии ин Ватан бошанд. Ҳангоме, ки онҳо ҳомии Ватананд, ҳомии модару хоҳар, падару бародар ва дигар наздикону пайвандон хоҳанд шуд.

Нақши зан дар ҳимояи марзу буми кишвар назаррас буда, дар баробари мардҳо саҳми бонувон ҳам кам нест. Аз ин рӯ, имтиёзҳое, ки мардон дар артиш доранд, занон ҳам аз он имтиёзҳо истифода мебаранд. Дар воқеъ, барои ташаккули Артиши миллӣ саҳми занону модарон бузург буда, Артиши миллиро бе зани тоҷик тасаввур кардан ғайри имкон аст.

Дар умум, барои зан хизмат кардан дар сафи артиш душворию махсусияти хешро дорад, вале новобаста аз ин, занону бонувони Тоҷикистон давомдиҳандагони роҳи пуршарафу пурифтихори занони гузаштаи миллатамон мебошанд, ки анъанаҳои ҳарбию ватандӯстии халқамонро сарбаландона дар оянда низ идома медиҳанд ва баҳри баланд бардоштани омодагии ҷангӣ, мустаҳкам намудани интизоми ҳарбӣ ва иқтидори мудофиавии мамлакат бо қувваю неруи дучанд дар оянда хизмат менамоянд.

Сангова Садбарг,

Элмуродова Давлатбӣ,

ассистентҳои кафедраи кори иҷтимоии факултети фалсафаи ДМТ