ПАРЧАМИ МИЛЛӢ – РАМЗИ ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ ВА ШУКӮҲИ ТОҶИКИСТОН

32

Парчами давлатӣ нишони бақои давлат, ваҳдату ягонагӣ, ҳуввияти миллӣ ва беҳтарин василаи тарбияи наврасону ҷавонон дар рӯҳияи ифтихор аз давлатдории миллӣ ва ҳифзи арзишҳои таъриху фарҳанги тоҷикон мебошад.

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Парчами ҳар як кишвар маҳсули тарзи тафаккур ва муаррифгари ҳар як миллат дар арсаи байналмилалӣ маҳсуб мешавад. Ин рамзи миллии ҳар як кишвар буда, аз ангезаҳо ва ормонҳои ҳар як миллат далолат мекунад ва то ҳаде баёнгари шароити ҷуғрофӣ, моҳияти фарҳангӣ ва воқеаҳои сарнавиштсоз дар таърихи ҳар як миллат аст. Парчами миллӣ ба унвони рамзи ҳуввият, ҳокимият ва истиқлолияти ҳар як кишвар ба ҳисоб меравад ва аҳмияти он дар мавридҳои зерин ифода меёбад: муаррифӣ ва арзишҳои кишвар, рушди иттиҳоди миллӣ ва ҳамбастагии байналмилалӣ, эҳтииром ва эътибор дар маросимҳои расмӣ ва дипломатӣ. Истифодаи дуруст ва риояи протоколҳои марбут ба парчам дар вохӯриҳои расмии байни сарони кишварҳо, дар созмонҳои байналмилалӣ зарур буда, ишондиҳандаи эҳтироми мутақобил ва усули дипломатӣ бошад.

Парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз рамзҳои муҳимтарини давлатӣ буда, ҳувияти миллӣ, истиқлолият ва ваҳдати миллиро таҷассум мекунад. Он 24 ноябри соли 1992 тасдиқ гардида, то имрӯз рамзи ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ ва истиқлолияти давлати Тоҷикистон мебошад. Парчам дорои се рахи уфуқӣ — сурх, сафед ва сабз аст, ки дар маркази рахи сафед нишони тоҷ ва ҳафт ситораи тиллоӣ ҷойгир мебошанд. Ҳар як унсури парчам маънои амиқ дошта, таърихи бойи миллатро дар худ таҷассум мекунад.

Бо дастгирии бевоситаи сарвари давлат, 30 августи соли 2011 дар шаҳри Душанбе парчами давлатӣ дар пояи махсус барафрохта шуд, ки он дар баландии 165 метр парафшонӣ карда, дарозии он 60 метр ва бараш бошад 30 метрро ташкил медиҳад ва айни замон Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз баландтарин парчам ба ҳисоб рафта, дар китоби рекордҳои Гиннес сабти ном шудааст. Ин парчам, замоне баландтарин парчами ҷаҳон буд ( аз соли 2011 то соли 2014. Соли 2014 парчами Арабистони Сауди бо баландии 170 метр, ба китоби рекордҳои Гиннес шомил шуд ва Парчами миллии мо бо баландии 165 метр чойи дуюмро гирифт) достоне аз фарҳанг, иттиҳод ва пешрафти ин кишварро ривоят мекунад. Ин дастовард на танҳо як ифтихори муҳандисӣ, балки рамзе аз пешрафт ва нуфузи кишвари азизамон дар арсаи ҷаҳони аст.

Расмҳои мухталиф бар руйи парчамро метавон бозтоби ҳуввият ва фарҳангӣ як миллат донист. Яке аз омилҳои таъсиргузор дар мавқеи сиёсати хориҷӣ ва пайгирии манофеи миллӣ, аз нигоҳи соҳибназарон ва коршиносони масоили байналмилалӣ риоя ва усули дипломатӣ аз суйи мақомҳои расмӣ ба вижа коршиносони сиёсати хориҷӣ донист.

Парчами миллӣ ифодагари ҳувият, нангу номус ва иттиҳоду сарҷамъии ҳар як кишвари миллии замони муосир мебошад. Имрӯз моро мебояд, ки ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз Парчами миллии худ ифтихор дошта бошем, эҳтироми онро ҳамчун нишонаи давлатдории миллӣ, озодӣ ва истиқлолияти Ватан, чун сарвати гаронбаҳои умумимилӣ ба ҷо орем, қадру манзалат ва нақшу эътибори онро ба фарзандҳои худ ва ҷавонону наврасон талқин намоем.

Бояд гуфт, ки парчами миллӣ, ин рамзи пирӯзиву давлатдории мост ва парафшон гардидани он ба ҳар як фарди бо нангу номуси миллат илҳоми тоза баҳри расидан ба ҳадафҳои олии милливу давлатӣ мебахшад.

Парчами миллӣ мояи сарбаландию некӯнасибии миллати соҳибватан аст. Аз ин ҷост, ки ба шарофати хизматҳою қаҳрамониҳои фарзандони фарзонаи миллат парчами Ватани маҳбуби мо дар тамоми гӯшаю канори ҷаҳон ҷавлонгар аст. Дар қатори дигар рамзҳои муқаддаси миллӣ арҷгузорӣ ба парчами давлатӣ ва ба ҷо овардани эҳтироми он қарзи виҷдонии ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон ва ҳар як тоҷик аст. “Парчами давлатӣ нишони бақои давлат, ваҳдату ягонагӣ, ҳуввияти миллӣ ва беҳтарин василаи тарбияи наврасону ҷавонон дар рӯҳияи ифтихор аз давлатдории миллӣ ва ҳифзи арзишҳои таъриху фарҳанги тоҷикон мебошад”.

Аҳамияти Парчами миллӣ дар рушди ғурури миллӣ ва ҳувияти миллӣ–Парчами милии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ин рамзи миллат аст, ки қалб ва руҳи мардуми ин кишварро ба ҳам пайванд медиҳад. Вақте ки парчам бар фарози сутун ба чилва меояд, эҳсоси ғурур ва ҳисси миллиро дар миёни мардуми тоҷик зинда месозад. Майдони парчами миллӣ дар шаҳри Душанбе ба маконе барои ҷашнҳои миллӣ ва маросимҳои расми табдил шуда ва ба мардум ёдовари мекунад, ки гузашта, ҳоло ва ояндаашон ба ҳам гиреҳ хурдааст.

Майдони парчами миллӣ дар фазои боз тароҳи шуда ва аз назари фанни ва намуд бо парчамҳои ташрифотӣ, ки дар маросимҳои дохилӣ ё дипломатӣ истифода мешванд, тафовут дорад. Парчамҳои ташрифоти маъмулан кучактар ва қобили ҳамл ҳастанд, дар ҳоле, ки майдони парчами миллӣ рамзи доими ва бузург аст.

Ҷойгоҳи парчами миллӣ дар фарҳанги мардуми тоҷик- дар фарҳанги мардуми тоҷик, парчами миллӣ ба унвони рамзе аз ғурур ва ҳуввияти миллӣ дар миёни мардум ҷойи муҳимеро соҳиб аст. Мардуми маҳаллӣ аксаран дар атрофи ин сутун ҷамъ мешванд, акс мегиранд ва достонҳои худро бо ин рамзи миллӣ ба дигарон ирсол менамоянд.

Дидани парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳоли парафшонӣ бар фарози сутуни баланд ё пояи махсус, таъсири амиқе бар руҳу равони мардум дорад. Ин манзара на танҳо ҳисси ғурури миллиро тақвият мекунад, балки ба боздидкунандагон ва гардишгарон низ эҳсоси истиқомат ва азамати ин кишварро интиқол медиҳад.

Ҷойгоҳи парҷами милли дар муносибатҳои байналхалқӣ- майдони парчами милли дар маркази пойтахти азизамон шаҳри Душанбе ба унвони рамзи миллӣ, дар дидорҳои дипломатӣ ва вохуриҳои байналмилалӣ нақши муҳим дорад. Ин сутуни филизи ё пояи махсус ба намояндагони кишварҳои дигар нишон медиҳад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон кишваре бо ҳуввияти миллии қави ва таърихи бою ғани аст.

Нақши Парчами миллӣ дар муаррифӣ ва дипломатияи фарҳангӣ – парчами милли дар муаррифии сайёҳӣ ва дипломатияи фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши калиди дорад. Расми ин парҷам бо сутуни худ дар расонаҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ ба намоиш гузошта мешвад то тасвири мусбате аз Тоҷикистон диҳанд.

Муқоисаи парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дигар кишварҳо – парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо баландии 165 метр, бо вуҷуди он ки баландтарин парчами чаҳон ҳоло нест (баъд аз сохтани майдони парчами Арабистони Саудӣ дар шаҳри Чидда бо баландии 170 метр) ҳамчунон яке аз бузургтарин тарзи муҳансӣ дар ҷаҳон аст. Ин сутун аз нигоҳи тароҳи ва муҳандисӣ бо намунаҳои монанд дар кишварҳои дигар қобили муқоиса аст ва ба сабаби мавқеияти марказиаш дар шаҳри Душанбе, аз нигоҳи фарҳангӣ аҳамияти зиёде дорад.

Дар фароварди сухан, “Майдони парчами миллӣ” ё ҳамон “байрақ” чизе муҳимтар аз як сутуни фулузи нест, ин рамзи таърих, фарҳанг, рамзи ғурур ва ҳувияти миллӣ ва шукуҳи Тоҷикистон аст, ки бо азамат дар қалби кишвари азизамон Душанбе қомат афрохта ва достони бузургии миллатро бозгу мекунад. Аз фановариҳои пешрафтаи сохти он гирифта то нақшаш дар дипломатия ва фарҳанг, ин парчами миллиро бо сутунаш ба чаҳониён нишон медиҳад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон кишваре бо ҳуввияти бузург ва ғурури миллӣ ва ояндаи рушан аст. Ҳар боре, ки парчами миллиамон бар фарози ин сутун ба чавлон меояд, қалби мардуми Тоҷикистон бо ғурур ва умед метапад.

Сулаймонзода МАСЪУД—муовини декан оид ба тарбияи факултаи фалсафаи ДМТ

Муаллими калони кафедраи таърихи фалсафа ва фалсафаи иҷтимоӣ Мирзозода А.М.