ОБШАВИИ ПИРЯХҲО ВА ХАТАРИ ОН БА КАМ ШУДАНИ ОБИ ОШОМИДАНӢ

10

Об манбаи ҳастии ҳамаи мавҷудоти олам буда, ҷаҳону зиндагониро таровату зебоӣ ва сарсабзиву озодагӣ мебахшад. Оре, дуруст аст, ки об манбаи асосии ҳастии тамоми олами вуҷуд аст. Мавҷуд будани олами инсон, ҳайвоноту наботот ва растаниҳо, хусусан зиндагии осоиштаву обод ва озодагиву пурбаракатӣ ҳама ба об вобастагӣ дорад. Дар раванди таърих ба хубӣ мушоҳида кардан мункин аст, ки дар ҳар минтақае, ки об ҳаст, он минтақа дар муқоиса бо минтақаи дигар пешрафтатар аст. Албатта, вуҷуд доштани ин неъмати бебаҳо омили асосии ташаккули паҳлуҳои гуногуни ҳаёт мегардад, вале набудани он мушкилоти зиёдеро ба бор меорад, ки тасаввур кардани он душвор аст.

Бояд гуфт, ки то кадом андоза муҳим будани масъалаи мазкурро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарк намуда, дар чорабинии таърихие, ки ба муносибати оғози Даҳсолаи байналмиллалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”, ки дар таърихи 22-юми марти соли 2018 дар Иёлоти Муттаҳидаи Америко баргузор гардид, чунин иброз доштанд: “Имрӯз дар ҷаҳон минтақае нест, ки дар масъалаи захираҳои об мушкилот надошта бошад ва ба нақши ин неъмати бебаҳо дар рушди устувор аҳаммияти махсус надиҳад. Зеро, тамоми самтҳо ва соҳаҳои фаъолияти инсонӣ бо захираҳои об алоқаи зич доранд.

Аз ин лиҳоз, метавон гуфт, ки захираҳои об натанҳо неъмати бебаҳо, балки меҳвари асосии рушди устувор мебошанд ва ин амр фаъолияти дастаҷамъона ва муносибати ҷиддиро ба истифода ва ҳифзи ин захираҳо ба хотири наслҳои оянда тақозо дорад”.

Воқеан ҳам дуруст аст, ки дар диёре, ки об фаровон аст, бахту шодию нишот, ҳаёти пурсамар ҳукмрон мебошад. Тоҷикистон кишвари обҳои фаровону мусаффост. Захираҳои оби ширину аълосифати он боиси таваҷҷуҳи ҷаҳониён гаштааст. Аз ин ҷост, ки Пешвои миллат ба масъалаи об ва захираҳои он, истифодаи эҳтиёткоронаву пурсамар ва сарфакоронаи ин манбаи ҳаёт таваҷҷуҳи ҳамешагӣ доранд.

Бояд қайд кард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз захираҳои об бой буда, зиёда 155 кӯли гуногунҳаҷм ва ҳазорҳо чашмаҳои оддию маъданӣ ва дарёву дарёчаҳоро доро мебошад, ки сарчашмаи ҳамаи онҳо маҳз пиряхҳо мебошад. Маврид ба зикр аст, ки пиряхҳо яке аз бойигарии асосӣ ва манбаи асосии оби ширину мусаффо маҳсуб ёфта, сарчашмаи ҳамаи дарёҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Сир, Аму, Вахш, Панҷу Зарафшон аз ва амсоли инҳо маҳз пиряхҳо мебошанд. Маълум аст, ки тайи чанд соли охир тағйирёбии босуръати иқлим ба назар расида, ин раванд боиси об шудани шумораи зиёди пиряхҳо гардида истодааст. Маврид ба зикр аст, ки тақрибан 6 фисади масоҳати ҷумҳуриамонро пиряхҳо ташкил дода, майдони умумии онҳо ба 8476,2 километри мураббаъ мерасад ва аксарияти онҳо асосан дар Помири Шимолию Ғарбӣ ва кӯҳистони Ҳисору Олой воқеъ гардидаанд. Тазаккур бояд дод, ки дар қаторкӯҳҳои Помир якчанд пиряхҳои калон ба монанди қуллаи Инқилоб, Исмоили Сомонӣ, Истиқлол, Абӯалӣ ибни Сино ва ғайраро вохӯрдан мумкин аст, ки миқдори умумиашон ба 3000 адад расада, 7- тои он зиёда аз 21 километр дарозӣ дорад. Мувофиқи маълумотҳои имрӯза шумораи умумии пиряхҳои дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавҷудбуда ба 8492 адад баробар аст, ки 60 фоизи пиряхҳои Осиёи Миёнаро ташкил медиҳад. Қайд намудан зарур аст, ки масоҳати умумии пиряхҳои Осиёи Миёна 17000 -18000 километри мураббаъро дар бар мегирад, ки ҳамчун манбаи асосии оби ошомиданӣ аҳаммияти махсусро доранд. Вале тағйирёбии босуръати иқлим тайи чанд соли охир боиси кам гаштани масоҳати пиряхҳо гашта истодааст. Иқлими Ҷумҳурии Тоҷикистон мисли давлатҳои дар атрофбудааш ба он имкон дод, ки пиряхҳои азиме ба монанди Федченко, Грумм Гржимайло, Бивачний, Гармо, Савуқдараи Калон, Ҷамъияти Географӣ, Гандо, Зарафшон ва садҳо намудҳои дигари пирях арзи ҳастӣ намоянд. Бояд зикр намул, ки захираи умумии ях дар пиряхҳои кишвар ба 845 км3 баробар буда, пиряхҳои хурд бо масоҳати 1 км2 танҳо 20 фоизи шумораи умумии пиряхҳои кишвар аст, вале 85 фоизи ҳаҷми ях мутамарказ гардидааст.

Қайд кардан ба маврид аст, ки айни замон дар сатҳи сайёраи Замин пиряхҳо дар ҳаҷми зиёда аз 30 млн км3 мавҷуданд, ки ин аз 2/3 ҳиссаи захираи оби нӯшокии оламро ташкил медиҳад. Тибқи андешаи коршиносон, чунин миқдори пиряхҳо қодиранд, ки то 700 сол дарёҳои кураи Заминро бо об таъмин намоянд. Ҳисоб карда шудааст, ки майдони пиряхҳои тамоми сатҳи сайёраи мо ба 72,4 км2 мерасад, ки 14,2 фисади масоҳати сайёраи Заминро ташкил медиҳанд. Маврид ба зикр аст, ки тақсимоти пиряхҳо дар сатҳи кураи Замин вобаста ба омилҳои иқлимӣ нобаробар буда, масоҳати онҳо дар қитъаҳои олам гуногун мебошад:

1. Масоҳати пиряхҳо дар Антарктида 13 979 006 км2 ва ҳаҷми онҳо 23 295 750 км3 мебошад.

2. Масоҳати пиряхҳо дар Америкаи Шимолӣ ва Греландия 2 076 550 км2 ва ҳаҷми онҳо 2 431 770 км3 мебошад.

3. Масоҳати пиряхҳо дар Аврупо 92 140 км2 ва ҳаҷми онҳо 21 028 км3 аст.

4. Масоҳати пиряхҳо дар Осиё 1 369 760 км2 ва ҳаҷми онҳо 16 355 км3 баробар мебошад.

Қайд намудан зарур аст, ки Пешвои миллат моҳи марти соли 2021 дар мулоқоти якуми Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об ва иқлим, ки дар сиғаи видеоконференсия баргузор гардида буд, иштирок ва оид ба масъалаҳои об ва иқлим суханронӣ намуданд. Президенти мамлакат сабаби асосии тағйирёбии иқлимро дар обшавии босуръати пиряхҳо дар натиҷаи гармшавии глобалӣ маънидод намуданд, босуръат об шудани яхро дар Антарктида, Арктика ва Гренландия ёдовар шуданд. Инчунин Пешвои миллат оид ба вазъи имрӯзаи пиряхҳои Тоҷикистон андешаронӣ карда, чунин таъкид доштанд, ки вазъи босуръат обшавии пиряхҳо вобаста ба тағйирёбии иқлим дар пиряхҳои Помир низ ба вуҷуд омада истодааст. Обшавии бузургтарин пиряхи воқеъ дар хушкӣ – пиряхи Федченко, ки зиёда аз 75 километр дарозӣ дорад, тасдиқи гуфтаҳои Пешвои миллат мебошад. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки дар тӯли 70 – 80 соли охир пиряхи Федченко зиёда аз як километр ақиб рафта, майдони он то 44 километри мураббаъ кам шудааст.

Маврид ба зикр аст, ки Сарвари давлат пиряхҳоро захираи асосии оби ошомиданӣ арзёбӣ карда, изҳор доштанд, ки обшавии босуръати онҳо дар баробари зиёдшавии истеъмоли об, ки бо афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисодӣ вобастагӣ дорад, метавонад ба оқибатҳои бағоят манфӣ оварда расонад.

Бинобар вазъияти баамаломада, бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, санаи 29 – уми ноябри соли 2000 “Кодекси оби Тоҷикистон” қабул гардид, ки он аз 5 фасл, 24 боб ва 146 модда иборат буда, дар он тарзи дурусти истеъмоли об ва муҳофизати обу захираҳои обӣ оварда шудааст. Инчунин аз ҷониби Пешвои миллат баҳри муҳофизати об ва пешгирии обшавии пиряхҳо якчанд иқдомҳо пешниҳод шуданд, ки бар манфиати умум аст. Аз ҷумла, соли 2003 – соли байналмилалии “Оби тоза”, солҳои 2005-2015 Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт”, Соли 2013 – соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, солҳои 2018-2028 Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” , санаи 14- уми декабри соли 2022 аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид дар бораи “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” эълон кардани соли 2025 ва 21 – уми март ҳамчун “Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо” аз иқдомҳои некбинона ва ташаббусҳои созанда мебошанд, барои дарки дурусту амиқи истифодабарандагони об саҳми арзанда гузоштааст ва хоҳад гузошт.

Маҳмадизода Нуриддин Аҳлиддин – ассистенти кафедраи онтология ва назарияи маърифати факултети фалсафаи ДМТ