ПЕШВОИ МИЛЛАТ – МЕЪМОРИ СУЛҲ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

5

Таърихи ҳар як миллат саҳифаҳои пур аз пастию баландиҳо, ғалабаю шикастҳо ва фоҷиаю ифтихорот дорад. Барои миллати тоҷик даврони соҳибистиқлолӣ маҳз чунин як давраи сарнавиштсоз буд, ки дар он ҳам талхии ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ва ҳам ширинии расидан ба сулҳу ваҳдати пойдор таҷассум ёфтааст. Имрӯз, ки мо дар фазои орому осуда зиндагӣ ва кору фаъолият мекунем, Ваҳдати миллӣ барои мо ба як амри табиӣ ва неъмати бебаҳо табдил ёфтааст. Аммо набояд фаромӯш кард, ки ин кохи бузурги миллӣ худ ба худ бунёд нашудааст. Дар паси он хиради азалӣ, иродаи матину ҷасорати бемисли як шахсияти таърихӣ – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меистад, ки нақши калидӣ ва ҳалкунандаи ӯ дар ин раванди тақдирсоз бебаҳс аст.

Барои дарки амиқи аҳамияти сулҳ, бояд вазъияти ибтидои солҳои 90-уми асри гузаштаро ба ёд орем. Тоҷикистони тозаистиқлол ба гирдоби мухолифатҳои шадиди сиёсӣ, маҳалгароӣ ва дахолати нерӯҳои хориҷӣ афтода буд. Ҷомеа ба гурӯҳҳои мухолиф тақсим шуда, кинаю адоват ва бадбинӣ авҷ гирифта буд. Ҳокимияти давлатӣ фалаҷ гардида, сохторҳои қудратӣ пароканда шуданд ва қонун амалан дар кишвар вуҷуд надошт. Ин вазъияти фоҷиабор боиси сар задани ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гардид, ки дар таърихи миллати тоҷик доғи сиёҳе гузошт. Дар як муддати кӯтоҳ беш аз 150 ҳазор нафар шаҳрвандони бегуноҳ қурбон шуданд, зиёда аз як миллион нафар гуреза ва муҳоҷири иҷборӣ гардиданд. Хисороти иқтисодии ҷанг ба миллиардҳо доллар баробар буд. Иншооти муҳимтарини иқтисодӣ ва иҷтимоӣ вайрон гардида, кишвар дар бунбасти коммуникатсионӣ ва иқтисодӣ қарор гирифт. Аммо хатари аз ҳама бузург – ин таҳдиди аз байн рафтани давлати тозаистиқлоли тоҷикон ва пароканда шудани миллат буд. Дар чунин як шароити мушкил ва тақдирсоз, ба саҳнаи сиёсат омадани як фарзанди бонангу номус ва ҷонфидои миллат, ки масъулияти наҷоти давлату миллатро бар дӯш гирифт, як зарурати таърихӣ буд.

Нуқтаи гардиши асосӣ дар таърихи навини Тоҷикистон Иҷлосияи тақдирсози XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, ки моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри бостонии Хуҷанд баргузор гардид. Дар ҳамин иҷлосия вакилони мардумӣ бо дарки масъулияти бузурги таърихӣ Эмомалӣ Раҳмонро ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Сарвари давлат интихоб намуданд. Ин интихоб тасодуфӣ набуд. Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун як шахсияти содиқ ба манфиатҳои миллӣ, дорои иродаи қавӣ ва ҷонибдори адолату сулҳ шинохта мешуд. Суханронии нахустини ӯ дар минбари иҷлосия ба қалби тамоми мардуми Тоҷикистон умед бахшид. Суханони таърихии ӯ: “Ман ба шумо сулҳ меорам” ва “Ман тарафдори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд ҳастам” на танҳо як шиор, балки барномаи мушаххаси амалиёти ояндаи ӯ буд. Сарвари навинтихоби давлат аз рӯзҳои аввали фаъолияти худ ба се вазифаи муҳимтарин тамаркуз намуд. Инҳо барқарор намудани сохтори конститутсионӣ (дар саросари кишвар барқарор кардани фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва таъмини волоияти қонун), бозгардонии гурезагон (фароҳам овардани шароит барои бозгашти ихтиёрии тамоми гурезагон ва муҳоҷирони иҷборӣ ба ватан ва таъмини амнияти онҳо) ва оғози музокироти сулҳ (сарфи назар аз мушкилот, роҳандозии гуфтушунид бо нерӯҳои мухолифин бо мақсади расидан ба оштии миллӣ) буданд. Ин қадамҳои аввалин, ки бо ҷасорату фидокории шахсии Сарвари давлат гузошта шуданд, пойдевори раванди сулҳро бунёд намуданд.

Раванди музокироти байни тоҷикон, ки таҳти сарпарастии Созмони Милали Муттаҳид ва кишварҳои кафил сурат гирифт, яке аз мураккабтарин ва тӯлонитарин равандҳои сулҳофарӣ дар ҷаҳон буд. Нақши Сарвари давлат дар ин раванд на танҳо ҳамчун роҳбари як тарафи музокира, балки ҳамчун ташаббускор, кафил ва меъмори асосии сулҳ беназир аст. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фалсафаи нави сиёсиро пешниҳод намуданд, ки асоси онро “сиёсати дарҳои кушод” ва “бахшиши ҳамдигарӣ” ташкил медод. Баръакси таҷрибаи бисёре аз кишварҳо, ки баъди ҷанг роҳи интиқомро пеш мегиранд, Сарвари давлати тоҷикон роҳи бахшиш ва оштиро интихоб карданд. Ӯ борҳо таъкид мекард, ки “тоҷик тоҷикро набояд бикушад” ва “мо бояд гуноҳи якдигарро бубахшем, то миллат зинда монад”.

Сарвари давлат барои мулоқот бо роҳбарони мухолифин борҳо ҷони худро дар хатар гузошта, ҳатто ба Афғонистон, ки маркази асосии мухолифин буд, сафар карданд. Ин қадамҳо эътимодро байни тарафҳо афзун намуда, барои идомаи музокирот заминаи мусоид фароҳам оварданд. Пешвои миллат дарк мекарданд, ки бе гузаштҳои мутақобила расидан ба сулҳ ғайриимкон аст. Ҳукумат ба хотири манфиатҳои олии миллат розӣ шуд, ки 30 дарсади мансабҳои давлатиро ба намояндагони мухолифин диҳад ва Комиссияи Оштии Миллӣ таъсис дода шавад. Дар тӯли музокирот борҳо вазъиятҳои буҳронӣ ба миён меомаданд, ки метавонистанд раванди сулҳро барҳам зананд. Маҳз иродаи қавӣ, суботкорӣ ва дурандешии Президент Эмомалӣ Раҳмон буд, ки имкон надод ин раванд аз байн равад.

Кулминатсияи талошҳои чандинсолаи Сарвари давлат ва тамоми мардуми Тоҷикистон рӯзи 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москва ба вуқӯъ пайваст. Дар ин рӯзи таърихӣ Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид. Ин санади тақдирсоз ба ҷанги бародаркуш хотима бахшида, дар назди миллати тоҷик уфуқҳои нави рушдро боз намуд. Имзои ин санад на танҳо поёни ҷанг, балки оғози як марҳилаи комилан нав – марҳилаи бунёдкориву созандагӣ ва таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ буд.

Таҷрибаи сулҳи тоҷикон, ки меъмори асосии он Президент Эмомалӣ Раҳмон мебошад, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун як модели нодири ҳалли муноқишаҳои дохилӣ эътироф гардид.

Ба даст овардани сулҳ як вазифа буд, аммо ҳифз ва таҳкими он вазифаи муҳимтар ва мушкилтарест. Пешвои миллат ба хубӣ дарк мекарданд, ки Ваҳдати миллӣ танҳо бо имзои як санад таъмин намешавад. Он бояд дар зеҳну шуури ҳар як шаҳрванд ҷой гирифта, ба арзиши олии миллӣ табдил ёбад. Барои расидан ба ин ҳадаф, таҳти роҳбарии Сарвари давлат як силсила иқдомҳои стратегӣ, аз қабили татбиқи амалии Созишномаи сулҳ, ислоҳоти конститутсионӣ, эҳёи иқтисодиёт ва таъмини рушди устувор, бунёди ғояи миллӣ ва худшиносии таърихӣ амалӣ карда шуданд. Фаъолияти босамари Комиссияи Оштии Миллӣ, ки дар он намояндагони Ҳукумат ва мухолифин ҳамкорӣ мекарданд, имкон дод, ки бандҳои асосии созишнома, аз ҷумла халъи силоҳи нерӯҳои мухолиф ва ҳамгироии онҳо ба сохторҳои давлатӣ, бомуваффақият амалӣ шаванд. Соли 1999 тавассути раъйпурсии умумихалқӣ ба Конститутсияи кишвар тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд, ки заминаҳои ҳуқуқии Ваҳдати миллиро боз ҳам мустаҳкамтар намуданд. Аз ҷумла, таъсиси парлумони дупалатагӣ ва манъи фаъолияти ҳизбҳои сиёсии дорои хусусияти динӣ ва маҳалгароӣ қадамҳои муҳим дар ин самт буданд. Сарвари давлат ба ин бовар буданд, ки ваҳдати сиёсӣ бе ваҳдати иқтисодӣ ва иҷтимоӣ пойдор буда наметавонад. Аз ин рӯ, тамоми захираҳо барои расидан ба ҳадафҳои стратегии миллӣ – таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ҳифзи амнияти озуқаворӣ – сафарбар карда шуданд. Бунёди иншооти азими аср ба мисли неругоҳҳои барқи обии “Роғун” ва “Сангтӯда”, роҳҳову нақбҳо ва пулҳои муосир на танҳо ба рушди иқтисод, балки ба таҳкими робитаҳои байни минтақаҳои кишвар ва мустаҳкам гардидани ваҳдати воқеии мардум мусоидат намуд.

Пешвои миллат барои ташаккули як ғояи умумимиллӣ, ки тамоми сокинони Тоҷикистонро сарфи назар аз мансубияти қавмӣ, динӣ ва маҳаллӣ муттаҳид созад, талошҳои зиёд ба харҷ доданд. Эҳёи арзишҳои таърихиву фарҳангӣ, таҷлили ҷашнҳои бузурги миллӣ ба монанди 1100-солагии давлатдории Сомониён, эълон шудани Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва бунёди рамзҳои нави давлатдорӣ дар таҳкими худшиносии миллӣ ва эҳсоси ватандории ҳар як шаҳрванд нақши муассир гузоштанд.

Таҳлили раванди сулҳ ва таҳкими Ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон ба таври возеҳ нишон медиҳад, ки ин дастоварди бузурги таърихӣ бевосита бо ном ва фаъолияти фидокоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайванди ногусастанӣ дорад.

Нақши ӯ дар ин раванди тақдирсозро метавон дар чанд нуқтаи асосӣ ҷамъбаст намуд. Дар лаҳзаҳои ҳассостарини таърих масъулияти наҷоти давлатро бар дӯш гирифта, миллатро аз парокандагӣ ва давлатро аз нестшавӣ эмин дошт. Бо иродаи қавӣ ва хиради сиёсӣ раванди музокироти сулҳро оғоз ва то ба имзои Созишномаи умумӣ расонид. Фалсафаи бахшиш ва оштии пешниҳодкардаи ӯ асоси модели беназири сулҳи тоҷиконро ташкил дод. Пас аз имзои сулҳ, бо амалӣ намудани ислоҳоти амиқи сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ заминаҳои мустаҳками Ваҳдати миллиро гузошт ва онро ба арзиши олии умумимиллӣ табдил дод. Таҳти роҳбарии ӯ Тоҷикистон аз як кишвари ҷангзада ба як давлати рӯ ба тараққӣ, узви фаъоли ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ташаббускори ҳалли масъалаҳои глобалӣ табдил ёфт.

Имрӯз унвони ифтихории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, ки аз ҷониби халқи Тоҷикистон ба Президент муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дода шудааст, на танҳо эътирофи хизматҳои таърихии ӯ, балки ифодаи эҳтироми бепоёни мардум ба шахсиятест, ки ба хонадони ҳар як тоҷикистонӣ сулҳу оромӣ овард.

Вазифаи муқаддаси ҳар яки мо, бахусус насли ҷавон, аз он иборат аст, ки ин неъмати бебаҳо – сулҳу ваҳдатро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем, барои таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ саҳмгузор бошем ва дар атрофи сиёсати созандаву бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллат муттаҳид шуда, барои ояндаи дурахшони Ватани азизамон – Тоҷикистон, содиқона хизмат кунем. Зеро Ваҳдати миллӣ шарти асосии мавҷудияти миллат ва кафили пешрафти давлат аст.

Қиматшоев Ш.Л., Абубакри М.Г. – устодони кафедраи таърихи фалсафа ва фалсафаи иҷтимоии факултети фалсафаи ДМТ