Парчами миллӣ мояи ифтихори ҳар як шаҳрванди Тоҷикистони соҳибистиқлол, ифодагари иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳувияти миллии мардуми мо буда, мақсаду мароми созандаи тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос намудааст. Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун яке аз санаҳои барои давлату миллат бениҳоят арзишманд буда, ҳамасола бо шукӯҳу шаҳомат ҷашн гирифта мешавад. Моҳи ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи 16-уми таърихии Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, тақдири ояндаи давлати милли тоҷикон тарҳрезӣ гардида ба сӯи ҳадафҳои бузурги умумимиллӣ-сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ қадамҳои нахустин гузошта шуданд, баробари андешидани тадбирҳои зарурӣ доир ба таъмини сарҷамъии мардум ва ҳифзи тамомияти арзии кишвар, инчунин, рамзҳои нахустини давлати соҳибистиқлоламон-Парчам ва Нишон қабул карда шуданд.
Президенти мамлакат Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нишони эҳтирому садоқат ба парчами миллиамон бо фармони худ аз 24-уми ноябри соли 2009 рӯзи 24-уми ноябрро Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон доштанд. Ба хотири нишон додани мақому манзалати Парчам дар рукни давлатдори Сарвари давлат ғояи бунёди манораи бузурги Парчамро пешниҳод намуданд, ки аз тарафи умум ҷонибдории комил ёфт. Тоҷикистон ба туфайли Парчам бори нахуст дар Киотоби рекордҳои Гиннес ҷой гирифт. 30 августи соли 2011 дар маросими ботантана дар шаҳри Душанбе бахшида ба 20-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчами давлатии кишвар дар пояи 165 метраи баландтарин дар ҷаҳон овехта шуд. Баландии худи парчам 30 метр ва дарозӣ ё паҳноияш 60 метр мебошад.
Парчам ҳанӯз аз замонҳои хеле қадим рамзи давлатдорӣ, шукӯҳу ифтихор ва нангу номус будааст. Аввалин парчами қадимаи тоҷикон “Дирафши Ковиён” ном дошт, ки он ҳамчун рамзи ваҳдат ва ягонагии давлатдории ориёи қабул карда шудааст. Дирафши Ковиён то замони суқути давлати Сосониён дирафши миллӣ ва давлатии ниёгони тоҷикон буд. Дар давраи Сосониён шаклаш тағйир ёфта, дар қисми болоии он таҷассуми парандаи заррин-мурғи ҳумо ҷой дода мешуд ва дар бахши мураббаи он қиматтарин сангҳо насб шуда буданд. Чуноне ки дар “Шоҳнома”-и Абулқосим Фирдавсӣ омадааст, ҳар яке аз паҳлавонони бузургу номвари сарзамини аҷдодии мо дирафши хоси худро доштааст.
Дирафш аз замонҳои қадим нишона ва рамзи муқаддаси ҳар миллату давлат будааства ба хотир ҳифзи он фарзандони бузурги миллат ҷонсупориҳо намудаанд.
Парчами давлати барои мо тоҷикон нишонаи бақои миллат, давлату ватан, ваҳдати миллӣ ва беҳтарин василаи тарбияи насли наврасу ҷавонон дар рӯҳияи ифтихори миллӣ ва ҳифзи арзишҳои волои таърихиву фарҳангии халқамон мебошад.
Ҳамзазода Муҳаммадсолеҳ, донишҷӯи курси 1-уми факултетии фалсафа, ихтисоси сиёсат ва идораи давлатӣ