Бигзор, парчами пурҷиллло ва нурафшони Истиқлолият дар дилу дидаи ҳар як сокини Тоҷикистон ин Ватанро афзунтар намояд ва асрҳои аср дар фазои озоди кишварамон парафшонӣ намояд. Парафшонии Парчами озодиву саодати давлати соҳибистиклоли мо ҷовидон бошад.
Эмомалӣ Раҳмон
Парчами давлатӣ ҳамчун яке аз рукнҳои асосии ҳуввияти ҳар як кишвар, на танҳо рамзи истиқлолияти миллӣ мебошад, балки ҳамчун воситаи таҳкими қудрати давлатӣ ва ифодаи иродаи сиёсии ҷомеа дар низоми муносибатҳои байналмилалӣ хизмат мекунад. Таркиби рангу рамзҳои парчам дар сатҳи сиёсати давлатӣ ҳамчун абзори идеологии ҳадафманд истифода шуда, ба таҳкими ваҳдати миллӣ, ҳифзи суботи сиёсӣ мусоидат менамояд. Дар таърихи халқи тоҷик афрохтани парчам ҳамчун рамзи барҳам задании пояи ҷабру бедодӣ, натиҷаи талошу мубориза баҳри ба даст овардани озодиву истиқлол ва нишонаи қудрату тавоноӣ баҳогузорӣ мешавад. Дар даврони Шӯравӣ парчами Тоҷикистон ифодагари мазмуну моҳияти кишвар дар ҳайати ИҶШС буд. Вале раванди ташаккулёбии истиқлолияти давлатӣ бо мувофиқат накардани парчами қаблии кишвар бо моҳияту мазмуни Тоҷикистони муосир замина гузошт. Бо дарки ин воқеият Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 июни соли 1991 “Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” қарор қабул кард ва комиссияи махсус оид ба таҳияи рамзҳои давлатӣ ташкил карда шуду озмуни ҷумҳуриявӣ барои омода кардани рамзҳои давлатӣ эълон карда шуд.Ҳамин тариқ 24 ноябри соли 1992 Парчами давлатӣ қабул гардид ҳамчун рамзи давлатӣ қабул гардид. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 ноябри соли 1994 Парчамро ҳамчун рамзи давлатӣ ва рукни асосии муқаддасоти миллӣ пазируфт (моддаи 3) ва онро дар боби аввал “Асосҳои сохтори конститутсионии кишвар” ҷой дод.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” 12 майи соли 2007 қабул карда шуд, ки моҳият ва истифодаи расмии Парчами давлатиро ҳамчун рамзи давлати мустақилу соҳибихтиёри Тоҷикистон муайян кард. Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” тартиби афрохтан (моддаи 5), ҷойгиркунии тасвири Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (моддаи 6) ва ҷавобгариро барои таҳқири Парчам (моддаи 11) тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намуд, ки ҳуқуқи тасдиқи Парчами давлатиро ба зиммаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тартиби тайёр кардан, андоза ва истифодабарии Парчамро ба ваколати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузоштааст. Парчам дар таърихи ҳар як халқу давлат мояи ифтихору ғурур буда, баҳри ҳимояи марзу бум, номусу озодӣ, забону фарҳанг ва ватану миллат дар як саф қарор доштани фарзандони баору номуси кишварро ифода месозад. Аз ин рӯ, дар таърихи 29 –уми октябри соли 2009 дар конфренсияи илмӣ – амалии ҷумҳуриявӣ бахшида ба таҷлили 15 – умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 24 – уми ноябр рӯзи Парчами миллӣ эълон карда шуд. Лозим ба ёдоварист, ки солҳои охир бо роҳбарии бевоситаи хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар марказҳои ҳар як шаҳру ноҳияҳои кишварамон анъанаи бунёд ва ба истифода додани манораҳои парчами давлатӣ оғоз шудааст, ки ин аз як тараф ифодагари эҳтиром гузоштан ба муқаддасоти миллӣ бошад, аз тарафи дигар он метавонад дар руҳияи меҳанпарастӣ ва инкишофи ғурури миллии шаҳрвандон нақши беназир бозад.
Ҳамин тариқ, парчам нишонаи муҳиму арзишманди фарҳанги ҳар як миллат, роҳи таърихии тайкардаи он ва ифодакунандаи истиқлолияти давлатӣ буда, дар ниҳоди он асроре ниҳон аст, ки ҳар як фардро ба ватандустӣ ва ифтихори миллӣ даъват менамояд. Зеро парчами давлатӣ таҷассумгари мазмуну моҳияти давлат, таъриху фарҳанги халқ, арзишҳои миллию ҷуғрофии кишвар мебошад.
Фирӯз РАҲИМЗОДА — устоди факултети фалсафаи ДМТ







