ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН:ОМИЛИ МЕҲВАРИИ ҲИФЗИ МАНФИАТҲОИ МИЛЛӢ

177

Ҳамасола дар паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аъзоёни Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои мухталифи сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ҳифзи манфиатҳои давлату миллат, ҳамаҷониба матраҳ мегарданд.

“Ҳамаи мо вазифадорем, ки дар шароити ниҳоят ҳассос ва ноорому пуртаҳаввули ҷаҳони имрӯза ва афзоиши таҳдиду хатарҳои муосир ба истиқлолу озодӣ, суботи сиёсӣ ва амнияти ҷомеаи башарӣ беш аз ҳар вақти дигар босабру таҳаммул ва муттаҳиду сарҷамъ бошем, тамоми саъю талоши худро ба хотири ҳимояи арзишҳои миллӣ, ҳифзи манфиатҳои давлату миллат, ободии Ватани азизамон ва рушди кишвари соҳибихтиёрамон равона созем”. – изҳор доштанд Президенти Тоҷикистон.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки мураккабшавии авзои сиёсии байналмилалӣ, шиддат гирифтани вазъи геосиёсиву низомӣ, таҳдидҳои амниятӣ, буҳронҳои молиявию иқтисодӣ, инчунин, мушкилоти марбут ба тағйирёбии иқлим, норасоии ғизо ва оби ошомиданӣ дар ҷаҳону минтақа ва пайомадҳои онҳо зимни пешбурди сиёсати хориҷии Тоҷикистон моро ба андешидани тадбирҳои зарурӣ водор месозанд.

Мавриди тазаккур аст, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба густариши муносибатҳои дӯстона ва ҳусни ҳамҷаворӣ бо давлатҳои Осиёи Марказӣ дар заминаи эҳтирому эътимоди мутақобила таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуданд. Зеро, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сиёсати хориҷии худ, албатта манфиатҳои давлатҳои дигарро ба инобат мегирад. Зеро муваффақиятҳои таъмини афзалиятҳои манфиатҳои миллии Тоҷикистон ба муваффақиятҳо, ба манфиатҳои давлатҳои дигар бештар вобастагӣ доранд. Тоҷикистон барои ҳимояи манфиатҳои миллӣ бо давлатҳои дуру наздик, ташкилотҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ ҳамкорӣ ва муносибати дипломатӣ барқарор намудааст. Ҳамчунин, ҳамкорӣ бо давлатҳои Осиёи Марказӣ дар шароити имрӯза ба ҷумҳурӣ манфиатҳои умумӣ ва як қатор масъалаҳои дигарро пеш меорад, ки онҳо масъалаҳои мухталифи минтақавиро инъикос мекунанд.

Дар Паём оид ба сиёсати хориҷии Тоҷикистон таҳким ва тавсеаи муносибатҳои дуҷонибаву бисёрҷониба бо кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, инчунин, дигар шарикони анъанавӣ ба минтақаҳои Осиё, Аврупо ва Амрико мақоми хосса дода мешавад.

Зеро, Тоҷикистон узви як қатор ташкилотҳои минтақавӣ мебошад. Муносибатҳои байниҳамдигарии Тоҷикистон бо кишварҳои ИДМ дар доираи алоқаҳои мустаҳкам ҳастӣ дорад. Дар чунин ҳолат яке аз масъалаҳои афзалиятнок нигоҳ доштани узвият ба ИДМ мебошад. ИДМ ба сифати нигоҳ доштани фазои ягонаи сиёсию иқтисодии собиқ Иттифоқи Шуравӣ қарор доранд. Мавҷудияти ИДМ идомаи ҳамин раванд дар идораи ҷомеа мебошад, ки давлатҳо ба масъалаҳои зиёди ҳаётан муҳим, аз ҷумла: дигаргуншавии тартиботи байналхалқӣ, пастравии сатҳи зиндагӣ, шароити махсуси минтақаҳо ва масъалаҳои иқтисодиву сиёсӣ ба ҳамкорӣ пайвастанд.

Дар давраи кунунӣ барои истиқлолияти Тоҷикистон коркарди системаи манфиатҳои мутақобила, дар доираи ИДМ, Осиёи Марказӣ ва уҳдадориҳои ҳукуматию давлатӣ аҳамияти муҳимми ҳаётӣ пайдо кардааст. Манфиатҳои мутақобилаи уҳдадориҳои байни ҳукуматӣ бояд кафили устувории институтҳои демократӣ, масъалаи муносибатҳои миллӣ, чи дар дохили давлат ва чи берун аз он бошад

Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид мегардад, ки “Мо ҳамкории худро бо кишварҳои ҷаҳони ислом боз ҳам густариш мебахшем”. Дар олами муосир чунин падидаи нав бештар аз худ дарак медиҳад ва он баҳамгироии умумиятҳои миллию этникии кишварҳои гуногун дар сатҳи минтақаҳо қарор мегирапнд. Таҷрибаи таърихии кишварҳо ва минтақаҳои гуногунро таҳлилу таркиб намуда, муносибатҳои се давлати форсизабонро тарҳрезӣ намудан аз эҳтимол дур нест.

Муносибатҳои мутақобилаи Тоҷикистон бо Эрону Афғонистон бояд дар доираи мақоми махсуси манфиатҳои миллии тарафайн қарор бояд гирад.

Ҳамзамон, дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистон бо ҳамаи созмонҳои бонуфузи байналмилаливу минтақавӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони ҳамкории исломӣ, Созмони ҳамкории иқтисодӣ, Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ва ниҳодҳои дигар ба фароҳамсозии шароит ва имконот барои тақвияти мавқеи кишвар дар арсаи ҷаҳонӣ ва иштироки фаъоли он дар равандҳои глобалӣ ва барномаву заминаҳои мухталиф таъкид гардиданд.

Масъалаи дигаре, ки дар Паём таъкид гардид ин ҷиҳати таъмин намудани пойдории низом ва суботи байналмилалӣ аҳаммияти тақвияти нақши муҳимму ҳамоҳангсоз ва муттаҳидкунандаи Созмони Милали Муттаҳид мебошад. Амнияти байналхалқӣ ҳолати фазои сиёсист, ки дар олами муосир қонунҳои байналхалқӣ ба истиқлоли субъектҳои сиёсӣ кафолат медиҳанд. Амнияти байналмилалӣ вақте имконпазир мегардад, ки фазои ягонаи глобалии сиёсӣ ташаккул ёбад. Ҳоло раванди мазкур дар фаъолияти СММ таҷассум меёбад. Шурои Амнияти СММ аз номи ҷомеаи башарӣ баромад намуда, кӯшиши таъмини амнияти байналхалқиро менамояд. Низоми амнияти байналхалқӣ беш аз беш хосияти умумӣ пайдо менамояд. Сатҳи баамалоии он гуногун аст ва бештар дар сатҳи миллӣ, давлатӣ, минтақавӣ, умумисайёравӣ зоҳир мегардад

Дар ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва таъмини бехатарии давлат ҳар як фарди комил ва давлат мусъулияти хосаро ба душ доранд. Дар ҳуҷҷатҳои расмӣ масъалаи масъулияти давлат ва шаҳрванд дар таъмини бехатарии амнияти давлатӣ беҳуда дарҷ нагаштааст.

Бинобар ин дар мазмуни матни Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аъзоёни Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки ҳифзи ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванд аст. Аз ин хотир, ғамхории давлат нисбати таъмини амният дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола меафзояд.

Ҳамин тариқ, дар ҳуҷҷати барномавӣ ва роҳнамунсозанда — Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ояндаи дурахшони мамлакат, беҳтаршавии некуаҳволии аҳолӣ ва шукуфоии Ватани азизамон- Тоҷикистони соҳибистиклол пешбинӣ шуда, моро муваззаф менамояд, ки тамоми саъю талошамонро ба хотири ҳимояи арзишҳои миллӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлату миллат равона созем.

Абдулҳақов М.М.,дотсенти кафедраи сиёсатшиносии факултети фалсафаи ДМТ